Бахшҳо

Риш дорам, пас террористи эҳтимолиям?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ришам номи маро ба кадом як рӯйхати “сиёҳ” ворид кард. Шояд феҳрасти “ҷинояткор ё террористони эҳтимолӣ” буд...

Чаро иддао мекунам ин рӯйхат “сиёҳ” аст? Боре шоҳид будаед, ки дар кишвари азизи мо исми нафаре барои гузоштани риш вориди феҳрасти “сафед” шуда бошад?

Ҳоло дигар қисса кунам, ки номи ман чӣ тавр дар ин рӯйхат навишта шуд. Барои гирифтани посухи як дархост ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ рафтам. Вақте гуфтанд, нафаре, ки мепурсам бо коре баромадааст, баргаштанӣ шудам, аммо навбатдор ному насабу ҷои истиқоматамро пурсид. Гумон кардам, мехоҳад дар дафтари асосӣ маро сабти ном кунад, аз ин рӯ гуфтам, беҳтараш замоне ки фалонӣ омад, меояму баъд қайд намоед. Аммо навбатдор гуфт, “ин барои ришат”.

Ному насабу ҷойи истиқоматро пурра гуфтаму дар коғазе навишт. Сипас гуфт, акнун ба ин тараф гузар (ба дохили утоқи навбатдор), акс бигирам. Пурсидам, чаро? Гуфт, фармон шудааст. Гуфтам, лутфан мешавад он фармонро бароям нишон бидиҳӣ? Табиист, ки “не” гуфт. Дохили утоқ шудаму гуфтам, ин ҳолатро дар рӯзнома менависам. Гуфт, бинавис, аммо танҳо росташро, яъне бигӯ, ки барои ришам буд. Бо аломати тасдиқ сар ҷунбондаму як хандаи мастона задам ва дар телефонаш аксам гирифт.

Вақти хайрухуш гуфт, “ако, боз аз ман хафа нашавӣ”, гуфтам аслан ҳеч далели аз Шумо хафа шуданро надорам, чун танҳо фармонро иҷро мекунед.

Ростӣ, нафаҳмидам чаро номамро навишта карданд. Гумонам он навбатдору даҳҳо корманди дигари пулис ҳам намедонанд чаро ин корро мекунанд. Ҳатто онҳое ҳам ки баъзан маҷбур риши нафареро “чаптарош” мекунанд...

Воқеан, номнавис кардани ришдорҳо ба чӣ хотир аст? Касе аз Шумо медонад? Шояд мақомоти Тоҷикистон оморе доранд, ки бештари ҷиноятҳо аз сӯи ришдорҳо анҷом шудааст? Ё шояд кадом равоншиноси бузурги тоҷик пажуҳише анҷом додаву дақиқ кардааст, ҳар ки риш гузошт дар ӯ эҳсоси ифротӣ будан пайдо мешавад? Шояд олимони мо баъди “кову шӯр”-ҳои зиёде маълум кардаанд, кадом кишваре дар фазо вирусе паҳн кардаву ҳар ки риш бигзошт, вирус ба он сироят намуда, сӯи анҷоми ҷиноят “қит-қитак”–аш мекунад? Шояд...
...Ва ришдорҳо номнавис мешаванд, то дар сурати анҷоми кадом ҷиноят ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ даъват шаванд?

Муборизаи беамон алайҳи “фарҳанги бегона”-и мақомотро фаҳмидан мумкин, гӯиё мехоҳанд суръати пӯшишҳои бегонаро коҳиш бидиҳанд, аммо мантиқи мубориза бо ришро дарк карда наметавонам. Ё инро ҳам зери чатри мубориза бо фарҳанги ғайр роҳандозӣ кардаанд? Гузоштани риш аз кай фарҳанги хоси як миллату қавм буд?

Агар воқеан риш хатар дорад, пас чаро қонунан гузоштани онро манъ намекунанд? Лоиҳаи илова ба Кодекси ҷиноӣ бинависеду ба парлумони мардумӣ бифиристед, мутмаинам дар аввалин баррасӣ як тугмаи муқобил ё бетараф фаъол нашуда, бо як овоз қабул мешавад. Бо ҳамин ба қавли Аловиддин “кори хирс тамом”. Дигар касе эътироз намекунад ва аз он ки як корманди БДА ба риши мусофирон “чаққа” мешавад, ҳайрон намегардад.

Ба дунболи баҳси ришу беришӣ бисёр шарҳҳо хондаем, ки муаллифонаш иддао мекунанд, “гузоштани риш фарзи Худованд мебуд, писарон аз модар бо риш таваллуд мешуданд”. Агар дунболи ин мантиқ биравем, моро бидуни либос ба дунё овардаанд, пас чаро луб-лучи модарзод намегардем?

