Бахшҳо

ВИДЕО: Посухи Кабирӣ ба мухолифонаш дар мулоқотҳои “гарм”-и Суғд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз мухолифини ҳизбаш, ки иддао доранд, ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шаваду ниёзе ба ҳизби исломӣ нест, хост, дар ин масъала ба Додгоҳи конститутсионӣ ва парлумон муроҷиат кунанд, на ба ӯ.

Кабирӣ дар охирин вохӯрияш бо интихобкунандагони вилояти Суғд, ки дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, гуфт, “бар асоси Сарқонуни кишвар дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд ва агар нафаре ба ин розӣ нест, бояд бо ҲНИТ ё Ҳизби коммунисту Ҳизби халқӣ демократӣ даъво накунад, мо парлумону Суди конситутсионӣ дорем, ба онҳо муроҷиат кунад”.

Ба гуфтаи Кабирӣ, ин гуна даъвоҳо бояд дар асоси қонун ва аз тарафи ниҳодҳои марбута баррасӣ шавад, на дар кӯчаҳо: “Ин баҳс баҳси кӯчаву бозорҳо нест. Мо як бор дидем, ки бо шиорпартоию баҳсҳои кӯчагӣ ба куҷоҳо расидем”.

Раиси ҲНИТ аз сокинон хост ба қадри суботу ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки дар пайи талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ба миён омадааст, бирасанду ҳар даъвое доранд, дар асоси қонун ҳал кунанд. Ӯ дар мавриди иттиҳомот алайҳи ҳизбаш ишора карда, гуфт, ҳоло ҳар коре, ки дар олам мешавад, аз ҷумла Сурияву кишварҳои арабӣ мусулмонон гунаҳкор мешаванд, вале чаро боре касе фикр намекунад, ки дар ҳоли ҳозир дар Украина ҳам нооромист: “Дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҳудуди 50 миллион нафар кушта шудааст, ки онро мусулмонон ташкил накарда буданд ва ё худ Ҷанги аввали ҷаҳонро. Дар Тоҷикистони мо ҳам баъзе аз расонаҳои хабарӣ мисли Бӣ-Бӣ-Сию СНН тавре хабарҳоро пӯшиш медиҳанд, ки гӯиё танҳо мусулмонону ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ гунаҳкоранд. Дар ҳоле ки бар асоси омори соли гузаштаи Созмони милали муттаҳид танҳо се дарсади амалиётҳои террористию экстремистӣ аз сӯи мусулмонон ташкил шудааст”.

Ин ҳарфҳои Кабирӣ дар ҳолест, ки як модари тоҷик дар вохурии ӯ бо интихобкунандаҳо аз бедарак шудани фарзанди худ шикоят карда, гуфт, тӯли 7 сол мешавад, ӯ беному нишон аст ва ба ин наҳзатиҳо гунаҳкоранд: “Рост, намоз хондан даркору аммо ин хел мардумро бероҳа кардан даркор нест. Дар ин 7 сол зани писарам баромада рафту падару фарзанди ӯ аз дунё даргузаштанд. 7 сол мешавад, ман азоб мекашам”.

Инчунин нафари дигаре низ аз худ варзишгар ном бурда, дар ин вохурӣ баҳсу мунозараи иштирокдорони маҷлис бо раиси ҲНИТ-ро яке аз хусусиятҳои демократия хонда, пайравони ҳизби Кабириро дар тафриқаандозӣ муттаҳам кард: “Ҳамчун варзишгар метавонам, аз номи тамоми варзишгарони шаҳри Истаравшан як ду сухан гӯям, чун демократия ҳаст. Ман бисёр шунидам, ки тавре бародари гиромӣ гуфтанд, ҳамин хел мардумро ба қисмҳо – намозхону бенамоз ҷудо мекунанд ё мегӯянд, ту аз ин ҳизб ё он ҳизб, ки ин суханҳо миёни мардум як фитна эҷод мекунаду моро ба соли 1992 бармегардонад. Ин ваҳдату ягонагӣ бо пул не, бо хун омадааст ва зиёда аз 2 миллион шаҳванди Тоҷикистон зери хок рафтааст. Ман дар бисёр ҷойҳо менишинам ва дар бисёр ҷойҳо баранда ҳастам, ҷигарҳои лахта-лахтаи модаронро дидаам, ки фарзандонашон дар Сурия меҷанганд”.

Нафари сеюм ба нашъаманд шудани фарзандаш ишора карда, таъкид намуд, ҳамаи нашъафурӯшон риш доранду Қуръон дар даст ба чунин амали номатлуб даст мезананд.

Муҳиддин Кабирӣ аз ин пештар бо интихобкунандагони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа мулоқот карда буд.

ВИДЕОҲОИ мулоқоти Кабирӣ бо интихобкунандагон дар Истаравшан:








Мӯҳр
Яъкуб. Душанбешахр.
Ахсан ба бародари гироми Кабири. Мардум мухочир,, гунахкор , ки Кабири!? Барк нест..гунахкор Кабири!? Замини Точикистонро ба Хитой, ки фурухт. .Кабири!? Давлат муфлису фасодзада гунахкор Кабири!? Кудакон аз ангишт меафтанд гунахкор Кабири!?

