Бахшҳо

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов аввалин тоҷикест, ки дар Ҷопон соҳиби унвони профессорӣ шуд. Ин донишмандони 35-сола, ки як сол қабл рисолаи доктории худро дар донишгоҳи Кобеи Ҷопон ҳимоя кард, ахиран дар саҳфаи Фейсбукаш навишт: “Дӯстони азиз, ман дирӯз расман унвони "ассошиейт профессор" гирифтам. Ин орзу ва мақсадам буд ва ба Шумо низ барои расидан ба беҳтарин орзуҳоятон комёбиҳо орзумандам”.

Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ дар як суҳбати катбӣ баъди табрикот нахуст аз Мирзосаид Султонов пурсид, унвоне, ки дарёфт кард, чӣ хусусиятҳо дорад?


Мирзосаид Султонов: “Бисёр миннатдорам, ки ба мо таваҷҷуҳ кардед. Associate professor як унвоне миёни дотсент ва профессори мо мебошад. Дар як қисм кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Амрикои шимолӣ ба ҳайси профессори комил шинохта мешавад”.

Озодагон: Чӣ чиз сабаб шуд, ки зиндагӣ ва кору таҳқиқро дар Ҷопон ихтиёр кардед?

Мирзосаид Султонов: “Чун пештар бо як ширкати Ҷопонӣ ҳамкорӣ мекардам ва каме забони ҷопониро медонистам, барои ҳамин Ҷопонро интихоб кардаам”.

Озодагон: Ба ҷуз корҳои илмӣ фаъолиятҳои дигаре ҳам дар Ҷопон доред?

Мирзосаид Султонов: “Не, фақат кори илмӣ, таҳқиқот ва дар донишгоҳҳо дарс додан”.

Озодагон: Обрӯ ва ҳайсияти як олими унвондор дар Ҷопон дар кадом сатҳ аст?

Мирзосаид Султонов: “Хеле баланд аст. Чун илм бо амал дар ин кишвар хеле наздик аст ва Ҷопон бошад, донишгоҳу донишкадаҳои хуби сатҳи ҷаҳониро дорост”.

Озодагон: Дар бораи тавассути ришваву “тағо” гирифтани унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон овозаҳое зиёде ҳастанд, дар Ҷопон ҳам ин гуна амалҳои номашруъ вуҷуд дорад?

Мирзосаид Султонов: “Хушбахтона ришвагириву ришвадиҳӣ нест. Аммо шароит барои фаъолият новобаста аз миллат ва дороӣ барои ҳама фароҳам аст. Муваффақияти Ҷопон ҳам дар ҳамин аст”.

Озодагон: Танҳо Шумо ҳастед, ки дар Ҷопон ба фаъолиятҳои илмӣ машғулед ё боз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҳам ҳастанд?

Мирзосаид Султонов: “Тақрибан 15-20 ҷавони тоҷик ҳастанд. Аксарият донишҷӯянд. Як ду нафари муваффақ ҳам ҳастанд, ки унвон гирифтаву фаъолияти илмӣ доранд”.

Озодагон: Шумо аз натиҷаи таҳқиқотҳои илмии худ барои ҳалли мушкилоти Тоҷикистон пешниҳодоте ба ҳукумат ё ниҳодҳои дигари масъул кардед?

Мирзосаид Султонов: “Не, ман танҳо натиҷаҳои кори худро дар маҷаллаҳои байналхалқӣ нашр мекунам. Агар лозим бошанд, ҳама озодона метавонанд дастрас намоянд. То ҳол каме таҳлилҳои иқтисодӣ дорам, ки чоп шудаанд. Қисми зиёдаш ҳоло нашр нашуда ва моҳҳо ё солҳои наздик чоп ва дастраси мардум мегарданд”.

Озодагон: Нияте доред, ки дар бораи мушкилоти Тоҷикистон ҳам таҳқиқоти алоҳида дошта бошед?

Мирзосаид Султонов: “Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистон аст. Аз ин пас оид ба дигар масоили иқтисодии байналхалқӣ хоҳам навишт. Чунки навиштаҳоям бо мавзӯи дарсҳоям бояд наздик бошанд. Аз моҳи апрел сар карда дар мавриди иқтисодиёти ҷаҳон ва Осиё дарс бояд диҳам”.

Озодагон: Шумо бо таҷрибае, ки дар Ҷопон бардоштед барои пешрафтҳои илм дар Тоҷикистон чӣ пешниҳод доред?

Мирзосаид Султонов: “Бахши аъзами таҳқиқоти ман дар мавриди таъсири муҳоҷират ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Албатта натиҷаҳои таҳқиқоти ман ба таҳқиқотҳои дигарон дар ин мавзӯъ илова хоҳанд буд”.

