Бахшҳо

Абдуссалом Одиназода: Муҳлат доданд, то гум шавам

Абдуссалом Одиназода, донишманд ва пизишки тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Амрико, Шветсия ва Австралия корҳои илмӣ ва пажуҳишӣ кардааст, бо ҳадафи кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт, аммо ахиран маҷбур шуд, дубора аз ватан берун шавад. Дирӯз, 22 сентябр ӯ Дубайро ба қасди Австралия тарк кард. Ҷаноби Одиназода қабл аз парвоз бо “Озодагон” суҳбати кутоҳе анҷом дод.

Озодагон: Шумо шаҳрвандии Австралияро доред, на?

Абдуссалом Одиназода:
Бале

Озодагон: Ҳоло барои зиндагӣ онҷо меравед?

Абдуссалом Одиназода:
Дуруст аст. Баъд аз он тасмим хоҳам гириф чӣ кор бояд кунам. Аз Донишгоҳи Қазоқистон пешниҳоди кор дорам, профессорӣ. Дар Покистон хам ҷойи кор ҳаст барои профессори биохимия. Метавонистам аз тариқи шахсе ба президентамон мустақим муроҷиат кунам ва дар Тоҷикистон як тарҳи биотехнологӣ ва ё ташхиси пизишкӣ роҳандозӣ кунам. Имконият зиёд аст. Аммо аввал бояд ҳама чизро ҳазм бикунам.

Озодагон: Шунидам, Шуморо аз Тоҷикистон депорт кардаанд. Оё ин гап дуруст аст?

Абдуссалом Одиназода:
Бале. Муҳлат доданд, то гум шавам. Ташкилоти илмӣ-пизишкие мехост моро ба кор бигирад, аммо раводиди ман рад шуд. Касе хабар дод, ки ман “дар рӯйхати одамони мамнӯъ” ҳастам.

Озодагон: Яъне, ҳоло дигар муроҷиат кардан ба Президенту он имкониятҳои зиёде, ки гуфтед, номумкин аст?

Абдуссалом Одиназода:
Мумкин аст. Қабл аз ҳама ман асноди русиямро бояд барқарор кунам, ки 6 моҳ муҳлат лозим аст. Бо шиносномаи русӣ метавонам баргардам. Баъд одаме наздик ба Президент бо ман дар тамос аст. Ин кори аҳмақӣ (талош барои аз ватан берун кардан - Озодагон)-ро 2-3 нафар дар Донишгоҳи тиббӣ карданд. Онҳо туҳмат кардаанд, ки ман бо исломгароҳо иртибот дорам.

Озодагон: Пас, ин талошро дубора мекунед, манзурам аз тариқи барқарор кардани паспорти русӣ?

Абдуссалом Одиназода:
Бубинед, барои баргаштан мушкилии зиёд надорам. Аз чизе ҳам наметарсам. Аммо ин ҷо як чизе ҳаст.

Озодагон: Чӣ?

Абдуссалом Одиназода:
Намедонам оё дар чаҳорчӯби система кор кардан метонам ё не. Манзурам ин аст, ки дуздиву қаллобӣ дар системаи омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ ба сурати маъмулӣ даромадааст. Ман қатъан наметавонам ба ягон системаи пулшӯӣ ва ё ришвахӯрӣ худамро ҳамроҳ кунам. Алъон мефаҳмам, ки чӣ қадар олимонро аз ОМИТ-и ДДТТ барои ҳамин "айб" аз кор сиёҳ карда пеш кардаанд. Яъне, ба назар мерасад, ки кулли ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ҳаминанд. Ба мо барин одамҳо иҷоза намедиҳанд кор бикунем. Яъне, мехоҳам болои ҳамин матлаб фикр бикунам, ки оё тасаввуроти ман дуруст аст ё на.

Озодагон: Яъне, пешниҳоди кор дар Қазоқистон ва Покистон дар авлавиятанд?

Абдуссалом Одиназода:
На! Ватан аввал аст. Вагарна ман алъон мустақим мерафтам Покистон ва ё дар Қазоқистон мемондам. Тасмими мо Тоҷикистон буд ва ҳаст. Мехоҳам аввал ҳамин корҳои шурӯъшуда ба ҳаллу фасли ниҳоӣ бирасанд. Мо масхарабоз нестем, ки аз ин ҷо ба он ҷо хесгирак кардан гирем. Мӯътақидам, ки барои мақомот одамони бокалла ва мутахассис ҳам лозиманд ва дар он ҷо одамоне ҳастанд, ки инро мефаҳманд.


Озодагон: Гуфтед, дар системаи омӯзишӣ ва пажуҳишӣ корҳо ба сурати дуруст анҷом намешаванд ва наметавонед бо онҳо кор кунед. Ҳоло чаро талоши боз ба ин гуна фазо омаданро доред?

