Бахшҳо
22 июл 2016 15:16Тоҷикистон / Сиёсат

Посух ба профессор Умаров: Мадюни Русия донистани худ тафаккуре бардагист

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ман ба шахсияти профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров эҳтироми хоса қоил ҳастам. Умаров дар баробари як иқтисоддони варзида будан, аз ҷасорати илмӣ ва сиёсии қобили мулоҳизае бархӯрдоранд. Аз шумори камтарин олимони мо мебошанд, ки дар баробари мушкилоти мардум, миллат ва давлат хомӯш нестанд ва рисолати олимиву равшанфикриашонро иҷро мекунанд. Вале он чи дар матлабе бо номи “Русофобия” навиштаву ба “Озодагон” оварданд (ва ин матлаб бо номи “Мавҷи хеле баланди интиқоди шадиди Русия натиҷаи амалиёти пантуркистон аст” дар торнамои Хабаргузории “Озодагон” ба нашр расид) ба шинохте, ки мо аз Умаров доштему дорем, ҳамхонӣ надошт. Агар профессор Умаров дар ин навиштаи худ ба иштибоҳоти усулӣ ва хулосаҳои ҳайратоваре роҳ намедоданд, мо ҳам посухе намедоштем. Аз ин навиштаи эшон маълум мешавад, ки ҷаноби профессор ба гунае, ки дар масоили иқтисодӣ соҳибназар ҳастанд, дар масоили ҷомеашиносӣ ва сиёсӣ набудаанд. Аз ин рӯ, ба назари мо беҳтар аст хонандаи тоҷик аз эшон бештар матлаб ва таҳлилҳои иқтисодӣ бихонад.

Ибтидо бояд бигӯям, ки ман ҳеч бадбиние нисбат ба мардуми рус ва кишвари Русия надорам. Аз хонаводаи мо ҳам чандин нафар дар муҳоҷират дар Русия қарор доранд. Хонаводаи мо ҳам солҳои дароз аз ҳисоби пули фарзандони муҳоҷири падар собиту побарҷост. Ман ҳам ҷонибдори муносибати дӯстонаву ҳусни нияти Тоҷикистон бо Русия ва ҳар кишвари дигар ҳастам. Вале ин ба он маъно нест, ки мо бо ин худро мадюни Русия бидонем ва ҳар амали таҷовузкорона ва истеъморгароёнаи русҳоро танқид накунем ва ғуломворонаву бардахӯйёна ин амалҳоро бипазирем.

Дар он навиштаи профессор Умаров ду хитоба ба мо тааллуқ дорад ва мо аз ҷониби эшон дар русбадбинӣ (русофобия ва ҳатто пантуркизм) расман муттаҳам ва гунаҳкор дониста мешавем. Нахуст ин ки ҷаноби Умаров танқиди амалкардҳои Русияро ба унвони давлат ва давлатмардони онро ба унвони рус, дар баробари Тоҷикистон ва тоҷикон бо русофобия иштибоҳ гирифтаанд. Ин як иштибоҳи усулӣ (принсипиалӣ) аст, ки содир шудани он аз ҷониби соҳибназаре чун Умаров мантиқӣ нест. Русофобия ин бадбинии ошкорои миллати рус ва кишвари Русия, даъват ба амалҳои номашруъ дар баробари ин кишвару ин миллат ва содир кардани амалҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ алайҳи русҳову Русия мебошад. Ё ҳадди ақал доштани руҳияи бад ва талоше барои ба вуҷуд овардани ҳамин гуна як руҳия дар ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи расонаӣ мебошад. Вале ба ҳеч ваҷҳ интиқод ва ҳатто маҳкум кардани амалкардҳои Русияву русҳо ва давлатмардони ин кишвар дар баробари тоҷикон русофобия нест.

