Бахшҳо

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ рӯзи 27 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дигар барои мо ҲНИТ лозим нест ва он бояд барҳам дода шавад: “Барои мову Шумо ин Ҳизби наҳзати исломӣ ва тамоми равияҳое, ки боиси фитнаангезӣ мешаванд, лозим нест”.

Сайид Акбар аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.

Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.

Ба ҳамин монанд суханҳо дар хутбаҳои намози ҷумъаи бархе масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон низ садо додаанд ва ба эҳтимоли зиёд гӯяндаҳо матни мавъизаеро қироат кардаанд, ки зери имзои А. Мавлонов субҳи имрӯз дастраси бархе расонаҳо, аз ҷумла “Озодагон” ҳам шуд. Муаллифи ин мавъиза пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Матни ин хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони “Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост” бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон – “Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон” оғоз мешавад.

Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад: “Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад”.

Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикт мешавад, ки “дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд”.

Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст. “Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухунгуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад”,-омадааст дар ин матн.

Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, “бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем”.

Муаллифи матн менависад, “интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест”. Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст: “Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист”.

Дар идомаи матн омада: “Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд”.

Муаллифи ин матн қайд кардааст, “бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.

Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.

Дар муқаддимаи ин матн гуфта мешавад, миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд: “Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад”.

Ҳамчунин дар ин матн омадааст, “ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шуданди чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад”.

Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.


АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд
Мӯҳр
EX
Хей Мардум Хизбе, ки 5 % овоз гирифта натавонад чи даркорай ? Бархам дихед!!!

Идрис
ХНИТ моли хорича хаст. Ба мардуми шарифи Точикистон ягон хизмате накардааст ва нахохад кард, гайр аз хизмат ба хочагони хоричиаш кори дигар надорад. Тамоми фаъолияти онхо аз руи накшаи кашидаи хочагонашон мебошад, Агар чунин набошад чаро ягон икдоми нек бахри миллати точик намекунанд, рафта дар Фаластин беморхона кушода метавонанд аммо дар кишвари худ гуфти точикон "ду даст дар киса" мегарданд.
Моли хорича будани инхоро хатто Мавлави Абдурахим дар як мусохибааш хам гуфта гузашта буд. Мавлави яке аз фаъолони ХНИТ дар солхои чанги шахрванди буд ва бо чашми худ дида буд ки нахзати дар хизмати ки буданду хастанд.

87
дар бораи бухрони иктисоди хам гап занен рафикон ва роххои рахоиш аз она хам бугуен

Муслим
Ассалому алайкум
Бародарон бинед,ки ин мансабдорон то он дарача ба таассуб рафтанд то он дарача тундрав шудаанд,ки дигар намехоханд хатто як нафар камбудии онхоро ошкор кунад, чи расад ба як хизб бо 40 хазор аъзояш.
Кабутари сулхи точик як каноташ хукумат асту каноти дигараш хизби нахзат агар хизби нахзатро аз байн барем кабутар аз парвоз мемонад ва боз хамон чангу чидол боз хамон бетартибиву зулби ярокбадастон.
Аз Шумо хохиш менамоям мансабдорон фикр кунед!!!!!!
Худо миллати точикро дар хифзи худаш нигох дорад.

Ин хел ки бошад касе ки ХНИТро намехохад уро аз расмуоинхои дини махрум гардонед.

ватандуст
Дар чомеаи Шумо дигар ягон проблема ва муаммои дигар мавчуд нест. Хол он ки зиёда аз 1 млн. ахоли дар мухочиратанд. Дуюм, хар сол зиёда аз 1000 нафар факат мурдаи фарзанди точик аз Руссия оварда шуда истодааст. Сеюм, чудошави оилахо зиёда аз 7000 хазор танхо расмиаш. Чорум, надоштани чойи кори муваккати дар ватани ачдодии худ. Панчум, хешутаборбози дар тамоми сохторхои давлати. Шашум, сатхи баланди коррупсия ва харомхури дар ...... Хафтум, фохишаги ва берохагии духтари точик дар кучахои шахрхои Точикистон. Хаштум Фоизи баланди бонкхо дар ЧТ. ва гайраю ва хоказо. Хубтар мешуд ба чойи ин проблемахои чойдоштаро аз ин нигох шарху тавзех ва мавриди мухокима намозхои чумъа карор медод домуллои мухтараммммм. хол он ки аксарияти чавононе, ки имруз ба чангхои Сурияву Ирок мераванд на аз хисоби дигар омилхо балки аз хисоби бекори ва сатхи пасти зиндагони домм. мухтарамм. Агар хато накунам як хафта пеш корманди Шуморо барои гирифтани пора дастгир намуда буданд. Вой бар ахволи Шумо барин насихатгарон. Хуб ХНИТ бархам дода шавад дар чомеа чи навигарихо ба миён меояд?

Man
Ин ҳама муборизаҳо далели он аст, ки ҲНИТ ҳизби мардумист. Агар ҲНИТ ҳизби мардумӣ намебуд пас зидди он бо тамоми нерӯ мубориза намешуд. Бо ҳамаи ин зиддиятҳо нигоҳ накарда ин ҳизб побарҷост ва дар амал аст. Ин худ нишонаи иродаи мустаҳкам ва сабру таҳаммули ҲНИТ аст. Нависандагони ин матлаб шояд тамоман дониш надошта бошанд ё худро ба гӯлӣ задаанд. Зеро ҲНИТ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ иҷозати фаъолият дар кишварро гирифтааст. Ин иддаои зиддиконститутсионӣ ва бемаънӣ аст. ҲНИТ новобаста аз оне, ки гӯё 1,5 % овоз гирифтааст ҳаққи комили дар фазои сиёсии кишвар амал карданро дорад, новобаста аз хоҳиши ким кадом муовин ва ё каси дигар. Бо умеди таъмини адолат ва ҳақиқат дар ҷомеа.

