Бахшҳо

Баҳси берунидинӣ: Як каф дуо ба ҷои “як дақиқаи хомӯшӣ”!?

Иршод Сулаймонӣ

Дар Тоҷикистон зери таъсири фарҳанги болшевикӣ ва русӣ, ки аз даврони шӯравӣ ба мерос мондааст, дар ҷаласот ва сутуҳи расмӣ бо наҳваи эҳтиром ба шахсияти касе, ки дар ин ё он замина хадамоте анҷом додааст, баъд аз маргаш “як дақиқаи хумӯшӣ (сукут)” баргузор мешавад. Дар ҳамин авохир баъди даргузашти Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури собиқи кишвар ҳам ҷаласаи рӯзи 9-уми июни Парлумони кишвар бо “як дақиқаи хомӯшӣ” оғоз шуд. Мо дар худии худ ба ҳамин “як дақиқаи хмӯшӣ” ҳеч мухолифате надорем, бигзор, ки барои ҳамеша хомӯш бимонанд, вале аз канори анъана ва суннатҳои диниву мардумӣ рад шудану кадом як анъанаи номафҳуму номушаххасу бемантиқеро пайгирӣ кардан мояи нигаронист. Ин одат дар тамоми идороти расмии Тоҷикистон маъмул аст ва ҳатто ҳамасола дар Рӯзи озодии баён – 3 май дар Тоҷикистон низ ҳамкасбони гиромии мо рӯҳи рӯзноманигорони қурбоншударо бо “як дақиқаи хомӯшӣ” гиромӣ медоранд ва маълум нест, ки рӯҳи онҳо “гиромӣ” мешавад ё не. Ҳамеша дар ин лаҳзот ҳастанд касоне эътитроз мекунанд, ки чӣ даркор ҳаст ҳамин “хомӯшӣ”...

Баъди ҳамин “як дақиқаи хомӯшӣ” аввалин суоле, ки дар зеҳн халқ мешавад ин аст, ки оё ҳамин маросим барои мо зарур аст?

Агар посухро бидуни шарҳ бинависем ин тур мешавад: Агар мо маросими худиро барои поси руҳу арвоҳи гузаштагон намедоштем зарур буд ва чун дорем зарурате нест.

Ва агар шарҳ бидиҳем:

Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ҳол он ки “як дақиқаи хомӯшӣ” асолатан реша дар шакли ибодати квакерҳо дорад. Дар як кишвари мусалмонӣ ва он ҳам кишваре, ки аз шоҳ то гадояш худро мусалмон меҳисобанд ва 1300 сол аст, ки ин ҷо Ислом ҷузъи бисёр муҳими фарҳанг ва асоси бовару эътиқодро ташкил медиҳад, сарфи назар кардани маросими динӣ (ва ҳамин тур мардумӣ) пеш аз ҳама беэҳтиромӣ ба дине ҳаст, ки бовар дорем. Пешопеш бояд бигӯям, ки “як дақиқаи хомӯшӣ” зотан ва абадан рабте ба давлати дунявӣ (секулор) будани Тоҷикистон надорад.

Таърихи падид омадани “як дақиқаи хомӯшӣ” ба тариқи зайл аст. Соли 1919 рӯзноманигори устролиёӣ Эдвард Ҷорҷ Хани дар Рӯзи мусолиҳа бо як нома ба рӯзномаи “The Times” пешниҳод карда буд, ки ба хотири қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии аввал 5 дақиқаи хомӯшӣ роҳандозӣ шавад. Баъдҳо 5 дақиқа бисёр тӯлонӣ намуд, ки онро ду дақиқа карданд ва акнун 1 дақиқа шуд. Одатан ин гуна маросим ба хотири қурбониёне роҳ андохта мешавад, ки ҷони худро бар асари фоҷиае аз даст дода бошанд.

Дар Тоҷикистон дар доираҳои расмӣ зери таъсири болшевикҳо ва ҳукумати шӯравӣ, ки расман динро эътироф намекард “як дақиқаи хомӯшӣ” ҳамчун шакли мудернтар ва ғайридинитари пос доштани хотираи шахсиятҳо пазируфта шуда буд, ки бо вуҷуд гард-гард шудани болшевикҳо нопадид шудани шӯравӣ ин маросим ҳанӯз побарҷост.

