Бахшҳо

Ранги либос пешрафт ё ақибмондагиро нишон намедиҳад

Далер ШАРИФОВ

Баҳси ҳиҷоб дар матбуоти даврӣ, маҳофили гуногун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи рақами як шудааст. Дар кишваре, ки мардумаш 1400 сол аст бо оин ва фарҳанги исломӣ зинадгӣ мекунанд, оё ин баҳсҳо лозиманд? Беҳтар нест, ҷои баҳси намоз, риш, ҳиҷоб ва дигар аркони Исломи азиз, ки кори шахсӣ ва пайравони ин дини муқаддас мебошад, мушкили дигар кишварро ба баҳс бикашем ва бо гуфтугӯҳои созанда роҳҳали онҳоро биҷӯем?

Баъзан чунин менамояд, ки ҳама шиорпартоӣ ва машғул кардани зеҳни ҷавонон ба масъалаҳои ҷузъӣ ва ҳассоси динӣ ба хотири дур кардани андешаи онҳо аз мушкилиҳои рӯзмараи онҳо аст.

Чун имрӯз мавзӯи ҳиҷоб (сатр, русарӣ) ба як баҳси доғ табдил ёфтааст, мехоҳам чанд нуктаро на аз зовияи дини мубини Ислом, балки аз нигоҳи дунявият ва принсипҳои демократӣ, ки имрӯз ағлаби мансабдорон ва зиёиён болои он тамаркуз доранд ва онро барои худ як низоми “тилоӣ” медонанд, пешкаши хонандаи муҳтарам кунам.

РАНГИ ЛИБОС Ё ҲИҶОБ

Дар асри 21 баҳс сари ранги либос ё дахолат ба он як кори хандаовар аст. Як зан ё мард новобаста аз сатҳи ҷаҳонбинӣ, эътиқоди динӣ, мансаб, ҳолати иҷтимоӣ ва нажоду миллат дар интихоби либос ва ранги он соҳибихтиёр аст. Ҳеҷ кас ҳам ин ҳақро надорад, ки ба интихоби ӯ монеа шавад. Сиёҳ мепӯшад, сафед мепӯшад ё кабуду зард ихтиёри ӯст. Пӯшидани рӯсарии сиёҳ ё сафед аз кай хилофи қонунҳои Тоҷикистон ё байналмилалӣ шудааст? Дар кадом принсипҳои дунявият ё демократия гуфта шудааст, ки пӯшидани рӯсарӣ ё либоси сиёҳ хилофи озодиҳои шаҳрвандон аст?

Ранги либос пешрафт ё ақибмондагиро нишон намедиҳад. Ранги либосро мардумон вобаста ба завқу майлу рағбаташон интихоб мекунанд. Ҳиҷобро низ ва ҳеч мансабдор, омӯзгор ва дигарон ҳаққи дахолат ба онро надорад. Хуб мешуд ин гуна баҳсҳоро канор гузошта, пойбанди ҳамон шиорҳои демократияву дунявият, ки зиёд такрор мекунем, бошем.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ: АТЛАСУ ЧАКАН Ё ...?

Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ равад, ҳатман гуруҳе атласу чаканро ба забон меоранд. Агар атласу чакан либоси миллии мо бошад, чаро онҳо либосҳои мависмиянд ва ба талаботи чаҳор фасли сол ҷавобгӯ нестанд? Гузашта аз ин, бо он ҳама тарғиботу ташфиқоте, ки дар Тоҷикистон ин ҳама сол карда мешавад, ҳанӯз оммавӣ нашудаанд. Бо атласу чакан рақсидани раққосаҳо дар саҳнаҳои гуногун ҳам натавонист, онро вориди зиндагии мардум кунад.

Дар асри 21, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо суръат идома дорад табиист, мардум чизи нек, хуб ва беҳтарро зудтар қабул мекунад. Бо либоси миллӣ гуфтану нишастан кор ҳал намешавад.

