Бахшҳо

Коршиноси рус: Тоҷикистон ба наздикӣ зери фишори иттилоотии ИМА қарор мегирад

Дмитрий Попов, роҳбари маркази таҳлилию иттилоотии Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Русия дар минтақаи Урал гуфтааст, Тоҷикистон ва Қирҳизистон дар наздиктарин фурсат зери фишори шадиди иттилоотӣ аз ҷониби ИМА қарор мегиранд.

Ӯ гуфтааст, чанде пеш рахнагарон (ҳакерҳо)-и гуруҳи “Киберберкут” маълумотеро интишор доданд, ИМА қасд дорад иттилооти иғвоангезеро нашр кунад, ки миёни Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ, ба мисли Укроин тафриқа биандозад ва дар ин росто кишварҳое интихоб шудаанд, ки ба Русия муносибати хуб доранд.

Ин коршиноси рус изҳор намудааст, ки қисмати асосии маблағҳо дар доираи барномаи ҷамъияти сиёсии Амрико ба Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудааст. Барои мисол, - гуфтааст Попов дар такя ба мақолаи “Пуштибонии иқтисодӣ” (Economic Support Fund),-Амрико соли 2016 барои дастгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои Қирғизистон $41,5 миллион ва барои Тоҷикистон $22,9 дар назар гирифтааст. Илова бар ин, баъзе маблағгузориҳо тавассути сохторҳои вижа, бунёдҳои хусусии амрикоӣ, ниҳодҳои мутаҳидаи аврупоӣ, ки борҳо аҳ ҷониби Департаменти давлатии Амрико пуштибонӣ ёфтаанд, карда мешавад.

“Вазифаи маҳдуд кардани таъсири Русия дар Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ аз барномаи кори хадамоти сиёсати хориҷӣ ва махсуси амрикоие, ки дар минтақа вуҷуд доранд берун нашудааст. Ҳоло тамоюлоти аввалдараҷа ҳамгироии авруосиёӣ, таърихи умумӣ, низоъҳои қавмию ҳудудӣ ва тафсири ҳаводиси Укроин мебошанд. Мавзуъҳое таҳти султа қарордан, аз қабили ҳуқуқи инсон, мубориза бо терроризими ҷаҳонӣ дувумдараҷа шудаанд”,- изҳор доштааст Дмитрий Попов.

Ба назари Попов, Тоҷикистону Қирғизистон дар ин авохир бисёр иштироки фаъолона дар раванди ҳамгироиҳо бо Русия доранд ва мушоҳидаҳои охир нишон медиҳад, ки ниҳодҳои амрикоӣ ва ғарбгаро дар Осиёи Марказӣ аз шаклҳои анъанавии иттилоъпароканӣ (телевизион, радио ва матбуот) даст кашида, бештар ба Интернет таваҷҷуҳ доранд. Дар ин замина Амрико барномаҳои вижа барои таъмини фанниву молиявии интернетжурналистон ва блогерҳоро рӯйи даст мегирад.
Мӯҳр
Хокирох
Ба умеди хеч кас шудан даркор нест. Бехтар мебуд саноати кишварамонро аз нав бунёд кунем, махалгароиро нобуд созем, хасадхури, бахели, душманиро аз байн барем.
Ба гуфти устод Айни:
Бас ситам, бас чафо эй адолат, баъд аз ин хукмрони намо....

Sultanich
Цитата: Мухаммад
Аз шумохо дида 100 не 1000 бор хамин амрикоихо бехтаранд мухтрам Попов зараре ки миллати мо аз дасти шумо дидаст хатто арманихо аз туркхо надиданд боз забонатон дароз

100% рост гуфти бародар!


РОСТ МЕГУЕД.70-СОЛ ГУЛОМ БУДЕМ.БАЪДИ ИСТИКЛОЛИЯТ ДАР ЯК ХОЛАТЕ БУДЕМ,КИ БОЯД МОРО РАСИЯ КУМАК МЕРАСОНД,ЧУНКИ УМЕД БА У ДОШТЕМ.БА ЧОИ МАДАД БА МО ФИШОР ОВАРД.75%-И ИСТЕХСОЛИ БАРКРО АЗ ХУД КАРД,ХАЛКИ ТОЧИКРО ТУЛИ 20-СОЛ АСТ ИСТИФОДА БУРД. БО ЯК МАБЛАГИ НОЧИЗ ИНШООТХОИ АЗИМРО ТОЧИКОН МЕСОЗАНД.БА САХМИ ИН ХУДРО ОЗОД ХИС НАМЕКУНИ.ХАЛКЕ,КИ АЗ ЯК ДАСТАРХОН НОН ХУРДААСТ ИМРУЗ ДАР НАМАКДОН ТУФ МЕКУНАД. БАРОИ МО АМРИКО ХУБТАР АСТ,КИ НАМЕГУЯД,КИ ТУ КИ ХАСТИ.КУМАКАШ БЕШТАР ХАСТ.РУССИЯ МОРО АЗ МУХОЧИРОН МЕТАРСОНАД. ПУЛИСИ РУССИЯ МИЛЯРДЕР ШУДААСТ АЗ ХИСОБИ ТОЧИКОН. Хокирох,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)