Бахшҳо

ВИДЕО: "Асалу харбуза", "Парчам"-у "Ваҳдат", "Сада"-ву "Меҳргон". Боз кадом ид намерасад?

Бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Иди “Асал ва харбуза-2015” баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин чорабинӣ аз ҳисоби масъулини Вазорати кишоварзӣ як гуруҳи кории махсус таъсис шудааст.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз Иди “Асал ва хабуза”, идҳои зиёде монанди Истиқлол, Ваҳдат, Наврӯз, Парчам, Сада, Меҳргон, идҳои динӣ -- Рамазону Қурбон ва амсоли инҳо зиёд ҷашн гирифта мешавад. Дар пасманзари ин, хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсид, ки КАДОМ ИДРО НАДОРЕМ ва чи ИДИ ДИГАРЕРО БОЯД ТАҶЛИЛ КУНЕМ?

Посухҳо якранг набуданд. Иддае мегуфтанд, "ҳама идҳоро дорем ва роҳандозии идҳои дигар сарфаи беҳудаи вақте беш несту сабаби камшавии рӯзҳои корӣ мегардад". Ин гуруҳ таъкид мекарданд, "ба ҷойи баъзе идҳо хуб мебуд маблағи харҷи он ба ятимхонаҳо дода мешуд". Аммо Саидаҳмади Қурбон, як сокини Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон ба «Иди Китоб” ё “Китобдӯстон” ва ё чизе монанди ҳамин ниёз дорад, то мардум ба хондан ташвиқ шаванд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, дар ин бора бояд донишмандон бештар бигӯянд, "зеро чомеае, ки панҷ дарсадаш донишманд набошад, он ҷомеа ҳеч гоҳ пеш нахоҳад рафт".

Рамазон Давлатов, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳам гуфт, бояд бештар ба идҳое аҳамият дода шавад, ки ҷанбаи фарҳангӣ ва ахлоқӣ дошта бошанд: “Имрӯз интернету телефон шавқу ҳаваси китобхониро бурдааст. Шояд имрӯз бигӯянд, ки тоҷик миллати китобхон аст, аллакай не. Шояд як сол пурра соли китоб эълон шавад ва як ҷашни китоб эълон шавад ва дар онҷо китобдори беҳтарин, китобхони беҳтарин, китобнависи беҳтарин, хаттоти беҳтарин муайян карда шавад”.

НАЗАРИ СОКИНОНИ ДИГАРРО ДАР ИН ВИДЕО БУБИНЕД ВА ШУМО НИЗ АНДЕШАИ ХУДРО БИНАВИСЕД

Мӯҳр
ассалому алайкум бародарон ва хохарони азиз ин хукумата ман инафахмидам 5 сол боз барои танзим ва исрофкори гап мезанан аммо ин идхои бехудаи худашона намебинан мардуми бечора дар хаёташ як писар ё духтарашро хонадор мекунад барояш як иди калон аст аммо намегузоранд ки хушбахтии худро хамон руз гузаронад дар хол болои сарашро мегиранд ки дар маракаат чи зиёфат дори!!!!пас чаро худашон инкадар сарфа кори мекунанд барои давлати кашшоки мо айб асти ки 2 мил мухочир дорем кувваи барк надорем аммо харруз ид дорем шармандагии бар ин маскарабозхо!!!иди нав иди самарканду бухороро аз даст додан замин хои помирро ба хитой доданро хам кайд кунен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)