Бахшҳо

Чоргоники 2-юм дар Соли Оила: Президент хона медиҳад? (ВИДЕО)

Субҳия Норинова, як зани 23 солаи деҳаи Варзиканди ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, шоми 22 май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе чоргоник-3 духтар ва 1 писар ба дунё овардааст.

Наргис Ниёзова, духтуре, ки чоргоникҳоро парасторӣ мекунад, имрӯз, 25-уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло саломатии навзодон каме вазнин аст ва барои беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Ниёзова таъкид намуд, ки кӯдакон дар шуъбаи эҳёгарӣ, дар дохили қутии махсус мавриди табобати оксигенӣ қарор доранд: “Саломатии модарашон хуб аст, назди кӯдаконаш омада хабар мегирад. Ширмакониро аз пагоҳ кам-кам сар мекунем. Ҳозир ширро тавассути дастгоҳи махсус мегиранд”.

Парастори чоргоникҳо афзуд, ки кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд: “3 духтару як писар. Дувумаш писар аст. Кӯдаки якум бо вазни 1 киллою 110 грамм, дуюм 1 киллою 340 грамм, сеюмаш 1 киллою 100 грамм ва чорумаш бо вазни 1 киллою 150 грамм таваллуд шудаанд. Ҳаракат мекунем, ки хуб табобат ёфта, нағз шаванд”.

Субҳия Норинова, модари чоргоникҳо мегӯяд, бо таваллуд шудани чоргоникҳо хеле хурсанд шудааст ва худро хушбахттарин зан меҳисобад. Модари чоргоникҳо ба “Озодагон” гуфт, табибон гуфтаанд, ки вазъи саломатии фарзандонаш бад нест: “Шукронаи Худо ваъи саломатияшон хуб, духтурон гуфтанд ҳамаашон хубанд. То ҳол фарзанд надоштам. Ин таваллуди якум аст ва аз таваллуди чоргоникҳо бениҳоят хурсанд шудам. Бе мушкилӣ таваллуд шуданд, падарашон ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд”.

Субҳия Норинова гуфт, вақте хабари чоргоникҳоро ба падари фарзандонаш расонд, ӯ хеле хурсанд шуда, рӯзе то 10 маротиба занг зада, аҳволпурсӣ мекунад: “То ҳол ном нагузоштаем.Калонтарҳои хонавода ном гузоранд беҳтар аст. Бобову бибияшон ном мегузоранд”.

Хонум Норинова қайд намуд, ки то ба ҳол падару модар, хусуру хушдоман ва дигар наздиконашон ба беморхона ба дидорбинии ӯ омадаанд, вале дар мавриди он, ки оё намояндае аз мақомоти давлатӣ ба хабаргирияшон омадааст, модари ҷавон посух дод, ки то ҳол касе аз ҳолашон хабар нагирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, як модари 26-сола низ чоргоник таваллуд намуд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фоли нек дар Соли Оила арзёбӣ шуд. Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Гулшан Маҷнунова дар Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо гардид.

Аммо дар мавриди кӯмак ба хонаводаи Субҳия Норинова то ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон иттилое надодаанд.


Мӯҳр
888
навбати хамин камбагалхо омад хона тамом шуд!

Аввал шукрона бояд кард ба додаи худованд, агар имруз яктои онхо нобуд шида бошад, чи ин кадар бахс менамоед? Бигузор, ки худованди карим умри дароз ба онхо ато намояд ва дар якчояги бо падару модарашон зиндаги кунанд, хонаи бефарзанд чи даркор, чиз ин чирки даст аст омад боз меравад, аммо фарзанд ин бехтарин неъмати худованд мебошад. Хохари азиз ба гуфтахои бемаънии он шахсоне, ки паи хам посух дода истодаанд гуш накарда аз худованд факат сихатии кудаконатро талаб кун. Садсола шаванд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)