Бахшҳо

ВКД: Нафаре, ки тоҷири ришдорро боздошт кард, милиса нест (ВИДЕО)

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри раддияе ба матлаби “Озодагон”, ки таҳти унвони “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” чоп шуда буд, посух гуфтаанд.

Дар раддияи вазорат, ки торнамои расмии он нашр кардааст, гуфта мешавад, навори матлаби “Озодагон” аз саҳифаи сохтае ба интернет роҳ ёфта, ҳадаф аз он поин бурдани обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик мебошад: “Омӯзиш нишон дод, ки навори номбаршудаи видеоии шабакаи иҷтимоии “Ютуб”, аз ҷониби шахсе бо номи “Тоҷикон”, ки аслан бо чунин ном дар Тоҷикистон ягон нафар шаҳрванд зиндагӣ намекунад, гузошта шудааст. Ворид шудан ба саҳифаи фейсбукии “Тоҷикон” нишон дод, ки ин саҳифа бо мақсади иғво андохтан ва паст намудани обрӯ ва нуфузи мақомотҳои давлатӣ таъсис дода шудааст”.

Масъулини вазорат дар мавриди боздошт ва зуроварӣ алайҳи тоҷири ришдор дар баҳсе, ки маъмурини пулис низ ҳузур доранд, изҳор доштаанд: “Зимни тамошои навор нафари дастрасшаванда на аз ҷониби кормандони милитсия, балки аз ҷониби нафари айнакдоре, ки либоси шаҳрвандӣ, куртаи ранги сабзи хатҳои чоркунҷадор дар тан дорад, ба як тараф кашола карда мешавад”.

Навори видеоии “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” рӯзи 19 апрели соли равон аз сӯи корбаре ба ном “Сафаров Сафар” ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфтааст. Дар раддияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз он ҳамчун омили пастзанандаи обурӯи маъмурини пулис ном гирифта шудааст, ки дар он зуроварӣ алайҳи як тоҷири ришдор аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба навор гирифта шудааст. Тавре мушоҳида мешавад, як гуруҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб, ки маъмурини пулис низ ҳузур доранд, баҳс карда, зӯр кор мегиранду ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд. Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.

Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.

Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”

Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.

Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"


Мӯҳр
Шояд ин мард ягон "хочаи хоричи" дошта бошад?...

Агар милиса набоша пас ягон каси дигар ч,уръат мекунад ин коро кунад ?
То ба кай мардумро бо х,ар бах,она фиреб медих,ен то ба кай ? Шумо хамаро шарманда кардед обу руи миллата ватана точ,и халк,ро резондед, ва шумо худ обу руи чи доред, ки боз шумо забон дарози мекунед ?
Дар х,ол агар як бечорае нохост хато кунад шумо уро аз таги замин пайдо мекунед ку ? Чаро ин аблах,ро пайдо на мекунед х,атто ч,устуч,уяш на мекунед чунки он хоч,агон дорад онатона зин мезана))))
Дар урфият мегуянд Асои Худо садо надорад Аллох, ин хел шуморо занад ки пай набаред шармандаи дунёю охират шавед ин ша Аллох,.

ХОНАНДА
Khadija
салом, Озодагон. мехохам, ки суханронии президентро, ки санаи 22.04 аз телевизион намоиш доданду дар он ба кормандони амният оид ба корхои "фахмондадихи"-ашон барои сатрдорон интикод кардаанд, пайдо кунам. аз ин сабаб хохиш мекунам, ки онро дар сомона чой дихед. Ташаккур!

театр
Шояд инхо актёрони театри мазхакави буданд?дар наздаш 5-6 нафар милиса буд ки хамроги зури карданд вакти "букагии " айнакдор . Ё милисахои формадор хам коргарони ВКД нестанд?
ва хамрохашон ки рейд мекар намешиносанд? Шояд инхо актёрони театри мазхакави аз Вазорати Клоунхои Дайду буданд?

Mumkin lisenziya nadoshtaast baroi rishash yo ki muhlati amalkardash ba itmom rasidabusaast. In kori Militsiya meboshad naboyad har yak shakhs khudro timnit kunad.

холид
масхарахо милиса набоша хамрохаш чанд милиса ку инорам либосои калбаки пушидиянд ми? ягон руз вазирорам калбаки нагуед бо?

