Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
точик
худоё ин мардумро хидоят кун

А
Имрузхо баъзе модарону духтарони точик он либосхои Аврупоиро мепушанд инрохам бояд аз байн бурда шавад манъ карда шавад наход зани точик мусулмон либосхои бегонаи урёнро пушад хусусан духтар бачахои мактаб мо бояд бачизхои бегона даст назанем

Сатр либоси хоси араб мебошад ва ягон иртибот ба ислом надорад, чукур фикр кунед, ин либос то Пайгамбари ислом вучуд дошт. Ин либос мардуми арабро ки дар иклими нихоят гарм зиндаги менамоянд аз нури офтоб ва чангшамолхои биёбон эмин нигох медошт, инчунин аз горатгарону одамдуздон пинхон менамуд, ки аз донистани зани чавон аз зани пир мушкили пеш меовард...

Ой мардум. Мавсими киштукор омадааст. Субхадам хезед намозатонро хонед ва аз пайи киштукор шавед. Дигар кор надоред ба гайри андозаи ришуфаш ва латтаи дигар.

вап
акнун сар шуд диданки ришро камкардан мардхоро ба зан монанд кардан акнун зонхоиморо ба рус монандкарданмехохан

Мукобили худо чанг элон кардет?

душанбегӣ
Ин боз чӣ ҳангомаи нав аст ? Худе, ки тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ ҳал шуданд. О каме ором шавед...

Max
ман нафахмидам риш мондан чиноят мулло шудан чиноят!!! сатр пушидан чиноят !!!то 18 сола ба масчид рафтан чиноят !!!таълими куръон гирифтан чиноят!!
Чи магар мехохед ки мардуми Точикистон дини насрониро кабул кунанд. фаромуш накунед ки мо мардуми Точикистон мусалмон хастем ва хеч гох тарки он чиро ки Худованд фармудааст сатр, риш мондан ба масчид рафтанро тарк нахохем кард.

Агар дар тамоми дунё дар бораи тараккиёти илму техника гап равад, дар асри 21 мардуми точики мо аз сатру ришу сала гап мезананд... Бародарони азиз!Агар каме бо илму маърифат шинос бошед барои пешравии Точикистони азиз гап занед, даъвои сатру чатру ришу фашу салаю палая накунед, ки моро механданд. Озодию демократияе ки дар Точикистони мо хаст, на дар Америка, на дар Европа нест... Хушёрии сиёсиро аз даст надихеду ба доми хочахои зархарид наафтед ва барои якпорчагии Ватану тинчию осудаги ва пешравии он гап занед!

точибойи хучанди
Гап ки аз ришу сатр рафт тамом точикони моро Худо мавзуъ дод.чун сухан аз илму донишу техника равад хама ба дахан об гирифтаги.мусалмонии шумо чи осон.сатр карди мқсалмони агар зери он сатр фохишаи рузе дах мардро шикор карда бошад хам.румолатро гирифти фаришта хам бошад номусалмони... вой бар шумо чохилон.

точибойи хучанди
Эха шери акош чунон таркмекунед ки дар сафи аввал.раис фармояд хамаат ба шортик медавед таърихро варак зан пешпеши амири бухоро чи гуна медавидед пеши райком чи???

иброхим
дар урфият як маталли точики хаст ....гурсна ба шер чанг мекунад..охир ин бечорахо дигар чи кор кунанд ...зиндаги одамизотро аз руи бекори ба хар рох мебарад...бовар кунед дигар рох надоранд.....мардошон дар мухочират

Точики Саргардон
Мардуми Точик холат аз ин бад шавад! гуфти Русо так нам и надо!
хамин хел рафтан гирад дар ояндаи наздик хичобе ки фарз аст манъ карда мешавад.

Асалому аллайкум . Ин муалими донишгох худаш намедонад ки алакай зиди сухани АЛЛОХ баромад

Муслим
Хай чор фохиша сатра харидану пушидан ин маънои он надорад ки хамаи онхо чунин аст. Сатр барои фохиша ва гайри он фарз аст. Чаро мини юпкахоро намебинед миллата харом кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)