Шояд дар Тоҷикистон шахсиятҳои хосе бошанд, ки русҳову Русияро хуш надошта бошанд, вале муттаҳам кардани расонаҳои тоҷик ба русофобӣ мантиқӣ ва мунсифона нест. Русбадбинӣ ва ҳама намудҳои “фобий” амале тарҳрезишуда ва доимӣ мебошанд ва навобаста аз авомили замониву маконӣ ҳамеша тарвиҷ дода мешаванду тавсеа меёбанд, аммо интиқоди расонаҳои тоҷик танҳо замоне пайдо мешавад, ки Русия ноодилонтарин кору амалро дар баробари тоҷикони мазлуму бепуштупаноҳ раво мебинад. Тавре дида мешавад расонаҳои тоҷик як сари мӯ “ба таърихи миллату давлати рус, ба табиату шахсияти русҳо, ба фарҳанги онҳо ва сиёсати гузаштаю муосири Русия, ҳатто ба роҳбарияти ин давлати бузург” (гуфтовард аз матлаби Умаров) бадбиние надоранд ва агар ҳам доранд танҳо мухолифат аст. Доштани мухолифат дар замони мо як амри машруъ ва лозим аст ва ҳеч бадие надорад. Агар ҷаноби Умаров аз муаллифоне, ки зимни чунин баҳсҳои расонаӣ аз мавзӯъ канор рафта, таърих ва тамаддуну шахсияти русҳову Русияро ба масхараву истеҳзо кашидаанд, ёд мекард, мантиқӣ буд. Вале ба таври куллӣ, ҳама гуна интиқоди объективонаи Русияро дар расонаҳои тоҷик “русофобия” қаламдод намудан одилона нест.

Бардошти аввалин, ки аз ин навиштаи Умаров (ва ба пиндори мо ҳадафи аслии навиштани матлаб ҳам ҳамин аст) ҳосил мешавад ин аст, ки профессор тамоми талоши мумкинро мекунад, то пайвасти Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз нигоҳи илмӣ, ба қавли маъмул “теоризатсия” кунанд. Шояд барои ин кор аз ҷониби Русия ҷалб шуда бошанд ва агар ин кор шуданист, профессор Умаров барои ин ҳақ ҳам доранд. Зеро дар сар то сари матлаб профессор Умаров нигаронанд, ки “чунин суханҳо аз назари воридшавии кишвар ба равандҳои интегратсионӣ зарарнок бошанд”. Мо ки дар масоили иқтисодӣ коршинос нестем, шояд ба ҳадди Умаров мусбат будани натиҷаи узвияти Тоҷикистонро дар ин “иттиҳоди путинӣ” надонем, вале бо ин иқтисоди валангору варшикаста ва вобаста ба гуруҳҳои сиёсиву манфиатдоре, ки Тоҷикистон дорад, барои андакхондаҳо ҳам маълум аст, ки ҳоло замони хубе барои пайвастан нест. Ҳарчанд Тоҷикистон чорае ҷуз пайвастан надорад ва ба ҳар андозе, ки худро зери раҳмати сиёсии Чин мебарад, ба ҳамон андоза ба хашми сиёсии Русия дучор мешавад.