Маҷбуран либосеро барои толибаҳо, омӯзгорон, духтурон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа пӯшонидан ҷиноят нест? Дар куҷо гуфта шудааст, ки бояд барои хоҳиши шахсе ё гуруҳе ва майлу рағбати нафаре либос пӯшем? Вақте либоси миллӣ мегӯем, бояд хуб бидонем, ки зан ва модари тоҷик ҳеҷ гоҳ бо домани кӯтоҳ, сари урён ва остини кӯтоҳ муарифгари миллат набуд ва нест.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАНҲО БАРОИ ЗАНҲОИ ҲИҶОБДОР?

Чунин ба назар мерасад, ки либосӣ миллӣ танҳо аз заноне талаб мешавад, ки имрӯз ҳиҷоб ё рӯсарӣ доранд. Онҳое, ки либоси аврупоӣ мепӯшанд, аслан ба онҳо касе кордор нест. Ҳар таъну маломате, ки ҳаст, танҳо болои занони ҳиҷобдор мерезад, ки ин ҳам хилофи прнисипҳои демократӣ ва дунявист. Хилофи Сарқонун ҳам аст, ки дар моддаи 17 банди авалаш чунин омадааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”.

ҲИҶОБ ЭМОН, МУД, ЗЕБОӢ Ё ТИҶОРАТ?

Ҳиҷоб барои зане ҳамчун рукни муҳими Ислом эмону тақводорист. Барои нафаре муд аст. Қисми дигар шояд барои тиҷорат ё зебоӣ онро истифода мекунанд. Инҷо занони мусалмон чи гуноҳ доранд, ки вақтҳои охир ангушти ишора сӯи онҳо мешавад? Чор панҷ ё шаш нафар фоҳишаро боздошт мекунанд ва онро такроран аз тариқи телевизионҳо намоиш медиҳанду мегӯянд, бубинед, сатрдорҳо ба чикор банд ҳастанд. Суоле ба вуҷуд меояд, оне ки бесатр аст, даст ба чунин кор намезанад? Агар мезанад пас чаро гап дар бораи фоҳишагӣ дар умум намеравад? Ҳоло он ки фоҳишагӣ на миллат мешиносад, на дин мешиносад ва на мазҳабу нажод.

Вазири корҳои дохили эълон карда буд, дар соли 2014, 275 ҳолати ташкили фоҳишахонаҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар гузориши дигари вазорати корҳои дохила теъдоди фоҳишаҳои сабтшуда дар Тоҷикистон 2 ҳазору 471 нафар гуфта мешуд. Магар шарт ва зарур буд, ки чор ё панҷ ҳиҷобдорро ба намоиш бигузоранд? Яъне, гап тамоман сари дигар масъала аст, на ислоҳи ҷомеа?

ХОҲАРОНУ МОДАРОНИ МО НА ИФРОТИЯНДУ НА ТЕРРОРИСТ

Дар охир мехоҳам ба ин нукта таваҷҷуҳ шавад, ки истифодаи калимаи ифротӣ ё террористҳо дар баробари модар, зан ва хоҳари мусалмон низ як амали ғайри қобили қабул аст. Агар нафароне мехоҳанд танҳо ба хотири рӯсарӣ ё ҳиҷоби модарони мо, ҳоло фарқ намекунад он сиёҳ бошад ё сафед онҳоро ифротгаро ё террорист бигӯянд, иштибоҳи бузурге кардаанд.

Дар модаи 5-и Сарқонуни Тоҷикистон омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Давлат бояд ҳуқуқу озодиҳои зани мусалмонро бо ҳиҷобаш эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Пеши ин ҳама баҳсҳои ноҷову нолозим ки алайҳи онҳо сурат мегирад, гирифта шавад, зеро ба номус, ҳаёт, қадри онҳо дахолати рӯи рост сурат гирифта истодааст.

Калимаҳои ифротиву террористро дар баробари зан-модар ва хоҳари мусалмони тоҷик кор фармудан мантиқӣ нест. Ба ҳамон арзишҳои дунявиву демократие, ки ба ҷои “бисмиллоҳ” онро истифода мекунед, арҷ бигзоред!
Мӯҳр
точик
АНА ИНРО ЧИХОД МЕГУЯНД.ЛО ИЛОХА ИЛАЛЛОХ АМОНАТАН ИНЛАЛЛОХ.

