Бахшҳо

Синни нафақа ва “пайғомбарӣ”-и Убайдуллоев: Аз атеистӣ то Худошиносӣ...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси миллӣ рӯзи якшанбеи гузашта, 1-уми феврал, ба синни 63-солагӣ расид, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун синни нафақа барои мардон муқаррар шудааст.

Ҳарчанд дар арафаи 63-солагии Убайдуллоев овозаҳо дар мавриди эҳтимоли барканорияш зиёд гардиданд, бисёри сокинони Душанбе дар паёмҳои табрикотии худ ба унвонии раиси пойтахт дар интернет хостори саломатӣ ва идомаи фаъолияти ӯ шудаанд. Марҳабо Зунунова, яке аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик бо ироаи паёми табрикӣ ба Убайдуллоев, изҳор доштааст, “гарчанде мо журналистон зуҳуроти манфиро дар пойтахт зиёд танқид мекунем, медонем, ки танҳо ба шарофати кордонию масъулиятшиносии Шумо пойтахти мо пешрафт дорад. Мо бо Шумо як ҳадаф дорем, ки он ба беҳтарин шаҳри дунё табдил додани Душанбе аст. Бинобарин бори дигар ба Шумо умри дароз ва амалишавии тамоми нақшаи бузург дар мавриди ободонии Душанберо таманно дорам.”

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохати тоҷик, ки мегӯяд, шинохти хубу мукаммал аз Маҳмадсиад Убайдуллоев дорад, дар сомонаи “Хатлон Пресс” шахсияти раиси Душанберо чунин тасвир кардааст: Раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе ба синни Пайғамбарӣ расид. Шояд мисли аксарият маро бо ӯ овозаҳо шинос намуд: "як коммунисти атеисту партократ", "ба ғайри худаш ҳарфи касеро қабул надорад", "роҳбари сахтгӯ", "сиёсатмадори зираку бозингар", "аз баҳри ҳама чӣ ва ҳар кас дар лаҳзаи зарурат мегузарад"…

Дар муқобил, онҳое, ки ӯро мешинохтанд, тавсифи дигар доштанд: "писари қонун", "нафари сахт эътиқодманду мазҳабӣ", "шахси аз ҳад одил, ки ҳатто ба пайвандонаш гузашт намекунад", "шабу рӯзро дар утоқи кориаш мегузаронад", "бо ӯ танҳо соҳибкасбҳо кор карда метавонанд", "одами қавл, яъне агар чизеро ваъда дод, қасамшиканиро аз ӯ интизор нашавед", "мансабдори принсипнок"…

"Убайдуллоеве, ки ман шинохтам…"

Дар байни ин дилеммаи шинохту ношиносоиҳо ман ҳам метавонистам то имрӯз боқӣ монам, агар тавофуқе дар баҳори соли 2009 пеш намеомад. Он замон инҷониб сармуҳарририи радиои машҳури "Имрӯз"-ро ба ӯҳда доштам. Як гузориши хабарнигорони мо, ки ба қазияи пешомада ва дар он шабу рӯз пурсарусадои бозори "Зарнисор" бахшида шуда буд, боис гардид, то маро бо шаҳрдори Душанбе рӯ ба рӯ кунад.

Субҳи барвақт буд ва азбаски он замон ман то нисфи шаб барномаҳои субҳгоҳиро омода мекардам, саҳар то дертар дар хоб мемондам. Ба ҷаласаи шаҳрдорӣ 10-15 дақиқа дер расидам. Сухангӯи шаҳрдор Шавкат Саидов маро дар берун интизорӣ дошт. Оҷилан ба толори ҷаласа ҳозир шудем ва аз рӯи овозаҳо гумон кардам, ки ҳоло борони сахтгӯиҳо маро интизор аст. Зеро, аз рӯи шунидам, барои Убайдуллоев фарқ надорад, ки нафари даъваткардааш зертобеи ӯст, ё ба сохторҳои пойтахт умуман иртибот надорад: якбора ба "ҳуҷум" мегузарад ва бо ҳамин "алови чашм" мегирад. Дар замина, барои "контратака" далоиле ҳам дар зеҳнам пазонда будам. Вале ғайримунтазир онҳо ба кор наомаданд: - Раҷаби Мирзо, радиои "Имрӯз" "Бехабар намон!" гуфта, мардумро аз саҳари барвақт бедору беқарор мекунаду худат то нисфи рӯз хоб меравӣ? Акнун хоҳӣ фаҳмид, ки дар шаҳрдорӣ мардум бе гапу хабарсозӣ кор мекунанд! Агар зарур бошад, мо ҷаласаҳои худро соати 6-и субҳ ҳам баргузор мекунем, - бо ҳамин лутфи маънидор шиносоии бевоситаи мову раиси шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Албатта то ин замон дар чандин ҷаласаҳои дигари шаҳрдорӣ ба сифати хабарнигор ширкат доштам. Ҳатто ёдам ҳаст, ки соли 2003 дар 1 нишасти дигар аз будани худ дар ҷаласаи Убайдуллоев "дарак" додам. Гап сари ин аст, ки дар нишастҳои худ раиси шаҳр аслан дастгоҳҳои сабт ё суратгириро раҳ намедиҳад. Тасодуфан дар нишасти ёдшуда диктофони кории ман аз чашми нозирону нигаҳбонҳо дур монду бо он вориди толор шудам. Бо ҳамин гумон кардам, ки "дар Бағдод оромист" ва диктофони лентадори онзамонаамро барои сабт омода намудам. Аммо дар миёнаҳои нишаст лентаи 1 паҳлӯи диктофон тамом шудаасту ман ҳам иваз кардани онро фаромӯш кардаам. Дар ҷаласаи комилан ороми Убайдуллоев садои "чақ"-и диктофони инҷониб толорро ба ҳайрат ва баъзеҳоро ба ларза овард…