Аз нигоҳи сиёсӣ пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод машруъият бахшидан ба вобастагии сиёсест, ки ҳоло аз Русия дорад. Албатта хубу бади пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди мазкур ба виҷдони илмии профессор Умаров ва замони дигаре ҳавола мекунем, зеро ин ҷо ҷойи баҳси ин мавзӯъ нест, вале дар ду мавриде, ки ҳам Умаров ба зурарти шадиди пайвастани Тоҷикистон дар матлаб таъкид кардаанд, хулосаашон камтар илмӣ, балки бештар ангезанда (мотиватсионӣ) ва сиёсатписанд (политкорректно) мебошад. Зеро таҷрибаи узвияти бештар аз яксолаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки он назарияҳои румонтикие, ки пешниҳод мешаванд, бепоя ҳастанд.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар матлаби худ менависанд: “Масалан, Иршод Сулаймонӣ ақида дорад, ки фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва ҳеч қаробате ба мо ва маишати мо надорад (“Озодагон”, 04.05. 2016)”. Нахуст ин ки гуфтовард (иқтибос) аз матлаби мо ноқис ва ғалат оварда шудааст. Ин гуфтовардро профессор Умаров аз як матлаби мо бо номи “Вақте намегузоранд тоҷик бошем” (Озодагон, 6 май, 2016) овардаанд, ки мавзӯи он ҳангомаю пархошгариҳои расонаҳо ва баъзе чеҳраҳои илмиву сиёсии Русия аз даст кашидани Тоҷикистон аз насабгузории русӣ буд. Ҷумла аслан чунин аст: “Бо вуҷуди истеъмори 56-солаи русҳо дар замони Манғитиҳо, 71-сола дар даврони Шуравӣ ва 25 соли вобастагии сиёсиву иқтисодӣ аз Русия дар даврони истиқлол, фарҳанги русӣ барои мо бегона аст ва он ҳеч қаробате ба мо ва маниши мо надорад”. Вале дар гуфтоварде, ки профессор Умаров овардаанд аввали ҷумла нест ва вожаи маниш бо маишат иваз шудааст, ки намедонем чиро чунин шудааст. Чун ҷумлаи боло аз матлаби мо, дар мавзӯи насабгузории русӣ ва даст кашидани Тоҷикистон аз он мебошад, манзури мо ҳам аз фарҳанги русӣ дар матлаб манзури мавзуӣ аст. Яъне онҷо зери фарҳанги русӣ бештар фарҳанги насабгузориро дар назар дорем ва онро ба худ ва маниш (табиат, хӯй, сиришт, хислат, ниҳод)-и худ бегона донистаем. Дар ҳақиқат ба насабгузории тоҷикон русҳоро чӣ кор аст, ки ин қадар валвалаю ҳангома ва қиёмат барпо карданд? Магар интиқоди ҳамин амалкарди русҳо ва чеҳраҳои илмиву сиёсии Русия русбадбинӣ ҳаст? Агар ҳимоят аз фарҳанги номгузории худ ва ҳувияту маниши худ русофобия бошад, пас ман ҳозирам, ки ин корро ҳамеша бикунам. Профессор Умаров ҳатман медонанд, ки дар сохтмони як миллат нақши ҳувият аз иқтисод камтар нест. Яъне ин ҷо дида мешавад, ки профессор Умаров моро замоне дар русофобия муттаҳам мекунанд, ки мо иштибоҳи содиршударо интиқод ва дахолати истеъморгароёнаро маҳкум намудаем. Он ҳама хубиҳо, ки тоҷикон дар натиҷаи истеъмор ва ё ҳамкориву ҳамзистӣ бо Русияву русҳо ба даст овардаанд, қобили ситоиш аст, вале ба он маъно нест, ки дигар ҳама ҷинояту иштибоҳи русҳову Русияро дар баробари тоҷикон “бипӯшонанд”. Агар ба ишораи профессор Умаров “Чунин суханҳо аз назари воридшавии кишвар ба равандҳои интегратсионӣ зарарнок бошанд”, пас чаро аз ин гуна амалкардҳои расонаҳои Русия мисоле намезанад ва онҳоро низ насиҳат намекунанд? Ин тарзи бархурд ба масъала ҳайрати ҳар соҳибназареро меоварад.

Хитобаи дигар ба мо ин аст: “Ман ба дӯсти азизам Иршод Сулаймонӣ тавсия медиҳам, ки ба водии Зарафшон сафар кунанд ва меҳмони зарафшониён шаванд, бубинанд, ки тарзи зиндагӣ ва рӯзгори мардуме, ки дар Русия мардикор буданд, чӣ тағйиротро аз сар гузарониданд. Ба Бадахшон Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон сафар карда, қиёс кунанд, ки сатҳи фарҳангии кадом сӯи рудхонаи Панҷ баландтар аст. Сатҳ ва тарзи зиндагонии мардуми тарафи мо бевосита таҳти таъсири фарҳанги русӣ рушд намудааст ва ин барои тоҷикони тарафи муқобил хеле ҷолиб мебошад”. Устоди азиз, ман борҳо дар водии Зарафшон будаам ва худ зодаи Бадахшон ҳастам ва он чиро, ки Шумо мегӯйед, дидаам. Ман чунин тарзи тафаккурро, ки мо худро абадудаҳр мадюни Русия бидонем, дуруст намешуморам. Он чи дар даврони Шӯравӣ, дар Тоҷикистон шуд фаъолияти эҳсонкорӣ ва корҳои хайриявии Русияву русҳо набуд. Тоҷикистон расман ҷузъе аз давлати бузурги Шӯроҳо буд, ки зери султаву сайтари русҳо қарор дошт ва ончиро, ки карданд ба унвони қарз ва вазифаи давлатдорӣ карданд, на аз рӯйи эҳсонкориву назари марҳамат. Ва он чи ки дар натиҷаи кори муҳоҷирон зиндагӣ ин ҷо беҳбуд ёфту кишвар соҳибу суботу амният гашт дуруст аст, вале инҳо бештар натиҷаи кори муҳоҷиронанд ва камтар назари марҳамати Русия. Муҳоҷири тоҷик агар ба Қазоқистон ва ё кишварҳои Аврупоиву Амрико ҳам мерафт, ҳамин корро мекард. Ин ки ин пешрафтҳо маҳз ба Русия марбутанд, мантиқи устуворе нест.

