Бахшҳо

Манижа Давлат шарти бозгашташ ба овозхониро гуфт: Мехоҳам,...(ВИДЕО)

Манижаи Давлат, сарояндаи маъруфи тоҷик мехоҳад, ба саҳнаи овозхонӣ бо сурудҳое баргардад, ки муаррифигари шеъру сухани ӯ бошанд. Ӯ шарҳ дод, ки суруд умри кӯтоҳ дорад, аммо шеъру сухан мондагоранд.

Ӯ дар ин бора имрӯз, 4-уми ноябр дар сафҳаи фейсбукии расмияш хабар дод. Манижа Давлат гуфт, сафҳаи воқеияшро дар шабакаи “Фейсбук” танҳо 10 рӯз пеш кушод ва тайи ин муддат садҳо суол гирифтааст, ки “чаро дигар намехонӣ?”

Ӯ дар посухи дастаҷамъӣ ба суолҳои сершумор изҳор доштааст, ки “ман мехоҳам пеш аз ҳама шеър муаррифигари суруд бошад, на ин ки суруд муаррифигари шеър... Албатта ин ҳарду муаррифигари ҳамдигаранд, вале суруд умри кам дораду шеъру сухан мондагоранд. Вақте суруди маро мешунаванд, намехоҳам васфи садоямро бикунанд, бигуянд чӣ қадар садои ширину дилнишин дорад... Барои ман мояи ифтихор аст, вақте бигӯянд чӣ қадар шеъри баланд хонд”.

Манижаи Давлат таъкид кард, ҳар чиро қаблан хондааст, муаррифигари садояш буд: “Ҳар чиро хондам муаррифгари садоям буд. Сабкам буд, чун сабки хондан сабки ҷадид буду ҳар ҳаракату имову ишораам низ ҷадид буданд. Ҳар чӣ имрӯз қарор аст, ки бихонам, мехоҳам муаррифигари шеъру суханам бошад”.

Ба гуфтаи Манижаи Давлат “шеъру сухан дар танҳоӣ, шеъру сухани туст, вақте ба оҳанги ман пайваст аз мо мешавад ва то он вақте ки ин мо, ман нагардад, ман хонда наметавонам, яъне то вақте мавзуҳое, ки шинохти маро тамоман аз дигар паҳлуҳо нашиносанд, хондан аслан суде надорад”.

Манижаи Давлат тақрибан 14 соли қабл рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт. Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард,аммо барои овозхонҳои дигар оҳанг эҷод мекунад.


Мӯҳр
гарени
майдон аз далер аст, шартш бах,она...

мусофир
хоhари азиз ба саhна набаромаданатон беhтар агар набаромадана ихтиёр карда бошед бисёр хуб кардед худованд он чизе ки ба шумо дод hар кас муясар намешавад

Тоиршох
Чи зебову дилорои Манижа
Хаёлам зеби дунёи Манижа
Бе ту сахнаи точик безебай манижа
Тоиршох пазмони дидорат манижа

Мирзо
Агар сатр пушида мусалмони хакики шуда боши, пас бар нагард.

Манижа салом,
Мо мухлисони Шумо дар Россия дидори сурудхоятон хастем, кай мебароед ба сахна? Агар маблаг лозим бошад мо таер. Имкон бошад раками тлетворно ба мо фиристед. Мо бесаброна интизор.
Мухлисони шумо.
Шараф

Тамирис
Хело шод шудем ки апаи Манижа аккалан дар дилвшон нияти бароиадан хаст

Манижабонуи азиз саломи моро кабул бифармоед...Баьб аз он гуфтаниям,ки Манидаи Давлат яке аз сарояндаи бехтарини бехтаринаст,сабки худашро дораду бисере аз сарояндахо ба гуфти худашон ситорахо монанди Зулайхо ба хотири овози Манижа сароянда шуданд аммо Манижа шуда намеетаавонанд..Манижа бахудоки дустат медорам..

шури
Саьаьи тарки сахна дар чи буд?
Бозгашт чи максад дорад?
Расмат Манижаи пештарин не.
Ёд дорам соле сохиби(knock down child) ду кудак шуда буди.

Манижадустдор
Э Маниж Маниж чо мекуни думи хамин хофизоя кати хофизй капида Худора шукр хама чи дори буху бугард дар хами дунеи ду руза меисти худта гам дода,якбор фикр кун духтари холашка

Апаи Манижа ман яке аз мухлисони ашадии шумо аз Хамадони ман он вактхое ки шумо суруд месароидед ман хело хурд будам неки агар шумо сахнаро тарк кардеду хочия шуда бошед ин хело хуб аст Ман дуогуйи он хастам ки Шабнами Сураё ва дигар хофизо мисли шумо мешуданд бехтарин корро кардед Дар бораи шумо муаллимаи забон ва адабиётамон Зебунисо Ашурова хело суханхои хуб мегуфт мегуфт ки ман холааш хастам мо мухлисонатон дуо мекунем ки Худо аз шумо рози бошад ва хидоятатон кунад мухлиси шумо М

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)