Мухочир
Ин чи шармадаги аст савол медиханд ва намемонанд,ка ба савол чавоб гардонида шавад ман ин хел умед надоштам аз мардуми вилояти Сугд мисли гурги гурусна ки ба сайдаш хамла мекунад хамон хел рафтор мекунанд ва ман бо боварии том гуфта метавонам ки инро хукумат пешаки тайёр кардааст хам гапхои хамон модар ки мегуяд ки фарзандашро гум кардааст. О мебахшед Кабири хукматдор нест ба ин хама саволхо бояд ХХДТ чавоб дихад ки тамоми хукматдорон аъзои ХХДТ хастанд ва гунахкори асосии рафтани чавонон ба Сурия ва дигар давлатхо ин хукумат аст на ин ки Кабири. Фахмида гиред ки шумо гург бошед Кабири шер аст шумо оташ бошед Кабири обаст офарин Кабири зинда бошед мо бо шумоем. Иншоаллох вакте ки ба ватан бармегардам аввалин коре ки мекунам ин аъзо шудан ба ХНИТ мебошад.

Сино
Ман хамин раиса сабрашба гап надорам!

Бо ин корашон мардуми истаравшан обруи худро як каме аз даст дод, вале дустони азиз, ман, ки худ аз истаравшан хастам, хуб мушохида кардам, ки ончо аксарияти игвоангезон бо шеваи хучанди сухан мекарданд, ки бо гумони голиб хучанди хастанД. Ман фикр намекунам, ки мардуми Истаравшан то ин хад бемаданияту бефарханг бошанд. Ба фикри банда ин як сенарияи тайёршуда ва игвоангезие беш набуд. Зеро ман хамшахриёнамро хуб медонам ва мешиносам. Ба хар холи барои ин беодоби аз номи мардуми Истаравшан маьзарат мехохам. Шояд онхо мачбур буданд, бояд онхоро хам фахмид. Ва бовари дорам, ки хамон мардуме, ки ин кадар танкид карданд, фардо рузи 1 март ба ХНИТ овоз хоханд дод.

Мухтарам устод Мухиддин Каббири Худованд бо мову шумост сабри шумо пуркуввати дил ва имони мост ХНИТ ман дар ин хизб танхо ояндаи динни ва дунявии оромро мебинам Иншаалох АЛЛОХИ бузург ба назари рахмат худро ба суи мову шумо манзурам мусалмонони хакики равона мекунад УСТОД ХУДО БА ШУМО САБРИ Х.ЁКУБРО ДИХАД ин имтихон бар сари шумост УСТОД МАН БО ШУМО ХАСТАМ ИМШААЛЛОХ ДАР ХАКИ ШУМО ДУЪО МЕКУНАМ .
Ба зинхори ба сад зинхор зинхор
Забон аз ранчиши мардум нигах дор
Ки хар кавмеки бар офат мубтало шуд
Зи озори дили марди худо шуд
Бишнав эй курдил оташ нафасро
Бубин рузхои пешу пасро
Устод суханони шоирон аст
Зи харсу мечакад саг дар сари рох
Назар бар саг макун ру суи Аллох. Устод мо бо шумоем Ассаламу алайкум ва рахсатуллохи ва бвракатуху.

ВАТАНДУСТ
ШАРМАНДАГИИ ДУНЁВУ ОХИРАТ КАРДЕД ШУМО ХУДАТОНА ААЙ МАРДУМИ ИСТРАВШАН. АЛБАТТА ХАМОН ЧАВОНОНУ МОДАРОНЕ КИ МАХСУС ТАЁР КАРДА ШУДА. БА МАРДУМИ ОГОХ БО ЧУНИН СПЕТАКЛХОИ ТАЁР КАРДА ШУДА ЧАШМРО ПУШИДАН НАМЕТАВОН КАРД . ЧАНОБИ КАБИРИ БОЗ ПИРУЗ ШУД . ХУДО КУВВАТ . ИСЛОМИ ПОКРО ЧУНИН СИЁХ КАРДАНУ ГУНАХКОР ДОНИСТАН АЗ СОХИБИ ОН БИТАРСЕД .

Мухочир
Офарин Кабири зинда боши мо бо Шумоем

точик
ин мардум инкадар тафаккури паст доштаанд афсус сад афсус.

сангинбой
уйй гуш кунтон... уй ором....
тамоман ранги бозори панчшанбе шуда монд!

хонашеру майдонгариб - ин дар бораи халки тарсуи хучанду истаравшан!

Ин як сохтакориаст!!

Расул
Ин як бозии аъзоёне, ки аз ин чиз манфиат мебинанд. ман худ Истаравшани ва аз кирдори хозирин бисёр норохат гаштам. хабар надоштам, ки Чаноби Кабири ташриф овардан. лекин ман тарафдори ХНИТ хастам мемонам. ман аз номи худам узр мепурсам аз Шумо чаноби Кабири, ки ин ашхосон монанди хайвон муносибат карданд. Шумо ташвиш накашед мо чониб дори шумо хастем.

Ин як бозии аъзоёне, ки аз ин чиз манфиат мебинанд. ман худ Истаравшани ва аз кирдори хозирин бисёр норохат гаштам. хабар надоштам, ки Чаноби Кабири ташриф овардан. лекин ман тарафдори ХНИТ хастам мемонам. ман аз номи худам узр мепурсам аз Шумо чаноби Кабири, ки ин ашхосон монанди хайвон муносибат карданд. Шумо ташвиш накашед мо чониб дори шумо хастем.

умар
барои шахсоне ки ин спетаклхоро таёр мекунанд иншоалло чазояшонро аз чониби мунтазиранд. Худоё хидоят кун милати моро.омин

Устод Кабири хайфи хамон вактхои сипари кардаат!
Аз инода дида дар хамон театри лухтак иштирок мекардед ба фикри ман хеле хубу зебо мешуд! Чунки дар театр инсонхои бо тачриба баромад мекунанд. На мисли ин актрисахои дарбори!!!!

нусрат
Тамошо кун видиёра хубитон маълуай чихел рафтор каден бо м.кабири

Раиси кумитахои махалла шахси адекватний хаст е не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)