Бахшҳо

Ҳозиршавии қаҳрамони Русия ба пойгоҳи 201 ва занозанӣ бо ҷавонони Кӯлоб (ВИДЕО)

Алексей Кораблёв, ки барои корнамоиҳояш дар Чеченистон бо фармони раисиҷумҳури Русия унвони қаҳрамонро гирифтааст, баъди солиёни зиёди ҳаёти мулкӣ дар зодгоҳаш-Чистполя боз хидмати низомиро ихтиёр кардааст.

Тибқи иттилои мақомоти Русия Кораблёв макони нави хидматашро Тоҷикистон интихоб карда, аллакай рӯзҳои истироҳати гузашта ба пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ҳозир шудааст: “Ӯ барои 5 сол созишномаи хидмат дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро имзо кардааст”. Манбаъ мегӯяд, Кораблёв унвони “старшина”-ро дошта, ҳанӯз мақомаш дар пойгоҳи 201 маълум нест.

Ҳозиршавии қаҳрамони Русия барои хидмат дар пойгоҳи низомии 201 ба рӯзҳое рост омад, ки бараҳнагардии сарбозони ин пойгоҳ дар Кӯлоб ва занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Тавре мақомоти умури дохилии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд, занозанӣ миёни ҷавонони Кӯлоб ва низомиёни пойгоҳи 201-и Русия шоми 28-уми июл дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сурат гирифтааст. Сабаби сар задани муноқиша бараҳнагардӣ ва ҳайоҳуйи сарбозони Русия дар ҳолати мастӣ арзёбӣ мешавад, ки боиси норозигии ҷавонони Кӯлоб гардидааст.


ВИДЕО дар бораи қаҳрамонии Кораблёв дар Қафқоз

Мӯҳр
Бародарони кулоби, ин коратон барои хар нафари точик дарси ибрат аст.Ин рафтори урусхо моро водор медихад, ки мо бояд дар дохилу хоричи кишвар муттахиду якчо бошем,вагарна ояндаи мо дар дасти бегонагон хохад буд.Русхо точикро дар руссия дида гумон мекунанд, ки дар зодгохашон низ онхо чунинанд,аммо набояд чунини бошад.Тамоми корхои ношоямро дар Вфгонистон урусхову англисхо ва амрикоихо пахн карданд ва агар мо низ ба онхо имкон дихем чунин рафторрро дар Точикистон низ роич мегардонанад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)