Бахшҳо

ВКД: Номи милисаҳоро намегӯем, обрӯяшон мерезад...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифшои номи 4 милиса, ки барои таҳқири иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе ҷазои интизомӣ гирифтаанд, худдорӣ кард.

Аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба дархости "Озодагон" барои эълони номи милисаҳое, ки ба таҳқиру латтукӯби ноболиғон даст задаанд, посухи рад доданд: "Ин афрод ҷазо гирифтанд ва хоҳиш намудаанд, ки барои нарехтани обрӯяшон миёни мардум номҳояшон эълон нашаванд".

Рӯзи 25-уми май Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо гузашти 10 рӯз аз қазияи марбут ба ҷашни рангҳо ё Ҳолӣ расман онро шарҳ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар пайи баррасии қазия як корманди пулис аз мақом барканор шуда, се тани дигар танбеҳ гирифтаанд. Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, 15 майи соли равон ширкати “Дели – Дарбанд” дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти “Динамо”-и ВКД дар варзишгоҳи Спитамен ҷашни Ҳолиро созмон дода, қабл аз анҷоми он “руйю мӯй ва либосҳои ҷавононро ранг карда, намуди зоҳирии онҳоро даҳшатангез намуданд”.

Ин ниҳод мегӯяд, бо вуҷуди он ки кормандони милиса онҳоро огоҳ намудаанд, ки бо чунин намуди зоҳирӣ дар кӯча ҳаракати оммавӣ накунанд, аммо баъди анҷоми ҷашнвора 40-50 наврасу ҷавон “бо сару рӯй ва либосҳои бетартибона рангкардашуда, дар ҳудуди театри “Лухтак”, хиёбони Рӯдакӣ кӯчаи Бухоро ва гирду атрофи он ҳаракат карда, ба қисмати роҳи нақлиётгард баромада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд”.

Дар иттилоия омадааст, ки баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон дар мавриди “гаштугузори ҷавонони шубҳанок” 48 нафар бо шумули 31 ноболиғ ва 17 ҷавон боздошт гардида ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шудаанд: “Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва суҳбат бо волидони дастрасшудагон, онҳо ҷавоб дода шуданд. Чораҷӯӣ ва амали кормандони милитсия тибқи талаботи қонун буда, пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонист боиси ноҷӯрӣ ва бетартибӣ гардад”.

Дар идома ВКД мегӯяд, “бинобар дағалона рафтор намудани кормандони милитсия, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД, нисбати 4 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ аз ҷумла 1-нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд татбиқ карда шуд”.

ЭЪТИЛОФИ ЗИДДИ ШИКАНҶА ХОСТОРИ ТАҲҚИҚИ ВОҚЕИИ ҚАЗИЯИ “ҲОЛӢ” ШУД

Шарҳи расмии ВКД дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 25 май Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ алайҳи шиканҷа бо нашри як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостори таҳқиқи сареъ ва воқеии амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудаанд, ки иштирокдорони ҷашни “Ҳолӣ”-ро боздошт ва эҳтимолан латту кӯб кардаанд. Дар изҳорот Эътилоф аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, бино ба хабарҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони пулис беш аз 100 иштирокчии ҷашни рангҳо – Ҳолиро, ки миёнашон ноболиғон ҳам будаанд, боздошт ва дар шӯъбаи корҳои дохилӣ онҳоро дашному таҳқир кардаанд.

19 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шуд, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латту кӯб ва дашномдиҳии иштирокдорони ҷашни Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст. Ин навор сабаби баҳсу мунозираҳои зиёде дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа эълон кард, омодааст барои ҷабрдидаҳо маслиҳати ҳуқуқӣ бидиҳад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон низ гуфт, ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардааст. Раҷабмоҳ Бадриддинова, раҳбари ин ниҳод 19 май ба “Озодагон” гуфт, ба пайгирии ин ҳодиса машғуланд. Ӯ афзуд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ирсоли муроҷиатнома унвонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хостори санҷиши қазия шудааст: “Гуфтем, санҷиш гузаронанад. Асли қазияро муайян намоянд, агар нақзи ҳуқуқ ҷой дошта бошад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад”.

Ахиран, хабар расид, ки Раёсати амнияти дохилии вазорат ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар ин ниҳод гуфт, ҳоло се нафар корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ бозпурсӣ мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳанӯз рӯзи 20-уми май дар як ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз рух додани чунин як ҳодиса ҷиддан нигаронӣ карда, ба тафтиши он супориш додааст. Вазир гуфтааст, корманди милиса бояд дар чорчӯбаи қонун ва ахлоқ бо қонуншиканон рафтор кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе 24 май дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба ин қазиядахолат карда, гуфтааст, дар робита ба ин мавзӯъ бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар тамос шуд ва қарор карданд, милисаҳое, ки дар ин қазия даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд: “Миллисаҳои гунаҳкор ҳатман ёфт ва муҷозот мешаванд”.
Мӯҳр
Нисбати онхо барои чи огохи ва аз кор рондани як нафар. Барои чи ба махкама нарафтанд?

мехмон
Албатта милисахо кори дуруст карданд , ки пеши рохи чунин бегонапарастиро гирифтанд. Аммо милисае ки тахкири модар ва худи духтари ноболигро кардааст бояд чазо гирад. Хатман ному насаб ва рутбаву вазифааш ба хама маълум шавад.
Нисбати ин иди Холи чунин гуфтаниям , ки бояд ичозатномаи гузаронидан надиханд !
Ин чо мо ба оташи тундравону ифротгароёни салафи равган мерезем ва онхо тагриби будпарастии чомеаро бахона мекунанду тарафдорони зиёдеро ба худ чалб .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)