Бахшҳо

ВИДЕО: Даъвати Кабирӣ тариқи ТВТ: Барои курсӣ қонунро нашиканед!

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар баромадаш тариқи шабакаи аввали телелвизиони кишвар аз мардум хост, дар интихоботи парлумонии 1 март ба ҷонибдорӣ аз ҳизбаш овоз диҳанд.

Кабирӣ дар хитоб ба мардум гуфт, ”пештар ҳамеша мегуфтам, ба ҳар як ҳизбе, ки дилатон мехоҳад райъ бидиҳед, вале дар ин интихобот бо назардошти вазъияти имрӯза аз Шумо хоҳиш мекунам ба Ҳизби наҳзати исломӣ овоз диҳед”.

Ба ақидаи Кабирӣ овоз ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ ин овоз бар зидди туҳмат, бар зидди дуруғ, ихтилоф ва фитанаангезӣ аст: “Ба Ҳизби наҳзати исломӣ раъй додан ин овоз барои субот, ваҳдат, ҳамбастагӣ, барои ҳамдигарфаҳмии дин ва дунё, барои оромиш ва суботи дунё ва охирати ҳар кадоми мо аст”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қайд намуд, ки наметавон тоҷикро, тоҷикистониро ба тарафдори мутлақ динӣ ё дунявӣ тақсим кард ва касе талош мекунад миллати тоҷикро ба ду гуруҳ- динӣ ва дунявӣ ҷудо кунад, ин як хилофандозӣ ва фитнагарӣ дар ҷомеа аст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба он дӯстоне, ки масъалаи дину дунявиятро мебардоранд, гуфтаниям, ки ин масъаларо аллакай миллат ҳал кардааст: "Дар референдум ва бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ин масъала ҳал шуд, миллат иҷозат дод дар кишвари мо як ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дошта бошад. Хоҳиш мекунам сари ин масъала дигар худро азият надиҳанд, танҳо ва танҳо миллат ва қонун дар ин бора метавонад тасмим бигирад ва танҳо аъзои ҳизб дар бораи ном ва ё барномаи ҳизб сухани охиринро бигӯянд. Вале мо бар ин назар нестем, ки пешниҳодҳои дигарон нодида гирем, мебинем, меомӯзем, таҳлил мекунем, вале на бо фишор”.

Кабирӣ қайд намуд, ки боварӣ доранд дар парлумони ояндаи кишвар намояндагони бисёре аз ҳизбҳои сиёсӣ ва ё номзадҳои мустақил ворид хоҳанд шуд ва агар дар пардумони кишвар ҳамаи ҳизбҳо намояндаи худро дошта бошанд, ин бурди кишвар ва парлумон хоҳад шуд ва ҷои ягон ҳизби сиёсӣ, сиёсатмадар ё мансабдор кам намешавад.

Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиат ба масъулини ҳукуматҳо дар маҳаллаҳо, муаллимон, расиони ҷамоатҳо, мақомоти ҳифзи ҳқуқуқ гуфт, дар арафаи интихобот ба қонуншиканӣ, фишор болои номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғӣ роҳ надиҳнд: “Имрӯз аксрияти раисони ҷамоатҳо, масъулини далатӣ ва онҳое, ки тақдири интихбот дар дасти онҳост намояндаи як ҳизб ҳстанд. Хиёнат ба як овоз ин хиёнат ба миллат аст. Касоне, ки дар комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд, бахусус муаллимони муҳтарам, кормандони фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ аз Шумо як хоҳиш дорам, биёед миллатро дигар тақсим ба худиву бегона накунем, ҳар як овозро ҳамон тавре, ки мардум райъ додааст дуруст ҳисоб кунем, агар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раъйи бештар гирифт, ягон мусибате барои ҳеч кас нахоҳад шуд”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хитоб ба масъулини давлатӣ гуфт, барои чанд сол мондан дар мансабе корҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳед, вале бидонед, ки ягон вазифа доимӣ нест: “Домиӣ фақат адолат аст, ҳақиқат аст, Худованди якто аст ва ҳама мо дар назди Худованд, виҷдони худ ҷавобгар ҳастем”.