100% рост у аз вкд нест вкд аз у аст

Адолат хох
Агар когари милитса набошад пас ки хаст Озодагон илтимос Шахсияти хаму одамеки тичоро кошола мекунад муаян кунед агар коргари милитса нест бад ш
умо когарони Вкд чаро монияи ин амалаш нашудед и Шармандагиииииии и Фууууууууу ба хамихе органо

чавоб ба ХАБИБ:БАРОДАР Т ИСБОТ КН РИШИ БУЗ БАКИ ЗАРАР ОВАРДАЙ МАРА ХАМФИКРТ МЕШАМ БАД МЕГУМ Т МАРД БДАЙ БАРОДАР МИСОЛ МА РИШ ДОРМ ДАР Т ЧИ ЗАРАР ДОРА АЙБАЙ БАРОДАР БАРОИ ХУТА ШРИН КАДАН ИГАПА МЕГИ АЗ РУДАГИ ФИРДАВСИ ФАХР МЕКНЕН АЗ МИНБАРХОИ БАЛАН ТАРИФШОН МЕКНЕН ХАМАИ ХАМУВО РИШ ДОШТАН АЙБАСТ БАРОДР ЧОН БИЁ ЧОХТАЛАБ НАШЕМ Т БАРОДАР ЯГОН УЛАМОРА ДИДИ ГИ Ё ЯГОН МУЛОРА ДИДИ КИ ЯГОН САРЛИЧА МАЧБУРИ САТР ПУШОНДАБОШАН АЙБ АСТ БАРОДРИ АЗИЗИ И ГАПЕ МЕГИ КИ БЗАМ РИШДОРА И НИШОНАИ БЕСАВОДИТАЙ ЗНАЧИТ ТРАМ БЗИ КУСАИ

шаҳрванд
САВОЛ БА ВКД

1- Агар ин шахс корманди милиса нест пас кист ва дигар милисаҳо чаро пеши роҳашро нагирифтанд?
2- магар вазифаи милиса ҳифзи тартибот ва назм нест? пас чаро як нафари либоси мулкипуш дар канори милисаҳо қонун ва тартиботро вайрон мекунаду милисаҳо тамошо мекунанд?
3- Шумо ки фахмидед марди айнакдору куртаи хатдору инашро чаро боздошт ва муҷозот намешавад?
4- Магар ин маънои онро надорад, ки ин шахси либоси мулкипуш аз қонуну милисаву ҳама чиз болотар аст? чаро ӯ на аз милиса на аз қонун на аз касеву чизе наметарсад?
5- Милиса агар ҳамин хел рафтан гирад дигар кӣ ба он бовар мекунад? пас аз дидани ин навор ба милиса нафрат кардам. аввал бахотири онки фикр кардам айнакдор милиса асту ин кори онҳост, вале ҳоло ба он хотир ки милиса инқадар бечораву залилу хор шудаст, ки дар пешаш қонунро вайрон мекунанду ӯ чизе гуфта наметавонад. Ман ба ингуна милисаҳо чихел бовар кунам?

сино
Ҳабиб
Шуморо бародар гуфтан забон намегардад чунки номуси Исломи надоред.Агар медоштед чунин суханҳо намезадед.Ҳамон бузи ришдоре мегуйи махлуқи Аллоҳ аст ва Офаридгорашро ба фарқ аз ту ки инсони ақлдори мешиносад.

сомбо
агар ин милиса набошад кори касидигарбошад бачахо аз ин су агар милиса щуморо мачбури рищтароши кунад бохам мекапему сони ки буданащмалум мешад вкд е чосус бапеш

Абдулох
Хай кани макомот хамон шахси айнакдора ба чавобгари кашад агар гайри конуни ин корро карда бошад.

ааааааа
ЯКУМ ИН КИ ИН ОДАМ МИЛИСА АСТ

ҲОЛИ ТАМОШО КУНЕД

Чаро ин кадар ба милисахо часпидаед, охир факат милисахо форма намепушанд-ку? Кормандони Хадамоти гумрук, коррупсия, прокуратура, Гвардия, МЧС ва гайра хама форма мепушанд! Ин дастури "фахмондадихи" ба хамаи макомотхо рафтаги аст, Шумо бошед ёфтед хамин бечора милисахора. Чизе ки нашавад, милиса гунахкор!!!

ВКД рост мега, ин кори милисахо нест. Инхо кормандони коррупсия мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)