Бахшҳо

Пешниҳоди олими тоҷик: Бемӯйҳоро кал не, “офтобсар” гӯем

Қурбоналӣ Партоев, олими умури кишоварзии Тоҷикистон бо ироаи як матлаб таҳти унвони “Манзалати мӯйи сар” ба “Озодагон”, пешниҳод кардааст, минбаъд афроди бемӯй ё каммӯй на “кал”, балки “офтобсар” хитоб шаванд.

Ҷаноби Партоев мегӯяд, вожаи "кал" дағалу гӯшхарош буда, чандон мақбул нест: “Аз ин рӯ банда таклиф дорам, шахсонеро, ки мӯйи сарашон мерезад, "офтобсар" гӯем. Яъне саре, ки мӯй надорад, ҷиллои пӯст дошта, каме бошад ҳам шӯълаафкан ба чашм мерасад”.

Муаллифи ин пешниҳод изҳор доштааст, худаш “офтобсар” мебошад ва рехтани мӯйи сарро нишонаи ирсӣ хонда, ба геноми модар вобаста донистааст: “Дар баъзе деҳаҳои кишварамон мушоҳида мегардад, ки кулли сокинони он ба "офтобсарон" мубаддал гардидаанд. Масалан, дар деҳаи Машконаки водии Рашт, ки банда низ дар он таваллуд шудаам, қариб 90 фисади мардони ин деҳа "офтобсар" мебошанд. Бошандагони дигар деҳаҳо онҳоро бо шӯхӣ "калҳои машконакиҳо" мегӯянд”.

Аммо Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, мӯи сокинони бархе аз деҳоти дигари Рашт то дами пиронсолӣ намерезад: “Ба хусус деҳаҳои Қазноқ, Тагоба, Ҳоит, Ялдамич, Навдӣ ва ғайраҳо. Сари мардони ин деҳаҳо ба назар мисли шабҳои моҳтобӣ мемонад, ки ба ақидаи банда онҳоро "моҳтобсар" гуфтан шояд гуворо ва форам бошад”.

Муаллиф барои афроде, ки мӯйи сари онҳо кам-кам рехтаасту байни гуруҳи одамони "моҳтобсар"-у "офтобсар" қарор доранд, номи "соясар"-ро муносиб донистааст. Ӯ мегӯяд, феълан қариб аз 4 миллиард мардони дунё 35 дарсадашон “офтобсаранд”. Партоев истифодаи калимаи дағали “кал”-ро дар мавриди одамони каммӯй нораво хондаст, зеро ба гуфтаи ӯ феълан аз 4 профессор як нафарашон “офтобсар” мебошанд ва зебогии ҷомеаи башариро ташкил медиҳанду баҳри рушду нумуи он саҳмгузоранд.


Дар акс: Қурбоналӣ Партоев
Мӯҳр
Л.Гуворо.
Офарин,ана ин олим мегуянд кашфиети ин олимро бояд бехтарин кашфиети асри бистуяк эълон кунанд,Эврикааааааааааа!

Ҷаноби Партоев аҳсан ба Шумо шумо бисёр пешниҳоди олиҷаноб каред .Ман мехоҳам ,ки ҳамин пешниҳодро ба маҷлиси милли пешниҳод намоед барои "кал"гуфтан 500 сомони ҷарима карда шавад офарин ба олимони мо аҳсан.

холназар
Ээээх Кан зан ана олими пуртачриба, и мардак бовар кунед аз хисоби зиед будани фахмиши кишоварзиш ин пешехода кардаст. Инам ихтиро. Каме пештар яке аз олимони пешрафтаи сохаи тиби Точикистон муаян карда буд, ки сабаби асосии мурдани инсон ин МАРГ будааст. Вале мутаассифона ман хайрон, ки чаро мо чунин олимони пурлаекат дорему Хукумат онхоро дастгири намекунад......

Кал
Пистаи бе магз лаб во кунад расво шавад

Мухочир аз руссия
Бародарони гироми кадр пешниходи олимро аз чотон хеста бо чапакзании пурмавч кабул фармоед ва пешниходи рекорди Гинес кунед чунки дар таьрихи башар калимахои офтобсар мохтобсар ва соясар бори авал садо медихад ва дуюмаш инки чандсолахо ин тур нахандида будем

Гариб
Хеле хандидм вокеан и олии шухи кардааст агар шухи набошад олимони точикро зери суол мебарад

Ташриф
Сари бехосил гуем чи??? Ба фигрм амияш базебай.

Агар мара пароне хам КАЛ тон мегуям.
Барой он ки хаммат КАЛЕ.

Хамин мушкили точико монда буд рохи халаша пайдо кард.

Ма рафтм хонай дигарим дар Марс будаги.

Ин олими точик дигар гап наёфт ки худро ба чомеъа шиносонад. То ин таклифи бемаънею хандаовара кардан ягон таклифи ба чомеъа фойдабахш мекарди. Маслан ба чаноби оли боз ягон унвон таклиф менамуди.

мақсуд
ОБУРӮИ ҲАР ЧИ ОЛИМ БУДА БУРДИ НЕКИ !!!! на самом деле БЕ САВОД БДАЙ !!!!!

ОХИ БАҶОЙ ОФТОБ ПАРАСТУ МОҲТОБ ПАРАСТ БУГУ

ХУШМӮ ИН КИ ЗЕБОТАРАЙ !!!! ҲАМИТА НЕ БАРОДАРО???

Худо бигира туворе олима

Кал аз калимаи Олмони гирифта шудааст; Kahl (кал хода мешавад)-манояш бемуй, ин калимаро хатто дар китобу телевизионхои олмон истифода мебаранд, аз кадом сабаб бошад ки ин калима барои чаноби Партоев ба дагалнок мубадал гардидааст? Хамза,

Наход ҳамин ҳам гап бошад ки пешниҳод кардӣ ва озодагон шарм намееунед ҳар ҳарфи пучро нашр мекунед.

точикбача
коре кади ки бо офтобсармон файрод кунан да

Лекин Кабири аз хамин нохияву Офтобсар несту.

Аз бекори кадукори.Инам як пешрави хаст мухтарам олими бекормонда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)