Бахшҳо

Қаноат дар бораи хушомадзанӣ, бадномкунандаҳои Ислом ва покии Зардуштия

Муъмин Қаноат, шоири маъруф ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз раванди ба зардуштӣ маҳкум кардани афроде, ки аз покии Зардуштия суҳбат мекунанд, интиқод намуда, афзуд, бархе уламои дур аз ҳақиқати Қуръон дар ҷаҳони муосир монеи ба ғояи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтани Ислом шудаанд.

Муъмин Қаноат дар ин маҳфил таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳоро зарур хонда афзуд, бояд ба нерӯ ва фарҳанги гузаштаи худ такя кунем, ки озмунҳои гуногуни таърихро гузаштаасту то имрӯз барҷой аст: “Ҳамон роҳи таҳаммулпазирию ҳақиқатпарастию покию оини ростии Зардуштия. Ҳоло ҳар гоҳ аз Зардушия сухан мекунанд гумон мекунанд ба дини зардуштӣ гаравидааст. Вуҷуд надорад дини зардуштӣ. Ин мерос, фарҳанг ва таърихи мо аст, ки онро бояд истифода кунему ҳифз кунем. Ин дин дигар аслан вуҷуд надорад, ба ҷуз як гуруҳи маҳдуд дар Бомбай, ки ба доираи худ касеро роҳ намедиҳанд”.

Ин шоири маъруф таъкид намуд, дин метавонад нақши ғоя ё идеяи пешбарандаи миллатро бозӣ кунад: “Аммо баъзе уламои ифротию тафриқаандоз, ки аз доираи ҳақиқати Қуръон, маърифати Қуръон берун ҳастанд, бо ҳаракатҳои ба ном исломияшон динро бадном карданд. Дин метавонад ғояи пешбаранда бошад, барои ин уламои олим заруранд. Бояд ифроту тафритро аз ҷаҳонбинии Ислом аз байн бурд. Низоъҳои динӣ, ту шиаю ту суннию ту фалону ту фалонро бояд аз байн бурд”.

Собиқ раиси Иттифоқи нависандагон бори дигар зарурати ваҳдату таҳаммулпазиро таъкид намуда, илова кард, бо роҳи ҷанг то ҳол ягон масъала дар ҷаҳон ҳал нашудааст. Ӯ Афғонистони ҷангзадароро мисол овард, ки ба майдони озмоиши силоҳҳои гуногун аз ҷониби абарқудратҳо табдил ёфтааст: “Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки бояд андеша кунем, ки дӯсти мо кисту душмани мо кист? Оё дӯст дорем мо? Агар надошта бошем, худамон дӯст шавем бо ҳам. Илоҷи дигар нест. Нерӯҳоро ба ҳам муттаҳид кунем, ваҳдати дохилӣ эҷод кунем, ки зери назорати кулли нерӯҳо, ҳизбҳо зиёиҳои озодандеш бошад”.

Муъмин Қаноат инчунин аз азми мақомоти Тоҷикистон барои бунёди рамзи “Ваҳдати миллӣ” дар шаҳри Душанбе истиқбол карда, аз тарҳе, ки дар он президент дар ошёнаи якум бо телефон суҳбат мекунад, интиқод намуд: “Ман рӯирост ба таҳиягарони ин лоиҳа гуфтам, ки хушомадзанӣ акнун то ин дараҷа нашудагист”.

Ӯ афзуд, дар лоиҳаи рамзи “Ваҳдати миллӣ” аз ҷониби ӯ ва гуруҳи зиёиёни дигари тоҷик пешниҳод шудааст, қисмати тасвирии гардон низ ҷой дорад, ки дар он аксҳо аз гузашта ва инчунин аксҳои ҳамаи дастандаркорони истиқрори сулҳ дар гардиш хоҳанд буд.
Мӯҳр
Кулябец
Ба ЗАРТУШТ: Шумо ихтиёр доред ,, Оташкада " сохта ба оташ сачда кунед, аммо дини поки Исломро нарасед! Аз будан ва амал кардани оташпарастон дар Точикистон бовар кардем . Вакте мерасад, ки кафани сафед ба бар назди Холики якто чавоби ин густохиро медихед!!

