Бахшҳо

Вазорати адлия ба ҲНИТ: Фаъолияти ғайриқонуниятонро қатъ намоед

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳинома ирсол намуда, аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ба гуфтаи ин ниҳод ғайриқонуниашро талаб намудаст. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри ин огоҳинома гуфтааст, мувофиқи моддаи 3-и қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад. Мувофиқи санадҳои ба Вазорати адлия воридшуда дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ кардаанд: “Бинобар ин ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ карда, анҷуман баргузор кунад”.

Дар огоҳинома, ки “Ховар” онро зери имзои Рустам Шоҳмурод,вазири адлия нашр карда аст, ҲНИТ дар “вайрон кардани талаботҳои Конститутитсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Оинномаи ҳизб мутт аҳам шуда, аз масъулини он даъват шудааст, “фаъолияти ғайриқонунӣ”-и онро қатъ намояд: “Огоҳиномаи мазкурро дар муҳлати 10 (даҳ) рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ ахборот диҳед”

МАТНИ КОМИЛИ ИН ОГОҲИНОМА:

О Г О Ҳ И Н О М А
Оид ба қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ӯҳдадор аст, ки талаботи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.
Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст.
1. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд, ки нусхаи аслии он ба Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аъзоёни ҳизб бо хоҳиши худ аъзогии хешро дар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қатъ кардаанд.
Дар маҷмӯъ ба Вазорат 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои зерини ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти онҳо дастрас гардидааст:
1. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015 шаҳри Хуҷанд.
2. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015 ш. Хуҷанд.
3. Протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончӣ аз 06 апрели соли 2015 шаҳраки Ғончӣ.
4. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015 шаҳри Панҷакент.
5. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015 д. Чоркуҳ.
6. Қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015 д. Чоркуҳ.
7. Протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз 11 июни соли 2015 шаҳраки Бустон.
8. Протоколи ҷаласаи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015 шаҳраки Меҳрон.
9. Протоколи Маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани бахши ҳизби номбурда дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз 07 майи соли 2015 шаҳраки Пролетар.
10. Протокол аз натиҷаи баргузор гардидани ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳристон аз 28 майи соли 2015 ноҳияи Шаҳристон.
11. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ҳизб дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз 06 марти соли 2015 шаҳраки Нов.
12. Протокол аз натиҷаи баргузор гардидани ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Айнӣ аз 20 апрели соли 2015 ноҳияи Айнӣ.
13. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Ашт аз 29 майи соли 2015 шаҳраки Шайдон.
14. Суратҷаласаи маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар шаҳри Истаравшан аз 15 майи соли 2015 шаҳри Истаравшан.
15. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИт дар ноҳияи Зафаробод аз 18 апрели соли 2015 шаҳраки Ҳ.Алиев.
16. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 18 апрели соли 2015 шаҳраки Ғафуров.
17. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Конибодом аз 14 апрели соли 2015 шаҳри Конибодом.
18. Қарори Ташкилоти ибтидоии Ҳавзи баланд аз 20 январи соли 2015 шаҳри Конибодом.
19. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Чкалов аз 15 майи соли 2015 шаҳри Чкалов.
20. Протоколи маҷлиси Баҳши ҲНИТ дар шаҳри Қурғонтеппа аз 11 июни соли 2015 шаҳри Қурғонтеппа.
21. Протоколи Конфронси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 10 июни соли 2015 шаҳраки С. Исоев.
22. Протоколи Ҷаласаи аъзоёни бахши ҲНИТ-и ноҳияи Шаҳритуз аз 10 июни соли 2015 ноҳияи Шаҳритуз.
23. Протоколи маҷлиси Бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд аз 04 июни соли 2015 ш.Сарбанд.
24. Протоколи маҷлиси Бахши ҲНИТ дарноҳияи Бохтар аз 05 июни соли 2015 ҷ/д Меҳнатобод.
25. Протоколи маҷлиси Бахши ҲНИТ дарноҳияи Ҷиликул аз 20 апрели соли 2015 ҷ/д Ҷиликул.
26. Протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ аз 25 майи соли 2015 шаҳраки А. Ҷомӣ.
27. Протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ аз 28 майи соли 2015 шаҳраки А. Ҷомӣ.
28. Санад аз 08 июни соли 2015ноҳияи А. Ҷомӣ.
29. Санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул аз 08.06.2015 ҷ/д Ҷиликул, н. Ҷиликул.
30. Протоколи ҷаласаи моҳонаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз 15 майи соли 2015 ш. Дустӣ.
31. Санад аз 08 июни соли 2015 шаҳраки Дустӣ н. Қумсангир.
32. Санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон аз 21 майи соли 2015 ш. Ёвон.
33. Протоколи маҷлиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2015 н.Панҷ.
34. Санад дар бораи гирифтани аризаи аъзоёни ҲНИТ дарноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2015 шаҳраки Панҷ.
35. Санад дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015 д. Уялӣ.
36. Суратҷаласаи ҷамъбастии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015 ноҳияи Хуросон.
37. Протоколи ҷаласаи аъзоёни Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён аз 10 апрели соли 2015 ноҳияи Қубодиён.
38. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2015 ш. Хоруғ.
39. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рушон аз 10 июни соли 2015 д. Рушон.
40. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015 д. Ишкошим.
41. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015 н. Ишкошим.
42. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шуробод аз 03 июли соли 2015 н. Шуробод.
43. Қарор оиди фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг аз 21 июли соли 2015 н.Ховалинг.
44. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг аз 21 июли соли 2015 н.Ховалинг.
45. Қарори фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Муминобод аз 15 майи соли 2015 н. Муминобод.
46. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Муминобод аз 15 майи соли 2015 н. Муминобод.
47. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ аз 25 майи соли 2015 н. М. А. Ҳамадонӣ.
48. Қарори ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ 25 майи соли 2015 н. М. А. Ҳамадонӣ.
49. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Темурмалик аз 09 июни соли 2015 н. Темурмалик.
50. Қарор оид ба фаъолиятиминбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Темурмалик аз 09.06.2015 н. Темурмалик.
51. Қарор оиди фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар н. Восеъ. Аз 22 апрели соли 2015 н. Восеъ.
52. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ аз 29 апрели соли 2015 н. Восеъ.
53. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015 д. Белгӣ.
54. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015 д. Белгӣ.
55. Протоколи маҷлиси бахши дар ноҳияи Вахшбудаи ҲНИТ аз 04 июни соли 2015 ҷ/дТоҷикобод.
56. Санад аз 04 июни соли 2015 ҷ/дТоҷикобод.
57. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияиТоҷикобод.
58. Протокол ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод аз 04 июни соли 2015 д. Нӯшори поён.
59. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии Раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод майи соли 2015 д. Комсомолобод.
60. Протоколи Конференсияи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол аз 18 майи соли 2015 н. Ҷиргатол.
61. Протокол ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тавилдара аз майи соли 2015 д. Тавилдара.
62. Қарори маҷлиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тавилдара аз 14 майи соли 2015 д. Тавилдара.
63. Протокол оиди фаъолияти ҲНИТ дар шаҳри Душанбе аз 02 июни соли 2015 ш. Душанбе.
64. Протокол Оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 25 июли соли 2015 ш. Душанбе.
65. Протокол Оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 24 июни соли 2015 ш. Душанбе.
66. Протокол Оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе 24 июли соли 2015 ш. Душанбе.
67. Протокол Оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 23 июни соли 2015 ш. Душанбе.
68. Протокол Оиди фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ 08 июли соли 2015 н. Рӯдакӣ.
69. Протокол Оиди фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ 13 июли соли 2015 н. Рӯдакӣ.
70. Протокол Оиди фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳринав 15 майи соли 2015 н. Шаҳринав.
71. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода аз 12 июни соли 2015 ш. Турсунзода.
72. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ш. Турсунзода аз 12 июни соли 2015 ш.Турсунзода.
73. Протокол маҷлиси Бахши ҲНИТ дар ноҳияи Файзобод аз 23 июни соли 2015 ҷ/д Д. Алиев.
74. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат аз 02 июни соли 2015 ш. Ваҳдат.
75. Протокол Оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Варзоб аз 24 июни соли 2015 н. Варзоб.
76. Протокол оиди фаъолияти ташкилоти ибтодии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор аз 03 июни соли 2015 н. Ҳисор.
Бо вуҷуди ин, Раёсати Олии ҳизб ин санадҳоро бар хилофи банди 2.4 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бе баррасӣ мондааст.
Ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур ва аз ҷониби роҳбарияти ҳизб эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо, ки собиқ аъзоёни ҳизб буданд, бар хилофи талаботҳои моддаи 28 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Амали мазкур инчунин ба талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки тибқи он узвият дар ҳизб танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрванд сурат мегирад, низ зид мебошад.
Ҳамин тариқ аз ҷониби Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дидаю дониста бе баррасӣ мондани қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва аризаи аъзоёни ҳизб оид ба қатъ гардидани аъзогиашон дар ҳизб, хилофи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Оинномаи ҳизб мебошад.
2. Ба масъалаи қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қонуншикании дигари ҳизб алоқамандии бевосита дорад.
Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар ҷумҳурӣ танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд. Тибқи банди 1.1 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳизб ҷумҳуриявӣ буда, он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Қонун талаботи дигареро низ муаққарар менамояд, ки тибқи он ҳизби сиёсӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ бояд дошта бошад.
Бо назардошти қарорҳои қайдгардидаи сохторҳои маҳаллии ҳизб оид ба қатъ намудани фаъолияташон Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур ҷавобгӯ нест.
Дар ин сурат даъвати анҷуман аз ҷониби Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад, зеро аксарияти кулли сохторҳои ҳизб фаъолияти хешро қатъ гардониданд ва намояндагии аъзоёни ҳизб аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.
Гузашта аз ин, қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии ҳизб дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо баргузории конфронсҳои ҳизбро бо мақсади интихоби вакилон ба анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, истисно менамояд.
Дар чунин шароит баргузории анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мухолифи қонунҳои дар боло зикргардида ва Оинномаи ҳизб буда, оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор намеорад.
3. Санаи 26 августи соли ҷорӣ бо имзои Муовини аввали ҳизб ба Вазорати адлия мактуб оид ба иваз гардидани суроғаи ҳизб ворид шуд.
Бояд қайд намуд, ки мутобиқи қисми дуюми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва банди 10 Оиномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон маҳали ҷойгиршавии ҳизб муқаррароти Оинномавӣ мебошад. Муттаносибан, барои тағйир додани муқаррароти оинномавӣ ба Оинномаи ҳизб бояд тағйирот ворид карда шавад.
Мутобиқи банди 4.5. Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ба ваколати Анҷуман мансуб мебошад.
4. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба сифати ҳизби характери динӣ дошта эътироф мегардад, лекин он ташкилоти динӣ набуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад.
Вале ҳизб ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму оин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии Вазорати адлия ва мақомоти давлатӣ гашта буд.
Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт идома дода истодааст. Ҳам дар нашрияҳои ҳизбӣ ва ҳам дар чорабиниҳои хеш бевосита ба тарғибу таблиғоти динӣ машғул шуда, бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон дар баргузории маросимҳои динӣ, адои тоату ибодат, расму оинҳо, хондани намозро амалӣ намуда истодааст. Машғул шудан ба тарғиботи динӣ ва дар шакли дигар давом додани фаъолияти Акадамияи исломӣ, ки нисбати он Вазорат эътино зоҳир намуда буд аз ҷониби ҳизб идома дорад. Мисол, маводҳои чопӣ дар нашрияи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон «Наҷот» № 43 (813) аз 23.10 с.2014, № 51 (821) 16.12 с.2014, № 14 (836) аз 02.04 с.2015, № 16 (838) аз 16.04 с.2015 ва ғ. шаҳодати он мебошанд.
Мутобиқи қисми 9, моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғотии оммавии диниро танҳо иттиҳодияҳои динӣ доранд.
Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мақсади асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад.
Дар ин самт шабоҳати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо ташкилоти динӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсӣ тафовут доранд. Аммо ҳизб бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аз дини ислом истифода намуда, шаҳрвандонро оид ба вазъи ҳуқуқии хеш ба гумроҳӣ мебарад.
Бо назардошти қайдҳои боло ва мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳ карда мешавад:
1. Фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани талаботҳои Конститутитсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Оинномаи ҳизб зоҳир мегардад, қатъ намояд.
2. Огоҳиномаи мазкурро дар мӯҳлати 10 (даҳ) рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ ахборот диҳед.
3. Дар сурати иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи мазкур нисбати Ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» андешида мешаванд.