Далели шайъӣ муҳимтарин омили гумонбар шудани нафар ё нафароне дар анҷоми ҷиноят аст. Муфаттишон маъмулан мегӯянд, аз фалон гумонбар далели шайъӣ - корд ё силоҳ гирифта шуд. Шояд акнун мегӯянд, “далели шайъӣ -- як мушт риш гирифта шуд?” Ба қавли дӯсти рӯзноманигорам Абдуазими Абдуваҳҳоб, “агар риши ман ба амнияти давлат хатар дошта бошад, риш чи ки розиям сарам бурида шавад”...

Дар чанд соли ахир шоҳиди ҳаводисе шудем, ки қаблан майнаамон тавони қабулашро надошт. Ин шабу рӯз дигар дидану шунидани чизе ҳайронам намекунад. Шояд замоне барои мурдаи Ленин бозпурсӣ шавам...

АЗ ИДОРА: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Парво накун бародар! Инаш хам мегузарад. Худованди таоло дар сураи Таборак фармудааст: , аллази халакалмавта валхаёта лияблувакум аюкум ахсану амалр, яъне Худованд мурдану зистанро халк кард то биозмояд ки кадоми шумо амали хубтар анчом медихед, тахкири суннати Пайгамбарро худатон нагзакак медонед ку хукмашро. Шукр кунед ки шумо аз тахкиркунандахо нестед!

махина
Ватан вайрона аз ер аст е агер е харду, Мусибат аз мусулмонхост е куффор е харду.Хама доди ватанхохи зананд аммо намедонам, Ватанхохи ба гуфтор аст е кирдор е харду.

Ришдори бурутдароз
Косаи давр хамин будааст Абд Ал Азиз ибни Восеъ ибни Зайд валади Амр. Як вакт паёмбари ислом хам алайхи бурути яхудихо мубориза мебурд ва мегуфт ки мо аз онхо чи кам дорем ки онхо бурут мемонанд ва мо ки аз онхо бехтарем риш хохем гузошт акнун навбати дигарон хам хаст агар барои хамин риш шуда маро шафоат мекарда бошанд асло накунанд. фахмо ми Абд ал Азиз ибн Алвосеъ!!!

Мухтарам, бародари гироми Абдулазизи Восеъ !!!!! Агар хато накунаму Шумо худотон мушохида карда бошед, бештарини милисахои
"тагодор" саводи кофи надоранду Конунхоро намехонанду намефахманд !!!!!????? Чун савод надоранд факат ба фармони сардорони "ТАГОДОР"-и худ гуш мекнанду халос !!?? Аз ин гурухи одамон малол нашавед, чунки инхо як макол доранд : БО ХУДОДОДАГОН СИТЕЗА МАКУН... "ОНХОРО ХУДО МЕЗАНАД" ЙО НЕ ??!!!

милиса
Риши Шумо хеч проблемае надорад. Риш хадди акал бояд чун риши Шумо бошад, аз ин зиёдаш дуруст нест. Шмо нагз медонед, ки барои кихо шуда ришмонй проблема шудааст.

