Бахшҳо

(ВИДЕО) Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот: ҲХДТ 65,2%, ҲНИТ 1,5%....

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботии парлумонии рӯзи якуми мартро эълон кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИРТ дар нишасти хабарии созмонёфтае рӯзи 2 март гуфт, ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо раъй додаанд. Ба иттилои аввалия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба дарёфти 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсади раъйи мардум муваффақ шудааст. Тибқи иттилои раҳбари КМИР ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 фисади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Раъйи ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон додашударо оқои Шоҳиён 11,8 дарсад гуфт (450 ҳазору 275 интихобкунанда). Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6%, ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби демократ 64 ҳазору 547 кас ё 1,7%, Ҳизби сотсиал-демократ 18 ҳазору 875 ё 0,5% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5% раъй додаанд.

Ба ин тартиб, аз рӯйҳати ҳизбӣ ҲХДТ -- 16 мандат, ҲАТ -- 3, ҲИИТ -- 2 ва ҲСТ -- як мандатро соҳиб шуданд. Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва коммунистии Тоҷикистон, ки дар парлумони феълӣ ҳар кадом соҳиби 2 курсӣ буданд, аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфтанд. Бо ин ҳол, дар парлумони нав танҳо ҲХДТ фраксия хоҳад дошт.



ВИДЕОИ ЭЪЛОНИ НАТИҶАИ ИНТИХОБОТ ДАР BAMBUSER

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, аз 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафари дорои ҳаққи раъй, 3 миллиону 791 ҳазору 827 танашон пойи сандуқҳо омадаву овоз додаанд, ки 87,8 дарсадро ташкил медиҳанд. Тибқи қонун “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” на дертар аз 7 рӯзи баъди интихобот дар матбуот рӯйхати вакилони интихобшуда бояд нашр шавад.
Мӯҳр
Акаи Кабири метони гурехтана сар куни ки капат дууууудай!!!

'Фисад' чи аст? мо калимоҳои тоҷокӣ форсӣ дорем. чаро арабӣ? Дарсадро кӣ истифода мекунад дар вақте ки шумо нашриётҳо истифода накардед?

Муслим
Раъйи ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон додашударо оқои Шоҳиён 11,8 дарсад гуфт (450 ҳазору 275 интихобкунанда). Ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6%, - хеле ачиб, ин ду хизбе, ки ба мардум аонкадар ошно хастаанд аз ХНИТ бисёр овоз гирифтаанд..)))
Ха ногуфта намонад маълумот оиди "МУКОБИЛИ ХАМА" нест-к?

Далер
Салом хидмаи хонандагони азиз! ончи дар ин интихобот маълум аст ин аст, ки барои ҳукуматдорон бозам собит шуд, ки мардум тарафдори ҲНИТ ҳастанд. вале набояд дтгар хомуш бошад ва инҷо дигар ҷои эътироз аст ва бояд ба ин тақаллуб аксул амали дуруст сурат гирад. вале ин аксул амал ба танҳои қобили иҷро нест балки бояд ҳамаи тарафдорони ХНИТ даст ба дасти ҳамдигар ӣитианд ва шикоят ва нороҳатии худро ба ҷаҳон баён кунанд.Рашт,

ахсан ХХДТ ,мо бо шумоем !

хамаш дуруги махз. аксарият ба ХНИТ ва комунистон овоз доданд. ФУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУУ наход то ин дарача мардумро беакл хисоб кунанд.

Muslim
Рашт, ИншаАллоҳ дар назди Аллоҳ ҷавоб мегуед дар ин дунё мебинем азобро ки дуруғ шуморидед мардумро

Точик
УРРРАААА!! Чонамон аз ХНИТ халос шуд! ин маънои онро дорад ки дигар дар Точикистон хатари Бахори Арабу тероризм нест. Худоро 1000он бор шукр!

Аз такозои замону гардиши чархи фалак
Хирсро гуфтам тагою хугро гуфтам амак

Ин мусибат аст. Точик аз мусулмони метарсад.
Мусулмон фокамасту жандапуш аст,
Зи кораш Чабраил андар хуруш аст.
Биё расми дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат чахонро бори душ аст

Садокат
Аслан инчо мучрим окои Кабири нест чун точики-мусулмон муътакиди мазхаби ханафи чавонмардона тахамулпазир буд ва хеч амали ночавонмардона намекард. Хукумати мусаламан барномахои кабл аз интихоботии худ (фахши дин)ро чонок кард ва мардумро бадин восита гуё огахонид, ки инхо хам мисли моянд)! Аммо дар амали сиёсати хирадмандона нуксе хаст, ки инхам бошад раъй гирифтани агрархо ва сотсиалистон дар интихобот, ки канор аз вокеият аст.

мухочир
МАНА ДЕМАКРАТИЯ. ДАР ДАВЛАТЕ КИ 99 ДАРСАДАШ МУСАЛМОН БОШАДУ 1.5 ФОИЗ ОВОЗ ГИРИФТА БОШАД . ИН АФСОНА БЕШ НЕСТ ВА ИН НАТИЧАРО ЯГОН КУДАКИ СИНФИ 2 ХАМ БОВАР НАМЕКУНАД . ШАРМАНДА !

Фаро ш.Кулоб,
хахахахаха, хихихихихи, бчар бгард!

Garib
., аз хамин хотир ман хеч гох ба интихобот намеравам ва нахохам рафт. Ман на тарафдори Хизби нахзатуму ва на Халки Дермократия ва на Комунисту Сотсиалист, лекин аз такалуб дар хайрат задам. Хукумат ва КМИР хар чи хоханд мекунанд. О вакте хаминхел такалуб коред чи мардума азоб метийен?

Сарвайрон.
Мехрем мегардем ИншоАллох

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)