Мӯҳр
Исфара
Чаноби кабири сухбататон оли буд зебандаи сарварии миллат хастед шумо! Мо овоз медихем фазифаи шумо хифз кардани овозхои мост, вагар мисли интихоботи пешина хама депутатхои масхара интихоб мешаванд!

чавоб ба шохин: шохин туро чи сухта гирифтааст "мисли занхое ки хамсояаш куртаи нав харад ва зан аз сухтанаша зуд аз гиребони шавхар мегираду ба ман хам курта бихар мегуяд", ту мисли хамин зани сухта шудаи. суханхои Кабириро гуш кардаанд ва аз суханонаш каноат шудаанд, ки хеле хуб бо забони адаби ва босаводона харф задааст. е ба шохин алфози кишлокиена маъкул аст?

бехтарин хизб дар точикистон мебошад ай хамаи халки точик хохиш мекунам ки до хнит бошем мухиддин кабири ба шумо барори кор мувафакият ва ватандустиро хохонам мо бо шумо хастем шумо бо халк бошед иншаллох бояд хама донад ки кушиши ин хизб ба фоидаи исломи азизамон аст оллоху акбар

Абдуфаттох
Дуруд бар мардуми шарифи Точикистон Рости он сухбатхое ки устод атрофи барномаи пеш аз инихоботии хизбаш карданд мархаме буд бар чарохатхои дахсолаи мо мухочирони мехнати Мо бо ду маълумоти оли баъди чандсоли мубориза барои як мансаби маъмули ва мукаррарии ноком рох суи мухочират пеш гирифтем Инак чандин сол боз дар берун аз кишвар кору фаолият дорем Аз он ки дар ватан моро шоистаи ягон мансаб надонистанд гила намекунам чунки имкон нест ки хама дар ватан бо кор таъмин бошанд вале соате хам беёди ватан набудем

Дар баромади огои Кабири ба чуз шиква аз Хукумат ва мардуми Точикистон дигар чизе набуд. Огои Кабири! Дар барномаи пешазинтихоботи(ба гуфтаи Шумо Буклет), ки гуё хамаи максаду мароми Шумо дар ончо дарч шудааст, бояд акидаи худро дар бораи бех намудавни некуахволии мардум ва конуну карорхое, ки ба назари шумо таъгирот шарту зарур аст, бояд кайд мекардед.Он буклетхои Шумо ба хама дастрас нестанд. Ман ба мардуми коммунист чандон марок надорам, вале фикрхои худро чихати халли мушкилотхо пешниходи мардум карданд. Аз Худои бузург шукр гуфтан зарур аст, ки чунин Хукумату мардуми Точикистонро офаридааст. Боки инсофу вичдонро барои Шумо арзони дорад Огои Кабири

Собир
Саропо гила аз хукумат буд. Бо кадом барнома ба интихобот меравад, маълум нашуд. Бох хам шабакаи аввал ба Кабири гузашт кард. Ва у хар чи хост гуфт. Лекин мардум чизи дигарро интизор буданд.

мухочир
факат кори ихо гнат кардан аст, накшаи пешрави барои иктисодиёт нест.

Акбар
Милат бо нахзат аст.
Вадаи мо 1 март.

Хакикат
Озодагон дар асл минбари озод набудаи нагуфта будам фикри бандаро асло руи чоп намиёри хаволаат ба Худо

Зоро
Шабакаи якум барои инъикоси саривактии интихоботи президентию парлумони дар чойи аввал аст. Ин дафъа Кабири тамоми гапа барои интихоботи парлумони гуфт. Гуфт ки имруз тамоми кор дар доираи конун анчом дода мешавад ва Точикистон ичозат додааст, ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дорад. Мувафкаият барои коратон ва суханони самими