Хулоса. Ҳоло Тоҷикистон як кишвари мусалмонист. Тамоми акобиру ашрофини давлати мо ба ислом пойбанданд. Пойбанд ба он маъно, ки то кунун касе аз онҳо нагуфта, ки мусалмон нест. Дар дигар мақом ва сатҳҳои расмӣ низ мусалмонон кору пайкор мекунанд (инҷо касоне, ки ғайримусалмон ҳастанд дар назар гирифта нашудаанд ва ин дархости мо марбути онҳо ҳам намешавад). Ҳамагии ҳаминҳо дар хонаводаҳои худ ва дар доираи авлоду аҷдоди худ агар ҳодисаи маргу мурдан шавад ва кадоме аз наздиконашон бимирад, ҳатман бар асоси расму русум ва суннатҳои исломӣ онро ба хок месупоранд ва барои карру фарри худро нишон додан низ ҳафтаҳову моҳҳо хатми Қуръону дуову фотиҳахонӣ низ мекунанд. Вале чаро онҳо дар идороти расмияшон намехоҳанд, ки хотир ва руҳу арвоҳи мурдагону гузаштагонро бо якчанд ояи Қуръон шод кунанд?! Суолест, ки посухашро наёфтаем.

Агар далел ин бошад, ки Тоҷикистон як кишвари дунявисту баргузор кардани маросимҳои динӣ дар идороти расмӣ ҷоиз нест, ин мавзуъ вориди ин баҳс намешавад, зеро “як дақиқаи хомушӣ” унсури хоси давлати дунявӣ ҳам нест. Дар давлати дунявӣ давлат танҳо бо инсонҳои зинда сару кор дорад ва агар бо ҳазл бигуйем “масъалаи мурдаҳо марбути давлатҳои секулор нест”. “Як дақиқаи хомӯшӣ” дар худии худ як навъи маросими динист ва чаро чунин як маросим вориди идороти расмӣ шудааст ва ҷоиз аст, вале ба хотира ва руҳу арвоҳи гузаштагон бахшидани як каф дуо ва қироати чанд ояе аз Қуръон ҷоиз набошад. Дар давлати дунявӣ ҳам ба бовари мардум эҳтиром гузошта мешавад.

Хулосаи хулоса. Тоҷикистон, ки як давлати мусалмонист бояд ба хотири эҳтиром ба анъана ва суннатҳои эътиқодиву бовари мардумаш аз “як дақиқаи хомӯшӣ” даст бикашад ва агар қарор аст, ки дар ин давлат хотираи касе дар сатҳи расмӣ пос дошта мешавад, чӣ хуб аст, ки он бо ояе аз Қуръон пос дошта шавад. Зеро дар ин кишвар касе аз мусалмон будани худ шарм накардааст ва мусалмон будан ҳам мояи нанг нест, балки шараф аст.

Вақте мансабдорони мо ба таври расмӣ ва хонаводагӣ ба зиёрати Кабаътуллоҳ мераванд ва аз ин ифтихор ҳам мекунанд ва дар суханрониҳои расмии худ борҳо ва борҳо мегӯянд, ки “алҳамдуллилоҳ мо мусалмонем” пас зарурате нест, ки як дақиқа хомӯш бошем, зеро мантиқе надорад.
Мӯҳр
Озодагон ! чаро вакте сухан зиди мансабдорони хукумати гуфтамешавад шумо чопаш намекунед? Ё ин сомонаи шумо факат барои танкиди хамон чор нафарои фирориву зиндони аст...?

Одам
О меги ки ананаи мусалмони нестай, аммо худут галастуки сурха дар гардан печондай ку? Ай худут сар ку, бкаш бруку кастума, бра ба кор бо эзору челак, ба гап зани мезеба.

Идрис
Хуб фикри акои Иршодчон ачоиб вакте мо дар давлати демократием набояд фархангамонро аз даст дихем акои иршод фикри хуб кардан ман ба мардуми шарифи кишварам мегуям ки агар мехохан шахсони зиеиву маорифпарварро бинанд пас дар чехраи Иршодчону амсоли иршод бинанд зеро вокеан тахлили хуб кардаанд

коммунистоне ки дар сари кудрат хастанд дар точикистон синнашон ба пири расид...навгонихо аз пеш аст.

Ту чиҳо мегӯи он суханҳое ту мегӯи ин моли мусалмонии шумост на аз исломи пок эй хакатхоҳ! охир ту барин мусалмонони забони бо ҳамигуна корҳо машғул аст.Ба Худо қасам вақте дар ягон маҳфил иштирок мекуни ту худатро мусалмон нишон медиҳи аммо дар асл ту фитнагар ҳасти ту нисбати ки сухан гуфтанатро медони ё халқро мисли худат кӯрсавод фикр дори.эй бесавод ислом мегӯяд ошкоро мегӯяд ва аз тарафи шахсони воқеи ин суханҳо мебарояд ки мо онҳоро ҳам мешунавем ҳам мешиносем на ранги ту ки инҷо номалум ҳарф мекуни ту ки ҳасти барои Худованд маълум Иншоаллоҳ рӯзи қиёмат туро хоҳам шинохт.бишнав ислом чи мефармояд:"Арақ нанӯш"Зино накун"Дуруғ нагӯ"Хиёнат накун"Дузди накун"Пора нагир"Фосиқ Нашав"Некхоҳи мардум бош то метавони хайру садақа кун кибру ғурур накун"Даюс нашав"то метавони илм биомӯз"талаби илм ба марду зани мусалмон воҷиб"аз гавҳора то гӯр дониш биҷӯ"фанатизм он шахсеро мегӯяд ки фирефтаи дунёшуда аз ҳавою ҳавас сухан мекунад"Аммо рӯзе мешавад вой бар ҳоли ту!Озодагон ба Ҳурмати Озодии сухан чоп бикун.