Устоди азиз, мову Шумо шоҳиди куштани тоҷикони бешуморе ба дасти “скинхедҳо”-и рус шудаем, ки ин амали зидиинсонии онҳо аз ҷониби додгоҳову додситониҳои Русия на куштор, балки “майдаавбошӣ” баҳогузорӣ мешавад. Куштори як тифли 9-сола, Хуршедаи маъсум дар Русия, ки ғайриинсонитарин амал буд, майдаавбошӣ баҳогузорӣ шуд. Гуноҳи ин тифл танҳо ҳамин, ки тоҷик буду ба миллати рус тааллуқ надошт ва ватанаш як кишвари нодору қашшоқ -- Тоҷикистон буд. Сари чандин муҳоҷири тоҷик аз ҷониби миллатгароҳои рус бурида шуд. Шумо тасаввур мекунед, ки волидайн тани беҷони фарзандони худро чӣ гуна бо дард мепазиранд? Ҳамаи инҳоро танҳо амали “скинхедҳо” донистану муқассире аз ҳукумат ва ҷомеаи Русия наҷустан, магар пиндоре ғуломона нест? Оё ин падидаҳо ҳосили муҳити Русия нестанд? Оё муҳити офаридашуда дар Русия имкониат надода, ки чунин амалҳо хеле бисёр содир шаванд? Ҳодисаеро, ки Шумо аз қабристони Хован ёдоварӣ кардаед, магар танҳо ба Чубуев марбут аст? Чубуев аз ҳимояти чӣ гуна ҳукумате бархӯрдор аст? Оё Чубуев мансабдори бархоста аз низоми фасодзада ва саропо “бандитгароёна”-и мансабдории кишвари худ нест? Он чи бо тифли панҷмоҳа (!) милисаи рус кард, магар боиси ором нишастан аст? Онро набояд танқид кард? Ҳоло Шумо аз “қарори боадолатонаи суди ноҳияи Невскийи шаҳри Санкт-Петербург, ки қарори хадамоти тафтишотро оид ба марги Умаралӣ Назаров бекор намуда, экспертизаи мустақили судию тиббӣ оид ба сабабҳои марги ин кӯдак таъин намудааст” хурсанд ҳастед, вале ҳеч фикр кардаед, ки ин гардиш дар қазия баъди чӣ рух дод? То замоне, ки расонаҳои дунё аз ин амали золимонаи милисаи рус интиқоди шадид накарданд, додгоҳе “қарори боадолатона” содир накард!!!

Милисаи рус тоҷикро дар бештарини ҳолат одам ҳисоб намекунад. Ин агар аз як тараф ба бесоҳибиву беҳимоятии тоҷик аз ҷониби давлати худаш рабт дошта бошад, аз тарафи дигар ҳосили муҳити ҳоким ва ҷомеаи сохташуда дар Русия аст. Чаро ин гуна муносибат бо муҳоҷирин дар кишварҳои урупоӣ нест ва ё агар ҳам бошад, бисёр кам ва ночиз аст?

