Бахшҳо

Раиси ЖКХ: Қурби сомонӣ поин рафт, нархи обро қимат мекунем...

Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” (ЖКХ) мегӯяд, дар соли равон нархи обро дар кишвар ҳудуди 30 дирам барои як метри мукааб боло хоҳанд бурд.

Раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз, 9-уми июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки феълан сокинони навоҳӣ барои як метри мукааби об аз 80 дирам то 1 сомониро пардохт мекунанд, ки худкифо нест: "Арзиши аслии хизматрасонии об 2,03 сомониро ташкил медиҳад".

Тағоймуродов илова кард, ки дар пайи поин рафтани қурби сомонӣ нисбати асъори хориҷӣ ниҳоди зертобеяш зимни баргардондани қарзи Бонки Аврупоӣ ба мушкилӣ дучор шудааст. Ӯ ҳаҷми қарзи Бонки Аврупоиро 37 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки маҷбуранд дар нимсолаи дуюми соли равон нархи обро ҳудуди 30 дирам барои як метри мукааб боло баранд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раиси Хоҷагии манзилию коммуналӣ феълан дар Тоҷикистон 57,6 фоизи аҳолӣ ба оби ошомидании тоза дастрасӣ доранд, ки ин нишондод се соли пеш ба 48,6 фоиз баробар буд. Ӯ таъкид намуд, ки барои пурра таъмин намудани мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза ҳудуди 2 миллиард доллари амрикоӣ даркор аст: "Ин корҳое, ки мо ҳоло карда истодаем дар ҳаҷми 50-54 миллион доллари амрикоист, ки басанда нест. Агар бо ҳамин раванд рафтан гирем барои мо тақрибан 85 сол лозим мешавад то 4 ҳазору 884 деҳоте, ки дорем ба оби ошомиданӣ пурра таъмин намоем".
Мӯҳр
eshe govoryat shto molodie edut v siriyu !!! da ija 4i kor kunand ?

Салом алейкум. Мардум. Мехостам фикри худро баен кунам. Мехостам хатогиро ислох кунам. 1) ЖКХ не ХМК я...не хочагии манзилию комуналли. 2) об дар мамлакати мо бепул мебошад вале об то хонаи истемолкунанда я...не то хонаи хар яки мо бо рохи худ намеравад. Хар катрае обе ки то хонаи истемолкунанда меравад хазорон коргарон хазор обкашакхо миллион километр трубахо миллиард кВт кувааи барк сарфу исроф мешаванд. Маблаге ки мо месупорем танхо барои хизматрасони аст. Вакте ки маблаги кувваи барк баланд мешавад хисиети он ба ин хочаги хатми мерасад. Вале маблаги кувваи барк чанд боре хаст ки баланд шуда истодааст. 3) мардуми мо ба кадру киммати об намерасанд, хатто хонаехое хастанд ки чумакхои обро кушода мемонанд ки хонаашон салкин шавад ва гайра. Якум коре ки мо бояд пеш аз хама исрофи обро бартараф кунем. Ва пеш аз хар гапе гуфтан мо бояд омузем.

шахрванд
Хамаш макул лек ман намефахман. Идораи обу коррези дар шахру нохияхо мачбуран ШАРТНОМА мекунан. Ки хар як сари каси 43 сомон. кудакбаям мусафедбаям як нарх. Нахот кудаки 8 моха одами калонсол кати як хел об сарф кунад. Нархномаи ки доранд. Вай нархнома аз даврахои союз мондаги. Боядки ина хамин 43 сомонда 24 соат об тиян. Об худаш базураки мебиёд хаминам кати насос мекашем. Аз кубур. Беахамяти да. Ман медонам. аз ин коро мухтарам Тагоймуродов бехабаранд. Нагз мешуд хаммаи хамина контроли худошонба гиранд

Неъматулло
Суханони Раис чой доранд, яъне барои таъмини ахолии кишвар хамин маблагхо заруранд, аммо мушкилот дар истифодабарии карзхои беруна вучуд дорад, касе парвои Давлатдори ва Халк надорад, бинобар ин мардумро зарур аст, ки фарханги истифодабарии обро риоя кунанд

При чем тут курби сомони, оба бо доллар маренд чи, ? ладно инфиляция

Соли оби тозза ай солли 2003 элон када истодаанд, ман дар шахри Кулоб зиндаги мекунам сахар ва бегох соат кати об медиханд,

амтари рохбарон кати 200 соли дига да обод намешавад

Саид
Дар хамин мохи шарифи рамазон, мардум бовар мекунед, касам ба они чи ки ба мо авлост, ин гурух аз миллион-миллион грантхо милионхои дигар даромад кардаанд. Аз хар тендер то 16% аз маблаги умумиро мегиранд, яъне аз 1 миллон доллари амрикои 160 хазор доллар ба киса мезананд ва дар мисоли нохияи Панчекат, ки 4 миллион грант чудо шудааст хисоб куцнед чи кадараш ба меъдаи фосиду шикамбаи бегаи эшон рафта истодааст. Кани он созмонхои хоричи, кани он коррупция кучоро нигох мекунад, даромадхои калонтарин махз дар хамин хадамот хаст. Боз ин нархгузорихо чи даркор. Кани чашми хукеумат, чи фикр мекунед ки мардум бехабару гулу гаранг аст, мо хама чизро дида истодаем. То кай критерияи махал кор мекунад, то кай. ба чонамон расидааст.

Ино дигар хунар надоран факат кимат мекунан тамом.айб аст айб .ба монанди раиси бонки милли 1руз доллар арзон шуд тамом бо ба мисли пештара.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)