Бахшҳо

Мулоҳизае чанд атрофии қазияи баста шудани қароргоҳи ҲНИТ

Шоми 24 август ба дари қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр зада шуд. Масъулини ҲНИТ гуфтанд, ин кор дар асоси қарори Суди иқтисодӣ ва пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар анҷом шуда, далели он "баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ” гуфта мешавад. Дар пайи муҳр зада шудани дари қароргоҳи марказӣ торнамои ҲНИТ онро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда навиш: "Аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".

Дар пайи ин хабарҳо унвонии “Озодагон” матлабе расид, ки муаллифи он иддао мекунад, баста шудани дари ҳизб муваққатӣ буда, “ягон ҷойи нигаронӣ надорад, махсусан барои наҳзатиён, ки ба асли қазия беиртиботанд”. Ин маблаб бидуни таҳрир пешниҳоди хонанда мегардад:

“Баҳси рӯз барои ҲНИТ дар атрофи баста шудани қароргоҳаш сару садоро боз дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардон кард. Гап сари муваққатан аз ҷониби Суди иқтисодии Тоҷикистон бастани қароргоҳ ё ба истилоҳ, дафтари кории ҳизби “овозадори мардумӣ” меравад. Вақтҳои охир ин ҳизб қариб ки ба ҳар амали ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ ҳассосият нишон дода, намояндагони он тавассути расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ нидои ғайримантиқии характери иғвогароёнадошта дармедиҳанд. Кор ба ҷое расидааст, ки дар ҳама гуна амали қонунӣ ва баҳсҳои судӣ, ки дар ҷавомеи мутамаддин ҳар рӯз ба назар мерасанд, раёсати ҳизб ва ҳомиёнаш илюзияи “амалиёти антинаҳзат”-ро мебинанд ва ин соя ва хаёлоти фиребо таҳтушшури наҳзатиёнро фаро гирифта, ба таваҳҳуми саросарӣ табдил ёфтааст.

Баҳс одӣ аст: суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо назардошти баҳси ҳалнашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо соҳибмулки асосии бино – ширкати “Тиҷорат” шоми 24 августи соли равон дафтари кории ҲНИТ-ро муваққатан бастааст. Тибқи тартиби қонунгузорӣ ва муқаррароти баҳсҳои додгоҳӣ, то ҳал шудани баҳс ва содиру интишор ёфтани ҳалномаи додгоҳ бино ва иншоотҳои баҳсӣ, ки аз тариқи мубодилаи ғайриқонунӣ ё баҳснок ба иҷора дода шудааст, баста мешавад. Ин амалро ҳар гуна додгоҳи босалоҳият дар ҳар давлати дунявӣ анҷом медиҳад ва дар доираи қавонини амалкунанда ҳаллу фасл месозад. Ин сарварони наҳзатанд, ки аз таги нохуни ҳар амале, ки “табъи нозуки эшон”-ро мағшуш месозад, чирк мекобанд ва чирккобӣ суннати рӯзмарраи наҳзатиён дар панҷ-шаш соли ахир мебошад. Бо ин роҳ инҳо дунявият ва низоми дунявиро дар чашми мардум бад кардан мехоҳанд. Ҳарчанд хуб медонанд, ки низоми сиёсии дунявӣ, қабл аз ҳама, бар пояи қонунмандӣ ва ҳуқуқбунёдӣ асос ёфтааст ва ин нуктаро дидаву дониста дар гузоришу навиштаҳояшон суистифода мекунанд. Илова бар ин, ҳадси ба истилоҳ, “коршиносони худӣ”-и наҳзат мабнӣ бар ин ки гӯё ин амал ба хотири ҷилавгирӣ аз баргузории анҷумани ҳизбӣ, ки нимаи дуюми сентябр ба нақша гирифта шудааст, роҳандозӣ гардидааст. Ин коршиносон аз ёд баровардаанд, ки ҲНИТ кайҳо дар фазои Тоҷикистон нуфуз ва эътиборашро аз даст додааст ва бо роҳҳои тақаллубӣ ва суистифода аз эҳсоси мардум аз нав мехоҳад муҳити иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии минтақаро таҳти назар қарор дода, бохти сиёсиашро ҷуброн созад.

