Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Баргардонидани домуллоҳои маъруф ба минбар то куҷо роҳи ҳал аст?

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кард. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: Баргардонидани домуллоҳои маъруф роҳи ҳал аст?


Фаридун ҲОДИЗОДА, коршиноси масоили мазҳабӣ
Шояд то андозае кумак намояд, аммо сад дар сад боварӣ надорам. Чун ҷавононе, ки ба сафи гуруҳҳои тундрав гаравидаанд, аз ин домуллоҳо сахт интиқод мекунанд. Ҳоло вақти ин корҳо гузаштааст ва лозим аст, ба таври дигар кор кунанд. Масалан, агар ин корро 5 сол пеш мекарданд, шояд муассир мебуд. Масъалаи гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро аввалан таҳлил карда баромадан лозим, ки чаро ин тур шуда истодааст. Баъди он ки мо решаҳои ин равандро маълум кардем, ки аз куҷо мебарояд, баъд фикр карданамон лозим, ки ба кадом тараф ҳаракат кунем, ба кадом самт бештар аҳамият диҳем. Соли 2001 дар Афғонистон 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби амрикоиҳо дастгир шуда ба Гуантанамо интиқол ёфтанд. Соли 2002 раисиҷумҳури кишвар дар яке аз ҳамоишҳо вобаста ба ин қазия гуфт, нақшаи муайян дошта бошед, лекин аз он вақт ҳукумати мо, созмонҳо ва сафоратхонаҳо ҳамин қадар кор карданд, вале агар хато накунам моҳи феврали соли равон Прокурори генералӣ гуфт, аз Тоҷикистон имрӯз 1094 нафар дар ҷангҳои Ироқу Сурия ҷанг мекунанд. Яъне, 4 нафар буд, ҳоло 1094 нафар шудаанд. Дар 14 сол теъдодашон қариб 260 маротиба зиёд шуд. манзурам ин аст ки корҳое дар ин самт кардем, шояд зиёдаш нодуруст буд, барои ҳамин теъдоди ҷавонон дар созмону гуруҳҳои ифротгаро кам нашуда, зиёд гардид. Бубинед, ҳукумати Ҳиндустон ҳам сари ин масъала кор карда истодааст, дар Ҳидустон, ки тақрибан 150 миллион мусалмон дорад, ҳамагӣ 7 нафар дар ДИИШ ҷанг мекунанд. Яъне, ин нишон медиҳад, ки онҳо дар ин самт сиёсати бисёр дурусту пешрафтаро истифода бурдаанд, ки шаҳрвандонаш ба ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ напайвастаанд.

Абдуқодир РУСТАМ, нависанда
Воқеан мавъизаи руҳониёни доно ва огоҳ аз пешрафти башар ва мутталеъ аз илми рӯз метавонад барои поктар шудани ахлоқи ҷавонон, огоҳии бештари онон аз исломи суннатии мо, ки ҳамон мазҳаби Имоми Аъзам аст, мусоидат намояд. Аз ин тариқ то ҳадде аз ифротишавии ҷавонон низ пешгирӣ мешавад. Вале ин тасаввур, ки фақат бо бозгашти дубораи руҳониёни маъруф метавон пеши роҳи гироиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротии мазҳабиро гирифт, содаангорӣ аст. Ин амр бештар ба сиёсатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию мазҳабии давлат марбут аст.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, таҳлилгар
Ин пешниҳод мавриди қабул мебошад, лек ин як роҳи ҳалли масъала буда, барои ҳалли пурраи он бояд омӯзиши на танҳо дини Ислом, балки таърихи динро дар мактабҳо ҷорӣ намуда аз сафи хатмкунандагони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон омӯзгорон омода намуд. Зеро танҳо бо омӯхтани як мазҳаб аз байн бурдани ифротгароӣ, тарки мазҳаб ва дигар омилҳои гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳоро аз байн бурда намешавад. Бояд ҷавонон, аз таърихи динҳои осмонӣ (масеҳӣ, ислом, яҳудӣ...) аз таърихи пайдоиши мазҳабҳо шинос бошанд ва таҳаммулпазирӣ байни мазҳабҳоро омӯзанд.

