Бахшҳо

Интиқоди ноиби муфтӣ аз шеваи сатрпӯшии занони тоҷик

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз шеваи сатрпӯшӣ ва тақлидкории бархе аз ҷавонписарону занони тоҷик нигаронӣ карда, аз онҳо хост, ба ин кори худ хотима бахшанд.

Ин руҳонии тоҷик рӯзи 13 март дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “бархе аз духтарону занони мо сатр мекунанду боз ба рӯи худ рангу бори зиёд менамоянад, ки ин сатр маъно надорад”.

Муовини раиси Шӯрои уламо аз духтарон ва занони тоҷик даъват кард, ба пӯшидани либосҳои миллӣ рӯй оранду аз ба бар кардани либосҳое, ки таърихи онҳоро намедонанд, худдорӣ варзанд: “Занони мову шумо, ки корҳои хоҷагидорӣ аз қабили пухту паз мекунанд, бояд либоси кушод пӯшанд. Либосҳои сиёҳ ба бар мекунанд, ки аслан ранги сиёҳро дар азодорӣ мепӯшанд. Модарону хоҳарони гузаштагони мо либоси миллӣ доштанд, либосҳои кушоду остиндароз...”.

Ӯ дар идома аз падару модарон низ даъват кард, ки ба тарзи либоспӯшии фарзандони худ аҳамият диҳанду вақти харидорӣ низ бодиққат бошанд: “Инчунин иддае аз ҷавонони мо шимҳои тангеро ба истилоҳ сигарет ба бар мекунанд, ки вақти намоз хондану хаму рост шудан, баданҳояшон намоён мешавад”.

Ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуда буд: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.
Мӯҳр
холи ахвол хамин хел равад ту барин мулло мегуед ки сатр аз ислом нест
каме дигар интизор шав мебинед озодагон чоп кун ки сара вайрон карди

МУҲАММАД ХОВАЛИНГ
ИЛТИМОС ОЗОДАГОН СУХАНОНИ АЗ СУЗИ ДИЛ НАВИШТААМРО ЧОП НАМО. МАН ҒАРАЗЕ Ё ТАШВИҚЕ НАКАРДААМ МАН ОН ЧИЗЕРО НАВИШТААМ, КИ ҲАМА МЕДОНАНД. БОРИ ДИГАР ОЗОДАГОН ИЛТИМОС. ИЛТИМОС......
Ассалому алайкум аҳли муслимин. Ба рости гузаштагони мо мегуянд, ки КУР АСОЯШРО ЯК БОР ГУМ МЕКУНАД, ё инки рубоҳ дар чоҳ як маротиба меафтад аммо мо бошем ибрат аз гуфтвҳои гузаштагонамон накарда хатоҳойи кардаамонро боз такрор мекунем. Ба худ савол медиҳам сабаб дар чист???????????? Ҳайронам чун ки қодири дуруст бароҳ мондани гуфтагону насиҳатҳои гузаштагонамонро надорам(надорем). Ба рости назар мекуни ҳайрон мемони дар сари давлати шахсияти бофарҳанг менишинад, шахсесест, ки дар ҷодаи илму маърифат, фарҳанг, таърих бохабар, ки ҳамеша дар пайи ободии ВАТАНИ ХЕШ аст. Аммо баъзе аз торикбинони ба хизматҳои ин шахсият боҳои ночиз медиҳанд. Фикр мекунам дар ҷомеаи мо шахсиятҳое дар ҷодаи ҳокимият роҳ ёфтаанд, ки хостгори аз байн бурдани тинҷиву оромии ин сарзаминанд. Аз Худованди Азза ва Ҷалла дуогуям, ки тири ғаразноки онҳо хато хурад. Чизи дигар ин ки дар ҷомеаи 99% мусалмон манъ намудани пушидани САТРИ ИСЛОМИ худ паёме аз ҷониби хоҷагони аз ИСЛОМИ азиз бегона аст,ки мақсади ягонаашон ноором намудани аҳли муслимин давлату миллати мост. Назаре кунем ба қонунгузории КИШВАРИ АЗИЗАМОН, ки асоси онро САРҚОНУН ташкил медиҳад, дар сатҳи ВОЛО (ОЛӢ) навишта шудааст, аммо дар замони имруза амалҳое мекунанд воломақомони давлат, ки пурра ба меъёрҳои он мухолифанд. Як назар ба баҳори ДАВЛАТҲОИ АРАБ намоед, назаре ба давлатҳои Сурия ва Ироқ намоед чи ҳаводисҳое гузашта истоддааст, ки сабаби асосии инҳо Ғазаби АЛЛОҲИ БУЗУРГАМ мебошад.
Як назар ба давлати ғайриисломии РОССИЯ кунем дар онҷо ин куна қонун ва Қарорҳои зиддидини надорад, ки давлаташро давлати сунатии мусалмон ба мисли мо эълон накардааст.
Биёед падарон, модарон, хоҳарон, ва бародарони аз ҷону дил меҳрубонам ин санадҳои хусусияти зиддидинию зидди конуниро аз байн барем ва тинҷию оромии ин САРЗАМИНИ аз АЛЛОҲИ ЗУЛҶАЛОЛ насибгаштаро носипоси накунем. То дар ғазаби АЛЛОҲ гирифтор нашавем.