Вазир Рустам Шоҳмурод
Мӯҳр
кайхо катъ мегардид бодя фаъолияти ин хизб!

Хирси хобро бедор накунед

миллат
Ана бародарон имруз рузи чанозаи демократия дар Точикистон гуем хам хато намешавад. Бархе ашхосе, ки дар инчо коммент навиштаанд худ фикр намекунанд, ки ХНИТ дар кудрат набуд ва нест ва бо хамин ягон программаашро фаъол карда натавонист. Барои хамин хам фоида ба мардум оварда натавонист. Танхо фоидаро аз хизби хоким талаб намоед. Шумо бесаводиатонро ба дигарон нишон медихед бо ин суханхоятон. Гап дар сари он меравад, ки хамакнун намонд он хизбе, ки хатоихои ин хизби хокимро гуяд. Ва акнун ин хизби хоким тамоми накшахои нагз ва бад, нафъдор ва бенафъашро якчониба амали мегардонад. Масъала чидди аст. Тинчиву осоиштагии ватан акнун дар хатар мешавад. Ин хатои бузурги сиесии вакти охир аст. Тарозу хама вакт дупала бояд бошад, то мувозиннат хукмфармо бошад. Сад афсус. Озодагон лутфан чоп намо.

Бо камоли таасуф бояд ёдовар шуд,ки рафтори давлати Тоҷикистон дар қиболи ин ҳизб ғайриодилона ва нобихрадона аст! Зеро бо дину ойини мардум ва бо мухолифини худ набояд аз мавзеъи зӯргӯйӣ ва қудрати иҷройӣ гуфтугӯ кард! Бояд мубориза мардона бошад...Агар давлат дар муқобили ин ҳизб чизе дошт бояд на аз тариқи авомфиребӣ вваа бадном кардани ҳизб ,балки аз роҳҳои дигар мубориза мекард.Ҳоло метарарсамм,ки мо як ҳизби муътадилро аз даст додем ва намедонам,ки фардоо онҳо чӣ гуна сар мебардоранд! Ман ки шак надорам.Охир онҳо расман фаъолият намекунанд ва давлат эшонро маҷбур мекунад,ки ғайри расмӣ фаъолият кунанд .Ҳоло мудирият дошт ва оқои Кабирӣ воқеан як демократ буд! ФФардо чӣ хоҳад шуд,касе намедонад. Ба ҳар ҳол дигар кори тоҷик бо худост! Худо раҳмии мардуми моро бихурад!

САЪДИ
Мехо зурманди макун бар кехон,
Ки дар як намад менамонад чахон
Сари панчаи нотавон бар мапеч
Ки гар даст ёбад,барои ба хеч!
Набини,ки чун бо хам оянд мур
Зи шерони чанги бароранд шур...

110
ХНИТ МОНДАНИСТ АММО ХИЗБХОИ КИСАГИ РАФТАНИ. Дар ин шаке надошта бошен.

