Бахшҳо

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

Самандар Ҷалолзода, як ҷавони шаҳри Панҷакент мегӯяд, маъмурини пулиси ноҳия шаби 4 декабр беасос ӯро латукӯб ва бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, маҷруҳ намудаанд.

Ҷалолзода дар аризаи шикоятияш ба додситони вилояти Суғд, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор гирифт, изҳор медорад, тақрибан соатҳои 22:00-и 4 декабр дар назди таваллудхонаи ноҳия ӯ барои кӯдакаш дору харида интизори омадани бобояш - Камол Ҷалолов мешавад. Дар ин вақт ду нафар бо либоси ғайринизомӣ тирезаашро кӯфта талаб мекунанд, ки фарояд. Ӯ вақте кӣю чӣ буданашонро мепурсад, онҳо бо истифодаи таҳдиду зуроварӣ ва дашном ӯро латукӯб ва аз мошин кашида, “мо милиса” гӯён ба мошини худашон савор мекунанд: “Дар ин миён чанд бор дар сарам заданд, ки бобоям низ расида омад. Шумо кистеду чӣ кор мекунед-гӯён дари мошини милисаҳоро дошт. Аммо як милиса ба дигараш “ҳай кун” гуфт ва онҳо тақрибан 40 метр бобоямро кашола карда бурданд, ки дар ниҳоят вай ғалтиду маро ба шуъба бурданд. Дар шуъба маро бе ягон асос лутукӯбу ҳақорат намуданд, ки бобою падарам низ расиданд.”

Самар Ҷалолов, падари Самариддин мегӯяд, вақте ба шуъбаи корҳои дохилӣ расид падари хуншорашро диду овози писарашро шунид, ки мавриди латукӯб қарор дошт: “Дарҳол талаб кардам, ки сардори шуъбаро фарёд кунанд, аммо ба шуъба муовини сардори шуъба-Раҳимов Ҷамшед ҳозир шуд.”

Самар Ҷалолов мегӯяд, муовини сардори шуъба ҳоли хуншори падари мӯйсафед ва ҳолати писарамро дида, гуфтааст, ки ҳамаи хароҷоту доруҳои табобатиро таъмин мекунад ва онҳоро аз шуъба ҷавоб додааст. Оилаи Ҷалоловҳо мегӯянд, масъулини милиса аз онҳо хостаанд ба ҷое даъво набаранд, чун кормандони милиса “ҷавонӣ” кардаанд. Аммо Самар Ҷалолов мегӯяд, “охир ин муносибати ваҳшиёна аст ва гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд. Писари ман ягон ҷинояткор нест ва ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад, ки як камаз дораду ба кашондани кумур ва фурӯши латта машғул аст.”

Ин хонадони ҷабрдида талаб дорад, ки дастандаркорон муҷозот шаванд. Аммо масъулини шуъбаи умури дохилии Панҷакент то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд ва дар сурати дарёфти шарҳи онҳо “Озодагон” онро пешкаши хонандагон хоҳад кард.


Аксҳои Камол Ҷалолов ва Самандар Ҷалолзода:

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”

АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”
Мӯҳр
Дархакикат шикояти ммардуми одди махсусан аз муносибати кормандони милисаи махз нохияиПарчакент мукоисанашаванда аст, шумо як бор аз холи мардуме ки вориди шуъба мешаванд ахволро бипурсед, чи кадар чабру зулм, вахшоният дар дохили шуъба аст, ки хатто баъзе аз кормандон худашон аз ин холати вахшатнок харф мезананд. Он кадар болои сари мардуми бесохиб дар он чо чабру зулм аст, ки ба худои бузург касам дар ахди мугул набудааст, чи корхое чи хиёнатхое аз руи накли мардум дар он чо намешавад. Журналистони гироми мархамат равед як пажухиши амику густурда гузаронед, ки мардум чи мегуяд, юахд мефахмед, он кадар аз вазифаъои худи суистеъмол мекунанд, ки аз хадди тасвир берун аст. Созмонхои чамъияти ва созмонхои байналмилалиро ба ин самт мутаваччех ва фаъол бояд кард. Масъалаи хифзи хукуки мардуми одди дар ин нохия дар вазъи бадтарин карор дорад.

