Бахшҳо
09 июл 2015 09:19Тоҷикистон / Тема дня

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми июл, бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар қазияи Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвонро баррасӣ карданд, ки барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали “Ҳисор” партофтааст.

Ба гуфтаи мақомот ин қазия дар пайи муноқишаи оилавию зуҳури рашк сар задааст, вале ҷузъиёти бештарро ифшо накардаанд.

Манбаи “Озодагон”, ки дар бозпурсии Парвина Абдуллоева иштирок доштааст, изҳор дошт, Парвина пушаймоние баён накард ва танҳо ҳаминро гуфт, ки "бояд худам ҳам мемурдам”.

Абдуллоева сабаби қасди ҷони худу ғарқ кардани се кӯдакашро чунин шарҳ додааст: “Шавҳарам бо духтари аммааш соз гирифтаанд ва вақте ба ман аз ин кораш хабар дод бисёр қаҳрам омад. Ман қасд гирифтан мехостам. Нахостам, ки фарзандонам ба дигар кас монанд, бояд худи ман мемурдам. Акнун шавҳарам месузад”.

Манбаи “Озодагон” афзуд, Парвина қабл аз он ки худу фарзандонашро ба дарё андозад, дар Кӯли ҷавонони Душанбе бо фарзандонаш аксбардорӣ кардааст: “Дар пушти аксҳо номи фарзандон ва боз чизи дигаре навишта онҳоро ба як корманди ошхона дар Кӯли ҷавонон медиҳаду худашро аз болои пул дар маҳаллаи Ҳаёти Нав ба канали Ҳисор мепартояд”.

Ба иттилои манбаъ, аз наздикии ҷои ҳодиса телефони Парвина ёфт шудааст, ки бори охир ба он аз хонаи волидонаш занг задаанд: “Телефони ӯ аз макони ҳодиса ёфт шуд ва маълум гардид, ки аз хонаашон ба ӯ занг задаанд. Парвина гуфт, аз хона ӯро даъват кардаанд, ки ҳар куҷое бошӣ ба хона биё, ки модарат аз набудани ту дар ташвиш шуда, фишори хунаш баланд гардидааст. Аммо ин даъват пеши роҳи Парвинаро нагирифтааст”.

Манбаи “Озодагон” илова кард, ки феълан додситони ноҳияи Сино алайҳи Парвина Абдуллоева бо моддаи 104 қисми 2, (барои куштори 2 ва зиёда нафар, бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, худи Парвина бо қарори додгоҳи ин ноҳия дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин иттиҳом ҷазо дар намудаи аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси якумраро пешбинӣ кардааст.

Қаблан аз Кумитаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, Парвина Абдуллоева тақрибан соати 21:18 дақиқа худро бо се фарзанди ноболиғаш - Зиёвиддин Бобоев соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева соли таваллудаш 2010 ба канали Ҳисор андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.


(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...
Мӯҳр
Назархоро хонда рости хайронам. Барои чи дар хама холат ЗАН гунахгор аст? Барои чи як кас гунохи Мардро намебинад? Магар МАРД бегунох хаст.....магар мардон хар хел маишат кунанд ба онхо равост? Мард зане бехтар аз ин ёфту зани худро бо фарзандон берун аз дар кард, ин магар дуруст аст? Мард дар давоми чанд мох аз холу ахволи фарзандон хабар нагирифт, ин магар дуруст хаст? Фарзандон дар пушти дари таго, янга, бибию бобо, ин хам дуруст хаст?
Баъд аз талок Мард аз фарзандон хам руй мегардонад, оид ба зиcту зиндагии минбаъдаи онхо хабардор хам намешавад, хол он ки дар мусулмони фарзанд бояд бо падар бошад, ин хам дуруст аст?
Худ тасаввур кунед, баъд аз талок бо се фарзанд пушти дари хонаи падару модар, бародару янга..... хамсояву хешу табор касе таъна мекунаду касе рахм мехурад. Дар ин холат асаби на хар кас бардошта метавонад. илова бар ин охирин бор Мард чи гуфт, ки ЗАН-МОДАР ганчи бебахояшро ба об партофту худ низ аз чони худ сер аз пушти онхо рафт? Фикри чони худро хам накард.... Хуб мачбур шуд, ки ин корро кардааст....агар илми оли медошту хукуки худро химоя кардан метавонист, шояд ин корро намекард.....шояд мефахмид, ки дар замони хозир марди хам намондааст.
Бинобар ин МАРД хам гунахгор аст....ва холо ашку пушаймониаш суде надорад. Мард-падарро хам ба махкама кашидан даркор то ин ки ба дигар мардхо ибрат шавад. Ва пеш аз талок додан хуб фикр кунад. Мегуянд Мард беандеша аст.....ва ин холат хам хаминро исбот кард.

