Бахшҳо

Масъули Маркази исломшиносии назди Президент: “Ҳидоятҳо”-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ аст

Рустам Азизӣ, муовини раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро дар ноором сохтани фазои сиёсии кишвар муттаҳам намуда, иддао кардааст, “маҳз андеша ва “ҳидоятҳо”-и Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад”.

Рустам Азизӣ дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” онро нашр кардааст, ҳодисаҳои ахири Тоҷикистонро баёнгари интиқоли ақидаҳои тундрав ба марҳилаи татбиқи амалӣ унвон кардааст, ки ба қавли ӯ, “дар натиҷаи кушишҳои баъзе нохалафон барои ноором кардани ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ мо шоҳиди хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ гардидем”.

Муовини раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон навишта, “таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат неруҳои харобкор ва аъзову ҳаводорони ҲНИТ дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, фаъолияти минбаъдаи ин ниҳодро ҳамчун ҳизби сиёсӣ зери суол мебарад. Зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб аз коршиносон ва таҳлилгарон тақозо менамояд, ки реша ва сарчашмаҳои эътиқодӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва молиявии онро биомӯзанд”.

Ӯ аз исёни Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа ва маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” ёд оварда, таъкид намудааст, ки он далели аҳамияти аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва шинохти сарчашмаҳои интишори ақидаҳои тундрав мебошад. Ба навиштаи Азизӣ, “фаъолияти ҳар гуна гуруҳҳои тундрав, ифротгаро ва террористӣ решаҳои зеҳнӣ ва идеологӣ дорад, ки пайравонашро барои даст задан ба хушунат ва амалҳои харобиовар роҳнамоӣ мекунад”.

Дар идомаи матлаб аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз поягузорони ҲНИТ ба унвони падари маънавии аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб ном бурда, гуфтааст, суханрониву роҳнамоиҳои вай ба андеша ва рафтори онҳо пайваста таъсир мерасонад: “Албатта, солҳои баъд аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҲНИТ кушишҳои зиёд намуданд, то барои оқои Нурӣ симои шахсияти илмӣ, равшанфикр, таҳаммулпазир ва ҳатто яке аз меъморони сулҳи тоҷикон эҷод кунанд ва бояд эътироф кунем, ки то андозае дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Вале агар бо чашми инсоф бинигарем, маҳз андеша ва “ҳидоятҳо”-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад”.

Муовини раҳбари Маркази исломшиносӣ барои тақвияти ин суханҳои худ аз Маҷмӯаи суханронӣ ва навиштаҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 2007 аз ҷониби Кумитаи ҷавонони ҲНИТ бо унвони “Он сӯи сиёсат” нашр шуд, мисол зада, муҳтавои онро “саршор аз даъватҳо ба хушунат ва хунрезӣ” гуфтааст: “Оқои Нурӣ кишвари азизу маҳбуби моро ба таври ошкор “дору-л-куфр” (кишвари куфр) ва “дору-л-ҳарб” (кишвари ҷанг) номидааст (саҳ. 190). Дар саҳифаи 198 ин китоб чунин омадааст: “Онҳое, ки феълан дар дорулкуфри Коммунист ҳастанд дар Тоҷикистон дари тавба барои онҳо боз аст ва дари ҳиҷрат низ барояшон боз аст, ки роҳ биёбанд ҳатто як рӯз ҳам дар дору-л-ҳиҷрат (яъне, Афғонистон – Р.А,) бошанд”.

Дар поёни ин матлаб гуфта мешавад, “мо боварии комил дорем, ки мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои қудратӣ ин қабил китобҳои саршор аз даъватҳои ифротиро мамнўъ эълон намуда, онро аз дасти аъзои феълӣ ва собиқи ҲНИТ мусодира менамоянд”.

Нашри матлаби як мақоми баланди Маркази исломшиносии назди Президент дар ҳолест, ки рӯзи 17 сентябр Додситонии кулл Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда, аз боздошти 13 узви Раёсати олии ҲНИТ бо ҳамин ҷурм хабар дод.
Мӯҳр
умед
Муаллимхо,духтурхо,милисахо,гаихо хама муллогиро пеш гирифта дар хама чо амри маЬруфу насихат зидди ришу сатр мекунанд,муфтихою муллохо,хатибхою имомхо бошанд рохи сиесатро пеш гирифтаанд,гуие прокрору суд хаминхоянд!

муҳочир
РУСТАМИ АЗИЗИ ШАРМ ДОР АГАР НУРИ ИФРОТИ МЕБУД СУЛҲ НАМЕКАРД

Як камтаракак я айбу изоро донед аку ин кадар вазифа дустор нашавед Аз Худо тарсед рузе не рузе ин дунёра тарк мекуни ин вазифаю ин ватану ин курси боз ба дигаро бо мемонанд аз сари хама мемонад хакиката кам кам гуен ,то ин руз муфти медонисти Мухиддин Кабири дар Стамбул касру тахт дорад дар кучо буди фош мекарден е Рустам Азизи Е Хочи Халим ин кадар корхонахои муфт ба даст омадаю бе ягон чо ном сабт нашуда ,Зулм ай ин зиёд намешава бе рахмию тухмат аз ин зиёд намешад .