Мӯъмин АҲМАДӢ, хабарнигор
Воқеан, Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ба руҳониёне, ки дар ҷомеа нуфуз дошта, ба манфиати дину давлат хидмат кунанд, ниёзи зиёд дорад. Дар аксари давлатҳои дунё руҳониён хидмати давлатҳои миллии худро мекунанд ва бештар ҳарфҳоеро ташвиқ мекунанд, ки ба манофеи миллии ҳамон кишвар равона шудааст. Дар Русияву Амрико раҳбарони руҳонии динҳои гуногун, чӣ мусалмону насоро ҳамагӣ дар хидмати давлатанд. Дар Арабистону Покистону Эрон, ки давлатҳои мусалмонианд, дин ба давлат хидмат мекунад. Ҳоло аксари имомхатибоне, ки мо дар масоҷид дорем, мутаасифона миёни ҷомеа нуфуз ва эътибори зиёд надоранд. Воқеан ҳоло мо бояд руҳониёнеро, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд ва ақоиди диние доранд, ки ба давлатдории миллии мо созгор аст, ба сари минбар биорем.

Саъдӣ ВОРИСОВ, коршинос
Баъид медонам, ки оқои Ҳоҷӣ Мирзо ва воъизони таъсиргузори дигар ба минбарҳо баргардонида шаванд ва агар ҳам баргарданд, даъваташон мисли собиқ нахоҳад буд. Яъне минбарашон он гармӣ ва таъсири собиқаро нахоҳад дошт, ки ба муҷарради аз минбар поён шудан дискҳояш дар фурӯш бароянду дар ҷумҳурӣ ва берун аз он тақсим шаванд. Он сабу бишкасту он паймона бирехт. Аммо агар оқои Ҳоҷӣ Мирзо бихоҳад фикр мекунам садояшро метавонад расонидан. Чанде қабл Юсуф Раҳмон, додситони кулл дар мусоҳибааш бо “Ҷумҳурият” ишора карда буд, ки 85 дарсади сарбозгириҳо барои “Давлати Исломӣ” дар миёни муҳоҷирони мо дар Русия рух медиҳанд. Пас он ҷоро бояд муҳкам гирифт. Агар Ҳоҷӣ Мирзо Русия бираваду дар миёни ҷавонон кор барад, фикр намекунам монеае дар кораш бошад. Қаблан ҳам рӯҳониён сафарҳои зиёде доштанд ба он диёр.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Бо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар робита ба баргардонидани руҳониёни суннатӣ, имомхатибоне, ки равшанфикру уламои донишманду ҳақиқатгӯй ҳастанд, сад дар сад мувофиқам. Зеро имрӯзҳо ба ҳар гуна равияву созмонҳои террористӣ ба мисли Салафия, Ваҳобия, ДОИШ, “Ал- Қоида”, “Толибон”, “Ансоруллоҳ” ва ғайраҳо пайвастани ҷавонон ва бархе занон, ин надонистани аҳкому аркону талаботи дини Ислом мебошад. Барои ҳамин чунин зарурат пеш омадааст, ки мо донишмандону муллоҳои суннатиамонро барои корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба минбари масҷид барорем. Барои фаҳмонидани ҷавонон оиди ботил будани ДОИШ аввалан илми мукаммал, мардонагиву нотарсиву равшанфикрӣ ва баъдан обрӯи имом-хатиб бояд баланд бошаду дар ҷамъият эътирофшуда маҳсуб шавад.
Мӯҳр
Ана ин буд матни пурраи ман дар фейсбук хам хаст !!!Оиди маколаи Хочи Мирзо Ибронов маъруф ба Домулло Хочи Мирзо нисбати баргардонидани Рухониёни суннати масъалан Худи Хочи Мирзо Эшони Нуриддинчон домулло Абдуррахии Домулло Нуъмонхон ва имомхатибоне ,ки равшанфикру уламои мутадаййину хакгуй хастанд сад дар сад тарафдорам . Зеро имрузхо ба харгуна мазхабу равияву гуруху хизбу созмонхои тундраву террористиву ифротгаро масалан салафияву вахобияву шиаву такфириву мадхаливу хаворичиву ДОИШУ Ал- Коидаву Толибону Хизбуттахриру Чундуллохи Ансоруллоху ва гайрахо пайвастани чавонону бархе аз занон ин надонистани ахкому аркону талаботи дини Ислом мебошад . барои хамин зарурат пеш омадааст ,ки мо Донишмандону муллохои суннатиамонро ба миндари масчид барорем. шахсан ман мехостам ба симмати раиси шурои уламои Точикистон ба чои Домулло Саидмукаррам эшони Махмудчон бародари хурдии Эшони Нуриддинчон таъин шаванд зеро ин шахс пайрави хакикии мазхаби Имоми Аъзам (Абуханифа ) мебошанду аз илми акидаву фикху тафсиру хадису сира хеле дониши васеъ доранд . Худованд дар китоби самовиаш мефармояд "Кул хал яставиллазина яъламуна валлазина ла яъламун " Бигу Эй Мухаммад (с ) оё баробаранд ононе .ки медонанд ва ононе ,ки намедонанд ..... харгиз бародар нестанд . Мухаммади Газзоли дар Китоби Эхё ул улум дар боби Китоб -ул илм аз Ибни Аббос хадис меоранд " фарки олиму варки чохил 700 дарача мебошаду байни хар як дарача 500 солина рохи аспи даванд . Барои фахмонидани чавонон оиди ботил будани ДОИШУ ва амсоли ин гуна хизбу созмонхо аввал илми мукаммал сониян мардонагиву нотарсиву равшанфикриву солисан гаргузарову обруи имом хабит бояд баланд бошаду дар чамъият эътироф шуда махсуб шавад ба мисоли Хонадони Эшони Турачонзодахо Домулло Хикматуллох ва Эшони Хочи Мирзо ва илло руз то руз сафи тундравхо бар Точикистон ва берун аз он зиёд гардидан мегирад . Дар охир ба чавонону шахрвандони Точикистон гуфтаниам аз пайвастан ба хама гуна мазхабхову хизбу созмонхову харакатхо ба мисоли Салафияву Хизбуттахриру ДОИШУ гурухи 24 -25 -26 ё мазхаби ботилаи шиаву ё гурухи Ватандору диигару дигар худдори намуда бахри ободии Ватану Давлату Миллатва саодатмандии дину дунёву ахли оилаашон кушишу гайрат намоянд !!!!

