Бахшҳо

Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд

Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 август ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр задааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 25 август ба "Озодагон" гуфт, ин кор дар асоси қарори Суди иқтисодӣ ва дар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар анҷом шудааст. Ӯ мегӯяд, Прокуратураи генералӣ далели ин корро "дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд", арзёбӣ мекунад.

Ба қавли оқои Сайфуллозода, суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ гуфтаанд, то 10 рӯзи мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтани баҳси мазкур, ҲНИТ иҷозати пешбурди кор дар ин биноро надорад.

Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфтааст, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".

Муҳр зада шудани дари қароргоҳи ҲНИТ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ВКД хабар дод, гуруҳи кории Раёсати оташнишонӣ барои камбудиҳо фаъолияти дафтари ҲНИТ-ро муваққатан қатъ кардааст. Аз ин пеш бо як мактуби Вазорати фарҳанг дари матбаи “Муаттар”-и Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар он нашрия ва маҷаллаи ин ҳизб ба табъ мерасид, аз сӯи мақомоти давлатии кишвар муҳр зада шуд.


Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд


Қабл аз анҷумани ҲНИТ ба дари қароргоҳи марказии он муҳр зада шуд
Мӯҳр
Ин як сенсация шидай икдоми нек пеш гирифтай хукумат чи даркор ба мо ХНИТ халки Точикистон худш 99% мусулмонан, дари масчидхо кушодаги бра намозта бхон, руза дор ки пеши рохи тра мегира.

нахзат кайхо хамчун хизби сиёси амал намекард. Танхо гапхои хому бехуда дошт, ягон пешниход барои бехтаркунии сатхи зиндагии чамъияти омода акардааст. ба фикрам аз баста шудани хизб халк ягон танкиси намекашад


дарша бастен ахсан. хдша кай манъ мекнен?


Saidbilol
Панох бар Худо аз газаби Худо аз чунин рафотре ки бар нафс ичозат медиханд сарчашмаи бадбиниву куфри Хобилу Кобил ро гарду чанг зананд. Дунё ба ин Бузурги бар тамоми одамизод ва хайвоноту набототу хашарот Басандаги карду сер кард хамаро вале Мутаассифона Баъзе аз Хамватанону Мансабдорони Точикистон ро хеч серои насиб нашуд ва ба фикрам нахохад шуд ! Чун мушкили асоси дар нафс аст !!! Парвардигоро Окибати Мардуму Ватани азизамон ро Ободиву Осоиштаги бе кинаву кудурат насиб бигардон

Кори бехтарин ман итминони комил дорам, ки ин хизб аз байн меравад. Зеро халк ба ин хизб эхтиёч надорад

caид
Ма хайрони хами камент нависхо мешам вакте ки номи ХНИТ дар сайт бромад хама дар даст калам мегираду гуе ики хофизи КУРЪОНУ олими ислом бошанд. Агар ягон хукуматдор гап занад каламошон шикаста мешавад. Агар нависан хам гайри таърифу тавсиф дигар чизи нест. Хами олимоеки мегуянд дар ислом хизб нест инхо хизбро аз мазхаб фарк мекарда бошанд. Чунки дар даврони ПАЕМБАР хам мазхаб набуд е инки инхо салафианд.бо мурури ин мазхабу хизб пойдо мешавад. БАРОДАРОНИ ИСЛОМИ

миллат
Кори тамоман хатост! Агар раваду мамлакат нотинч шавад, мо медонем кист гунахкор. Обруи давлат хамин хизб буд. Акнун мо "северная Корея" шудем.

Макомот кори бехтарин кардай бояд 2 сол пеш кароргохи ХНИТ баста мешуд. Бехтарин кор офарин. Мо дастгири мекунем ки дигар ба ХНИТ бино дода нашавад. Чунки арзанда нест хамин ХНИТ ба бино.

Ватандор
"Ватандуст ва Насим"ба фикрам ягон вакт газет ва мачала мутолиа намекунед.Чандир борхо чандин конунхо ба фикрам ба парлумон пешниходхо кард агар кабул мешуд барои ОЯНДАИ МИЛЛАТ хуб мешуд...Насим ай дасти як хизби муфлис чи меояд агар биёяд хам ичозат намедиханд,ки бахалк наздиктар шавад.ХУДОВАНДО Ватани моро тенчу ором нигох дор,Омин.

вокеан кори хато шуд акалан аз вичдонатонатон шарм доред.ХНИТ ту дардидаю дили мардум хасти ба пешшшшш..

Ёкубов Салим Душанбе
Аввал ин ки Еътироф мекунам ки торномаи озодагон ро хамчун сайте ё торномае медонистам ки думболи хакикатаст вале афсус гумони ман хато буд ки инхоро хам то хадди мумкин идора мекунанд! бил ахира имруз душманони ислом аз ин кори хукумат хело шод гаштан Мутаасифона баъзе аз шахсоне ки дар инчо назар медиханд мафхуми як хизби сиёсии дини ё гайри дини ро намефахман танхо инро мегуян хамин хнит баройи ободии диёр чикардааст? Суоли ман аз хамаи онхое ки ин назархоро матрах кардаанд инаст! ба чуз хнит дар кишвар хафт хизби сиёсии дигар вучуд дорад инхо чи коре баройи ин миллат карданд! !!

Али
Аз ХНИТ хохиш карда мешавад, ки бинои худро расми гардонад ва умуман халки точик ба ХНИТ зарурият надоранд

Хунрезихо ва окибатхои ба сари мардуми мусулмони Точикистон овардаи ХНИТ аз хотирхо хануз фаромуш нагаштааст, мардуми мусулмони Точикистонро дигар бора зери шиори зухуротпарастиву, бегонапарасти рохгум кунонидан номумкин аст.

99 фоизи мардуми Точикистон мусулмонанд. Ниёз ба хизби исломи нест.
Дини ислом ба хизб ва дигар равияхои тундрав ниёз надорад.

Умуман хамин хизб ба халки точик ягон мадад накардаанд танхо максади ба сари хокимият омаданро доранд

нахзати
Аз озодагон аввалан хохиш ки вакте озодии баен бошаб пас матлаби марохам чоп кун ! хуб инчо чанд нафаре ки ХНИТ ро хар сухан мегуянд инхо хамон фабрикаи чавобанд ва ман мутмаиннам ки инчо як нафар асту номи худро иваз карда хар сухане менависанд ман ба шумо ракибони заифи ХНИТ гуфтаниям ки шумо хакки аз номи миллату давлат сухан гуфтанро надоред танхо шумо миллат нестед шукри худо мо 45 000 Аъзои ХНИТ миллатем ва баробари шумо аз ин давлату миллат хак дорем ки худро миллат гуем бинобар хами ки шумо шуфтед ХНИТ дигар ба давлат даркор нест кур хондаед ХНИТ ба 45 000 шахрванди худ лозим аст ва 45 хазор аъзои хизб ки миллатанд ба ин хизб ехтиеч доранд озодагон чоп кун агар вокеан гуногунандеши бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)