Бахшҳо

Боз рақс, боз хатнасур. Кай роҳи ислоҳотро пеш мегирем?

Азизи НАҚИБЗОД

Ҳамаи кишварҳо танҳо бо роҳи ислоҳот ва барномарезиҳо дар асоси илм рушд кардаву мекунанд. Дигар роҳе вуҷуд надошту надорад. Ҳар рӯз ба саҳифаҳои рӯзномаҳо ва хабаргузориҳо ба умед менигарам, то хабаре аз барномаҳои тозае пайдо намоям, ки сабаби расидан ба рушди ин ё он соҳа гардад. Аммо ҷои афсӯс аст, ки ҷуз ҳарфҳои забонзадву ғояҳои пешина ва усулҳои куҳна хабаре аз ҷониби мақомдорон намерасад.


Ҳар гоҳ, ки иддае аз мансабдоронро аз вазифа сабукдӯш мекунанд, кас умевор мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба ислоҳоти кадрӣ задааст. Вале дар муддати як-ду моҳ ҳамаи сабукдӯшшудаҳо соҳиби курсӣ дар ниҳоди дигар мешаванд. Мантиқи ин корро агар шахсони масъул нафаҳманд, каси дигар ба даркаш қодир нест. Барномаҳои ислоҳотие ҳам, ки гоҳу ногоҳ дар ину он бахш рӯи даст гирифта мешаванд дар аксар ҳолат рӯи варақ мемонанд ё комёб намегарданд.

Вақте овоза шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе мегиранд, аксарият аз ин хабар ғамгин шуданд. На ба хотири инки Убайдуллоев кадри ивазнашаванда аст, балки аз тарси онки Худо накарда ба ҷояш шахси ноуҳдабарое ё нолоиқе гузошта шавад. Ва охирин хабаре ҳам, ки ҳоло хондам ба шаҳрдорӣ ва Убайдуллоев рабт дорад. Тибқи ин хабар раиси шаҳри Душанбе Убайдулло Раҷабовро коргардони намоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахт таъин карда, ӯро вазифадор кардааст, ки иштироки беҳтарин санъаткоронро баҳри баргузории чорабинии идона дар шаршараи Боғи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин намояд. Мувофиқи ин қарор, инчунин дар рӯзи Ваҳдат давоми 5 дақиқа оташбозии идона (фейерверк), тӯйи арӯсии 25 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 100 кӯдак дар назар аст. Тибқи ин нақша дар баробари ороиши зоҳирии шаҳр инчунин дастур дода шудааст, ки 200 духтар бо либоси миллӣ ва рамзи Тоҷикистон барои истиқболи меҳмонони олиқадр дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳи пойтахт” таъмин шаванд. Яке аз бандҳои ин нақша инчунин “таъмини 100 духтар бо сару либоси мӯди навин” будааст.

Ин чӣ маъно дорад? Боз ҳамун амалҳо, усулҳои кӯҳна. Боз хатнасур, боз саргардон кардани духтарони мардум. Боз рақсу суруд...

Чаро барои устувории ваҳдат намеандешем? Чаро барномае ба миён наорем, ки сабаби баҳамоии воқеии миллат гардад? Агар рақсу суруд моро ба ҳам муттаҳид мекард, имрӯз аз мо миллати воҳидтаре дар ҳич гӯшаи ҷаҳон пайдо намешуд. Ҳар сол ин корро такрор мекунем. Ҳар сол духтарони донишҷӯву толибилми макотибро овора мекунем, вале чӣ натиҷа овард? Магар сарҷамътар шудем? Ин ҳама ба хотири чист?

Барои ҳамаи ин вақту маблағ сарф мешавад. Вақту маблағро барои корҳое, ки натиҷааш ҳеч аст, харҷ намудан кори оқилона наменамояд.

Аз ин ҳам бигзарем, дигар вақте расида, ки бояд фикрҳову усулҳои кӯҳнаро дар ҳама бахшҳо аз сар дур кунем.

Барои ба тарзи нав зистан андешаи нав мебояд!
Мӯҳр
аз Москав
Офарин бародар хакикатнигори хакики хасти. Хукумат бояд олимону ахли зиёро дар атрофи худ чамъ созад ва харчи зудтар роххои рахои аз факру камбизоатиро чустучу кунад,вагарна "он рох ки ту мерави ба туркистон аст"!

Мухтарам Азизчон! Холо аз дахшатноктар аз инаш хабар надори? Медони, ки дар шабнишинихое, ки дар базмхои аруси аст, чи номаъкулихо карда истодаанд? Арусу домодро дар мобайни базм мисли русхову яхудён ракс дошта истодаанд. Бошармтарин мавчуд арус аст дар шабу рузи арусияш. Арусе ки дар халкунандатарин ва такрорнашавандатарин лахзаи хаёташ, ба чунин бешарми водор карда мешавад, чигуна модари боиффату бовикор шавад. Наход ки мардуми мусалмони точик чунин амалро боиси хурсандиаш донад. Магар дар газаби Худо хурсандист?!!! Кучо шуд шарму хаёи зани мусалмони точик?! Моро душманон ба кучохо бурда истодаанд. Хайф сад хайф, ки боз бисёре аз чунин падарону модарони арусу домодхо хочи хастанд. Пайгамбар саллаллоху алайхи васаллам фармудаанд: ба кадом кавмеки монанди кунед, аз хамон кавм хисоб мешавед. Албатта ба ин суханони ман ашхосе.ки барояшон ягон чизи мукаддас вучуд надорад, мукобил хоханд баромад. Озодагони ман чоп бикун!???

Кулябец
Ба Руслан: мо бой гуфта чиро дар назар дори? Одамон хатто хафтахо гушту шакарро дар рузгор намебинанд . Аз анализи шахсони иктисоддон намебини ки хатто аз Киргизистон кафо хастем. Агар хакикатро гуи даррав салафи, ифродгар мегуянд . Ин як сипари бюрократхо мебошад

рост
Суханхои оличаноб

давлат
Имруз, тарбияву хондани насли наврас- фардо халки мехнаткаш! ин шиори ШУРАВИ, ки мо то хол дагдага дорем.на тарбия монду на хондани насли наврас. факат дуругу пораву ришва.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)