Бахшҳо
19 июн 2015 10:44Тоҷикистон / Сиёсат

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар раёсати Васоити ахбори оммаи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Қаландарбекова Назира Амирбековна, ки то ин вақт директори муассисаи давлатии телевизиони Бадахшон буд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид: "Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд".

Манбаъ мегӯяд, Амирзода Дилафрӯз Субҳонмуовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид. Заробиддин Қосимӣ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд: "Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин карда шуд".

Инчунин, Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид. Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович директори генералии ҶСК “Телерадиоком”, Ализода Суҳроб Маҳмуд сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва Зиёев Фаррух Давлатович директори радиои Тоҷикистон таъин шудаанд.

Бо сабаби расидан ба синни нафақа Муҳаммад Ғоиб аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Ализода Абдурашид аз вазифаи директори радиои Тоҷикистон рухсат шуда, Давлатзода Лутфулло Саъдулло аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъин кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

(АКС) Таъини раисони нави "Сафина", "Ҷумҳурият", "Тоҷиктелерадиоком", "Ховар" ва...

Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
Фарзар
Дар хакикат Давлатзода Зевар Бахористонро дар 5-соли фаьолияташ тавонист аз дигар шабакахо пештар барад хуб мешуд ки ин бонуи касби чои директории ТВТ ва е ТВС-ро иваз намояд ки МО тамошобинон ру ба ин шабакахо биерем ОФАРИН Шумо арзандаи шабакахои калон хастед.........МО бо Шумоем

шахноза
офарин озодагон Дилафруз Субхоновна шуморо ба мансаби наватон табрик мекунам бигузор хамеша сарсабзу хуррам боши муаллимаи азиз

ОЗОДАГОН дина дар ховар Зевара таъин карди имруз Заробиддина таъин карди ма шумора нафахмидам. Паго киро таъин мекунед????

хама
Хамаша таъриф мекунанд, лекин вазифара ки гирифтан тамом вокеъахоро як тарафа намоиш медиханд.Барои хамин иношам мисли дигаронаш.

Барои Озоди
Хеч нафахмидам шуморо Озодагон. Дируз гуфтед раиси Ховар Зевар Давлатова шуд имруз бошад раиси Сафина боз фардо раиси дигар корхона мемонедаш? Як каме шарм кунед Харчизе ки шунавед бояд пахш кунед?

ВОЙ БАР ХОЛИ ВАЗОРАТИ ФАРХАНГ. БА КАРИБИ ВАЗОРАТИ ФАРХАНГРО БАРХАМ МЕДИХАНД, АГАР ХАМИН ХЕЛ ДАВОМ КУНАД. МИН КУЛЬТУРА УЖЕ ГОД КАК НЕ ИМЕЕТ СВОЕГО СТАТУСА. ОЧЕНЬ ЖАЛКО! ФАРХАНГ ХАСТИИ МИЛАТ АСТ!

Давра - давраи журналистон шудааст :) :) :)

хама,

A
xamara dastoshon peshibar extirom meknanndaaa

Аз инхо ман Саодатшо Матробовро мешиносам,ки бисёр инсони хоксору замини аст ва дар Петербург рисолаи номзадияшро химоя карда аст.Як бачаи хуб ва гапдаро аст,забоншиноси хуб хам аст,Меарзад ба вазифа ва Табрикашон бод!

Ростгу, ш. Душанбе.
Офарин, ба интихоби дуруст! Курбонали Шариф барои рохбари ба "Чумхурият" каси арзандатарин аст. Ана хамин гуна чавонони лаёкатмандро кофта ёфтан даркор! Барои устод Махмад Гоиб шароити мусоид фарохам омад, ки хам истирохат кунаду хам шеърхояшро нависад. Шоирро аз журналист фарк кардан даркор!

ХАЙ TАКСИМОТШ КНЕН БАЙНИ ХАМДИГАР ХАМАШ ДСТИ ХУДТОНДАЙ КУ ШОХИГАРИ

Хатича
Сухроб Махмудович бехтарин кадри Кумита!!!!

Хуб мешуд ами рузномахои давлатии народный ва халк овози низ иваз карда шавад!!! Ранги солхои шурави кор мекунанд!!!

Davlatzoda zevar mahmudi behtarin ruznomanigor behtarin rohbar behtarin shahs mo bovari komil doremki sathi televizioni safina ba sathi jahoni merasad bapesh bapesh bapesh

Муборак бошад акои Лутфулло. Вазифаи арзанда ва мувофик.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)