Бахшҳо

Гузориши кӯтоҳи Р.Мирзо аз роҳбандӣ барои сафари Президент

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, суҳбати мусофирон дар як мошини мусофирбари Душанберо нашр кардааст, ки субҳи имрӯз, 15 март дар роҳбандӣ дармондаанд.

Дар пасманзари роҳбандиҳо барои таъмини ҳаракати бемонеаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯдакӣ, Раҷаби Мирзо дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, ки аз назди бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе то бинои телевизиони “Сафина” тайи 1 соату 24 дақиқа расидааст. Рӯзноманигор тайи ин муддат суҳбати ҳамсафаронашро гӯш карда, дар шакли гузориши кӯтоҳ дар сафҳаи фейсбукияш нашр намудааст ва “Озодагон” низ бе тағйири шеваи суҳбат ин “гузориши кӯтоҳтарин (дарозтарин)-и асри 21”-ро пешкаши хонандаҳо мекунад:

15 -уми марти соли 2016.Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе. Маршрути мусофиркаш. Бозори "Султони Кабир". Мошин якбора меистад. Соат 7.40 дақ. Садо аз дохили мошин: "Безор шудем аз ҳамин "пробка"". "Э не пробка нест, бин, ун тарафи раҳда ягон мошин наомадестай". "Значит ҷаноб куҷое мерава". "Ҳо саҳар радио мегуфт, ки ноҳияи Рӯдакӣ мерава". "О Рӯдакӣ мерава, чиба Душанбера маҳкам мекунан?" "Ҳама дасти хдшондаай, куҷоера бхоҳан маҳкам мекунан". "Ҳамаш айби қайчифурушо)))". "Мегум фикр мекунан хдшон тоқа кор мекунан, о мо ҳам зану кудак дорем, ай як нола нонмон мемонем, охи". "Ношугрӣ накунен, ҳамувоам барои мо кардестан" "Мо коршон надорем, чкоре хостестан кардестан, ақаллан мода кор нагиран"....

Соат 8.20. Гардиши Сирк. Мошин базӯр мегузараду меистад. Садо аз салони маршрут: "А бача, и пробка бас набуд, ки бо ту мошинта манъ кардӣ?". Ронанда: Ака, айби маай баъд? Бин ними одамом фаромадан. Чӣ ма холӣ брам? Дар и пробка ҳамаи соляркам тамом шуд!". "Ҳов дар и Тоҷикистон ҳич кас гуноҳ надора, моем гунаҳкор ки инҷа зиндагӣ мекунем". "Э ака, рафтанмонам беҳудаай, всеравно то текстила пробкаай олӣ"....
ТВ "Сафина". Соат 9.04 дақ. Дер шуд ё айб?


Дар ҳоле, ки шикоятҳо аз роҳбандиҳо дар Тоҷикистон ҳангоми сафари раҳбари давлат ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ дар ҳоли афзоишанд, “Озодагон” фикри корбаронашро мепурсад, ки чӣ бояд кард, то мардум ва Президент зимни сафарҳояшон ба ҳамдигар халал нарасонанд?
Мӯҳр
ФАКАТ ХУДНАМОИ КУНАНДУ ХАЛОС БАГБОН БОГ ДОРИ ДОРАМ БЕМОРХОНА МЕРАВИ ХАМА НАРХИ ХИЗМАТРАСОНИХО ДАР ХАВО ОФАРИН РАЧАБИ МИРЗО МО БО ШУМОЕМ

И Рачаби Мирзо хамаи корра тамом кард бо ба пропка часпид. Рохи мошингузар бе пробка ва танзим хеч вакт вучуд дошта наметона.. Охи камтар пиёда гарден як раги потон хуй шава ва ба кадри ин хоку об расед чаноби Р.Мирзо. Шуморо ин ватани ободу озод ва эрка ва танбал кардай. Биё бас кн неки гузаронди... Ба фикрм дигар хичи камубиди наёфти бо ба прообка часпиди

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)