Ъассаламу алайкум бародар Абдулазиз. Бисёр маколаи хуб ва саволхои мухими руз ё ба кавли руси актуалный гузоштаи. Дар асл риш мондан суннати Пайгамбарамон Мухаммад /саллалоху ъалайхи вассалам/ мебошад. Аз тарафи дигар хангоми монеа шудан ба ришмонии мардум хукукхои конститутсионии онхо поймол мешавад. Саввум ин ки дар тамоми тамадунхо риш чой дорад. Ба фикри ман /эхтимолан/ Сабаби манъ кардани ришмони дар Точикистон он аст, ки кадом як гурухе ё як нафаре аз олимон ба хулосае омадааст, ки мондани риш ин хатар ба Точикитон дорад. сипас ин акидаи худро ба кудратмандони айни замони Точикистон пешниход намуданду онхо ба сухани ин олимон бовар кардаанд. Чун дар як китобе хонда будам, акида аз амал ба вучуд меояду амал аз акида, яъне мисол хангоми ба ягон нафар ду се маротиба ёри расонидан дар одам акида пайдо мешавад ки у, он нафарро хурмат мекунад, хангоми хурмат кардани нафаре аз тарафи ягон кас, охирин дар ягон кор ба у ёрдам мекунад, ё мисоли дигар вакте ки ягон кас агар парчами Точикистонро ба флагшток хар сахар барорад дар у хиси ватандусти зиёд мешавад ва баракс касе ки хиси ватандустиаш баланд аст парчами Точикистонро ба флагшток мебардорад ва ё расми онро мекашад, ё ягон намуд ба он эхтироми зохир мекунад, ё мисоли дигар касе ки намоз мехонад, яъне дар рохи Аллох амал мекунад имонаш пуркувват мешавад, касе ки имонаш пуркувват аст намоз мехонаду дар рохи Аллох амалхоро анчом медихад. Тибки он китоб инро якчанд сол кабл олимони англису амрикои санчида ба чунин хулоса омадаанд. Аммо илми хак ки аз Аллох аст, алакай мо мусулмонон дар ин бора дар асри 7 медонистем. Масъалаи риш дар он аст, ки тамоми террористон риш доранд. яъне ба фикри ман он олимон чунин фикр мекунанд, риш мондани мардуми точик ин ба терроризм оварда мерасонад,. Агар ахамият дода бошед террористон факат як чизро реклама мекунанд /Аллоху Акбар, риш, куштор/ дар видеонаворхояшон факат хамин се холат дарч мегардад. Яъне барои монеъ шудани ришмонии мо хамон видеороликхо низ таъсир расонидаанд тавассути олимоне ки ба чунин хулоса омадаанд.
Албата мо мусулмонон бояд суннатхои Пайгамбарамонро /с.а.с./ ичро кунем. Аммо дар баробари ришмони хазорхо суннатхои дигар мавчуданд, ки мо онхоро ичро намекунем, масъалахои покию тозаги хайрбини некбини хайрхохи садакаву садокат сулху амони сабру тахаммул мехнатдусти дар ин бобатхо хазорхо суннатхо хастанд. Яке аз суннатхои дигари Пайгамбарамон /с.а.с./Сабру токат ба амир аст, агар харчанд у амри нодуруст хам бароварда бошад. Барои хамин бародарон сабру тахаммул аз хама хубтар аст. Имруз кудратихо мехоханд ки мо ришамонро гирем, хеч гапе не. ба хотири сулху субот ба хотири оромии модарону падаронамон ки дар хонахоямон намоз хонда барои мо дуои нек мекунанд, хамин ришамро мегирам /Аллох маро бубахшад агар ягон сухани галат гуфта бошам ки ба охирати ман зарар расонад Истагфируллах истагфируллах Истагфируллах/

Ба Талбак
Талбак рута лахча накун дар хнит хечкасро мачбур намекунан ки риш мон ё ришта тарош ту як бериши фабрикаи чавоби........

Ами Садриддин Начмиддин хам риш дора капида ко-ко-кок тарошидан даркор

клипи навша бинен

ориф
Одамият на ба нутку на ба ришу на ба чон . Тути хам нутку сбуз хам ришу хар хам чон дорад.Пас одамият ки дар риш ба кавле дар як пустак набошад пас кучо дар атрофи як отходи одам аз кабили нохуни давида сари худро гаранг месозед.Зеби риш он муйсафедони хирадманд доранд ки ба хар як тори риши онхо яктоги малоика аст лекин ба хар як тори риши чунин чохилони манкурт яктоги иблису хашароту паразит аст.

ДАР СУРАТ АКСИ МАРДИ РИШДОРРО МЕБИНЕМ КИ РИШ УРО ХЕЛЕ ЗЕБИДААСТ ВА НИГОХИ МАРДОНАЮ БОВИКОР ДОРАД. РИШАТРО НАТАРОШ БАРОЯТ ХЕЛЕ ЗЕБАНДА АСТ, МУВАФФАК БОШЕД.

РАШТ ГАРМ
Фабрикаи чавоб!!! Гуш кунед!!!И мардак риша реклама надора. Ман барои и фабрикаи чавоб гуфтани хастам ки И мардак гуфтани хаст ки дар Точикистон чохили, зулм, ситам, беадолати ва шиканчаву беконуни ба дарачаи аъло расидааст . Ташаккур бародари азиз барои ин макола

Озодихо
Факад озоди барои шумо лаганбардоро аст милён ношукри ин давлатдориро мекунем магар хамин хол аст, ки як чавони 23 сола ба хотири риш монданаш дар Вахдат аз тарафи милисахо мавриди лату куб карор гирифтааст ва дар холати вазнини карор дорад. Як суъоли оди барои шумо бе динхо: Оё боре дидаед ки як мини юпка пуш мавриди шиканчаву таъкиб карор гирифта бошад, албата не, агар Хичоб моли бегона бошад пас мини юпка моли кисти, шарм ба Шумо

Фирузчон
[Ҷавоб ба Марг ба ришмонҳо], Илтимос ба андозе, ки савод дорӣ бинавис. Дар давраи Расули Акрам (с) мушрикон ва маҷусиён ришҳои худро метарошиданд.
Ибни Умар (р) мегуяд; Набии Акрам (с) фармуд; "Бо мушрикин мухолифат кунед ришҳоятонро бигузоред ва муйлабҳоятонро кутоҳ кунед" (Имом Бухорӣ 5892)

Талъат
Террорист не, танбали!

махина
Вахшонияту чохилиятеро ки чунин ришдорон мекунанд хеч як миниюбкапуш намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)