Бахшҳо

Убайдуллоев дар бораи таъмини мардум бо хона: Кори намешуданӣ нест!

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе аз дастрасии мушкили мардум ба манзилҳои истиқоматӣ нигаронӣ кард. Ӯ аз Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон хост, механизмеро пеш гузорад, то дастрасии мардумро ба қарзҳои ипотекӣ, ки барои сохтмону харидории хонаҳо бо фоизи пасту муҳлати дароз ироа мешаванд, таъмин кунад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 20 ноябр зимни қабули тағийрот ба қонун “Дар боари фаъолияти бонкӣ” дар хитоб ба Абдуҷаббор Ширинов гуфт, “бовар кунед, ҳамин ипотека дар ҷумҳурии мо нест ҳам гӯем хато намекунем. Барои гирифтани ин намуди қарз хоҳишмандон зиёданд, аммо шумо худатон хубтар медонед, ки ба ҳисоби миёна фоизҳои мо аз 24 дарсад зиёд аст. Мардум бо ин фоиз ҷуръати гирифтани қарзро надорад. Ин масъаларо дидан даркор. Айб аст, мақсади мо танҳо қоғази сафедро сиёҳ кардан нест. Бояд коре кард, ки ҳамин ипотека дар Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шавад”.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мушкили хонаро дар кишвар як масъалаи умдаи иҷтимоӣ хонд, ки метавонад тобиши сиёсӣ низ гирад. Ӯ дар муроҷиат ба Ширинов таъкид намуд, чора андешанду ташаббус нишон диҳанд, ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онро дастгирӣ хоҳад кард: “Кори намешуданӣ нест. Агар таҳлили дуруст кунему ба Маҷлиси Миллӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунем, дар доираи буҷетӣ давлатӣ низ ҷудо намудани маблағи муайян барои ипотека имкон дорад. Кори намешуданӣ нест, лекин мутаассифона, ман тайёр нестам, имзо карда наметавонам. Барои ин бояд дақиқ боварӣ дошта бошам, ки натиҷаи мусбат ба даст хоҳад омад.”

Убайдуллоев аз он интиқод намуд, ки “бонкҳои тиҷории Тоҷикистон фоизро ба "осмони ҳафтум" мебардоранд ва натиҷа ин аст, ки амалан дар мо ипотека нест. Мардум метарсад, ки ҳамон қарзи гирифтааш ӯро ба маҳкама мекашад ва ҳам аз ҳамон амволаш бенасиб мемонад.”

Раиси Маҷлиси Миллӣ аз раҳбари Бонки Миллӣ хост то охири соли равон ба ин масъала рӯшанӣ андозад, чун мардум дигар намехоҳад дар хонаҳои Хрушёвӣ зиндагӣ кунанду худашон хоҳони хонаҳои наву барҳавоянд ва дар ин роҳ бояд ба онҳо кӯмак кард.
Мӯҳр
чоиз
Ин чиз маълум аст хонахои сохтаашон аз сабаби гарон буданашон ба савдо намераванд бо ин пешниход метавонанд онхоро фурушанд.

чинди (собик бонкир)
охи бонки милли фоида мебинад аз фоизхои баланди карзхо...ба гунаи мисол бештари бонкхову ташкилотхои карзии точикистон аз бонкхову ташкилотхои карзии хоричи бо фоизи 3-4 ё аз ин хам пасттар карз мегиранд...баъд бонки милли 12%фоизи худро мемонад...баъд бонкхо фоизи худро мемонанд...мешавад 30% ё зиёдтар аз ин....

ин убайдулоев аз хоб бедор шудааст нагз аст шояд ягон руз рахмонхам бедор мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)