Бахшҳо

“Раиси нави Иттифоқи нависандагон навовар, пур аз инқилоб, гавҳаршинос бошад”

Дар назар аст охири ҳамин моҳ анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шавад. Дар ин анҷуман яке аз масъалаҳои асосӣ интихоби раиси Иттифоқи нависандагон мебошад. Бо назардошти ин, “Озодагон” аз чанд адиб пурсид: РАИСИ НАВИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН КӢ БОШАД?


Беҳрӯз ЗАБЕҲУЛЛОҲ, шоир

Тибқи назари ҳоким дар зеҳни ҷомеаи мо маъмулан беҳтарин шоир ё нависанда бояд раиси Иттифоқ ё ҳар ниҳоди дигаре бошад. Аммо назари шахсии ман каме мутафовит аст. Дар ниҳодҳои эҷодӣ аз истеъдоди фард дида, қобилияти мудириятии ӯ муҳимтар аст. Шояд фарде шоир ё нависандаи хуб бошад, аммо қобилияти идора кардани як ниҳодро надошта бошад. Аз ин рӯ, ба назари ман касе бояд раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба дӯш бигирад, ки дар баробари халлоқияти адабӣ, истеъдоди раҳбарӣ ва мудириятӣ низ дошта бошад. Фазои адабии кишвар ба як таҳаввул ва ибтикори нав сахт ниёз дорад. Ин фард бояд бо имконоти каме, ки дар ихтиёр дорад, тавони эҷоди тағйир ва таҳаввули тоза дар батни ҷомеаи адабиро бо худ дошта бошад. Дар фазои сокит ва якранги адабӣ, нигоҳи нав, руҳияи тоза ва шӯру шавқи беандоза, мутобиқ бо ниёзи маънавии замона эҷод кунад. Мудиру мудаббир ва қолабшикану мубтакир бошад!

Ато МИРХОҶА, рӯзноманигор ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Бояд раиси Иттифоқи нависандагони кишвар касе бошад, ки ба анъанаҳои гузаштаи адабиёти мо, ба фаъолияти ин иттифоқ ва шахсиятҳои барҷастаи он арҷ гузорад ва кори онро мувофиқи тақозои замони муосир ба роҳ монда тавонад.

Ҷовид МУҚИМ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ба фикри ман нафари шоиста ва арзанда ба раҳбарии Иттфоқи нависандагон ин ҳамоне бояд бошад, ки:
1.Новобаста аз он ки, ӯ кӣ аст, андешааш озод ва шахсияти мустақил бошад;
2.Дар доираҳои адабӣ ҷойгоҳи хоса дошта бошад;
3.Барои рушди адабиёти муосир талош кунад;
4.Барои ба майдон омадани адибони ҷавон талош намояд. Ба мисли устод Мирзо Турсунзода, ки барои по ба майдони адабиёт гузоштани адибони ҷавон кӯшишу талошҳои худро дареғ намедошт.
Умуман нафаре бошад, ки барои рушди адабиёт талош кунад.

Бахтиёр АМИНӢ, шоир

Раиси Иттифоқ бояд касе бошад, ки аз мудирияти муосир огаҳӣ дошта бошад. Ҷавон бошад, коршоям бошад. Дилаш ба адабиёту фарҳанг сӯзад. Муҳим нест, шоир ё нависанда бошад. Муҳим он ки кори иттифоқро пеш бурда тавонад. Аз ҳуқуқи аъзои Иттифоқ дифоъ карда тавонад. Аз ун молу мулке, ки дар ихтиёри Иттифоқ ҳаст, дуруст истифода кунад.

Шоира РАҲИМҶОН, шоира

Раиси нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд як каси навовар, пур аз инқилоб, гавҳаршинос бошад. Муҳимтар аз ҳама битавонад, насли нави эҷодро бубинад. Диламон барои нақлҳое, ки аз забони шоирону адибони солхӯрда мешунавем, дар замони раисии Мирзо Турсунзода гум мезанад. Кош мо ҳам дилҳомон тар шавад ва касе биёяд, ки лоақал ними Мирзо Турсунзода дилсӯз бошаду иттиҳодгар!