Musofer
Tarsid az khudovande buzurg en che hol ast dar sare mardum agar ham gunah gor boshad ba javob gare kashid en ro donid ke ( Zadane khudovand Sado nadorad Waqti ke Zad Owoz nadorad)

моя милиция меня бережет!!

Хакикат
Хубтон мекунанд. Бародархо вакте ки дар Бадахшон ба ноадолатии кормандони хифзи хукук чавоб медиханд , шумо дарав мехезед бар зидди вайхо, ки эъ ами Помирихо хам безор карданд , намемонанд Хукумат кор кунад. Ана хукумат , бо мегум хуб мекунад шумора и милеса. Нотифок ки хастен мезанантон бе ягон айб...

КАНИ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН НИШОН ТИЕД , КИ ИНХО АЗ ХИЗБИ ХОКИМАНД ХАМА ХОМУШ ГУЁ ЧИЗЕ НАШУДА БОШАД. АГАР АЗ ХИЗБИ НАХЗАТ МЕБУД АНА РУЗЕ 5 БОР НИШОН МЕДОДАНД ХАЁЛ МЕКУНИ КИ ТОЧИКИСТОНА ЧАППА КАРДАНД НАХЗАТИЁН

Milica himoyatqari man....Milicahai tojik hamin tavr himoyat mekunad

abdulloh
Яьне:Ду гуруҳе аз инсонҳо дӯзахӣ ҳастанд: 1. Гуруҳе ки ҳамроҳашон тозиёна доранд монанди думи гов ва бо он мардумро мезананд 2. Занҳое ҳастанд, ки пӯшидаву бараҳна (аз сабаби ин ки либосашон тунуку шаффоф аст ё тангу кӯтоҳ аст ) (худашон аз ибодати аллоҳ таоло ) майл кунанда ҳастанд ва (дигаронро низ )моили худ мекунанд ва сарҳояшон монанди кӯхонаи уштур барин (бар боло баланд кардагӣ яъне мӯяшонро ҷамъ карда болои сарашон мегузоранд) ин хел занҳо дохили ҷаннат намешаванд ва бӯи онро ҳам намеёбанд, ҳол он ки буи ҷаннат аз масофаи ин кадару он кадар ба машом мерасад.(ривояти муслим)

Мунира Салимова
Чаро миситсионерхо чавони мекарданду ба сари мардуми бечора даст мебардоштанд. Аз тамоми макомотхои дахлдор хохиш карда мешавад, ки нисбати ин "мухофизони халку конун" чорахои сахттарин андешида шавад. Илтимос менамоям хамчун як шахрванди Ватан то барои дигар конундонхо дарси ибрат шавад.

Ин хам ба зуди фаромуш мешавад.

САИД
Ин бадбахтхоро то суд накунад аз райъашон нагарданд! замначалник шарм накарда боз мегуяд, ки милисахо чавони кардаанд ва дар ягончо шикоят накунанд! Охир худатон мегуед, ки фалон чинояткор чавонасту чавни кардааст бе хичову хичи чавобашон дихед?!!! Асло не! Худо занад хамингуна корманди кудратиро!!!

Ин аз сутии худи мардуми Панчекат аст. Аз хад мансабдорон ва кормандони давлатиро хурмату эхтиром мекунанд. То кай ин кадар лоббигари .

Муслима
ОЗОДАГОН чаро ин мавзуъро дигар бора пайгири намекунед.

Милисаем гуфта дига чи коре форатон мекнен?

Сано
Беном,
Начайлик милисаи панчикент алиев хайридин

Порс
Точикам дар ватани хеш чаро мутахамам?
Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам?!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)