Худам
Як ҳизбу як роҳбар!? Ин аст асоси мафҳуми ин хутба. Як одам аз номи ҳамаи хатибҳо гап мезанад. Ҳайронам бо чунин афкори пасту пучу гуломона мо ба куҷо мерафта бошем.

ин кишвар ба кучо рафтаистодаст? Масалан вакте як подабон дар як корхонаи мошинсозӣ рафта мегуяд ман чихеле гуфтам ҳамихел кунед ва тибқи гуфтаи вай мошин месозанд кӣ ҷуръат мекунад ба он савор шавад? Ин мошин то куҷо мебарад соҳибашро?
Ҳоло шумо ҳам фикр кунед, ки як комунист, атеист ё бедин мусалмонҳоро мегуяд, ки чихел зиндагӣ кунаду чикор кунад. Худо худаш ба ҳоли ин миллат раҳм кунад, ки як гурӯҳ дар ҳама соҳа назарияпардозанду ҳама чизро як кас медонад!!!!!



Мулохои дарбори бар зиди дини ислом

Мухочир
ХАТАРНОКТАРИН ПЕШНИХОД ШУД . АЛБАТТА БА ХАМА МАЪЛУМ АСТ КИ ЧУНИН ИКДОМХОРО КИ МЕКУНАД . ВАЛИ ЯГОНА ХОСТУ ТАВОНИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИК ИН АСТ КИ САДО БАРОРАД . ВА ДУО КУНЕД КИ ОСОИШУ АМОНУ СУБОТЕ КИ ДАР ВАТАН ЧОРИСТ МИСЛИ ДИГАР ДАВЛАТХО НО АМН ШАВАД . ХУДО НИГОХ ДОРАД . БАД МЕГУЯНД КИ ЧАВОНОН БА ГУРУХ ХОИ ИФРОТИ МЕПАЙВАНДАНД !

hizbi nahzat boyad boshad, kasone ki megan digar darkor nest gapi behuda guftaand

Муфти магар дигар кор надорад,ки ба сиёсатмадорон бахс мекунад!

786 кулоб
Чи кудрате сари рохи хизби хоким буд дар 23 сол аз 1991 - 2015 дар чойгохи чандуми факирони чахон бдем холо хастем. Ба ин хам Хнит гунах кор, кадрхои хнит бесаводу шумо бо савод.
кишвар 23сол шуд аз Америкаю аврупо карз мегирад хукумат мекунад Лаъни бадахшона ва ... аврупоихо бурда худрдесан Инай даромади кишварамон. Хнит гунахгор.
Сабр имкони лабрезшуданаш хаст. Хахахахаах
Худоё худат фитнахоро аз сари мардуми точик бартараф кун. Фитнаандозора нобуд кун.Ё рабб.

Рустам
Вақте рӯҳонии сатҳи аввали кишвар дар бораи бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сухан мекунад, ин маънои онро дорад, ки ин ҳизб ҳатто ба рӯҳониён ва диндорони ҷуҳурӣ маъкул нест ва фаъолияту амалаш аз доираи шариату ислом берун аст, вагарна чун Домулло Сайид Акбар муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон манъи фаъолияти ҲНИТ-ро ба забон намеовард.

Хизби нахзати исломии Точикитсонро аз беху бум мебояд канд, то таъсири игвогаронааш дигар ба чомеаи Точикитсон таъсир накуд. Аз ин кабил хизбхо хеч гох фоида нест. Танхо номи исломро бад мекунанду бас. Холо хам саривакт аст, брои аз байн бурдани он ки мардум дигар зарар набинанд.

Бехтарин ХНИТ дигар даркор нест .Хама тинч. чои кор хаст Ягон мухочир надорем Кудакон хама дар масчид ибодат мекунанд .Хама бо хичоб мегарданд Ришхои одамонро наметарошан .Пеш аз туй ташхиси духтур мегузарем Ягон чи бошад хам справка дорем ку .Занхо хама масчид мераванд ягон камбуди нест. Дар замонхои пеш як Шох будаст .Халк хама дар даруни Каср зиндаги мекардасту беруни Каср корхонахо Шох бо вазираш хар руз аз Каср тамошо мекардаст.Баъд вазир ба Шох пешниход мекунад ки Шохам биё даромади шахрро як сомони кунем .Бинед чи хел одам бисёр Шох мегуяд халк эътироз намекунад Вазир мегуяд вазъиятро мебинем ягон чи шуд боз конуна аз байн мебарем .Вактхо мегузарад .Хама тинч вазир мегуяд халкро чамъ мекунем мепурсем .Мепурсанд хама рози .Вазир мегуяд Чаноби Оли диди халк хама рози Биёед ду сомони мекунем Хама тинч .Халк рози.Дар ду сомони хам Халк рози. Боз мачлис мекунанд .Мепурсанд ягон камбуди хаст .Халк хама бо як овоз рози .Вазир мегуяд диди ?Чаноби Оли .Халк хама рози Баъд вазир пешниход мекунад .Чаноби Оли биё даромади шахрро дигар хел мекунем Як бор медиханд медароянд Шох Рози мешавад Баъди чанд мох Боз аз Халк мепурсанд ягон камбуди хаст Халк бо як овоз мегуянд не хама сад фоиз ягон камбуди нест Агар имконият бошад хамин Аскархоро бисёртар мекардед ки навбат бисёр меистем Рохро пулаки карданд хап То 18сола манъи масчид хап Хичоба мегиранд хап Овози мардума медузданд хап Окибаташ хамин бародарон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)