Dev
Domullo Irshod, az pasha fil sohtan hub est. Mo tojikoni begururro 4 marotiba dinamon "hadya kardan".Mardume,ki dinro bo dilash, bo kalbash meshinosad zuran dindor karda nameshad.Vale mo tojikon istisno.Vale YAk dakika homushi fahmotar ast nisbati vozhahoi arabi.
Dakika homushi manъ, orkestri simfoni manъ, balet manъ, raksi rui yah manъ...hush omadi Afginistoni 2. Irshodboy, ba hotiri hub budanat nazdi fanatikhoi arab ,ba har temahoi durushti nochiz dast nazanu behtarash nohub mon chun tojiki hakiki!!!

ростгу
сулаймон магар дигар кор надори ки мардуми мусалмони точика ба бидъату хурофот даъват мекуни. Оё расулуллох, ин корро кард ки ту мекуни. Ман туро шиаи к,абрпараст х,оло нагуфтам. Бидъату хурофоти комунистои бедин кам аст , ки боз дигар бидъати нав миёри.О ту олими исломи набоши рав аз паи журналистии худат шав.

Иршод мардумро гумрох накун, бидуни ин хам мардум намедонад аз пайи ки биравад. Агар мусалмони дар дилу дидаат хаст дар хамон як дакикаи хомуши дуое дар дохил кироат куну ба руху арвохи мархум бибахш, кабл аз ин ки назаратро дар сахифаи рузнома баён бикуни хуб тахкик бикун, сахифаи рузнома ва ё сайти интернети бозори Шохмансур нест.

Э бачча дар чомеа дигар проблема нест?Мавзуъи ёфтагиша бину....

Ба Иршод
Аз хафт махалат Иршод буи мазхабро мешунавам оре мешунавам Ба ту як чизро мегуям, пирохани дин ва фарханги араб бар болои зебои фарханги сутурги мо ориёиён хамеша кутах будаву хаст ва хохад монд

Сталин
Бародари азизи мо лекин мавзуъи хуберо матрах кардиян. Рост аст, мо агар мусалмон бошем, бигзоред мурдахомона мусалмони кати ёд карда гардем. Лекин ман якхелхора намефахмам. Чиба худашона мекушанд, ки хамин як дакика боша. Э ман хайрони итари одамхо. Хамитари чомеада ранги Иршод бародаройи мо хайф мешаванд

Бародарони мусулмон, аввал дар дили, худатон мусулмони комил бошед. Ба либоспушиву дигар суннатхои мардуми чи кор доред. Як дакика хомуши киро бадном кардаст, ки шумо мукобили он баромадед. Дар ин як дакикиа хомуши дар дилатон як духо кунед, вале ин дакикаи хомуши гуёки ба маданияти мардум мо ворид шудааст ва ягон чои хатоги надорад. Ин Иршод ба фикри ман аз мусулмонони бунёдгарост (фундаметалист). Дар масъалаи сатру аврат, ин хам ягон зарра ба мусулмонии мо рабт надорад, ман намефахмам он хохарон ва модарони моро, ки дар ин чиллаи тобистон манаъашонро бо матоъи сиёх мебандан ё ки либоси дарози сиёх мепушанд, дар точикони махалли сиёх пушидан ин азодорист ва азо хостан аст, онхо инро дарк намекунанд, ман фикр мекунам ва мушохидаам кардаам, ки ин факкат як тарзи муди либоспушист, на дини Ислом хасту нам мусулмонист!! Ман ба чои хукумати хозира мешудам ин гуна либоспушхоро чарима мекардам, яъна ин ба давлат хостани азодори мебошад. Озодагон бе тагйир чоп кун, хохиш мекунам.

Ватандуст
Иршод "Ту" холо чавони ки чунин масъалахоро ба мухокима барори. Умуман ман намефахмам, ки барои чи чунин мавзухои игвоангезро ба мухокима мебароред. Оё шумо закази хочагонатро ичро менамоед, аз ришат маълум, ки "Ту" пайрави равияи Салафия, мебоши. Агар болшевикхо намешуданд "Ту" холо зери ..... .... карор дошти.

Бозори Корвон
Корвони Ислом хануз равон аст ДАВ, ДАВ.
Ва Исломситезон то киемат мекунанд АВ-АВ!

Абдуллох
Хакатхох,
Худованд тура як дакика не доими хомушат кунад бегонапараст ту баринхо сари коренд ки мусалмонон аз дину фархангашон бе насиб шудестиян

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)