Озодагон: Саломат бошед, ҷаноби профессор. Умедворем, ки бештар муваффақ бошед. Худо кунад, ки сафи Шумо барин олимони тоҷик дар хориҷ зиёд гардад ва барои пешрафти Тоҷикистон ақлу андешаатон истифода шавад...

Мирзосаид Султонов: “Ташаккур, лутф кардед. Мо ҳам орзумандем, ки Тоҷикистон пешрафтҳое дошта бошад ва мояи шарафу ифтихори мо буд, ки агар дар ин пешрафтҳо саҳм медоштем”.

МАЪЛУМОТИ “ОЗОДАГОН”:

Мирзосаид Султонов cоли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро дар шаҳри Душанбе бо ихтисоси иитисодиёти чаҳон баҳайси иқтисодчии байналмиллалӣ ва донандаи забони инглисӣ хатм кардааст. Солҳои 2001 - 2008 ходими илмии Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Академияи улуми Тоҷикистон буд. Моҳи апрели соли 2008 ҳамчун донишҷӯйи таҳқиқотгар омӯзиши худро дар бахши иқтисодиёти Донишгоҳи Кобеи шаҳри Кобеи Ҷопон идома додааст. Соли 2009 ба курси дуктуро дар бахши иқтисодиёти Донишгохи Кобе дохил шуда, мохи феврали соли 2013 унвони доктории худро бо муваффаққият ҳимоят намудааст. Солҳои 2013-2015 устоди Донишгоҳи Кобе ва Донишгоҳи Осака Гакуин. Аз апрели соли 2015 ба баъд ба сифати “ассошиейт профессор” дар Донишгоҳи Тохоку Коеки ба тадрису таҳқиқ иштиғол меварзад.

Мавзӯии кори илмии у таъсири интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дар он омилҳои асосии макроиқтисодие, ки ба интиқоли маблагҳо таъсир мерасонанд ва ҳамчунин таъсири интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба рушди иқтисодиёт, сатҳи воридот, истеъмолот ва сармоягузорӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Пажуҳиши мазкур таҳти назорати донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, яке таҳқиқоти фарогири макроиқтисодӣ дар умури таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.

Тибқи пажуҳиши ӯ, иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз иқтисодиёти дигар кишварҳои дунё ба вуруди маблағҳои муҳоҷирон вобаста мебошад. Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди кишвар дар 10 соли охир афзудани истеъмолот аз тарафи аҳолӣ буд. Омили афзоишдихандаи истеъмолот бошад вуруди босуботи маблағҳои муҳоҷирон ва дар пайи он зиёд гардидани воридоти молу маҳсулоти истеъмолӣ аз хориҷ мебошад. Пажуҳиши мазкур нишон медиҳад, ки набудани сиёсати мувофиқ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва шароити номувофиқи ташкили соҳибкорӣ дар дохили кишвар боиси афзоиши вобастагии Тоҷикистон аз маблағҳои муҳоҷирон гардида, фоиданокии ин васоили пулиро кам мегардонад.

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)

Мирзосаид Султонов: Таҳқиқоти ман аксаран дар мавриди Тоҷикистонанд (АКС)
Мӯҳр
Тахкикотчи
ор,

Бародар, нодуруст нанависед. Ман хам дар хорича дарс додаам ва системаи маорифи хоричаро нагз медонам.
Ассошиэйт профессори хоричи ин ёрдамчии профессор ё ба мисли Ассистент дар донишгоххои Точикистон нест, балки баробари доценти мо аст. Яъне болотар аз муаллими калони донишгох. Ноил шудан ба макоми ассошиэйт профессор дар Амрикову, Аврупову Чопон хеле ва хеле вазнин аст. Ин маъноеро дорад, ки олимони ин кишвархои пешрафта дониши шуморо этироф кунанд ва ба шумо ичозат бидиханд, ки ба донишчуёни онхо дарс бидихед.

Боз хам хато навиштаед, ки баъди унвони доктори ба шумо гуиё вазифаи ассошиэт профессор пешниход карда бошанд. Хеч кас ба номзади навхатмкарда вазифаи доценти ё ассошиэйтро намедихад. Барои ин бояд чандин сол дар донишгох дарс гуед ва шуморо хама эътироф кунанд.

Душанбеги
Табрик. Шумо таъсири мусбии маблаги аз мардикорони точик аз Русия ба Точикистон ворид шавандаро нисбати сатхи зиндагии мардум омухтед. Ин ба хама маълум аст. Умедворем, ки шумо, хамчун олими иктисоддон, роххои афзоиши истехсолотро дар дохили кишвар, яъне рахои аз вобастагии зиндаги бо пулхои мардикоронро ба наздики тахкик карда, натичаашро дар ватанатон татбик менамоед. Ба шумо саломатию муваффакиятхои эчоди орзу менамоем.

Душанбеги
Ба Тахкикотчи: суханхоятонро пурра тасдик мекунам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)