Бахшҳо

Адибаи Азиз: Мурданам беҳ, ки хомӯш биншинам!

Адибаи Азиз, шоири ҷавони тоҷик дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” зери унвони "Марги даҳшатбори Фархунда дар Афғонистон ва ҷаҳолати таассубангез" суханронӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш нахустин вокуниши ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар баробари қатли ин духтари афғон аст. Адибаи Азиз мегӯяд, масъулони маҳфили “Ҷаҳони андеша” пас аз хондани шеъру вокунишҳояш аз ӯ даъват кардаанд, дар мавриди қазияи кушта шудани духтари 27-солаи афғон бо номи Фархунда, ки сару садоҳои зиёде дар Афғонистон ва ҷаҳон ба бор овард, дар ин маҳфил суҳбат кунад.

Хонум Адиба мегӯяд: “Мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва ин гуна қазияҳо метавонанд ба ҷомеаи мо ҳам таъсир расонанд”.

Ба қавли хонум Адиба, ки тайи 2 моҳ дар Русия қарор дошта, онҷо таҳқиру куштори муҳоҷирони бесоҳиби тоҷикро медидааст ва аз тоҷикситезии ҷониби Русия бисёр ҷигархун гаштааст, ба Тоҷикистон омада хурсанд шудааст, ки инҷо суботу оромист: "Аммо вақте дар Афғонистони ҳамсоя ин ҳодисаи нангин шуд, ман ба ин хулоса расидам, ки қотилони инсонҳо дину миллату мазҳаб надоранд".

Адиба ҳамчунин мегӯяд, наметавонад дар баробари чунин як ҳодиса ва ҳодисаҳои ба ин монанд хомӯш бошад. “Дар ҳар куҷои дунё як духтар барои ҳақиқат гап занаду ӯро бикушанд, агар тамоми мардум ҳам бар зидди ман гап занад, садоямро баланд мекунам. Ҷоҳилон дину мазҳаб надоранд. Инҳо бояд дар паси дин пинҳон нашаванд. Ман на динситезаму на мазҳабӣ, ки ба ин чизҳо сахт дода шавам. Мурданам беҳ, ки хомӯш биншинам”-мегӯяд шоир.

Адиба афзуд, дубайтии зеринро дар бораи қатли Фархунда гуфтааст:
Ваҳшиёне, ки маро кушта буданд,
Ҳама дар хуни ман оғушта буданд.
Ман агар зинда будам, мурда шудам,
Ман агар мурда будам, зинда шудам!
Мӯҳр
як зани гариб.
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро, Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?Ин мардуми точики мо хич аз таъна аз пастзани ва сарбахок кардани якдигар намонд ки намонд.Фикр мекунам аз паст задани хаммехани худ доранд лаззат мебаранд.Хар як бесаводе ки синфи 5ро хондааст имруз коммент менависад ва дигарон карсак мезананд.Айб аст айб.Бе ин хам байни дигар миллатхо хандахаришем!Адиба бехтарин ИНСОН аст!!!Дигар сухан надорам.

Ин ходисаро дар аввал гуфтанд, ки Фархунда Курьонро сузонид баьдан инкор карданд ва иддао доранд, ки ин тухмат аст. Ин чо бозиест. дасисаест. Агар у касди сузондани курьонро карда бошад хуб сазояшро гирифт. Ман мутмаинам, ки ин кори душманони ислом аст. Байни мусалмонон шур андохта истодаанд. Чаро имруз хама часпиданд, ки гуе мусалмонон ифротгаро бошанд, ? Чаро касе намегуяд, ки Амрико ифротгаро аст? Ягон мардуми мусулмон ба марзи Амрико даромад, хамла намуд? не. Чаро Амрико ба Сурияву Ироку дигар мардуми мусалмон дахолат мекунад? У пуркудрат аст харчи хохад мекунад. Силох дар дасти касе бошад у зур аст, аммо бояд донист, ки тири он силох рузе тамом хохад шуд ва ин дунеи Амрико ба сараш чапа хохад шуд.

О
Кӯри худу бинои дигарон

Шаходати Фархунда ба гуфти бародари Ахмадшох Масъуд-кахрамони миллии Афгонистон нанге бар чабини Афгонистон боки хохад монд. Аммо хар адибе. ки аз хакки як зани порсо, отифа ва бегунох химоят мекунад, адиби вокеист! Адибаи мо хам аз камтарин адибони бебоку часур ва хакталош аст. ба онхое, ки шеърро аз шер ва бузро аз бузина фарк карда наметавонанду аз руи хусуматхои шахси шарх мегузоранд, танхо хаминро мегуям, ки чахолат хамеша аз суи адолат маглуб мешавад. Ва Адиба Азиз, ки ба рагми чохилону котилон бонги хушёри мезанад, сано бар у мехонем! Худованд пуштибонат бод, мо хамсадои шумоем.

сино
Шуҳрат.
Аз Ислому ҳиҷобу терористу сиёсат, маълумот надори ҳиҷобдоронро таҳқир макун.Ба ту маъқул аст бигзор фарзандонат беҳиҷоб бошанд.Ба мо маъқул не ки бадани зану ҳохарони моро чашми бегона бинад.

Комил
Адиб,Бародарон, хоҳиш мекунам, ки дар қатли Фархунда муслиминро айбдор накунед. Бояд донист, ки Фархунда худ ҳофизи Қуръон буд ва ӯ баръакс зидди номусалмонҳо, соҳирону ҷодугарон ва қаллобоне, ки исломро ниқоб карда, мардумро гӯл мезаданд ва аз эътиқодоти мардум сӯйистифода мекарданд, мубориза мебурд. Маҳз ҳамин муборизаи ин духтари муъминаву олим боис гардид, ки қаллобону соҳирон ӯро бо дасисаву буҳтону туҳмати сохта, бо дасти мардуми гумроҳ ба қатл расониданд. Сарчашмаи ингуна бадбахтиҳо на пайравӣ аз Ислом, балки баръакс нодонии мардум аз арзишҳои ин дини мубин мебошад. Бовар дорам Худованд худ ҷазои ҳамаи козибону туҳматгаронро комилан медиҳад

Мацнун
Вакте ки ин ходисаро тавасути оинаи нилгун дидам чунон гамгин шудам ин ходиса хец аз дили мо намеравад,ва дар бораи Фархунда чизе мешунидам тарики ВАО бодикат гуш мекардам,мехостам донам дар бораи ин духтар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)