Ин танҳо 1 махсусияти раиси шаҳр аст, ки то ҳанӯз сабти ҷаласаҳояшро иҷозат намедиҳад. Бардошту хулосаҳо дар ин бобат низ кам нестанд. Аммо ба назари ман, пас аз ширкат дар ҷаласаҳои бешумори ӯ чунин менамояд, ки ӯ аз 1 ҷониб дар симои камераву дастгоҳҳои аккосӣ аслан василаи таблиғ шудани худро мебинаду инро қатъиян хуш надорад. Аз сӯи дигар бисёр мехоҳад, ки мардуми толор худро озод ҳис карда, масъалаву баҳсгузорӣ намоянд (Баъдтар хоҳам мисол овард, ки Убайдуллоев чӣ гуна баҳсҳоро қабул дорад). Хулосаи сеюм ҳам метавонад вуҷуд дошта бошад. Яъне: масъалаҳои шаҳрамонро мо худамон медонем ва худамон ҳал мекунем! Ба қавле, "гапи хонаро ба кӯча намебарорем"…

Аммо ҳарчи ҳаст ё не, набудани имкони сабт маро водор намуд, ки дафтари махсусеро ба нишастҳои гуногуни Убайдуллоев бубахшам. Ҳоло ин дафтар ҳудуди 100 мулоқоту дидорҳои сатҳи гуногунро ёддошт дорад. Дар онҳо танҳо гузориши ин нишасту ҷамъомадҳо нест. Дар баъзе ҳолатҳо хулосаву характеристикаеро мемонад, ки раиси шаҳрро дар ҳолатҳои гуногун - ҳам асабонияту ғазаб, ҳам орому нарм, ҳам хеле ҷиддӣ ва гоҳ шӯху нармгуфтор муаррифӣ мекунад.

Пешопеш мегӯям, ки бархӯрди раиси шаҳр бо муаллифи ин сатрҳо низ яксон набуд. Ҳолатҳои ҳамфикриву изҳори сипос, сахтгӯиву ноқаноатмандӣ, баҳсу муҳокимаҳо, пуштибониву ҷонибдорӣ накарданҳо зимни ҳамкориҳое, ки бо шаҳрдорӣ чанд соли охир ба сифати аъзои чандин комиссияву гурӯҳҳои ҷамъиятиву корӣ дорам, кам нестанд.

Хулоса, фикр мекунам шинохти хубу мукаммал аз раиси шаҳр дорам ва шояд як рӯз ин ҳама дар сафҳаҳои китоби ҷудогона тасвири худро ёбанд. Китобе таҳти унвони рамзии "Убайдуллоеве, ки ман шинохтам…".

"Аввал Худо…"

Бархе аз онҳое, ки дар ҷаласаҳои Убайдуллоев ширкат доранд, баъзан бо шӯхӣ байни ҳам мегӯянд, ки нишастҳои раиси шаҳр аз амри маъруфи баъзе муллоҳо қавитар аст. Дар ҳақиқат шаҳрдор тақрибан маҷлисе надорад, ки дар он баробари масоили шаҳрдориву дунявӣ ояте аз «Қуръон» зикр накунад, ё мардуми ширкаткунандаро аз асли худ бохабар насозад. Ҳатто дар самолёт, вақте тобистони гузашта сафари аврупоӣ дошт, ба гуфтаи худаш 10-12 соат "Қуръон" тиловат кардааст (Шояд ягона вақти бекории Убайдуллоев ҳамин буд): - Ин гуна кайфиятро ҳеч гоҳи дигар эҳсос накарда будам!- баъдан бо қаноатмандӣ зикр намуд шаҳрдор.