Шумо, мо ва ҷомеаи расонаии тоҷикро замоне ба пантуркизм муттаҳам мекунед, ки русҳо яке аз ҷонибдорон ва ҳимоятгарони пантуркизм буданд. Пантуркизми поёни ҳукумати подшоҳии рус ва оғози давлати Шӯравӣ маҳз тавассути ҳукуматҳои вақти Русия таъсис ва тавсеа дода шуд. Касе каму беш аз таърихи ин раванд бохабар аст, ҳатман инро медонад. Чаро Русияи болшевикӣ дар ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро пантуркистонро мансаб дод? Қарорҳои сиёсии роҳбарони пантуркистро кӣ ҳимоят мекард? Русия ҳар замон, ки мехоҳад аз кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода бикунад, баҳси пантуркизмро ворид мекунад.

Устоди азиз, аз ин матлаби Шумо хулоса мешавад, ки ҷонибдор ҳастед то мо ҳар чи бештар пойбанд ва вобастаи сиёсиву иқтисодии Русия бошему бимонем. Дар ҳама муносибати баде, ки ҳоло дар Русия ба тоҷикон ва Тоҷикистон карда мешавад, зоҳиран, Шумо ҷониби Тоҷикистонро муқассир медонед, вале аз шарҳи воқеияти пайдо шудани замина ва омилҳои мавҷи интиқодҳо алайҳи Русия канорагирӣ мекунед. Магар солҳо нест, ки ба гуфти шумо “роҳбарияти ин кишвари бузург” аз муҳоҷирини мазлуму беҳуқуқ ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода мекунад?

Хулосаи хулосаҳо, устоди гаронмоя, ин аст, ки ин ҳама танқиди расонаҳои тоҷик на бар пайи русбадбинӣ, балки бар пайи муносибати ноодилонаву ғайримунсифонаи Русия ва расонаҳову баъзе чеҳраҳои ин кишвар нисбати тоҷикон аст, чеҳраҳои нажодгаройе мисли Рогозину Онишенко, ки ҳоло мавриди ҳимояти Шумо қарор гирифтаанд. Бовар кунед, агар чунин набуд, ҳеч вақт ин мавҷи интиқод дар расонаҳо вуҷуд намедошт. Тоҷик ба андозае миллати посдору миннатпазир аст, ки то ҷонаш бар лаб нарасад, эътироз намекунад.

Албатта, мушаххас аст, ки барои ин ҳама беҳуқуқиву бепуштупаноҳии тоҷикони муҳоҷир дар Русия, пеш аз ҳама ҷониби Тоҷикистон гунаҳкор аст, ки бо вуҷуди фоидаи зиёд наметавонад дар муҳоҷират танзиму тадбире бикунад. Вале Русия, чаро намехоҳад бо муҳоҷирон муносибати инсонворона роҳ биандозад ва муҳоҷиратро танзиму тадвини дурусте кунад? Фикр мекунам дар ин баҳс маҳз ҳамин савол асосист ва бояд ба он посух ҷуст.
Мӯҳр
гумрох
Ин шуълаи равшан , ки парид аз чапу аз рост,// Аз мост , ки бар мост

Росиячон
Баъди ин коре, ки Панамареов кард, ман агар Умаров бошам бо навиштани ҳамун мақола аз тамоми журналистон ва расонаҳои тоҷик узр мехоҳам. Зеро он мақола аз беху бун бепоя буд.

Баъд аз он чи Панамарев кард ман агар ба ҷойи Умаров бошава ва агар заррае номус ва гурур дошта бошам, хеста аз журналистон ва расонахои точикистон бахшиш мепурсам. Зеро он мақолаи Умаров аз беху бунаш епоя буд.