Бо дуруд!!!!
Ин окои рузноманигор мавзуи барои баъзе хангомачуён "дог"-ро,ки аз сарнавишт ва сайри таърихи тамаддуни точикон огохии кучабозори надоранд.навиштаи по дар хаво ва эхсосиашро мехохад чу "нушдору"пешниход намуда ва эхсоси тудлаи риёкор сузан занад. Бародар Далер!Ном точикию лекин андешаатон фарсаххо аз таърихии вокеии точикон дур аст ва хангомачуед.Таърих,хосатан сайри таърихии сару либосро бо тахаввулоти дар масири таърих рухдодаю андухтаи Точикон бояд натичагири намуд.Ба маълумоти Шумо "неоточикони демократимаъобу мусулмонтарош" дар осори тамаддуни моддию маънавии точикон(то ислом ва садахои исломи) ду вожа сатр ва хичобчун атрибути мухими сару либоси Точикон усулан наомада ва ин ду атрибут чуннамуна аз "фарханг"и тачохуми дар фарханги мо буд ва хохад монд.Набояд фаромуш кард дар хеч як давраи таърихи ТОчики шахрнишин ва офарандаи тмаддуни шаригари дар таърихи тамаддуни башарият ба ин дуатрибути сару либос ниёз надошт.Мусулмониро бояд дуруст дарк намуд.Динмандии мо ин динмандии биёбонгардхо нест ва мо барандаи исломи тахаммулманду динмандии вокеист.Ин и ду атрибут ифодагари исломи ноб нестю!!!Таърих ва осори тамаддуни моддию маънавии Точикро бе луппа мутолиа бояд намуд.Агар мехохед ба нафъи мардуми хеш кори хубе намоед ва хотираи неки таърихиашро Эхё намоед гуед Таърихи дирузашро(агар худотарси вокеи бошад Динро дуруст омузад ва на ба ифрот ру оварад)Точик бояд дар мукоиса ба тахаввулоти имрузи омузаду амал намояд.Фаромуш нанамоед,ки ин ду атрибути сару либос баёнгари хуввияти таърихию фархангии Точик нахоханд буд.!!! Мубориза ба андешаи табардини бурд.Бори дигар аз Шумо барин "точик неомусулмонхо" хохиш хаминки чизе ки намедонед ва нахондаед(хусусан таърихи сару либоси сирф ТОчиконро) гапхои кучабозориатон ба сари мардуми ноогоху Диннаомухта сарбори нанамоед.Гап бисёру лек ин чои гап нест,Агар каме саводи таърихи медоштед мо ба Шумо чавоби дандоншикан медодем. Дигар ба Шумо тахаммулмандию ростравониро хохонем!!!

мухочири гариб
рост гуфтед бародар о инкадар качакану атлас мегуянд боре фикр кардаанд ки донишчуи бечора барои як куртаро дузонидан бояд аз 50то300 сомон хайф кунад ки уро дузонад ё якбор атласро мешуяд дигар пушида намешавад ё чаканхои таёри бозор нархи газанда доранд аз 1300то1500сомонанд худ казоват кунед дустони азиз на ба хама ин нарххои бозор дасрасанд

Равоншинос
Озодагон, агар тавони хондани хулосаҳои илмиро надоред, пас кур-курона навиштаҳои дигарҳоро пок накунед.
Барои чӣ қисмати дувуми хулосаамро, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон буд чоп накардед? Он ҷо ман мушоҳидаҳои худро ҳамчун равоншинос навиштам ва сабабҳои ин иқдомҳои ҳукуматро нишон додам. Шумо бошед навиштаҳои манро ба ҳарфҳои косалесӣ табдил додед. Шарм доред.
Ё навиштаи пештарамро пурро монед, ё он пораи косалесиро аз ин саҳфа бардоред. Шармандаҳо!