Фарҳод
Паёмбари Худо (с) фармуданд: Яке аз суханоне, ки мардум аз паёмбарони гузашта дарёфтанд ин аст, ки АГАР ШАРМ НАДОРӢ ҲАРЧӢ МЕХОҲӢ БИГУ.

ш Душанбе
Рустам Азизӣ, муовини раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон ..хоиш дорем камтар реклама кунед...боз ягон балора ба сари мардуми Точик наоред...бас будагист ...."кохи кухнара бардоштан"....кибуд чибуд таърих гувохаст .....АЗ кафои ободи шавенд дар пеш зимистон гами халки бечорара дар ин бурхони молияви хуренд ....ва Чавононро бо кор ва маоши хуб таъмин намоед ..АНА ДАР ИНБОРА НАВИСЕД ,,,,ПЕШНИХОД КУНЕД ...ЧИДАРКОР ИН ГАПХОИ БЕ МАНТИК......БА ДИКАТАТОН РАХМАТ...

МУСУЛМОН
ОЗОДАГОН МАТНИ МАРО ЧАРО ЧОП НАКАРДЕД МАН ИНТИЗОРАМ

Аскари Замон
Аз паси мурда бад набояд гуфт,
Хох нек аст,хох бад,хок нухуфт.

хонанда
Исломношиносе аз чангал

Мурдахоро ба холашон гузоред, чаноби Азизи. Тафрикаандози чи лозим. Монед, ки орому осуда зиндаги намоем.

Рустам аввалин касест бидуни риёкории мусалмони вокеиятро гуфт. Бародархои ба истилох табардин як бор ростро гуед ва то кай риёкорию динбозию худобози менамоед.Нури вокиан чехраи тахрикгару динбоз буданд.Шумо навиштахояшро ки дар Техрон ба нашр расида бо чашми инсофу имондори бихонед.Ба сулх имзо гузоштани у вакт мачбур кард ва дигар илоче надошт.Суханони МАвлавии Абдурахимро ,ки чангсолори назхатихо буд , фаромуш нанмоед: саркардагони мо доллар таксимкуни менамуданду мо чанг мекардем.Вассалом ва аммо баъд!!!!

Мо точикон дар дунё гар чанде кам хам бошем бо олимонамон, нависандагонамон, шоирон ва исломшиносиамон фахр мекунем. Солхои чанги шахрванди 134000 точик мурд, дар рассия хар сол то 800 точик мурда истодааст, дар давоми 17 сол 13600, кариб 50000 точик дар махкамахи дунё махкам, як кисми дигараш куч баста истодааст ба дигар мамлакатхо бо бахонаи ин ё он то имруз точикон мурда истодаанд, ки ин хушбахтии дигар миллатхо гаштаистодааст. Бародарони гироми мо дар чумхуриамон 60% ро ташкил медихем. Ин бадбахтиро дар миллат ки пешгири мекарда бошад.

Мо хеч, , замона хеч, , дунё х,ама х,еч, ,
Эй х,еч, ,бах,ри х,еч, бар х,еч, мапеч.
Дони, ки зи одами чи мемонаду бас?
Мех,р асту мух,аббат асту бок,и х,ама х,еч, !
Эй х,амватанон !Биёед мах,алчигиро бас кунему ба насли оянда ВАТАНДУСТИЮ Х,УРМАТИ МИЛЛАТИ ХЕШРО ОМУЗЕМ!
Дунё сохиб дорад, ки х,ама мах,лукотро бо низоми муайян нигох, медорад!
Бад макун бад афти, чох, макан худ афти! Ба к,авли Хайёми азиз:
Нокарда гунах, дар ин ч,ах,он кист бигу?
Накард гунах, у чу зист бигу?
МО аз тарафи Худованд офарида шудаему боз ба суи У бар мегардем!

донишчу
ДАР ЧАНГИ ШАХРВАНДИ 150000 ОДМОН ХАЛОК ШУДАН.КИ МАЙДОНШИНИРО ТАШКИЛ КАРД ФАРДО РУЗИ КИЁМАТ КАСЕ,КИ НАБОШАД ЧАВОБ МЕГУЯД

хак
Салом! Рустами Азизи як шахши тарсу ва мансабхох! Чаро дар зинда будани Устод дар хомуши буди?

Эй азизи ту чи хак дори Устоди мархумро сарзаниш мекуни, дар зиндагиашон гап мезади, гапи дигар буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)