Деваштич
Иршод, аз ту додари гироми умедвор будам, ки шадидтар ва часуронатар сухан бигуи, русофобия чи бади дорад, имруз тамоми аврупо бадро бад мегуянду бад мебинанд, ээээ мардум чи мехохед аз ин тоифа вакте ки куръони азимушшаънро оташ заданд ва тавассути сабти видеои намоиш доданд, точиконро намоишкорона мачбур карданд ки аз дини худ даст кашад, сабт карда пахн карданд, точиконро куштанд, намоишкорона, чаро мо чавоби мувофик надихем, чаро? Аз ин бештар боз чи бади мехохед шумо эээ ммардум, ин кадар зачру зарар ва тег бар устухон заданхо наход дардатон накунад. Биёед имруз замоне расидааст, ки аз забони эшон аз фарханги эшон пархез кунем. агар барномахои ингилисиро бештар мекардем имруз кисми зиёди чавонон аллакай мушкилии забони инглисиро бартараф смекарданд. Русофобия имруз дар олам маъмули шудааст ва дуруст аст, зеро иблисро иблис мегуянд, эътимоде барош коил намешаванд. Охир бадро чи гуна метавон нек гуфт, чи гуна? ман шахсан аз онон мутанаффирам, ки дар хама давру забон кутби бади, пуштибони бади, пуштибони тиранхо ва тогутхо, сарпанохи диктотурхо буданд ва боки мондаанд.

Раис ум
абдуллох,
Ин чо сухан дар бораи Руссия меравад - чаро Куръон менависи?
Магар масти?

ба Абдуллох
Раис ум,

бародари азиз, аз масъала хабар надори чаро ъхамрох мешаваи, охир дар хамин наздики чанд нафар шахрванди Руссияро барои сузонидани китоби мукаддас хабс карданд, соли 2013 онхо китобро сухта тавассути видео намоиш дода буданд, яъне мову туро ба бадтарин тахкир озурданд, аз ин хотир бо эшон хар гуна муносибат бояд катъ шавад. Хабар надори чаро хамрох мешави?

Иршодчон бовар кн дарди дили хдма навистай неки! Рахмат ба падару модарат!!! Хамаи он чизе ки нисбат ба русияи фашисти гуфтед сад дар сад дурустанд. Ман маколахои бисёре аз устод Умаров дар бораи иктисод хондаам ва то ин дам нисбати устод эхтироми беандоза коил будам, аммо маълум шуд ки ин хами яке аз онхо будааст.

Точик
Ин профессор Умаров ба фикрам дер боз ба Бадахшони Точикистону Афгонистон нарафтааст. Як бор рафта медид, ки чи гуна точикхо ба Афгонистон мардикори мераванд.

Ҳоҷиумар
Мегуянд,ки Умаровро боре дар фурудгоҳи Домододево маҷбур кардаанд, ки тамоми ҷомадонашро холӣ кунад. Ҳарчанд гуфтааст, ки ман як олимам ва ин ҷомадонам китоб дорад, гуфтаанд, ки фарқе надорад. Олим ҳам бошӣ тоҷикӣ ва ҷомадонатро кофтан даркор, ки маводи мухаддир надошта бошӣ. Ҳоло боз омада русофобия менависад, дар ҳоле ки бояд таджикофобия менавишт.

Сомони
Профессор хак аст. Журналистон барои обуруи осон ба даст даровардан бо эхсоси мардум бози карда ходисахоро аз будаш зиёд ва якчониба шарх медиханд. Барангехтани эхсосоти русбадбини дар рузномахои точик вокеан мушохида мешавад. Мо набояд ба ин рох дихем. Албатта мухочирони точик дар Русия мушкили зиёд доранд. Ин масъала бе эхсосот хунсардона бояд тахлил ва барраси шавад. Россия кишвари бузург аст ва бо он муносибати хуб доштан ба манфиати тарафайн мебошад.

Шопур
Журналистони точик камтар хангомачуи карда бояд саводашонро баланд кунанд.

Muhojir
Man hayroni 1mln. tojiki dar Rusiyo buda hastam. Ohir az hamin 1 mln. nisfi ziyodash kodir ast ba sari barodari hudash sang zanad, vale ba tahkiru ba lagadzanihoi rus tob meorad.MO hamon vakt dar Rusiyo(hususan dar Rusiya)obru paydo mekunem, agar koidahoi jangalonai on davlatro rioya kunem,yane hamchun hamunho raftor kunem.
Holo tamomi olami Garb rushoro bad mebinad, raftoru kirdori onhoro bad meguyad.Fakat janobi Umarovu u barinho mondan ,ki chi ustuihone az rusho (agar hamun ham pas az vodka boki monda boshad)intizorand va to hol zeri musukii "kalinka" argushtravi dorand...
Irshod ,sad dar sad tarafdoratam!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)