Бахшҳо
04 сен 2015 08:52Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат аз ҷониби гуруҳи зери итоати Зиёвиддин Абдуллоев сурат гирифтааст.

Ин ниҳод бо нашри як хабари кутоҳ дар торнамои расмии худ гуфтааст, ҳамла соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр шурӯъ шуда, дар пайи зарбаи ҷавобии кормандони пулис “Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд шуда, се нафари дигари ин гуруҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд”.

ВКД таъкид кардааст, ин ҳамла ба қазияи латту кӯби Умар Бобоҷонов иртибот надорад. Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар ҳам рӯзи чоруми сентябр ба “Озодагон” гуфт, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеч рабте надоранд: “Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст”.

Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат аст, ки ба иддаои наздиконаш аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст. Ахиран бо супориши генерал-лейтенанти милиса -- Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи шахсияти Зиёвиддин Абдуллоев ва аз чанд нафар иборат будани гуруҳи ҳамлагар иттилое надодааст. Инчунин, нагуфта, ки ин ҳама хисороти ҷонӣ дар пай дошт ё на. Дар ҳамин ҳол, манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, яке аз ҳамлаварон корманди пулиси шаҳри Ваҳдат буда, бо ҳамкорони худ хусумати шахсӣ доштааст. Ҳоло аз ҳалокати чор корманди пулис ва захмӣ шудани чанд нафари дигар хабар расидааст. Иттилое, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар мавриди кормандони кушташуда пулис тафтишот оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон мегӯяд, субҳи имрӯз дар гардиши фурудгоҳ низ тирпаронӣ сурат гирифтааст. Хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур рӯи замин осори хун дида мешавад: “Сокинони ин кӯча мегӯянд, садои тирпаронӣ соати 05:15 ба гуш расид. Кормандони пулис, ки дар инҷо ҳузур доранд низ ин иттилоро тасдиқ карда, аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуданд”.

Дар масири Ваҳдат-Душанбе постгоҳҳо ташкил шуда, мошинҳо мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Як манбаи “Озодагон” гуфт, чунин постгоҳҳо дар ноҳияи Файзобод ҳам созмон ёфтаанд.


АКСҲО АЗ КӮЧАИ АЙНӢ, НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)

ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)
Мӯҳр
озод
Мир,
дида истодаем...
хакикатро пушида намешавад

odil
Islom behtarin din ast, ki dar on behtarin khususiyathoi odami darj gardidaand. Islom dini pok ast va to abad pok memonad. Badtari inson shaxsest, ki islomro tahqir mekunad.
Barodar pesh az one, ki dar borai islom sukhan roni avval tahlil va andesha kun.

сулх
бародарон солхои 1992 93 94 95 96 97-ро фаромуш кардед барои бурдаи нон зор будем баъе оилахо аз гуруснаги мурдан акнун нон ба дахон расид чаро шукрона намекунед

кулябец
ш. Душанбе,
Озод : астагфируллох !! Чи хел дини нав ? Аклу хуш дори ?

Абдуллоев Зиёвиддин яке аз хоинони давлату миллат будааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)