Бахшҳо

Росбалт: Ҳоҷӣ Ҷаббор ва Самад-“доляситонҳо”-и нав аз муҳоҷирон дар Русия

Манобеъ дар пулиси Русия мегӯянд, дар пайи муноқишаи маргбори “Хованское” бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи этникӣ аз ҷониби роҳбарият мавриди интиқоди шадид қарор гирифт ва феълан назорати минтақаҳои ҷамъшавии муҳоҷирони меҳнатӣ зери назорати пурзӯр қарор гирифтааст.

“Росбалт” аз қавли манобеаш дар пулиси вилояти Маскав мегӯяд, назди кормандони оперативӣ вазифа гузошта шуд, ки ҳамаи ҳаводис дар иншоотеро, ки муҳоҷирони меҳнатии зиёд аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд, зери назар гиранд. Ба иттилои манбаъ, дар пайи омӯзиш маъмурини пулис муайян кардаанд, ки вазъ дар бархе аз бозору марказҳои савдо, махсусан дар минтақаи “МКАД” ва “Люблино” муташанниҷ аст, зеро “ҳақситонӣ”-ҳои ғайриқонунӣ афзоиш ёфтаанд: “Якбора зиёд шудани ҳаҷми ҳақситонӣ боиси норозигии ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатӣ шудааст, ки қисмати зиёди музди худро ба ҷинояткорон медиҳанд”.

Юрий Вершоев, муаллифи ин матлаб аз қавли манобеаш навиштааст, ҳақситонӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозору марказҳои савдо дар пайи созиши сохторҳои ҷиноӣ бо раисони бозорҳо роҳандозӣ шудааст: “Аз ҷониби олами ҷиноӣ ин равандро “дузди қонунӣ” Олег Михаелян бо тахаллуси Олег Ашхабадский назорат мекард. Ӯ ба ҳайси нозир Шуҳрати тоҷик, ки миёни муҳоҷирон нуфуз доштааст, таъин намудааст. Шуҳрат дар навбати худ барои пуштибонии ҷисмонӣ Мустафо, собиқ фармондеҳи яке аз воҳидҳои махсуси қудратии Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Ҷамъоварии бевоситаи маблағ ба дӯши Ҳоҷӣ Ҷаббор ва Ҳоҷӣ Самад, бригадирҳои аробаю боркашҳо вогузор шуда буд”.

Ба иттилои манобеи “Росбалт”, бо мурури замон нақши ҳоҷиҳо Ҷаббор ва Самад дар ҷамъоварии маблағҳо афзоиш ёфт ва онҳо мустақилтар шуданд. Бо роҳбарони бозору марказҳои савдо робитаи мустақим барқарор карда, ҷамъоварии маблағҳоро ба дасти худ гирифтанд.

Вершов навиштааст, чанде қабл Мустафо ба ҷони худ хатарро эҳсос карда, дар вилояти Кострома хона харидааст: “Аммо ним сол пеш бо зарби 14 тир дар пеши дари хонааш кушта шудааст. Баъдан Шуҳратро низ дар ноҳияи Домодедова парондаанд”.

Юрий Вершов таъкид намудааст, ки дар аҳди Ҳоҷӣ Самад ва Ҳоҷӣ Ҷаббор ҳаҷми ҳақситониҳо афзоиш ёфт, ки ин норозигии муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд овардааст: “Афродеро, ки норозигӣ баён мекунанд, латтукӯб мекунанд, аз ҷои кор меронанд”.

Манбаи “Робалт” ҳушдор додааст, ки бархилофи муноқишаи “Хованское”, ки садҳо иштирокчӣ дошт, дар муноқишаҳои нави эҳтимолӣ сухан аз ҳазорҳо афроди норозӣ меравад.
Мӯҳр
Хочи Чабор ва Хочи Самад инхо аз нохияи Рудаки собик Ленинский, кишлоки Оли-Совет мебошанд, онхо баъд аз чанги шахрвандй ба Маскав Русия фирор карда буданд.. Дар асл онхо сазовори номи Хочиам нестанд,Бар зами ин мана бо фахмидем, ки бар сари мухочири камбагал низ зулмат меовардаанд! Номи Хочи-ро хам харром кардед!

тоҷик
Мустафо ай чорбоғи н,варзоб яксол пеш ай турма озод шуд ҳаму боша агар дар суғд чи вазифаи давлатидай

Мухочир,
амин,

Хочи Самад бо Мумин ном хамрохаш хуни хазорхо точикро дар ТЦ Москваи Люблино хушк кардаанд. Вакти он расидааст,ки органхо уро ба дор кашанд.Аз чунин хочи дида шаробхурии беозор хуб аст. Хочи Самад як шахси бесавод аст.

Хочи Самаду Чаббор 20 сол зиёд шуд, ки хуни мухочирони точикро худи курпаша барин макида гаштаанд, нисбати хамватанони худ ягон рахму шафкат надоранд, барои пулу мол шуда на танхо хамдиёрони худро мефурушанд, балки зану фарзандашонро ба савдо мемонанд, онхо хушомадгуй ва сагбачахои еврейхо хастанд. Макомоти хифзи хукуки Точикистон онхоро бисёр хуб мешиносанд, хар як сафари кориашон ба Москва мехмонони оликадри хочи Чабору хочи Самад мебошанд, хурчиношона пури доллар карда ба Точикистон гусел мекунандашона, пас ки тарафи мухочири пойлуча мегирифта бошад??? Дар Точикистон ин хочиёни хунхури мухочирора боз хамон кормандони боломакоми хифзи хукук бо тантана аз трапи самолёт пешвоз мегиранду пеши пойхошон дорожка мепартоянд... Вой бар холи мухочири Точик, азоби асосии мухочир аз дасти хамватанонашон хаст ва бо ин рафтори кормандони хифзи хукук иншоолох боки мемонад... Номус доштан даркор, бародарони азиз, охир зурамон ба дигарон намерасад-ку..... Озодагон, озод боши чоп кун, то ягон Точики баномус пайдо шавад, ки ин хочиёра саришта кунад.... Илтимом чоп кун

Ээээ айба намедонен ика дуруг менависен озодагон???? Хами Хочи Самад точикора да Москва сахт дастгири мекунад шери нарай ай Худо битарсед тухмат накнен ма шахсан 4 сол да бозори Люблино кор кадам аробакаш Хочи Самад точикора дастгири мекунад масъалаи арендаи ароба ин да точикистонам хаст да тамоми бозорхо хаму аробакашхо пули арендара медиханд баъд дуюм ин ки одамон барои чои кор дар бощори Люблино дар очерадь местан ки чои кор холи шавад то дигаре кор кунад ... Хочи Сама шери нарай озодагин чоп кун удалит накн

Аввал Салом, баъдан мурочиат ба Хабаргузории Озодагон хохишмандам, аввал як чизро хуб дарк кунед баъдан нависед, Шумо дар бораи Лутфулло сад дар сад дуруг менависед чунки вай доимо миллати точикро дуст медорад агар тонад кумак мерасонад агар Шумо аз худои таъоло тарсед "Ба номи Оллохи мехрубон" вай дар хонаи ичора мешинад, ягон хонаи шахси надорад факат аз падар мондаги як хонаи дар Душанбе дораду халос, лекин доимо хамин шахсро тухмат мекунанд, касе тухмат мекунад ишоолох ба тухмати худо гирифтор мешавад.Мардуми точики мо баъзеашон хубиро намедонанд, миллати худашонро паст мезананд каме хам бошад аз худо тарсед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)