Сафо АЛИНАЗАР, шоири ҷавон

Раиси нави Иттифоқи нависандагон нафаре бояд бошад, ки дар баробари дониши мукаммали адабӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, забоншиносӣ ва дипломатӣ маҳорати роҳбарӣ дошта бошад. Инчунини дигар адибони муосири кишвар бахусус раис бояд донандаи хуби забонҳои байналмилалӣ бошад, то ки бо адибони муосири ҷаҳон муносибҳои хуби фарҳангиро густариш дода тавонад. Дар тӯли таърих эъҷодкорон кушиш мекарданд, ки манфиатҳои миллии худро ҳифз намоянд. Имрӯз вақте фаро расидааст, ки эҷодкорон бояд дар баробари ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ, арзишҳои умумибашариро ба монанди омӯхтани забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни якдигар талош кунанд.

Шаҳрия АҲТАМЗОД, шоира

Ман зиёд мехоҳам, аз миёни ҳамаи нафароне, ки имрӯз нияти раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудан доранд, Низом Қосим баргузида шавад, чун номзади арзанда асту истеъдодро қадр мекунад ва маҳалбоз намебошаду фарҳанги шеърро олӣ медонад ва шеъри худаш ҳам хуб аст.

Шаҳноз БЕНАЗИР, шоираи тоҷики муқими Амрико

Шахсе ки бар раъси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон баргузида мешавад, бояд дар ҷараёни равандҳои ҷаҳони муосир қарор дошта бошад. Яке аз мушкилоти калидии ҷомеаи тоҷик иборат аз он аст, ки дар пайи кӯшиши худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мо тамоми нерӯи худро баҳри шинохт ва ошкорсозии дастовардҳои гузаштаи ниёгонамон масраф менамоем. Дар ҳоле, ки худамон ягон чизи наве намеофаринем. Набояд фаромӯш кард, ки фундаментализм - ин худ кӯшиши эҳёсозии гузашта асту бас. Мо бояд замони ҳол (ҳозира)-ро офарида тавонем ва уфуқи субҳи ояндаро муайян созем. Дар олами муосир ҳар як фард бояд нигоҳ, андеша ва садои хешро доро бошад ва тавонад ба таври худ онро баён созад. Ва яке аз вазифа ва масъулиятҳои асосии зиёиёни тоҷик, ва аз ҷумла, Садорати Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар тарбия, парвариш ва бахшидани имконият барои маҳорати худбаёнкунӣ ва қудрати таҳаммул дар миёни ҷомеа ва бахусус, дар байни насли ҷавон аст.
Мӯҳр
Салмон
Зан х,арду оламро вайрон мекунад...

Шарифи НОМУКАРРАМ! "Дар 85 соли Иттифок як бор мардхои шоир мард шаведу ин вазифаро ба бонувон дихед. Нашавад ки моро галат фахмеду яке Адиба раиси адибон шавад. Гулрухсор ва Фарзона бехтарин номзад ба ин вазифаанд. Онхо хубтару бехтар аз Мехмон мизбони кардан метавонанд. Иттифок дар замони Аскар обруи доштааш оби чуй шуд. Дар замони Устодон Турсунзода ва Каноат Иттифок баландмартаба ва бонуфуз буд.

Хайрандеш чи? Хайрандеш созай, мешава. Китоби бисёр чоп кардаст. Дар васфи хама чизу хама кас касидаву марсияву рубоиву байту газал дорад. Касидаи Чаканаш бехтарин аст. У агар раис шава Метавонад". Аз назари шумо дида, ягон шархе аблахонатар нахондам. Вой бар холат! Хеле хандонди))) ЯК БОРИ ДИГАР НАВИШТАИ ХУДРО ГАШТАВУ БАРГАШАТА БИХОН! Фалони китоби бисёр чоп кардаст, хаминам гап шуд?))) Гуфтаи як нависандаи замони шурави ёдам омад: "Фалони духтар ё бачаи хуб аст, уро ба фалон чоиза сарфароз кардан лозим". Ва баъд Адибаи АЗИЗ дар кучо даъвои вазифа карда буд, ки бор номзади пешниход намояд? Агар хукумат ин вазифаро ба ман бовар кунад, аввлин икдоми ман руфтани пайи пои шумо воре ашхоси тасодуфи бо чоруби кундак мебошад))) ФАХМО? Ва баъд, ин бод аз кучо мевазад, маълум аст, хусни хатат дигар нашудааст)))))))

Рохгузар
Ман мехохам Мехмон Бахти худаш шавад шахси арзанда аст

шероз
Аллакай аз "Боло" Низом Косимро таъин карданд, норохат нашавед.