муслим
Асллалому аллайаум бародарон вай хохарони азизу арчуманд ин бародаре ки гамхори Ислом ва мусалмонхо хастанд Аллохи бузург дар дунё ва охираташон фазли бузурге ато фармояд. Ахсан ахсан ахсан

1212
эй шумоҳам баҳс кардед да на тоби демократияро доред на аз исломро о рост гуфтааст ҳамин патсан местен баҳсои нолозим карда дар бораи пешрави гап занан...фарҳанги биёбони буд ё чизи дигар имрӯз ҷаҳон онро қабул дорад шумо шинен сиёҳу сафед гуфта

муосир
демократияро монед, фарханги милли аз байн рафта истодааст. Барои он ттаъкид мекунанд, ки онхо либосхои гайри миллиро пушида, таморми узвхои баданашон дар намоиш асту худро бор иффат мегиранд. ВКД корро бо суръат ва сифати баланд идома дех.

jamil
Tashakur barodar gapi dilhoi moro guftai vokean chinin ast Xidovand hidoyat kinad in hukumatdoronro

Хамааш дуруст, ба чуз "толибахо, омузгорон, духтуро". Инхо бояд либоси махсус дошта бошанд, то муаллимро аз бомж толибаи макктабро аз зани оиладор, духтурро аз сантехник фарк карда шавад. Дар тамоми кишвархои мутаракки униформа хаст барои намояндахои касбхои гуногун - барои прокурорхо, духтурхо, хавонавардон, таксиронхо, кормандони мехмонхонахо, точирони бозорхо ва гайра

Saif
Rostbin,
Ана фабрика хам ба кор даромад, хама як тарафу акидаи шумо як су..)
Мошаллох Далербой, Худо нигахбонат!!

dehoti
Rostbin,(kajbin)
ba KAJBIN guftaniam agar guftahoi DALERro nodurust meshumori , pas ba nazari tu libosi milli tojik yubkahu futbolkahu jens ast BA HEJ KAS NE YAKBOR BA MODARAT YO MOMOT SAVOL TE SARU LIBOSI MILLI CHIGUNA AST JAVOBI KOMOIL XOHI GIRIFT
DIGAR INKI OZODAGON CHARO FIKRI SHAXSII MARDDUMRO CHOP NAMEKUNED

cduiy8vbruw
Ахсант Далерчон, хакикат, вакте мард сару синаи лучу урён ва либосхои танги чумбон чумбонро мебинад, табиист, ки тахрик мешавад, бузургии Ислом дар он аст, ки хатто либоси хонумону бонувонро ба танзим даровардааст, ин идеологияи хукуматдоони имруза дар ягон чой нест ва хилофи сарконун ва поймол кардани хукуки шахрвандон мебошад.

Мухочир
Бар Падару Модарат рахмат бародар бо чунин суханони хакбину хакпарастият . ин Суханон ро хамаи Миллат . тамоми мардуми шарифи Точикистон хар руз бояд ба забон орад ва харакат кунад то чомеа ислох шавад . на факат як нафар бигуяду дигархо бале бале ву рахмат бигуянд .

Салом ва аммо баъд!
Бародар САйф вокиан сайфи- шармшери.Биёбонгардхо бо шамшер омада забони ниёконатонро бурида ва табардинатон намуданд.Оре,шумо баринхо аз табардиниатон ифтихормандед.Мо аз дини вокеи пуштибони дорем ва шумо на аз динуна аз китоб огохи надоред,бигзор бо табадиниатону таассубатон мардумро саргум намудан саргарм бошед.Мо одамвор пушиданро хохишмандем ва аз урёнлибосихо зогхои сиёхи бесуннат безорем.ИН сухану каломи вокеист.Агар каме номусу шарафи точикона дошта бошед ба вокеияти дирузи таърихатон бо тозафикрии созанда худро ороставу тоза намоедТухматгар душмани худову бандагони вокеъбинаш аст.Аз риёкору динноогох Хазар!!!!
Дигар ба салом.

алишери душанбеги
бачои сатр хичоб мухтарам чаноби олии бехтар буд масьалаи бо чои кор таьмин намудани 500000 мухочири ихрочшударо халлу фасл менамудед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)