Ин чӣ буд, муаррифии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ ё таҳдид?
Мо дируз баромади раиси ҲНИТ М. Кабириро тариқи симои якуми Тоҷикистон тамошо кардем. Аз як тараф - ин худ як аломати сиёсати шаффоф аст. Даъвову таҳдидҳои М. Кабириро шунидем, ки ин бошад аломати мавҷудияти плюрализми сиёсӣ ва ҳукмронии фазои озодандешии сиёсиро дар Тоҷикистон нишон медиҳад.
Ба рости мунтазир будем, ки раиси ҲНИТ М. Кабирӣ дар ниҳоят ба хулоса омадааст, ки ба монанди дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар барномаи пешазинтихоботӣ ва ҳадафҳои банақшагирифтаи ҳизбро ҷиҳати пешбурди муносибатҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, вале чун ҳамешагӣ боз ҳамон хушгуиву шиорхони! Боз ҳамон афсонаи куҳна!
Хусусан, ташрехи шиори ХНИТ «Мо барои Точикистон ва Точикистон барои хама!» аз чониби М. Кабирӣ хеле ачиб буд.

Гуфтаниам, ки «Ман курбони он касе, ки дилаш бо забон якест!». Вакте, ки Шумо такя ба ғояи миллӣ намекунед, вакте, ки Шумо дастовардҳои давлатро нодида мегиред, вакте, ки аъзоёни ҲНИТ даст ба тероризму экстримизм мезананд, вакте, ки шумо мусулмонҳоро ба ҳукумативу худӣ тақсим мекунед, вакте, ки Шумо нерӯҳои ба ҳам зидро ба сатҳи муборизаи нав мебароред (ҷонибдорони исломи сиёсӣ ва ҷонибдорони исломи анъанавӣ), вакте, ки Шумо принсипхои дунявиятро таҳқир мекунед ва хову казо ПАС ШУМО БАРОИ ТОҶИКИСТОН чӣ кор ҳам карда метавонед? Бовар кунед аз ин зиёд ҳеч чизи дигар карда наметавонед!


Ба Ҳизби наҳзати исломӣ раъй додан ин овоз барои субот, ваҳдат, ҳамбастагӣ, барои ҳамдигарфаҳмии дин ва дунё, барои оромиш ва суботи дунё ва охирати ҳар кадоми мо аст”.
Огои Кабири, хамаи он чизхое, ки Шумо ваъда карда истодаед, аз кабили субот, вахдат, хамбастаги имруз дар Точикистон вучуд дорад
Хамин охиратро, илтимос, монополия накунед, зеро суботу вахдат бошад, охират хам, иншооллох, хуб мешавад.
Баъдан, Шумо бовари доред, ки баъди пирузии шумо, собик кумондонхо ба сари кудрат омада мардумро дар азоб мемонанд. Шумо, ки дар рафти чанги шахрванди бозичаи дасти онхо будед.

Кабир,
ба фикрам ту мактаб хондаги нести! Бо ду се чумлаи бемантики парешон наметавони дар бораи як сиёсатмадор харф зани! Вакте дониши казои надори ба хар куцо саратро нахалон! Ту моддаи 28 сарконунро хон агар фахмиди баьд дар мавриди алокаи хизб бо дин гап зан!!! Вакте конун ицоза дода бошад назари ту ва хамфикронат бехудаанд! Вактатро бехуда сарф накун!!

Комил
ИНШААЛОХ ман шумо овоз медихам ҲНИТ

Файзободи
Ба мухочир аввалаш мо хама точикем ва шумо барин одамони махалчи дар хукумат рохбари мекунанд ки Точикистон пеш намеравад ва агар ту ба Кабири кина дошта боши бевосита ба у гуй гапатро агар Кабири туро мухочират фиристода бошад лекин ман бо боварии том мегуям ,ки ту як одами хасусхур хасти.
Он чи ки Кабири мегуяд аз тахти дил мегуяд, на инки мисли баъзе хукумат дорони хозира ки аз варак чашм намекананд. Аз ин бармеояд, ки фикри худашон нест ва барои хамин барои амали кардани гуфтахояшон кушиш хам намекананд.
Офарин Кабири!! Бехуда нагуфтаанд "душманро бо шакар куш")

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)