Зимнан, ин бардошт то ҷое асаргузор шудааст, ки тибқи гуфтаи раиси Маҷлиси Миллӣ ӯ бо сенати фаронсавӣ мавзӯи пайдоиши инсонро аз нигоҳи ислом баҳс карда, дуввумиро дар ҳайрат гузоштааст…

Як вақти дигар, шояд пешопеши ҷашни истиқлол буд, ки раиси шаҳр ғайриинтизор гуфт: - Ба назари ман, дурусттар мебуд, ки мегуфтем "Шукри Худованд, ки моро ба истиқлолият расонд".

Ин дар пасманзари "шукри истиқлолгӯӣ"-ҳои расонаҳои давлатӣ 1 навъ бардошти баҷо ва мантиқӣ ба назар мерасид…

Таъбири "аввал Худо ва баъд қонун"-и Убайдуллоев дар доираҳои гуногун хеле маъруфият дорад. Худи шаҳрдор иқрор аст, ки дар гузашта 1 коммунист ва тибқи таълимоти онҳо то андозае мафкураи атеистӣ ҳам дошт: - Шояд дар хотиратон бошад, ки 16-уми феврали соли 2000 мошини хидматии бандаро таркониданд. Он замон аз вохӯрии навбатӣ бо интихобкунандагон ҳамроҳ бо муовини раиси кумитаи амният Шамсулло Ҷобиров бармегаштем. Бар асари инфиҷор Ҷобиров, ки аз рӯйхати ҲХДТ номзад буд, кушта шуд ва ман сахт захмӣ гардидам. Сабаби дар ҷои муқаррариам нанишастани ман 1 садо аз ғайб шуд. Ин садо бароям амр дод, ки дар ҷои муқаррарии худ дар мошин нашинам. Дар он ҷо раҳматии Ҷобиров нишаст, ҳарчанд хоҳишаш кардам, ки дар паҳлӯи ман бошад. Ин ҳодиса маро, тасаввуроти маро, дунёи маро комилан дигар кард. Акнун ҳама чиро аз хости Худованд мебинам, - бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо чандин бор изҳор доштааст Убайдуллоев.

Эҳсоси мазҳабии раиси шаҳр то ҷое баланд аст, ки чанде пеш, вақте 1 гурӯҳ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ростои 70-солагии Ғалаба хоҳиш карданд, то барои баъзе қаҳрамонҳо дар кӯча ё хиёбони шаҳр ҳайкал гузоранд, Убайдуллоев пас аз каме мулоҳиза гуфт: - Шахсан барои ман, агар дар оянда аз мансаб рафтаму касе сазовор дониста, ҳайкал гузоштанӣ бошад, ман зид! Зеро таълимоти ислом инро қабул надорад. Шумо ҳам фикр намекунед, ки барои абадияти номи ин ҳамсангаронатон, ки воқеан ҳам қаҳрамони бебаҳсанд, шояд ягон кӯча ё хиёбонро гузорем, беҳтар бошад?

" … баъд қонун"

Қонунписандиву қонунпарастии раиси шаҳр барои онҳое, ки ӯро мешиносанд, ҷои баҳсу шубҳа надорад. Бесабаб дар баъзе маҳфилҳо аз Убайдуллоев ҳамчун "писари қонун" ёдоварӣ намекунанд. Ин ҳам ҳақиқат аст, ки ҳар 1 тасмим ва ҳар 1 қарорро пеш аз он, ки ба имзо расонад, аввал хулосаи мақоми назораткунанда - прокурори шаҳр пешниҳод мекунад: - Аввал аз нигоҳи қонун баррасӣ намоед, то ягон лағжиши ҳуқуқӣ пеш наояд!

Шояд инро баъзеҳо эҳтиёткории аз ҳад беш маънидод кунанд. Истисно нест. Вале ин ҳам ҳақиқат аст, ки дар ҷомеа мо нафароне ҳам дорем, ки қонунро ба қавле "ба 1 пули пучак намехаранд".