Шодмон
Хамин Иттифоки нависандагонро бандему монем бехтар не-ми, о иттифоки ноиттифок чи кор карда метавонад..

Дилшод
Чи хел аст раиси ИНТ ман шавам? Дар миёни чумлаи айёш як суфи бас аст...

Урватулло Тойиров, бехтарин ва олитарин номзад! Хеч як хурду бузурги (!) аъзои ИНТ хукук ва ёрои сухан гуфтан дар назди ин марди шариф ва олимро на-до-рад!!!!

Мистер х
Ба Адиб
Намешава. Давлат Сафар слишком пойбанди давлатай мефахми.

Ба фикри мо раиси иттифок бояд ягон шоираи чавону боистеъдоду ояндадору босаводу ботамкину бо чахонбинии васеъ ба мисли Шоирабонуи Рахимчон, ки аз шеърхояш буи ватану мехру вафою садокат меояду, мухлтси зтёде дораду дар байнт мардум хурмату иззати хос дорад, бошад иттифокро обод мекунаду шоирни чавони боистеъдодро тарбия мекунаду чустучу мекунад. Бигузор шоираи чавону ояндадори точик Шоирабонуи Рахимчон раиси иттифоки нависандагони Точикистон таъин щавад. Мардуми точик аз ин хурсанд мешавад. Чунки шеъру тарогахои эчодкардаи Щоирбонуи Рахимчон вирди забони тамоми мардум аст ва худи шоираи отифаю окилаи муосир Шоирабону махорати хуби рохбари низ доранд.

Наргис
Дар хакикат Шоири Халкии Точикистон Низом Косим ба раисии Иттифоки нависандагони Точикистон арзанда аст. Мо дустдорони адабиёт умедхои калон дорем. Дар узвияти Иттифоки нависандагони Точикистон шахсоне хастанд,ки тамоман арзанда нестанд. Дар хама чо лоф зада мегарданд,ки ман аъзои иттифоки нависандагон. Агар сур карда рави як- ду китобашон баромадаги. Аз ин китоб як мисраи хуб намеёби. Суханхо такрор аз дигар шоирон медузданд. Хамаи ин аз паст будани дониши онхо дарак медихад. Мухтарам Низом Косим аз шумо сидкан хохиш мекунам.ки хайати узвияти нависандагонро аз галбер гузаронед. Чи хеле ки дар дигар ташкилотхо санчишхо гузаронида мешавад. Шумо хам инро фавран чори кунед. Ин хеч мумкин нест,ки бо ду се китоби фачу лачашон узви иттифок шаванд. Он китобхое ки солхои охир чоп мешаванд завки хонандаро паст мекунанд. Як хел шоиротонро мебинем шарм медорем гуем,ки ин шоир аст. Сару либоси чиркин, дониши паст, муносибат,муоширатро намедонанд. Лахчави сухан мекунанд. Суханашон занхои лаби чуйбор барин. Баъд аз кучо шеъри хубу суруди хуб эчод мешавад. Аз кучо адабиёт пеш меравад. Бисёр орзу мекунем,ки шшоирони точики мо камтар ба гузаштагонамон монанд бошанд. Гамхор, мехрубон,донишманд,эчодкори асил одамгари дошта бошанд. Дар урфият мегуянд,ки хас каму чахон пок. То он хасхои узви Иттифоки нависандагонро тоза накунед хамин хел шеърхои фачу лач пайдо шудан мегиранд. Ба шумо муваффакият орзу мекунам.

Аблах! Гап дар сурат не дар сират. Низом Косим арзанда! Арзанда! боз хам арзанда!.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)