Абдуссалом Одиназода:
Вақте ки дар Қазоқистон будам аз онҳо чизи зиёд омӯхтам ва чун дӯстони хубро ҳам дар он ҷо дорам (ҳамкурсони донишгоҳи русӣ) баъзе тавсияҳои хубро ҳам ба даст овардам. Мехоҳам аз Ерлан ном шахсе, ки Маркази миллии биотехнологии Қазоқистонро сохтааст, ибрат бигирам. Яъне, пружаеро мехоҳам омода бикунам ва аз тариқи шахсе ба дасти Президент расонам. Мехоҳам бубинам, оё мешавад, ки як маркази замонавии биотехнологӣ, ки аз ҳама ин ниҳодҳои феълӣ ҷудо ва мустақил бошад, таъсис диҳам. Ин кор бояд аз сохтани бино шурӯъ шавад ва баъд то ҷамъ кардани мутахассисҳо ва харидани таҷҳизот. Бояд чизе бошад, ки куллан берун аз системаи омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ ба мисли як ширкати саҳҳомӣ. Ерлан мегӯяд, якчанд рӯз дар қабулгоҳи Назарбоев шишта будааст, то бо худи ӯ гап бизанад. Ӯ ҳам мисли ман тӯлонӣ дар Ғарб кор кардааст ва ба Ватан баргашт, аммо бо плани мушаххас.

Озодагон: То чӣ ҳад боварӣ доред, ки бо Президенти Тоҷикистон рӯбарӯ хоҳед шуд? Коре, ки дӯсти шумо дар Қазоқистон кард.

Абдуссалом Одиназода: Муҳлат доданд, то гум шавамАбдуссалом Одиназода:
На, ман наметавонам бо ӯ рӯбарӯ бишавам, чун пружаро ба шахси масъул аз Австролиё хоҳам фиристод. Баъд мехоҳам бубинам вокуниши мақомот чӣ аст. Албатта баъд аз 6 моҳ бо барқарор кардани асноди русӣ метавонам Душанбе биёям ва бубинам, оё имконияти пешбарии пружаи ман ҳаст ё нест. Агар ҳаст сари он кор хоҳам кард ва агар не, пас, гузинаҳои дигари кишварҳои дигарро хоҳам баррасӣ кард. Гап боз дар сари он аст, ки агар ман хоҳам, эҳтимолияти бозгашт ба донишгоҳи тиббӣ ҳаст. Ба ман гуфтанд дар ду саҳифа гапҳои асосиро навис ва мо онро назди раисҷумҳур ва ё Озода Раҳмон мебарем ва баъд бо пуштибонии хубе ба вазифаат бармегардӣ. Аммо худро дохил кардан ба он системаи Донишгоҳи тиббӣ ҳам барои ман муносиб нест ва ҳам барои зиёд одамон, ки бизнеси хуберо дар он ҷо роҳандозӣ кардаанд.

Озодагон: Метавонед бигӯед, ки тақрибан бо харҷи чӣ қадар маблағ метавон пружаатонро амалӣ кард?

Абдуссалом Одиназода:
На, наметавонам. Мехоҳам сари мавзӯъ кор бикунам, таҳқиқот бибарам, ба таҷрубаи кишварҳои дигар, махсусан қазоқҳо нигоҳ кунам. Баъд пружаи муносиберо барои Тоҷикистон омода бикунам. Ҳамеша метавон аз сандуқҳои байналмилалӣ истифода кард, агар шахсияти илмӣ ва фании одами асосӣ хуб бошад ва агар пружа хуб омода шуда бишад. Албатта ин ҷо аз аввал ба ҳама рӯшан гуфтан лозим аст, ки он чизҳое, ки оқоён Масъуди Миршоҳӣ ва Муртазо Хидиров барои Донишгоҳи тиббӣ раво диданд, набояд такрор шавад.

Озодагон: Сафари хубе дошта бошед!

Абдуссалом Одиназода:
Ташаккур.

Суҳбати Сайф САФАР

P.S. Абдуссалом Одиназода, ки солҳои тӯлонӣ дар Ватан набуд, сабаби баргаштанаш ба Тоҷикистон ва тамоми саргузаштҳояшро дар блоге навиштааст.
Мӯҳр
az shahrvandii tojikiston dast kashidi digar hak nadori dar tojikiston kor kuni.inho nafarone hastand ki meguftand mo bezorem az tojikiston.

Virkan
Барои хайтолихо миллат мухим нест, барои онхо махал ва кабилаву авлод мухим аст, чунон ки имруз барои паштунхо хам. Махз хамон паштунфитратон имруз точикзабонанд ва аниктараш форсизабонанду худро точик мегиранд, аммо дар асл хамон хаюнхоянд, ки Зардушти сугди хаюнхои патёра гуфтааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)