Чун ҷои гап омад, бояд тазаккур дод, ки чандин қарорҳои шаҳрдори Душанбе дар вазорати адлия ба қайд гирифта шуда, бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ иҷроиши он барои сокинони пойтахт ҳатмӣ дониста мешавад. Оё чунин эҳтиёткорӣ чӣ зарар дорад? Вақте на амру дархосту хоҳиши аз доираи қонун берун, балки 1 санади ҳуқуқӣ моро ба чизе муваззаф мегардонад… Давлати мо, ки тибқи Қонуни асосӣ ҳуқуқбунёд арзёбӣ шуда.
Бар илова, ягон тасмими Убайдуллоев дар алоҳидагӣ ва шахсан гирифта намешавад. Пеш аз он ки ба ин ё он қарор иҷозат диҳад, ҳатман назари дигарон пурсида мешавад. Барои онҳое, ки намедонанд, хотиррасон мешавам, ки ибтидои ҳар моҳ ҷаласаҳои назоратии раиси шаҳр баргузор мегардад ва дар он ба ғайр аз кормандони дастгоҳи шаҳрдор, ҳамчунин раисони комиссияҳои депутатӣ, намояндагони мақомоти худидораи маҳаллӣ, шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ва таъсиргузор, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат меварзанд. Масъалагузориҳое, ки дар ин ҷаласаҳо пеш меоянд, дар ҷаласаи пешомад баррасӣ мешаванд: барои иҷрои фалон масъала кӣ муваззаф шуда буд ва иҷроиши он дар кадом сатҳ аст?!

Ёдам ҳаст, ки дар яке аз ин ҷаласаҳо бонуе арзи матлаб карду баъдан маълум шуд, ки дар бало мондааст. Зеро дар ҷаласаи моҳи дигар касе барои ворид шуданаш ба толор мушкил пеш меорад. Чун ин сухан то Убайдуллоев расид, аз он бону пурсид, ки кӣ садди роҳи воридшавиаш гашт?
Тавре ба назар мерасид, ки ё он нафарро ин бону намешинохт, ё номашро гуфтан намехост. Новобаста аз ин, раиси шаҳр супориш дод:
- Аз ин пас дар ибтидои ҳар ҷаласаи навбатӣ ман ҳатман ин занро суроғ мекунам!

Воқеан ҳам, дар ҷаласаи навбатӣ саволи аввалини раиси шаҳр аз ин бону, ҳал гардидан ё нашудани масъалаи пешгузоштааш ва мушкил доштан ё надоштанаш зимни воридшавӣ ба толори маҷлис буд…
Мӯҳр
судияи
ягон ободи накардааст рох равхои назди боги Рудакиро як бор бинед баъд бахо дихед мухтарам тараф дорон хазор мухофизатчи доранд аз инда пиёда гарданд тозагии шахрда ахамият диханд ба фикрам ба хеч кас лозим нестанд

сокини пойтахт
Мавлуд муборак раиси мухтарам ХУдованд инсонро ба ин сол расонидан бузургиашро низ ба чое мерасонад. Умед надорам ки ХУкумат хамчун ингуна кадри ба вичдонро ба нафака равона созад чун мо Шариповро аз даст додем холо миллат дар таачуб аст ва корхои зиёдро мардум аз Убайдуллоев интизор бароият тансихати хохонам бигзор хамеша хамингуна марди сахи бимонед...

Зодруз муборак Мухтарам Махмадсаид Убайдулоев.
Шумо бехтарин инсонед Парвардигор нигохбони шумо ва ахли оилаи шумо оилаи шумо бехтарин оила аст ва бехтарин хохад монд ИншоАллох.Алохи мехрубон нигохбонатон Мухтарам Раиси Шахри мо ДУШАНБЕ зеботарин шахри дунё.

сайф
мухтарам убйдуллоев омодагиро ба интихоботи призиденти гиред .

Точик
Ассалому алайкум хамватанони азиз.Хаминро бояд сидкан кабул ва кайд намуд , ки мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев як шахси поквичдон ва бо тачрибаи халку миллати точик ба шумор меравад.Банда бехтарин захира дар байни рохбарон ба шумор меравад.Рости ман худ як марди одди хастам.Аммо аз сатхи дониши мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев ва гамхорихои у нисбат ба шахрвандон чидди бо хабар хастам.Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев гули сари сабади тамоми гулхои Точикистон ба шумор меравад.Худованд Шуморо умри дарози бо баракат ва ба тамоми орзухои некатон расонад. Омин!

Мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев зодрузатон муборак бошад, бароятон тани сихат , умри дарозу бобаракат ва дар корхоятон комьебихо орзумандам.

Рам
Агар як мох хам табрикаш намоед, ки чаноб ба нафака мегуселонадаш!!!

М
100 сола шавен ХУДОВАНД Шуморо нигахбон бошад!

Зодрузат муборак .Хамачоро гулистон карди кучахои шахрамонро багайри кучаи маркази то аэропорт дигар хамачо тоза бе мусор ягончо хароб нест дар шахр дархамачояш оби гарм газ барк дар ин мудати 23 сол захмат кашиди.......барои мардуми точик чи кадар бинохои баланд ошиена сохтаистодаи факат корхона насохти корхонахои Россия барои мардуми мо басандаанд.Чи лозим боду хаворо олуда кардан офарин.

Раис дар хдт гав нест неки дегдонхои моро чапа карди хамаи мардуми кулоб аз шумо хафа шудан.судияи,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)