салом алейкум Озодагон вакте гуногунандеши меравад сухани моро хам чоп кун.Барои он касонеки нахзатро бад мекунад як савол дорам 20-23 сол дар сари вазифа хнит буд магар о бесаводо айби худатона барои чи болои нахзат мепартоед.мегуитон 90% фоизи точикистон мусалмон аст ва мо ба хизби дини кор надорем хуб агар суханотон рост бошад кани озодихои мусалмон ё дин магар 90% хаки озодиро надорад.пас ман хайронам ба мардигариву номуси шумон мегуен хнит ба халк чи хизмат кард о эй хамватан наход то индарачая бесавод бошитон охир хнит идоракунандаи точикистон нестку аз кучо хизмат кунад? 23 мешавад ХХДТ дар сари вазифа кани сивет чаро руз аз руз сафи мухочиро зиёд шусос чаро маблаги донишгохо баланд шусос чаро хар мох аз симкорт маблаги хосаро давлат мегирад чаро точик кадру мазалати худашро гум карда истодааст.чаро точик бо точик чашми дидан надорад..чаро мо донишчуйхо бо азобу машакат мехонем аммо бади тамом кардан бо мухочир мегардем чаро ватан барои мо кори муносиб намеёбад.чаро имруз амният аз пушти ришу сатрдору хакикатгуйхо мегардат.чаро фиску фасоди ришдору ё сатрдоро ё нахзатиро нишон медихад тарики телевизорхо аммо фасоди хукуматро не.чаро вакте чаноби оли ба кулоб меравад коргарои амнияту давлати ба мо мегуяд пеши чаноб набуроен чанобро табаш хира мешавад? чаро дари масчидхо барои 90% мусалмон бастаю даои майкадаву дискотекахо кушода чаро фарзанд и то 18 сола харкучо хохад мерад аммо барои масчид не? кмагар боз хам нахзат гунахкор аст..ман аъзои нахзат нестам аммо намехохам азоёни он хери азобу шиканча шавад охир онхо хам точикаст.дар охир дуо мекунам бояд мард бошим Худованд моро мард офаридас бояд дар пеши вичдон худамонро шарманда накугем.озодагон агар хамаро бо як чашм нигох куни матлаби манро чоп кун.

anti Fabrika
[b]АНУШЕРВОН[/b],
[b]АНУШЕРВОН[/ayni komentro dar Ozodi didam in fabrikai jawob az uhdai kori xud drurst namebaroyad wa kori shumoham ba anjom merasad HNIT basta shawad)))

Холо як лахза агар тахлили масоили рузмараи чахон ва таъриху тамаддуни давлатхои мутараккиро бикунем, шохиди он мегардем, ки дар ягонтои ин абалкудратхо хизбхои сиёсии идеологияи динидошта накш ва манзалати воло надоранд. Дар давлатдории Точикистон катъ кардани фаъолияти ХНИТ бехтар ва афзалтар мебошад. Хайати рохбарикунандаи ХНИТ танхо метавонанд, бо эътикоди мардум бози кунанд ва ин холат окибаташ хуб нест. Ахсан Вазорати адлияи Точикистон, ки сари вакт ин ташаббусро нишондодед

Билол
ХАНДАОВАР. ХНИТ ДАР ДУСАДУ ЧАН САХИФА ХАТО НАКУНАМ АГАР АЗ РУИ КОНУН ШИКАНИХОИ МАКОМОТ ШИКОЯТ БУРДА БУД . БА НАЗАР ГИРИФТА ХИЧ НАШУД ЯГОН БАНДАШУ АКНУН ЧАНТА ПРОТОКОЛУ САНАДА АДЛИЯ КАТОР КАРДАСТ МЕХОХАД ХААААМА КАБУЛ КУНАНУ ХАКБУДАНАШ РО СОБИТ КУНАД ? ВОКИАН КИ ХАНДАОВАР АСТ !

Рамат ба Вазорати Адлия. Бояд барвакт фаъолияти ХНИТро махкам мекард. Холохам дер нашудааст.

Бори кач ба манзил намерасад. Ахсан Вазорати Адлия. Барвактар ин хизба фаъолиятша кат кунед.

Вазорати Адлия дар хакикат сиёхро аз сафед фарк кард. Офарин! Суст намон фаъолияташро катъ намо. Мо тарафдор. "Хас кам дунё пок гуфтаанд".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)