Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев таъин шуд

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шудааст.

Манобеи муътамади “Озодагон” мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасодро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин кардааст. Манбаъ афзуд, Убайдуллоев мақоми раисии Маҷлиси миллиро ҳифз кардааст.

Ҷузъиёти тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Душанбе

Убайдуллоев аз соли 1996 ба ин сӯ курсии раиси шаҳри Душанберо дар ихтиёр дошт. Ӯ 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 1970 Донишкадаи техникии Тоҷикистон, соли 1974 Донишкадаи техникии ба номи Ленини Харков ва соли 1985 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро хатм намудааст.

ШАРҲИ ҲОЛИ РАИСИ НАВИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент, ӯ соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст: “Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст”.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштБо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ овардааст, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст: “Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад”.

Рустами Эмомалӣ соли 2014 дар синни 27-солагӣ рутбаи генерал-майори хадамоти гумрукро гирифта, ҷавонтарин генерал ва мансабдори воломақоми Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мӯҳр
Фирузчон
Убайдуллоева рости гап ман он кадар хуб намедонам, факат дар хотирам хамин мондаги ки кадом сол карнавал кардаги буд.
Лекин ин хама ба гуфти русхо "в порядке вещей" (агар хато накарда бошам), Душанбе хамчун пойтахт, бояд фарккунанда бошад, якум рузе ки ба пойтахт омадам, он аз шахрхои дигари кишвар фаркияте надошт, факат бо бинохои истикоматии якрангаву бенамуд, ман иктисодчи набошам хам, медонам ки маблагхои зиёд дорад бучети пойтахт, лекин пойтахт факат бо плакату реклама, бинохои бемани, чугиву "бомж"-хо сенсатсияи руйи олам гашт.!

Кайд кардан зарур аст, ки дар давоми истиклолият на Точиистон балки пойтахти он ба натичахои назаррас даст наёфт. Махсусан замистони имсола хатто ба пойтахт низ лимити баркро овард. Он сардорон ба кучо менигаристанд аз ахволи сокинони пойтахт ки бояд бохабар мешуд.??? Умедворем рохбари нави шахр ба дарди мардум наздики мекунад.


Дар соли ЧАВОНОН таъин гаштани як чавон ба курсии баландпоя ин ифтихори чавонони точик аст. М,Убайдулло пир шудааст бояд кайхо ин курсиро месупорид, то чавонон бо неруи тоза ва кувваи бузург ин шахрро дилоротар гардонанд.!!!

Шахри Душанбе нав рохбари мувофики худро ёфт. Убайдуллоев ин шахрро дар давоми рохбариаш натавонист обод кунад.

Пешрави болои пешрави... Худо хохад шахри Душанбе бо сохиби нав пайдо кардааш ОБОДУ ЗЕБО мегардад. М.Убайдуллоев сиёсатмадори кави бошад хам, вале дар тули фаъолияти кориаш "-17 сол" дар ободонии шахр ба натичахои назаррас ноил нагаштааст. Проблемахои чидди буданд ва боки монданд. Сокинони шахр то ба хол ба мушкилоти коммунали дучор хастанд...

Рахмат ба Пешвои миллат, ки дар огози соли чавонон бехтарин шахсиятро Раиси шахр таъин намуд. Ин тагйирот бояд барвакт мешуд. Ман бовари дорам, ки сармухаррири ягона рузномаи пойтахт "Паёми Душанбе" ки ду сол пеш бо бахонаи "ротатсия" аз вазифа бо чурми чугрофияаш мувофик набудан баъд аз 15 соли фаъолият аз вазифа сабукдуш гардида буд боз ба чояш баркарор мегардад. Дар давоми 2 соли охир газета гарени чазир шудаги. Хайфи маблагхои давлати... Бовар дорем, ки Рустамчони мо хамчун собик директори Агентии коррупсия ин масъаларо барраси мекунад. Барори кор бародар!

Бовари хаст, ки акнун сохахои гуногуни пешбарандаи шахр фаъолияташонро дар доираи конунхои амалкунандаи ЧТ ба рох мемонанд, махсусан "МАОРИФ" ва "ТИББ". Чунки, ин ду соха ба тичорати кормандонашон мубаддал гашта буд. Рустами Эмомали аллакай дар чодаи коррупсия тачрибаи бой гирифтааст ва ба ин вабо дар сохахои боло кайдгардида хотима мегузорад. Пешгирии ин вабо, обрую нуфузи уро дахчанд мегардонад.... М.Убайдуллоев натавонист, вале у метавонад.....

Дар соли ЧАВОНОН таъин гаштани як чавон ба курсии баландпоя ин ифтихори чавонони точик аст.

Дар мачмуъ гирем дар тули 25 соли истиклолият шахри Душанбе ба чойи рушд кардан - ру ба таназзул ниходааст. Ба гуфти худи М. Убайдуллоев шахр агар намуди зохири пайдо карда бошад хам, вале дар асл сокинони он тавре зиндаги мекунанд, ки гуё дар "ДЕХОТ" бошанд... шахр-шахр нею, дехот гуем хато намекунем...

нур
Шахри Душанбе дар хакикат таракии бештарро эхтиеч дорад. Боварии комил дорам дар интихоби рохбари нави шахрдори иштибох нашудааст ва пойтахти кишвари азизамон бехтару ободтар мешавад.

точикбача
Сол ки соли чавонон эьлон шудааст бигзор кухансолон хамаашон ба нафака раванд ва чавонони арзанда ба вазифахо таьйин гарданд

Неки мувофики дили мардум кард, ин Пешвои миллат. Шахриён фикр мекарданд, ки ин Убайдуллоев ин курсиро то мурдан намесупорад ва ахволи мардуми шахр ободиро нахохад дид. Вале ба доди мардум мерасидаги шахс будаст.

имруз шохи душанбе фардо шохи кишвар..фахмо

Мирзо ризо
Ма рости гап кур нестм, неким хози да торикии пеши хонамон дар як чукурие, ки барои трубаи оби гарм канда будану ай турба ду мох шид даракш нест, галтидм. Хайрият труба надошт, агане сарм дар труба мруба мезад мекафид. Бромадм хамка чохканора хай хакорат накардаму лекин хафа шидм дааа, ки охи хами труба надошти хози хами чукурия барои чи канди. Кандану вайрон кардан осон, вале барои обод карданаш гурда даркор. Омада дар хабари сомона дидм, ки ин "мардаки хуба" аз вазифааш гирифтиян. Хай бас бдагист, як чукури канди дар сари рахи мардум, дута канди хамуна пушон тезтар. Чохкан.......

Муборак шавад акачон Худованд ба касбу коратон барор тияд Худованд нигохбонатон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)