jazoi katl ba in doda shavad katl ,,,,, naxod ki baroi mard 3 farzanro bikushi ,,,yakumr boyad da zindon boshad ammo uro suzan bizanan ki murad

Дилсухта
Бахрулло,

Исломи азиз алакай чавоби ин бадбахтро додааст. Фарзандони бегунохаш кайхо дар бихишти човидонанд вале ин хайвонбашараро зинда монд то дар ин дунё азобашро бидихад ва он дунёаш бошад чаханам аст.

Истиклол
Чавоб ба Зебо, 100 дар 100 тарафдори суханони Шумо, бехтарин, дуруст айби мардхоям хастанд.

Шараф
Марг бар шавхари беномуси булхавас, Ба чехраи зебои ин кудакон одами бегона нигариста хавас мекунад, онхоро дар куча ба дасти модар вогузор карда худаш чун муш пинхони ишкварзи мекардааст. Марг ба он духтари амааш хам, ки оилаи дигаронро хароб кард.

Одним словом ДУРА!!!

сабаби ин хама бадбахти аз ислом дур будан аст! хукуматдорон ана гиред хосили ба дин чанг заданатонро!

Исфара
Ба фикри ман ин зан касалии рухи аст

Во дареги зиндаги. Ин зан рухан носолим мебошад. Аз ташхиси экспертизаи рухшиноси бояд гузаронид. Инсоне, ки заррае солим акл мебошад, ба чунин хайвонигари даст намезанад. Ин окибат бадтарин чазо барои у мебошад. Бояд бо сбаби бемории рухи дар вакти чиноят, аз чавобгари озод карда шавад.

хонанда
чаро дар бораи шавхари Парвина расонахои давлатию мустакил чизе намегуянд? гунахгори асоси

Акнун худ казоват кун, ки чаро шавхарат аз ту дури чуставу фарогатро чои дигар ёфтааст. Агар у туро бетамин монд ва зани дигар хост чазои дуне ва охиратро хамегирифт. Мутмаинам рашки туи нохалаф мачбур ба дузанагияш карду аз чанги ту деви бад халос. Аммо дареги чони чигарбандонаш, ки дар чанголи ту дев монданд. Ба чои шукри Ватани озоду обод ту нохалаф нооромию касифи ва носипоси карди.

Ана хамин сурато 1 соат пеш аз марги кудакони маъсуманд... Охирин лахзахои зиндаги, ки баъди чанде аз чанги иблисзани манфур - "МОДАР"-и котил кушта мешаванд.

Аллох уро бар чазо зинда монд ки то охират дар хакки онхо сухта азоби ин дунёро кашад. Шукри Аллохи бузург.душанбе,

Имруз бо иси таъсуфаст чаро хохарону модарони МО даст бо чунин амалхойи ношоям мезананд дар инчо Киро боята МО айбдор кунем ? Сабаби ин Хама аз нохуший зиндаги аз камбагали ......Имруз МО мебинем як Авлод меунад Кафу сафо Бо кимондайи халк мекашад чабру чафо ....Дар Инчо Он Хохар Гунхгор нест вай аз ноумедира дас ба чунин амал задачи .

АЗ МАКОМОТ ТАЛАБ МЕКУНЕМ КИ НИСБАТИ ШАВХАРАШАМ ЧОРАИ КОНУНИ АНДЕШАНД ЧУНКИ У НИЗ АЙБДОР АСТ БИГЗОР ДАР НАЗДИ КОНУН ЧАВОБ ГУЯД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)