Ба аҳли назар аён аст, ки ҲНИТ ҳамеша фазлфурӯшӣ ва даъвии зиёд мекунад, барои фиреби назар мудом аз демократия ва озодӣ ҳарф мезанад, дар зоҳир ба қонун ва қонунмандӣ арҷ мегузорад, аммо ҳадди ақал ба кори худ мунсифона назар намекунад. Дар матбааи ҳизб ва дафтари корӣ мушкилот ва ҳолати беҳдоштӣ, барқистифодабарӣ ва амсоли инҳо, ки мунҷар ба хатар мешаванд, риоят намешаванд. Вақте ки одитарин талаботи беҳдоштӣ ва техникӣ дар муассиса риоя намешавад, ҳоҷат ба баҳси зиёдатӣ ва худнамоӣ намемонад. Ба ҷойи он ки ҳизб мушкилоти дохилии дафтари кориро тартибу танзим кунад, забони шикоят дароз менамояд ва ҳарф аз адолат мезанад. Кадом адолат? Магар доду адолат ҳамин аст? Ба мушкилоти дохилӣ нахуст бояд расидагӣ кард, пасон забони шикоят дароз.

Сабаби бохти ҲНИТ-ро дар дохили он бояд ҷуст. Сардамдорони ҳизбӣ, бо истифода аз бовару эҳсоси мардум тариқи лофзанӣ ва манманӣ дар панҷ-шаш соли ахир ҳарфҳои зиёд пароканданд, бехабар аз он ки назди халқ, ки дар зоҳир аз он дифоъ мекунанд, аслан нуфуз надоранд ва инро мо дар интихоботи моҳи март ба мушоҳида гирифтем.

Ҳизб имрӯз вазъи буҳрониро аз сар мегузаронад ва роҳҳои бурунрафт аз буҳрони ҳизбиро дар шикоятномаҳои муғризонаи сершумораш, ки ҳадафмандона тариқи ҳафтаномаҳои мустақил, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар як они воҳид интишор меёбанд, мебинад. Маълум аст, ки баҳси судӣ дар муҳлати муқарраршуда байни тарафҳо -- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ширкати “Тиҷорат” (соҳибмулки асосии бино) сурат мегирад ва ҲНИТ ба ин баҳс, аслан иртибот дорад. Нуқтаи иртибот дар ин қазия танҳо фаъолият дар дафтари кории ҳизб аст, ки то анҷом ёфтани баҳси додгоҳӣ тибқи қонунгузорӣ муваққатан қатъ мегардад. Ин ягон ҷойи нигаронӣ надорад, махсусан барои наҳзатиён, ки ба асли қазия беиртиботанд. Аммо, чуноне ки пештар ишора рафт, раёсати ҲНИТ, бо назардошти дарҳамбарҳамии дохилӣ ва вазъи буҳрониаш ба ҳар гуна амалу ҳаракат ҳассосияти том нишон дода, аз ҳар ҳарфи гуфту шунуд нобаҷо эҳсоси хатар мекунад ва бо ин роҳ ба шакле қувва ё иммунитети зеҳнию ҷисмонӣ барқарор кардан мехоҳад.

Воқеан, ҲНИТ чун ниҳоди сиёсӣ дар минтақа рӯз ба рӯз зарфияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиашро аз даст дода истодааст ва бегумон, дар ҷараёни муборизоти муътадили сиёсӣ ба марзи ифроту тафрит расидааст. Ин аст, ки забони шикояти ғаразнокро дароз ва дандони интиқоди ғайримунсифонаро тез мекунад ва нисбат ба рақиби сиёсӣ носазо мегӯяд. Оре, ин алам аст, алами кинаварзӣ ва худбохтагие, ки ба дасти худи наҳзат дар хуну рагу пайванди аъзояш ҷараён дорад ва чунин ҷисми захмхӯрда ва дар айни замон мутакаббир ба табобат сахт ниёз дорад.

Нодир Гавҳаров”

АЗ ИДОРА: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Сафар
Хуб шуд,ки кароргохи ХНИТ баста шуд. Бояд фаъолияти ин хизби тафрикаандоз барвакт катъ карда мешуд. Эй аъзоени нахзат якбор аз худ бипурсед, ки дар давоми 20-сол дар ободии Точикистон чи сахм доред.

максад, Савол ба Максад .... Бародар хамин давлатхое, ки номбар кардед дар кадом хамин давлатхо сулху тинчиву оромиааст???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)