Бахшҳо
18 май 2015 15:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

Хонандаҳои тоҷик нимаи аввали моҳи май аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо 24 медал баргаштаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ду хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе (ЛИМТТД), се хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд ва ду хонанда аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи лоиҳавии ISPRO-2015 дар Ҷакартаи Индонезӣ дар ҳайати даставӣ миёни 22 давлати ҷаҳон мақоми дувумро соҳиб шуданд. Дар ин Олимпида, ки аз 4 то 9 май идома кард тамоми иштирокчиёни олимпиада аз Тоҷикистон сазовори медал гардидаанд.

Фараҳноз Каримова ва Субҳия Муродова хонандаҳои ЛИМТТД медаллҳои тиллои ин Олимпиадаро ба даст оварданд. Таҳмина Шукурова, Фарангис Ахмедова ва Мунзифахон Бобокалонова, хонандаҳои ЛИМТТХ бошанд, сазовори медалҳои нуқраи ин озмун шудаанд. Шоҳинабону Зуҳурова ва Умедаи Олимзода аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе мақомҳои савум ва медалҳои биринҷиро дар ин Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиб шудаанд: “Дар олимпиадаи Балкан, дар шаҳри Афинаи Юнон миёни 118 хонанда аз 21 давлати ҷаҳон хонандаҳои литсей-интернати муштаракаи тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе -- Собирҷон Бобизода сазовори медали нуқра, Каломиддин Кличев, Фаррух Каримов, Ҷаҳонгир Муродов ва Суннатулло Ғафуров сазовари медали биринҷӣ шуданд”.

Ба қавли манбаъ, дар олимпиадаи лоиҳавии IYIPO-и и Гурҷистон миёни 34 давлат 8 нафар хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркӣ иштирок варзиданд. Абдуғафур Раҳимов ва Фарид Раҳимов аз литсей-интернати муштаракаи тоҷикиву туркии шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал, Шавкат Назруллозода ва Шералӣ Сайфуллоев аз ЛИМТТ-и Мавлонои шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиби мақоми дувум, Абдувоҳиди Абдумансур ва Давлат Давлатов аз ЛИМТТ-и шаҳри Турсунзода, Шаҳбоз Аллаяров ва Хуршед Авлиёқулов аз ЛИМТТ-и шаҳри Кӯлоб мақомҳои савумро касб кардаанд: “Дар Олимпиадаи байналмилалии Менделев аз фанни кимиё, ки рӯзҳои 3-10 моҳи май дар Еревани Арманистон баргузор гардид, 93 хонанда аз 15 давлат ширкат кард, ки ду хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дар ин озмун соҳиби медали биринҷӣ гаштанд”.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илм афзуд, дар Олимпиадаи лоиҳавию илмии Хюстони Иёлати Техаси ИМА аз 7 то 11 май хонандаҳои Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе -- Азиз Норинов ва Фарҳод Муҳиддинов сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷовидон Имомов хонадаи дигари ҳамин мактаб ва Бахтиёр Қурбонов хонандаи литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркии шаҳри Душанбе ифтихорномаҳои Донишгоҳи Хюстонро ба худ ихтисос доданд: “Дар ин Олимпиада 668 хонанда аз 67 давлати ҷаҳон бо 427 лоиҳа ширкат варзиданд”.

Дар маҷмӯъ, хонадаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии нимаи аввали моҳи май соҳиби 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардидаанд.


24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

24 медали хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ
Мӯҳр
In doniwjuyon faxri Tojikistonan biguzor sathi aminxel donuwjuyon ziyod wavad,zero tojikistoni mo ba ana hamin xel javonon ehtiyoj dorad.

Taшшакури зиед ба шумо ки Точикистонамонро муарифи карда сарбаланд намудед.

Адл
Ин муваффакияти шогирдон муваффакияти тамоми мардуми Точикистон аст, хамагон бояд фахр кунем ва бо танкиди якдигар кушиш накунему имруз, ки асри техникаву технологиями нав аст якум: тамоми дарсхо тарики компьютер доскаи электрони дар мактабхо гузаронида шавад,дуюм муаллимони тамоми фанхо дониши технологияи навинро дошта мусаллах бошанд,сеюм маоши омузгорон Бори дигар дида шавад , ки ба талаботи тайер намудани шогирдон ба олимпиадахо чавобгуй бошад албатта дар мактабхои миенаи ш.душанбе сифат хуб мешавад. Илтимос ,чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)