Бахшҳо

Шарҳи расмии “Барқи тоҷик”: Нархи арзонтарин дорем, сармоягузоронро “мегурезонад”.

Ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши як изҳороти расмӣ 16,5 дарсад - аз 12,6 то 14,65 дирам боло рафтани нархи як киловат нерӯи барқро шарҳ додааст.

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” нархгузории нав, ки аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор мегирад, барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон тадбири муҳим ва ногузир мебошад.

Мутахассисони ширкат мегӯянд, бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад: “Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот-таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад, Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад”.

Инчунин “Барқи тоҷик” хулосаи ташхиси ширкати Олмонии “Fichtner”-ро зикр кардааст, ки андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад: “Аз рӯи нақша барои танҳо таҷдиди нерӯгоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ муҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак- солҳои 1972-79, Сарбанд-солҳои 1962-63, Қайроққум-солҳои 1956-57, “Варзоб-1”-соли 1936, “Варзоб-2”-соли 1949,”Варзоб-3”- соли 1952 ба истифодабарӣ дода шудаанд. Онҳо алҳол барои таҷдиду модернизатсия сахт эҳтиёҷманд гардидаанд”.

“Барқи тоҷик” ҳушдор додааст, ки дар ҳолати наандешидани чораҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад: “Паст будани тарифи нерӯи барқ, ки хароҷотро намепӯшонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин мегардонад”.

Ин ширкат мегӯяд, аз рӯи ҳисоби мутахассисон, барои кори муназзам ҳанӯз дар соли 2010 тарифи миёнасолаи нерӯи барқ бояд ба 2,5 сенти ИМА баробар мешуд, ки ин асоси бартараф намудани вазъи ногувори молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» ва таъмин намудани худмаблағгузории соҳа буд.

Аммо “Барқи тоҷик” мегӯяд, бо вуҷуди афзоиши хароҷоташ аз боло бурдани нархи барқ то ҳадди имкон худдорӣ мешуд: “Тайи солҳои охир арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоту маводе, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа харидорӣ карда мешаванд, ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» бо тарифи 20,1 дирам ва аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда-2” бо тарифи 25,6 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солона 11,95 (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард. Нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон аст, ки барқ аз ширкатҳои хориҷӣ бо нархҳои стандартҳои байналмилалӣ харидорӣ шуда, ба аҳолӣ ба нархи арзон фурӯхта мешавад”.

Дар иттилоияи ширкат таъкид шудааст, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба тарифи нерӯи барқи дигар давлатҳои ИДМ хеле арзон мебошад: “Барои мисол, тибқи маълумотҳои расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ дар Ӯзбекистон – 3,9 сент, дар Россия – 4,59 сент, дар Озарбойҷон – 3,3 сент, Арманистон – 8,38 сент, Белорус – 10,93 сент, Молдова – 8,91 сент ва Украина – 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон бошад, тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ 1,51 сентро ташкил медод”.

“Барқи тоҷик” афзуд, ҳоло баъд аз ворид намудани тағйирот дар тарифҳои барқу гармӣ нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ 1,86 сентро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Мушкили сари он аст ки фаолияти Б Точик ношаффоф аст ва бояд ки фаолияти худро шаффоф кунанд ба мардум то ки боварии халкро ба даст оранд. Ин шархи додаашон каноатбахш нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)