Насим аз Россия
Ба ЗАРДУШТ

Худ кабл аз коштани акидаат онро дар тарозуи аклат баркашиди?Ман дар боло гуфтам ки паёмбари ислом духтари 7 соларо дар акдаш дароварду аммо дар ин сол бо у хамхоба нашуд ва он чи ба паёмбарон чиоза шудааст барои уммат чунин нест.Магар бехтар нест никохи халол бо кампири 70 сола аз оини Авастое ки бо духтару хохари худ издивоч мекунад?Назди ту кадомаш бехтар??Чаро шарм намедоред аз ин амали нангини ачдоди худ???Фарханги поки Авасто чунин аст?)))Олмон мегуи о девонаи?Гап сари насл намеравад балки дар кадом оин ва чи гунагии оин меравад.Ман аз насли Авасто нестам аз насли фосрам ва шарм медорам аз ачдоди худ ки чунин оини палиду ботилу паст доштанд.Оре маро шарм меояд ки ба хати порси нависам посухатро аммо чаро ки ту хати авасто маро посух нагуфти то хувияти милататро ошно сози барои мо??))Дузаху чаннати араб мисли хавливу сахрояш тангу васеъ аст ачабо худат хандаат наомад аз гуфторат???Араб дузаху бихиштро насохтааст))Холикиу молики дузаху чаннат Парвадигори араб аст ки кабл аз араб буду хаст.Бигу ого дузаху чаннати Ахурмаздо чи гуна аст чи пахно дорад?)))Либсо мегуи е охил имруз зану модари ман либоси аз руи барномаи Авасто намепушад балки он чи Куръон дастур додааст онро ба бар мекунад.Куръон моли араб нест либос моли араб нест либоспушии моро араб интихоб накардааст балки Худои мо интихоб кардааст.Олмон мегуи медони ки Олмону Фаронса имруз ру ба ислом овардаанд на ба Авасто))Чахон имруз ру ба Худои илсом оварда истодааст на Ахурмаздои Авасто))Чаро ого ин чо нагуфти як сухани хубе аз авастоят))Аз зардушт оё хаст уламову нобигаи бузурге ки мураифи куни барои мо??Он хама равшанфикрону муарихону муначимону файласуфону табибони бузург аз мактаби ислому Куръон дарс гирфитаанд касе аз онхо магар зардушт буд?Номард нашав парда напушон хакикатро.

ба ЗАРДУШТ
Ман имруз озодам маро на араб тарс медихад на Ахурамаздову Ахриман хар дину акиадеро ки хохам интихоб мекунам чаро ки чуз ислому Куръон рохи росту покеро намебинам.О хамон зардуштихои форс имруз дар иронанд лек ба авасто касе баргаштан намехохад дигар ё шамшери араб онхоро тарсондаасту намегузорад ба зардушти бозгардад?))Дар нигохи ду тан ифротагроу фосик ислома ба чашми кач мебини ин аз курии калбат аст.

Ислома мегуи форсу точик мусалмон кардааст о шарм намедори ого??То пайдоиши ислом охир форсхо оташпарст буд на дар дини ислом ва онхоро аз оташпарасти ба яктопарасти араб шиносу рохнамо кард Имруз паёмбари ислом нест ва касер касе тахдид намекунад охир ай чохил))Хама озод аст ку дар дини хеш))Худои ман ислом танхо нест Худои ман Худои хама дину оину замину осмону махлукот аст причем тут демократия))??Мантик хондаи ё рав каме Шохномахони кун аз ачдоди хеш бохабар шав.Ошхонаву хурокхои ман имруз арлаш шудаги аст аз ошхонаи авасто чизе намедонам))

Шумораи зардуштат агар миллионхо бошад шумораи мусалмонхои мо ба ду миллиард мерасад ва руз аз руз афзуда истодааст,Мукоиса кун шуморахоро)))

точик
Насим аз Росия,
Бие афсона нахон. Пайгамбар барои ислохи чомеа меояд, на барои амалхои нопок. Магар ба пайгамбар арзанда аст, ки бо нухсола кудак хамхоба шавад???? Бовар кун ба акли инсони окил намегунчад!!!!! Хамаи динхо афюнанд, ман на зардуштияму на дигар. Безорам аз афсонаву харзаи зардушту арабу дигар....

