Бахшҳо

Хабари марги Ислом Каримов ва сукути мақомоти Тошканд

Пойгоҳи хабарии “Фарғона” аз марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон хабар додааст.

Ин расона менависад, Каримов наздикиҳои соати 15-16 (ба вақти маҳаллӣ) дар синни 79 дар беморхонаи шаҳри Тошканд даргузаштааст. Аммо мақомоти Узбакистон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Дар ҳамин ҳол дар шабакаи иҷтимоии instagram гуруҳе бо номи “пуштибонӣ аз Ислом Каримов” созмон ёфта ва дар он гуфта мешавад, президенти Узбакистон шоми 29 августи соли 2016 вафот кардааст. Маъмурияти гуруҳ аз корбарон даъват кардааст, барои президент дуо кунанд.

Рӯзи гузашта баъди хабари ба бистари беморӣ афтидани Каримов, Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурди раисҷумҳури Узбакистон дар саҳфаи Instagramи худ вазъи падарашро шарҳ дод. Ба навиштаи ӯ, падараш дар воқеъ ба хунравии мағзӣ дучор шуда, дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ мебошад. Ин духтари Каримов, ки аз ӯ ба унвони яке аз ворисони тахти падар ном бурда мешавад, навиштааст, “вазъи ӯ муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир хеле барвақт аст, ки дар мавриди вазъи ояндаи ӯ пешгӯйӣ кунем”.

Аз ин пеш Ҳукумати Узбакистон ба таври расмӣ бемор будани президентро тасдиқ кард.

Хабари марги Ислом Каримов ва сукути мақомоти Тошканд
Мӯҳр
Худованд хама гузаштагонро рахмат кунад! Хайфи точики босавод, ки узбакхоро рохнамои кард. Лекин боз хам офарин ба ин гуна Президент, ки содик ба халкаш хизмат кард то 78 солаги. Бошад, ки Президенти Точикистон хам худаш зиёда аз ин синнусол ба миллаташу халкаш хизмат кунад ва сериву пури ва сулху салох пойдор бимонад.

Тилфор
Ами маакам точик би. Худуш гуфта буд ки дар рагхоям хуни точикй ам аст... Неки да хар миллат мааки бегуна ай дилу чун барои халкаш хизмат мена, угами чун!

Тилфор,
Ин чи лафзи суханрони аст ва ба кадом миллат дахл дорад э муред точик ва Точикистонро дар назади мардуми олам шарманда намудед

Ачоиб мардуми беандешаед!
Ой шумохон мурдан надоред? Дар хаки гузаштагон агар тавонед дуъои нек кунед ,агар не хаволаатон бар Худо ...
Инно лиллоh ва инно илайхи рочиъувн ,барои ватану миллаташ хизматхои фаромушнашаванда кардааст ,Худованд рахмату махфираташ кунад.

Махина
Ачабо назарияхои точиконро бинеду худ казоват намоед.Чи хеле ки дар урфият мегуянд кулли амин баттар аст.Холохам Каримов худ ки хуни точикона дошт аз точикон каме пуштибони мекарл баъд аз ин бадтарашро интизор шавед.
Эй дуст ту зи мурдани ман шод мабош
На дусти ман монаду на душмани ман

Икбол
Хайрият ки Самарканду Бухоро ба дасти Точикистониен нарасид. Вагарна хаммаи бинохои кадимаро ба хок яксон мекарданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)