рахмат барои маслихататон Фарходчон саломат бошед !!!

Бародарон! Холо ягон сухани холи ба дарди мардум даво намешавад. Чунки мардум аз сиёсати пешгирифтаи хукумат дилсард хастанд. Агар аз пиру чавони точик пурси, дар сарашон як андеша аст. Бо тамоми рохо чахди аз Точикистон баромадану шахвандии дигар кишварро гирифта зиндаги кардан аст. Хукумат дар чашми чавонон ояндабиниро куштааст. ..

ба миргиёс
ба Кухистони хамфикрам, дуруст мегуяд, умеди на танхо чавонон балки аз хама мурдааст. сиёсати иктисоди ва сиёсии дохили дар кишвар бо харду по мелангад, хусусан иктисодияш. имконияти сохибкориро куштаанд. аниктараш имконият намедиханд, ки аз круги худашон берун касе тичорати мувафак дошта бошад. тичоратат каме боло рафт, дарав мешиканандат. аммо дар мавриди Миргиёс, баргардондан ва имконият додан ба муллохои номбаркардаат ба минбар ЧИНОЯТ аст. дар таърихи 25 соли охири Точикистон, 2 маротиба ба муллохо имконият дода шуд, дафъаи якумаш зиёда аз сад хазор точикро курбон кард. ин ки мегуем кори дасти узбакхову русхо буд дуруст, аммо мулохои харду чониб дар хидмати хамин узбакхову русхо буданд, хам аз вофчикашу хам аз юрчикаш. ин як чинояташон. чинояти дуюм аввали солхои 2000 огоз ёфт, ки хукумат хам ба ин чиноят имконият дод ва хамчавобгар аст. хосили ин чиноят ана хамин ифротисозии чавонон аст, ки кори дасти хамин муллохои дар боло зикркардаат хаст. инхо як бам сохтаанд, ки худои нахоста битаркат, ин дафъа сад хазор нею миллион курбони медихад. ними точикро ифроти кардаанд, инхо дар хуни нисфи дигараш ташнаанд. мухим ин БАМро безарар бояд кард.

давомаш: пеши рохи гап задани ин мулохоро ки гирифтааст? агар гап дори мархамад, интернет, фесбук ютуб... барнома созед пахш кунед, бинем ин дафъа максад чист. имруз дунё аз технология истифода мекунад, минбари ин замон интернет аст. чаро дигархо метавонанд барнома пахш кунанд дар интернет ва дар хафта то 50-60 хазор бинанда доранд, аммо ин мулло танбалхои мо наметавонистаанд? инхо метавонанд, аммо намехоханд. инхо мехоханд дар масчидхояшон ду се хазор одам чамъ кунанду магзшуи кунанд. мухимтар аз хамааш ПУЛ аст, ки хар кадоми инхо дар сандукчаи "зулбиё" пул андозанд. дар барномаи интернет сандукча нест,

Иброн
Хочи кори худаша кунад. мАрдумро хамин хочихою домуллохо сарвайрон кардаанд.Хеч гох дигар онхоро ба минбархои баланд набояд рох дод.

