Бахшҳо

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

Малика Саидова, овозхони маъруфи тоҷик, ки баъди зиёрати Хонаи Худо тарки саҳна карда, дар маркази савдои “Саодат” ба фурӯши либосворӣ машғул шуд, аз сиёҳкунии номаш тариқи Шабакаи аввали телевизион нигаронӣ кард.

Саидова имрӯз, 12 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз нашри гузориши Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, дар бораи фоҳишаҳои сатрпӯш огоҳ аст, ки бархе аз "қаҳрамонҳо" изҳор доштаанд, ки сатру либосҳояшонро аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Ин як сиёҳкунӣ аст. Ман он хел либос умуман надоштам. Баъдан дар пешонии мизоҷон навишта нашудааст, ки ин фоҳиша аст ё на”.

Суҳбати “Озодагон” бо Саидова дар ҳоле сурат гирифт, ки мағозаҳои маркази савдои “Саодат” мавриди санҷиш ё ба истиллоҳ “рейд” қарор доштанд. “Баъди ин гузориши телевизионӣ мағозаи маро низ санҷиданд, аммо ягон камбудие наёфтанд”- изҳор дошт Малика Саидова. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар мағозаи Малика Саидова бештар либосҳои миллии занона ба фурӯш гузошта шудаанд.

Нигина, як тоҷири маркази савдои “Саодат” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо на либосҳои исломӣ, балки бештари молашон аврупоӣ буда, зимни “рейд”-е, ки дар мағозааш гузашт, нозирон ҳеч либоси исломӣ пайдо накардаанд. Номбурда мегӯяд, онҳо тибқи қонунгузории кишвар моли худро ба фурӯш гузоштаанд ва касеро ба роҳи бад ҳидоят намекунанд: “Шунидам, ки касе аз ҳамон либоси сиёҳпӯшҳо, гуфтааст, ки аз мағозаи Малика Саидова мол харидаанд, лекин ҳар як инсон худ бояд ақлу фаросат дошта бошад, мо касеро ба роҳи бад ҳидоят накардаем. Малика ҳеҷ вақт намегуфт, ки аз мағозаи ман хареду баромда танфурӯшӣ кунед”.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.


Аксҳо аз мағозаи Малика Саидова ва нуқтаҳои дигари савдои "Саодат"

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...

(АКС) "Рейд" дар мағозаи Малика Саидова: Ин як сиёҳкунӣ аст...


Акси аввал аз Интернет
Мӯҳр
Истиклол
Чавоб ба Хакикат, руи Шумобарин демократхо сафед!
Якум демократияи тоза дар вактхои кадим дар Юнон буд, ки холо дар хамон ИМА демократия нест, дар ончо пул, капитал, бозор хукумрони мекунанд (Ты мне я тебе).
Дуюм. Ранги Шумобарин демократхо солхои 1991-1992 Точикистони кучаки моро кариб, ки пора-пора мекарданд.

Я не совсем поняла смысл этих слов с чего это в друг фарз должен быть отменено. Или в Таджикистане появились другие Боги? Разве простому народу можно изменить фарз?какой атлас народ куда вы все смотрите и что говорите. Если такие люди в фарзе идут на лево то из за каких-то не приличных женщин вы говорите такие слова. По бойтесь Аллаха. И такими громкими словами не кидайте. Аллах накажет каждого грешника. О Аллах дай им ум, чтобы такой не образованы народ задумался

Как тот наш дипломат писал об бывшей певицы это не важно. Самая главная что Малика поняла во время. Знаешь дипломат не важно для нынешнего общества какой статус у человека.Потому что Таджикистан потерял свой статус. А что касается Хиджабе или те кто их одевает я скажу что дай Аллах вам по больше сил. Малика скажу вам что после как вы ушли со сцены вы не переставили быть центром внимание для общества. Значит до сих пор народу интересно как вы живёте. Есть зависть и слухи. Ваша жизнь интересно многим после как я читала статью

Истиклол
Чавоб ба Марҷона, наверное Вам Малика по обещала одну пару сатра и поэтому вы так стараетесь хвалить её. Я Вам куплю два сатра но перестаньте хвалить эту особу. Мы все знаем кто она и что она за собой представляет

dipLomat
озодагон БАРОИ ЧИ ЧАВОБХОИ МАРО ЧОП НАМЕКУНИ Е КИ ХОЧАГОНА НУХТАРА КАШИДАНД

diplomat
малика вакте, ки аз сахна рафт ва ба руи милионхо мухлисони худ туф ба хотири пулхои хочагони исломи-хоричии кард. ба он одаме,ки бо номи занона навистааст ягон зани точик ба режими исломихо рози нест ошно ""тарафдорони давлати исломии шому ирок""

Ино дигар кор надоранд агар сари рохшона нагири бурукта бадар мекунанки ...

