Бахшҳо
06 апр 2016 13:49Тоҷикистон / Сиёсат

Манобеи “Озодагон”: 16 ноябр - Рӯзи Пешво эълон мешавад

Манобеи “Озодагон” дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро тасдиқ карданд, ки бар асоси он бояд дар кишвар иди нав-Рӯзи Пешво ё Президент ташкил карда шавад.

Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки пешниҳод шудааст, 16 ноябр, санаи баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Рӯзи Президент ва иди нав ба қонунгузории кишвар ворид карда шавад: "Феълан санаи иди нав дақиқ нашудааст ва дар ҳоли баррасӣ қарор дорад”.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасдиқи мавҷудияти ин лоиҳа афзуд, ки дар лоиҳа иди нав ҳамчун Рӯзи Президент пешниҳод шудааст: “Аммо беҳтар аст, ки ин сана ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад, зеро Президент дар ниҳодҳои дигар, аз ҷумла дар Академияи илмҳо низ ҳаст. Аммо Пешвои Миллат як нафар аст”.

“Азия плюс” аз қавли манобеяш иттилоъ додааст, ки гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйиру иловаҳо пешниҳод намудаанд, ки бар асоси он дар кишвар иди нав-Рӯзи Президент ё Пешвои Миллат эълон мегардад: “Феълан барои эълони ид чанд сана дар назар аст. 19 ноябр, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи соли 1992 раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, метавонад Рӯзи Пешво ё Президент эълон карда шавад. Ё 6 ноябр, ки дар ин рӯз, солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аммо чун 6 ноябр рӯзи Сарқонун мебошад, аз эҳтимол дур нест, ки 5 октябр-рӯзи мавлуди Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад”.
Мӯҳр
ironi
Holo dar in ruz mardume TJ boyad chekor kunand?! Dast afshoniu poikubi? Ba'd che? Mushkele bikoriu bibarqiu bipuliro che kasi hal khohad kard? Prezident?

Бовар кунед аз ин гуна хабархо, хам шармам меояд ва хам гам!!!
Милати точикро паст назанед "депутатхо"!

Ба пеш чаноби депутатхо!! Ба суи ПОДХАЛИМИЗМ!! Барои ин коратон шуморо низ ба ягон унвони нестдарчахон сарфароз намудан лозим!!! Кучо шуданд, Темурмалику Восеъ, кучо шуданд Спитамену Шириншо Шотемур, кучо шуд он гурури сарбадорони аслии ТОЧИКИ!! Вой бар холи ин "точизмизочон" у "точикталош" и сохта

Э кандотона бзанен вакилои мардуми. Бисё масалаи мухима барраси кардед мо хама зиндагимон тенч серу пур рафтестай. Як пешво намерасид сохиди пешвомон каден идшам зарурияй неки бисё масъалаи мухим

мехмон
Ин ачиб шуд ку ! Депутатхо ё вакилон умуман аклу фаросат надоштаанд !! О президент ягон мушовири боакл надошта бошад? Ин чи бефархангию бемаданияти??
Барои ин корхо конун даркор нест. Агар раиси чумхур ё дигар мансабдор лоики хурмату иззат бошад бе карору конун дар мошинхо , дар хонахо , ва дар либосу чомхои обнуши расмашро мечаспонанд.
Каме калонсолхо дар ёд доранд, ки расми Сталинро новобаста ба мамнуъ будан дар мошинхо меовехтанд.

Бозор
Музаи пои хукумат аст депутат

Ин подхалимии шуморо мо ва наслхои оянда хеч гох нахохад бахшид.Ба грухи шумо боз итифоки нависандагон - шоирони дарбори низ дохил мешавад. Ба мисли кинохои пештара дар хузури шохон як шеъри хушомадона гуфта аз шох як халтачаи тило ё ангуштарин туфа мегиранд.

Muhojir
Magar hamin 24 sol ruzi prezident nabud?

Карим
5 октябр Рӯзи забони давлатӣ аст

Гунг.Метро.
Як рузро рузи гунгхо интихоб кунанд,намешававад?..Гунгзо хам одаманд.
Гунгии гунгии гунгии маро, хамчу гунги гунгиристон дидаи,
Гунгии гунги забонашбастаро,холие дар Точикистон дидаи?
Гунгу кар,очизу хайрлон дидаед,харфи ночое зи эшон бишнидаед,
Аз чунин хизматгароихои шоирхои давр,ман гунги гунгистон гаштаам,
Аз чунин минбаргароихои воизони шахр,боз кару гунги пушаймон гаштаам.
Шоирон гар миллатамро машхури дуне кунанд,
Шоири дарбори охир иллати дуне кунад,
Шарм аз рафтори онхо окибат гунгам намуд,
Гунг будам,кар шудам, боз фунгияку фунфунгам намуд,
Модаре бо тифлакаш худро ба даре афнанад,шоирон гуе каранд,
Сад зиеи дар паси бахсу талоши пешво,гуие,ки пайкаранд,
Тобути садхо мухочир,мотами якруза нест,мотами харруза аст,
Духтари точик фирори аз кафас,у гули якруза аст.
Фохишу ианфуруше гаштааст,у магар дарюза аст?
То, шумо пешвогарои мекунед,гунгхо зам мешаванд,
То шумо иншогарихо мекунед, сарварон он кадр бегам мешаванд.
Гунгу кархо нобиноен он кадар бисер шаванд,бисер шаванд,
Миллати номдори ман боиллату бемор шаванд,
Гунгии гунгии гунгии маро асло мадон,ин бароят чора нест,
Гарчи гунгу кар хастам,точикам,миллати бопешво бечора нест?
Лар мусобика ба пешвогуихо мо кунун миллати воло шудем?
Е якояк хар кадом шоир шуда,руи дуне миллати боло шудем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)