Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи қасрҳои туркии Кабирӣ, худкушии Ҳоҷӣ Ҳалим ва амонати Президент

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон амали собиқ муовини вазири мудофиа -- Абдуҳалим Назарзодаро худкушӣ ва хиёнат хонда, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро саркардаи ин ошӯб гуфт.

Абдулқодирзода имрӯз, 18 сентябр зимни хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ изҳор дошт, Муҳиддин Кабирӣ мехост бори дигар ин Ватанро ба хун оғушта кунад, аммо кормандони мақомоти Тоҷикистон бо баҳои ҷони худ ба дифои Ватан хестанд: “Ин мусибатест, ки миллат ҳеч гоҳ ин хиёнатро фаромӯш намекунад”.

Муфтӣ бо зикри дороиҳои Назарзода бо арзиши 120 миллион сомонӣ суол гузошт, ки бо вуҷуди ин ҳама дороӣ ба ӯ чӣ намерасид ва талош кард, то худаш посух диҳад: “Ин аз худаш вобаста нест, дастури хоҷагони хориҷияш буд. Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҷанги солҳои 90-ум яке аз фаъолону қотилон буд, ки ҳукумат ба хотири сулҳу оромии мо мақомаш дод. Аммо инсоне, ки дар қалбаш ғараз дорад ва вобаста аз дигарон аст, ҳаргиз дӯст намешавад, ҳамеша душман мемонад. Фурсат мехоҳад, ки ҳадафҳояшро анҷом диҳад. Ҳоҷӣ Ҳалим ба амонати ҳукумату сарвари давлат хиёнат кард”.

Ба иддаои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Кабирӣ дар тамоми шаҳрҳои Туркия қасру хонаву истироҳатгоҳҳо дорад: “Барои онҳо дар хориҷ барои рӯзи мабодо хона харида медиҳанд. Ин нақшаи якрӯза нест, он дар давоми солҳо тарҳрезӣ мешавад, бо хоҷагони хориҷияшон дар машварату маслиҳат мебошанд”.

Раиси Шӯрои уламо дар идома ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ аз фурудгоҳу ҳавопаймо дар ҳоли фирор боздошт шудаанд: “Афроде, ки аз раёсати ҲНИТ роҳи гурез пеш гирифтанд, барояшон низ дар хориҷ хонаҳо омода шудааст, то рӯзе мардумро ба по хезонанду манфиатҳои иқтисодию иҷтимоию сиёсии хоҷагонашонро амалӣ кунанд. Чунин хоинон ба монанди дузде ҳастанд, ки бо ҳамроҳии шариконаш моли падарашро медуздад. Падараш ҳеч гоҳ ӯро намебахшад”.

Муфтии Тоҷикистон дар охир таъкид намуд, ки "иншоАллоҳ ҳеч гоҳ наметавонанд оромии кишвари моро халалдор кунанд. Мардуми мо ҷангро хуб медонанд ва ҳеч гоҳ чунин хиёнаткоронро ба Ватан роҳ намедиҳанд”.
Мӯҳр
Бивший КГБ
Рости Назарзода рохе шуд барои бархам додани хизб. Харчанд тарафдори хизб нестам. Ногуфта намонад ки Назарзода бо маслихати пешакиии макомот доим мавриди фиреб карор мегирифт то бовар кунад ки уро мисли Гафор Мирзо банди мекунанд ва амният ин от ашро дар синаи у парварида уро аз дур назора мекард то худ ба дом афтад бо ин рох равад. Афсус хама доно нестанд.

Мистер Х
ТУХМАТ

И Муфти разведчикай чи??????

навруз
Мухтарам муфти ,чазои тухмат сахт АСТ !!!!!Боз худи шумо нагз медонед.

абубакр
мухидин кабири касе буд набуд то вакте ки дар парламент буд, дифо аз хукухои исломи мардуми точикистон мекард.амо шумо рахбари мусалмохои точикистон,лоакал чурат надоред ки аз минбари расули Акрам, дифо аз хукухои мардуми мусалмони ТЧ кунед.шарм нокарда аз сиёсат гап мезанед.

Махмади
Хама гап зад ту гап назан муфти

озод
Мухтарам муфти, ваъдахои Аллохи бузургро аз оятхои Куръони Карим, сураи НУР аз хотир набарор!!!

мухочир
Ин чи шурест ки дар даври камар мебинам

Точикони мо зи баски мардуми олитаборанд. Мекушандат дастагул хам бар мазорат мегузоранд. Зинда бошанд! Аз дахони Устод Лоик Шерали.

Ман "муфти"-ро намешиносам ва шинохтану шуниданихам нестам! Аммо Мухиддин Кабириро хамчун инсони комил мешиносам. Вакте комил гуфтам назарам ин аст ки оини инсониву чавонмардиро дар у мебинам. Харчанд ки мавкеи чугрофиам ба Кабири пайваст нест гойбона эхтиромаш мекунам . Назари шахсии марди кори дорои маълумоти олии пурра аст.

Чаноби Мукаррамзода шуморо дар Масчид,ки макони ибодат хасту чои бахсу сухан нест, ва агар сухан бошад бояд Амри маьруф кард, на ба мавзуьхои сиеси худро омехт......
Шумо,ки муфти хастед, мусалмонони кишварро химоя кунед. То озод бошанд, барои гузоштани риш, ва сатри хохарон!!!!! Ва ибодати озод дар Масчидхо!!!!!
Аз Аллох Таоьло тарсед!!!!! Худованд илохо худаш хидоят кунад!!! Омин

озод
Озодагон! Шумо хам монанди озоди шудаистодаед. Навиштахоро чоп намекунед.

Зафар
муфтии мухтарам худи шумо як касри бохамашамати киматаш аз 200 хазор долар болои назди бозори корвона ай кучо ба даст оварди и мошину сарвату хонахои сексиягиат бехисоб ???????????????????????

Хар кас кори худаша кунад! Ба сиёсат чи кор дори ту? Саводи комил надошта бахои сиёси надех. Рухони сиёсатба чи кор дораду? Худову Расули худата дон. Таги худатам кобан ука бегунохак нести албатта. Аку бо ту дар доманат гул мечини?

Чаноби муфти! Хар кас вазифаи худро дорад.Шумо ба чои сиех кардани Кабири хуб мешуд, ки вориди чавонони то 18 солара ба масчид, барои ибодат хал мекардед, мо ба Шумо ахсан мегуфтем.

Яъкуб .Душанбешахр
Чаноби муфти аз Холик тарс на махлук! Ту чи кор ба Хочи Халиму Кабири! ? Як бор кани аз риштарошии макомот, аз гирифтани сатру монеъи масчидравии чавонон сухбат кун!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)