Бахшҳо
20 сен 2016 14:38Тоҷикистон / Сиёсат

Хоҳиши бозгашти наҳзатиҳои фирорӣ ва ваъдаи омбудсмени тоҷик: Суҳбат мекунем...(АКС)

Як гуруҳ ҷавонони тоҷик, ки худро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

Ин гуруҳ, ки ҳудуди 20 нафарро ташкил медиҳад, 19-уми сентябр вориди толоре шуданд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ҷараён дошт. Дар ин ҷаласаи солона, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои САҲА ҷараён дорад, Тоҷикистонро дар баробари намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик намояндагӣ мекунад.

Эътирозгарони тоҷик, ки вориди толори ҷаласа шуданд, дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор рост истода ба ҷараёни ҳамоиш халал ворид накардаанд.

Дар ин бора иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла Стив Свердлов, масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар саҳифаи интернетияш хабар додаст.

Хоҳиши бозгашти наҳзатиҳои фирорӣ ва ваъдаи омбудсмени тоҷик: Суҳбат мекунем...(АКС)


Дар доираи ин ҳамоиш эътирозгарон дар хитоб ба Ализода изҳор доштаанд, ки ғурбаташон ихтиёрӣ несту хоҳони бозгашт ба Ватан мебошанд ва барои ин бояд риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъмин бошад. Дар посух омбудсмени тоҷик изҳор дошт, ки сафараш ба Варшава ду ҳафта давом мекунад ва ваъда дод, ки тайи ин муддат бо эътирозгарон суҳбати муфассал хоҳад дошт.
Мӯҳр
Саидшои Регари
Ба хамаи мо маълум аст, ки дар солхои 1992 то 2000 дар Чумхурии Точикистон чи ходисахои дахшатангез рух дода буд. Инчунин ба хамагон маълум низ мебошад, ки дар ин чанги бародаркуш садхо хазор нафар одамони бегунох чони худро барои хоинони миллати точик бохтаанд. Сабабгори хамаи ин бесарусомонихо Хизби нахзати исломи Точикистон буд, ки имруз низ мехохад вокеахои солхои сипаригаштаи хунрезихоро баргардонанд.

Махмадшариф
мо баъзе чавонони точик хатто мекунем, ки ислом ин хизб надорад дар точикистон ягон одам дархои масчидхои моро набастааст. мо чавонон озодона хохем дар кучое ки бошад намозамонро мехон. барои чавонони точик хизб чилозим дар даврони Шурави факад як хизб вучуд дошт дунё хуб буд хозир дар он замонхо масчидхо набуд хама намозро бачои мехондан мо бояд ношукри накунем. Сайдамирчон як чавони точик

мо чавонони точик шукрона бояд кунем ки ислом хизб надорад дархои масчидхои моро хечкас набастааст кайекимо хохем намозхоямонро дар масчитхо мехонем дар давраи шурави як хизби холи камунисти танхо буд дунё инкадар серию пури ва тенчи омад


мухочир
салом Махмадшариф. Зиеда аз 100 масчидро дар вилояти сугд ки баст дар вилояти хатлон 600 занро ки хичобашонро аз сарашон гирифтан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)