Чизе навишта доданд хондан гир

дар назаротон менависед бе миниюбка ба мактаб рох намедиханд. чаро ягон маротиба фарзандотона бо либоси милли ба мактаб равон намекунед. магар ягон омузгор талабаро бо либоси милли аз мактаб пеш кардааст. хамон либоси миллиро бо минталитети худамон мувофик будуз бехтарин либосай...

Саидчафар
Агар мо пайрави урфу одат ан-анахову либоспушии миллии хеш бошем, пеш аз хама бояд сараввал аз ислохи либоспушихои мансабдоронамон огоз намоем. Яъне пушидани шиму костюмхо ва галстукхоро манъ намоем ва ба чои онхо пушидани шалвору чомаву челакро ба рох монем. Инчунин ришро ичозат дихем. Чунки таъриху фарханги мо шохид аст, ки асосгузори давлати точикон шох И.Сомони кастюму брюк ё галстук намепушид ва риши тарошида надошт , яъне риш дошт ва либоси милли ба бар мекард, инчунин симои абармардони миллат аз кабили А. Рудаки, А.Сино, Имоми Аъзам ва гайрахову хоказо низ монанди мансабдорони имруза набуданд. Барои хамин биёед пеш аз хама бозичаи хоричиён рашавему бо фармони эшон ба фарханги худ зарба назанем. Агар Шумо инчунин муносибатро раво донед биёед хайр аввалан аз хайкали И.Сомони иваз карданро шуруъ намоем, то ки суханонамон бо амаламон мувофикат кунад, яъне И.Сомонии имрузаро бо И.Сомонии замони муосир иваз намоем. (хайкале бимонем, ки шиму костюм ва галстук ба бар дошта бошад.)

Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху ба кулли мардуми Точикистони азиз!
Дар Точикистон хама масоили иктисоди, ичтимои, фархангиву ахлоки хал шуд, акнун масоили дини бояд барраси шавад.... Магар ин шармандани нест мухтарам рохбарон ва бузургфикрони миллии Точикистон. Шумо бо ин кирдоратон аввал Президентро ва баъдан худро шарманда месозед.
Президент нагуфта аст,ки хичобро аз сари занхо зуран кашед ва риши мардумро тарошед ва духтаронро нимбарахна ба куча ва мактаб равон кунед. Калимаи танзимро аз лугатхо дида баромада рафтор кунед на кур курона барои ширин кардани худ дар назди Президент.
Аз Аллох битарсед ва зидди суханони Аллохи бузург набароед, ки шуморо шайтон рохгум карда дар ду олам шарманда месозад.
Эй Аллохи зулчалол- Ин рохбарои моро хидоят бинамо то ки мардуми солех шаванд, !! Омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)