Рустам
Маликара хамун сарояндагиш хубай. Маслихат медихем, ки дубора руи сахна рав. Хунари ту бояд дар хизмати халк бошад. Дер шавад пушаймон мешавй. Овозхонй ифтихор аст. Агар шарм медорй, пас кампир хам шавй овозхон буд мегуянд.

диловар
Аллох нигохтдорад аллохумансурилисломаи ва ааизал муслиминБехабар,

Ба Касоне ки зидди хичобанд, савол дорам. Шумо ба Куръон имон доред? Агар ха, пас ояти 59- и сураи Ахзобро аз тарчимаи Куръон бихонед! Агар имон надоред, пас оятхои 8-9- и сураи "Саф"- ро хонед, ки Аллох таоло чи мегуяд

Ба арабхову дигар мусулмонон таклид кардан либоси миллиро аз байн мебарад мегуед? Рахмат ба химмататонууууу охи миниюбкаю сари лучу пои луч дар кадом миллат хаст. Офарииииииииин ба миллатшиносиатооооооон.ха ха хааааа.

фатхулло
бародарон инро бинед либоси аврупои ба зино наздик аст барои ин ичозат аст барои либоси исломи не ин ба ягон акли солим рост намеояд ХУДО хидояташон кунад омин

Чаро хукумати МО аз пайи хал намудани он камбудихое,ки имруз дар иктисоди МО Дида мешавад намешаванду аз пайи бурдани сатр ва хомуш намудани мухаббати мардум нисбати дини Ислом чорахо меандешанд.Охир хамон зани бадбахтро,ки боиси паст задания ин либоси илохи монеьа бунед мекунад худ фохиша хастанд.Чаро ман мансабдорон одам мекушанд е мардумро тичорат кардан намемонанд инро намегуянд.Чаро имруз камбудии духтарони худро,км имруз бо бачахои бегона бо бадани урен мегарданд аз пайи Халли ин масьалахо намешавед.????Хар,ки хилофи конуни Иллохи амр мекунад е Конуне мебарорад хеч вакт пируз нахохад шуд.Хар,ки бо чи тарзе мехохад бигардад.Хамин аст конуну коидахои давлати демократи, Сохибихтиер ,Дуняви ва Ягона.!!!

Ахмадали
Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракатуху.
Тани одам шариф аст ба чони одамият,
На хамин либоси зебост нишони одамият
Тани одам барои инсон азиз аст, мегуяд хазрати Саьди
яьне чи тавре мегуянд тан аз ман, чон аз ман чи кор ба каси дигар яьне Худое ки офаранандаи тамоми махлукоти дуне аст Аллох (с.т) ба хар одам акл додааст, ки вобаста ба акли худ амал кунад. Ва Аллох (с.т) фармудааст:
Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! Курьони Карим 33:59
Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худ бипушанд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон бипӯшанд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ғайри ба шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ, ё бандагони худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд, ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд то он зинат, ки пииҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед. 24:31
Дар ин бобат бисер хадисхо аз сахобахои чаноби расулаллох(с.а.в) омадааст.
Бонувони мухтарамма ба маьлумоти шумо расонам, ки Худои табборак ва таало тилло, нукра, марворид ва дигар сангхои кимматбахоро дар руи Замин неву дар чойхои дастнорасси Замин , яьне чукурии бахру укенусхо, таги замину даруни куххо офаридааст. Шумо ки барои мо аз ин сангхо дида баландарзиштар хастед барои хамин Ислом мехохад ки ин зебогии шумо хам пинхон бошад. Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракатуху

Апаи Маликабрну ман шуморо бенихояд дуст медорам душманонатон илохо чашмаш кур шавад агар хондед номаи маро илтимосатон мекунам як бор бо ман дар алока бошед ман мехом бо щумо як маротибахам бошад сухбат намоям каблан ташакур

э душанбе шахри гайбат шудааст мардум аз бекори эзору тагпуши занхоро гуфта мегарданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)