Бахшҳо
15 сен 2015 16:25Тоҷикистон / Сиёсат

Фарзия: "Ҳамлаи шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим ба хонаи Холов барои ғизо"

Суҳроб Холов, сокини 15-солаи деҳаи Сорвои дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат шаби 14 ба 15 сентябр ҳадафи ҳамлаи афроди номаълуми мусаллаҳ қарор гирифтааст.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба бахши хабарии радиои Аврупои Озод дар Осиёи Марказӣ иттилоъ додааст, ки ҳамла тақрибан соати 22:00-и 14 сентябр сурат гирифта, Суҳроб Холов то беҳуш шуданаш латту кӯб шудааст: “Суҳроб дар хона танҳо будааст ва вақте садои қадамгузориро мешунавад, берун мебарояд, то бубинад, кистанд? Дар берун се нафар ба ӯ ҳамла овардаанд”.

Ба иттилои манбаъ, Холов гуфтааст ҳамлаварон риш дошта, мусаллаҳ буданд: “Онҳо аз хона танҳо маводи ғизоӣ гирифтаанд. Мақомот барои муайян ва дастгир кардани ҳамлаварон талош доранд”.

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ аз қавли манобеаш иттилоъ медиҳад, ки гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит ба мушкили ғизо дучор шудаанд. Чанд тан аз боздоштшудаҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим қаблан ба мақомот гуфтаанд, гуруснагӣ онҳоро водор намуд, худро ба мақомот таслим намоянд.

Хабари ин ҳамла дар ҳоле нашр мешавад, ки ба иттилои сокинони Ромит шаби гузашта дар ин минтақа то ду сантиметр барф боридааст.
Мӯҳр
Бародарон ин гап дуруг хаст....

Ziyo
Кори милисахоро осон кард Хочи Халим. То чанд мохи дигар чи чинояти дузди ва авбоши ки дар минтакахои аз 9 ум километр то Файзобод содир мешавад, бе ягон ташхис ва кофтукоб ба души Хочи Халим ва одамонаш бор карда мешавад. Анушервон,

а
Озодагон,

Шумо гайр аз чоп кардани хабархои бардуруги МВД ягон кори дигар карда наметавонед?

Мушу мӯру малах наёфтед, ки хӯред. Ҳммм, аз шумо рейнҷер намебарояд. Оқибатро фикр накарда ба хамин хиёнату ҷиноят даст задед! Акнун ҷасадҳоятона хӯред! Халқи азияткашидаи тоҷик як маротиба фирефтаи найрангҳои шумо шуда, хору зор, ғарибу сарсону саргардони дунё шуда буд. Ҳоло ҳатто гурбаи тоҷик думболи шумо нахоҳад рафт. Ҳаёт, таҷрибаи зиндагӣ беҳтарин сабақ аст.

абгбакр рубох номи Ванча гир хамаи Ванчиё

СУХРОБ, БАРОДАРИ АЗИЗ. БО ОН КИ ТУ АЗ ТАРАФИ ИН НОМАРДОН ЛАТУ КУБ ШУДАИ ДИЛШИКАСТА НАБОШ. САГИ ГАНДА АЗ ПОИ СОХИБИ ХУД МЕГАЗАД. ДИГАР ИН ГУРУХ ЧОЙИ ГАЗИДАН НАДОРАД. АЗ ОНХО ВАТАН, МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН РУЙ ГАРДОНДААСТ. ОНХО Ё КУШТА МЕШАВАНД Ё БА МАКОМОТ ТАСЛИМ. БАРОИ ИН ГУРУХ РОХИ ДИГАР НЕСТ.

камтараки дигар сабр кунед ай гуруснаги мемиред.......бисёр кори хуб мешавад... чазои шумо номардхо хамин аст.......

Каландар
Ношукрии ин нону намаки сарзамин ободу тенч куртон кунад инамихел гушна мемурен бигзор ин нону намка барои шумо захр гардад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)