Антирошидин
ТО ДАМЕ КИ ИСЛОМИ ХАКИКИ дар ЧАХОН ПОЙДОР НАШАВАД МУСАЛМОНХО АЗ НОФАХМИ ВА АЗ БОЛО БУДАНИ АКИДАИ ХУД НИСБАТ БА ДИГАР МУСАЛМОНХО ЯКДИГАРКУШИ МЕКУНАНД !!

Э мехмон исломи хакики хеч вакт набуду намешавад зеро тамоми чиноятхое ки имруз мебини инхо аз рошидин ёд гиритафанд ва аз рохнамои рошидин

Бародарон ман алхамдулилох мусалмон хастам ва панч вакт намозамро мехонам. Олимони исломро дуст медорам, аммо ин мулохои Точикистон солхои охир бовар кунед дар назарам шум шудаанд. Надидам мулоеро, ки аз паси шикам ва кисаашон, дигар фикр кунанд. Онхо хамчунон бо истилох наглий шудаанд, ки барои нафс хато шармро фаромуш кардаанд. Таги ин солхо мардум аз дин хабардор шуданд, холо ин мулохо мегуфтагиро кариб хамаашро медонанд. Бародар рост гуфтанд. Метавонанд тарики интернет низ амри маъруф кунанд, боке нест. Надидам, ки онхо дар ягон маъракаи камбагалон иштирок кунанд. Пулдор чи навъ пулро меёбад барои онхо фарк надорад харому халол барои онхо вучуд надорад. Гур сузаду дег чушад шиорашон шудааст.

Шохнома
Эй маргпарастон, бипажухидаму дидам, Хар дин ба Худо рох барад исломи шумо на,

Санчидаму дидам ки нишоне зи такомул, Ахкоми Нерон дораду ахкоми шумо на

Антиифроти
,Ба хочи Мирзо гуфтанием,ки рафта мисли дигарон мехнат кун, бо пули мардуми точик , сохиби хонаву мошининхои дабдабанок расиди. То вакте,ки ту сухан намегуфти хама тинч буду ягон кас ифроти нашуда буд. Сабаби асосияш ба шумо барин нимчамуллохо Хукумат бовар карда , минбар доданд. Ба фикрам пулат кам шуда истодааст. Бас кунед , рохи шумо боз мардуми точикро ба чанги шахрванди оварда мерасонад.

Кавг
Ин "домуллохо" ягон савод надоранд, аз онхо пурсон шавед ки дар кучо илм омухтед? Бовари дорам ягонтои онхо савод надоранд, дар фикр факат аз халк чи тавр бисёртар пул канем

Салом ба хама.
Ин пешниходи бисёр хуб аст вале таъсири дилхохро дода наметавонад. Чунки дар баробари гизои маънавию маърифати боз гизои модди ва ичтимои низ лозим аст. Ин гайри имкон аст вакте, ки як нафар бе чойи кору бе ягон даромади молияви дар масчид нишаста 24 соат маъвиза гуш кунад.
Он чавононе, ки ба сафи гуруххои тундрав шомил мешаванд, хамаашон аз кишри камбизоат ва мухточи дастгириан. Ягон маротиба нашудааст, ки як бойбачае, ки зиндагиаш хуб асту тамоми шароити лозимиро дорад, ба сафи чунин гуруххо пайваста бошад. Шояд бошад, вале онхо ба ин кишр дохил нестанд. Онхоро ноадолатихои макомдорони имрузаи точик (андоз, суд, прокротура, корхои дохили) ва ришваситонии бамавриду бемавриди онхо ба ин рох бурдааст.
Хукумат бояд ин гапхоро монда, аз паси таъсиси чойхои нави кории хакики шаван, на чойхои корие, ки макомдорон барои хисоботдихи ташкил мекунанд.
Ана дар хамин сурат пайвастани чавонон ба ин харакату гуруххои мамнуъ вокеан кохиш меёбад. Дар акси сурат агар Хочи Мирзову Эшони Нуридин он тараф истад, имомхатибу шайххои номдортарини Маккаву Мадинаро хам ки даъват кунанд, фоида надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)