Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ мубориза бо фасодро аз “худӣ”-ҳо оғоз кард

Генерал Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъини Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар тамоми сохторҳои зертобеаш аттестатсия эълон кардааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз якуми апрел дар тамоми сохторҳои Оҷонсии зидди фасод аттестатсия гузаронда мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Манбаъ афзуд, роҳбарияти Агентӣ ният дорад, тариқи атестатсия сатҳи тахассусии масъулони мубориза бо фасодро баланд ва самаранокии фаъолияташонро бештар кунад.

Ин нахустин иқдоми Рустами Эмомалӣ арзёбӣ мешавад, ки ҳафтае қабл бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раиси Хадамоти гумрук барканор ва раиси Оҷонсии зидди фасод таъин гардид.

Ин таъинот дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори Оҷонсии зидди фасод дар ҷаласаи Шӯрои амният сурат гирифт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дод, ки Оҷонсии мубориза бо фасодро, ки 8 сол пеш худаш таъсис дод, боз барҳам медиҳад. Ӯ аз коргарони ин ниҳод дар ҷаласаи Шӯрои амният шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванду санҷишҳоро тариқи “заказ” мегузаронанд.
Мӯҳр
Абу
Аз озодагон хохиш мекунам ки агенти озмун эьлон кунад шумо нашр кунед то мо бифахмем. Ташакур

Бо гуфтахои Зубайд сад дар сад розиям. Агар хамин гуфтахо ичро шавад Точикистон обод мешад

расулов мехрочиддин
кори бузурге хаст нисбати пешгири аз фасод аммо ин 2 хазор 3 хазор инхо хело маблаги ночиз аст Чунон ки мо медонем ришвагири тамоми кишри чомеаро фаро гирифтааст аз худи вазирон саркарда то раисони нохияхо аз онхо шуруъ кардан лозим мо инро интизорем бигузор аз сад хазор доллар боло шуруъ шавад ин айб аст ки кумитаи мубориза бо фасод шахсеро медорад ки танхо 500 долар ё 1000 долар ё 5 хазор доллар ришва гирифтааст ва инхам расонаи шавад

Рустами Эмомали аз Шумо хохиш мекунам,ки кормандони БДА ро фаромуш накунед.Каррупсионери №1 онхо мебошанд.Илтимос ин масъаларо бинед.

Равшан
Аз Рустами Эмомали хохиш мекрдем,ки пеш аз хама он шахсонеки аз номи Шумо ва кормандонатон истифида намуда ба сари мардум чормагз мешиканану мардумро шантаж мекунан чора бинед!!!

Ба гуфтахои Зубайду Хоксор рози хастем. Дуруст аст.

Муҳтаррам Генерал Р. Эмомали Агар Шумо ин корро барвахтар анҷом диҳед беҳтар мешавад! Шахсоне, ки ба корҳои ғайри қонуни даст доштан онҳоро ҷазо диҳед! Зеро аз пушти чунин нафарон номи бисёриҳо ба пасти рафт.

ман
То даме, ки чавобгари барои чиноятхои иктисоди сангин нашавад коррупсия аз байн намеравад. Бубинед дар Точикистон барои чинояти иктисоди чарима мешаванд ва тамом, мансабдор инро медонад ва бемалол ришва ситонидан мегирад чунки барои ин кор уро сахт чазо намедиханд. Дар кишвархои пешрафта сангинтарин чавобгари барои чинояти иктисодист. Барои мисол мансабдор дар Чин медонад, киагар ришва ситонад ва даст ба чинояти иктисоди занад уро катл мекунанд ва хичгох рох намедихад. Ин омил дар навбати худ асос барои рушди иктисоди миллии кишвараш мешавад. Мо садхо бор дидаем, ки мансабдорони мо милион медузданду бо пардохт кардани 100 доллар аз чавобгари озод мешаванд. Конунгузори дар ин самт, яъне чавобгари барои чиноятхои иктисоди ва характери коррупсиони дошта бояд хатман бозбини шавад. Ман бовар дорам, ки Рустами Эмомали хампчун кадри чавон ва болаёкат ба ин масъала хатман дахл мекунад. Рустамчон кадрхои чавону кордонро дар атрофат чам кун корат натича медихад.

Икдоми хуб аст. Мо гурухи донишчуен аз Генерал як хохиш мекунем: мо донишчуёни факултети МБ-и ДМТ-ро аз фишор, тамаъчуи ва пулгирихои мудири кафедраи МБ ва муовини декан оид ба таълим начот дех.

Рустам писарам мардумро аз калобхо харомхурхо,ришвахурхо,халос кунед.Ман бовари дорам,ки агар ин корро карда тавонед, мардум асрхо дар хаки шумо дуои нек мекунанд,

Як бор ба маркази танхиси хун, хам назар кунед, илтимос. ба як заправка табдил ефтааст.

Донишчу
Барои чомеаи мо ду рох аст: якум, чихеле ки хозир дар бисер сохторхои давлати "Нахангхо" вазифахои калиди барои пешрафти кишварро ухда доранд ва аз хисоби мардум зиндагии пури ва серии шохонаи худро сохтанд, холо он ки даромади асосии бучаи кишвар асосан аз хисоби мухочирон мебошад. Мо метавонем ба хамаи ин чашм пушида чи хеле ки хаст зиндагиро давом додан гирем. Дуюм! мо метавонем сохторхои давлатиро аз "Нахангхо" озод карда ба вазифахои калиди шахсони боинсофу бо адолатро интихоб намоем. Дар ин вакт бучаи кишвар на танхо аз хисоби мухочирон балки аз хисоби дигар даромадхо гани мегардад ва сатхи зиндагии тамоми мардум боло мегардад. Хама мехохад бехтар зиндаги намояд! Дар охир гуфтани хастам, хуб барои Рустами Э як фазои мувофик пайдо шудааст, мебинем кани чи мешад.

ваакк
салом РУСТАМИ ЕМОНАЛИ аз шумо ехтиромона хохишме намоям маро кор гиренд ман шароитамвазнин сохиби дудиплом ягсолбоз екор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)