Точик
Вой бар ман вой бар мо!

Ин кадр бесаводи ин кадар густохи ва ин кадар нобихрадиву то ин андоза беандеша ва бедалел харзахони факат метавонад аз дахани як муллои хаёлоти берун бичахад. Насими самуми боди бурути чи хасти гуш кун? Чи тавр нахонда ва надониста ин кадар тухматхо мезани охир акаллан харфи паёмбаратро ба ёд овару амал кун ки гуфта устухонхои мурдагонро нахоед нагазед! Пайёмбари ислом мефармояд: Ба мурдагон носазо нагуед ки мояи озори зиндагонанд агарчи кофар бошад охир!!. Ту чи кадар нодони бемагзи ки намебини тамомии мазхабхои исломи ба хуни хам ташнаанд ва буданд чи бирасад ба дигарон. Дурутс издивочи махорим мегуянд кори хубе ва суи акл ва хирад зишт аст аммо эй нахондаи бесавод Анаксимандр ва Херодотро бихон ки бо он хамма душмани ба мардумони ориёи хеле гапхои ростро хам задаанд оё Зартушт ду худоиву сехудои буд не оё дини зартушти ки оини обову ачодои ману туст ливотат ва издивоч бо махоримро мепазирад на охир ин тухмат аст дуруст ки бархе ифротиёни ин дин хам дар замони Дориюши кабир издивоч бо махоримро мекабулониданд ва байни ашрофзодагон ва раддаи болои чомеа буд ( он хам фарханги нодурусте ки аз Миср сарозери марзу буми мо шуд) на чомеа агар ин тур намебуд хамаи мо аз туву ман то дигар хама инцест мешудем. ва дигар ин ки имруз ба Афгонистон бингар бесавод! 3- 4 та писарбаччая зан карда гирифтаги ин Толибон оё мо метавонем бигуем ки ислом хамин аст албатта не охир ислом хам як дин аст ва ихтиёр дар дасти бахтиёр кабул карди кабул карди накарди ки не! Ин беинсофист агар бигуем ки гуруҳи ифротии толибоне ки 3-4 писарбаччаи 7-то 15 солая хамчун зан истифода мебарад ислом хамин аст. дин чизи пок аст аммо чун ту муттасибоне онро хеле огишта ба хуну огишта ба касофаткорихо кардаанд ва дигар ин ки ин тассуби исломи хеле хатар дорад бибин ту ва амсоли тухо ба гайри худаш касеро кабул надорад дар сурате ки дар тули торих як сузан насохтаи кадом бузургонро мегуи Синоро Сино ки аз 20 чихат кофираш эълон кардаед медони ба хотири чи ба хотири он ки аз решааш ин тафаакурро табар зад яъне аввалин харфе ки гуфт азоби укбо чисмони нест ва ва дуввум гуфт ки мумкин нест ки бо як хаст шав гуфтан дунё хаст шавад яъне медони ин чи гуфтани гап? Ин гуфтани гап ки ман ба ин харзахои шумо бовар надорам ва аз 20 тараф муртаду кофару мулхидаш хонданд боз ки? Фороби? у давоми аристотелизм ас нахандон боз ки Хайём Закариёи Рози хандонди бесавод мембри китоб хони???!!Ман махсус номи Зартуштро интихоб кардам ва медонистам ки мулло девона мешавад бо шунидани ин ном. Бихишту дузах ва минуву дигар вожахо хеле каблтар аз чаннату чаханнами ту будааст инро хам бидон! Аслан вазифаи ту ва ту баринхо пеш бурдани дунё набошад чи хаст? насихат фатво !? ин корро хама метавонад насихат ва рад кардани дигарон хеччи кор нест аслан шумо бехунархо барои чи дар ин дунёед ман аз Худо хар руз савол мекунам хайратзада????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)