Бахшҳо

Пешниҳоди ба номи Убайдуллоев гузоштани яке аз хиёбонҳои Душанбе

Баъди аз мансаби раиси шаҳри Душанбе озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рӯзи 12 январ бештари баҳсҳои марбут ба тағйироти кадрӣ дар интернет ба ӯ пайванд мехӯрад. Дар бештари маврид шахсияти Убайдуллоев ва то куҷо шаҳрдори муваффақ будани ӯро баҳс мекунанд.

Корбарони сомонаи хабаргузории “Озодагон” ҳам зери хабарҳои марбут ба Маҳмадсаид Убайдуллоев шарҳҳои зиёде менависанд. Бархеҳо аз ӯ ба унвони як шаҳрдори муваффақ ном бурда, қисме мегӯяд, тӯли солҳои роҳбарӣ баъзе мушкилиҳои аслии сокинонро натавонист рафъ созад. Дар ҳамин ҳол, бархе хонандаҳои сомона пешниҳод кардаанд, бояд ҷойеро ба номи ӯ гузошт. Дар матлаби "Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?", ки 13 январ дар хабаргузории “Озодагон” нашр шуд, корбаре бо номи “Оиша” навиштааст, “хуб мешуд яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев гузошта мешуд”.

Ва ба дунбол хонандаи дигар, ки худро “Помирӣ” гуфтааст, пешниҳод намуда, ки маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба номи раиси акнун собиқи шаҳри Душанбе гузошта шавад. Ӯ дар шарҳи ин пешниҳодаш менависад: “Мардуми маҳаллӣ ин шаҳр - Хоруғро Хараг мегӯянд. Чӣ номи дағалу безеб. Шаҳри Убайдулло - звучить хорошо! Бигзор як кас дар зиндагиаш қадршиносии мардумашро бинад”.

Корбари дигар -- “Ростин аз ш.Душанбе” бо тавсифи Убайдуллоев, ки “ягона роҳбари воломақоме буд, ки мактубҳои ба унвонаш омадаро шахсан мехонд, чора медид, ҷавоб мегардонд”, аз пешниҳоди ду хонандаи боло пуштибонӣ кардааст. “Баъзеҳо таклиф кардаанд, ки ба номаш маркази ВМКБ -ро гузоранд ё яке аз хиёбонҳои калонтарини Душанберо. Чӣ ҷои шубҳа дар ҳақиқат арзанда аст. Агар нагузорем ҳам номи ӯ то замоне, ки шаҳри Душанбе ҳаст, боқӣ мемонад”,-навиштааст вай.

“Алиҷон”
бошад, пешниҳод кардааст, ки ба Убайдуллоев унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад: “7-умин Қаҳрамон дар Тоҷикистон, ба мисли Тоҷи ҳафт ситора, Ҳафт Қаҳрамон, Ҳафт Ахтар”.

Аммо бархеҳо ин ҳамаро чоплусӣ унвон кардаанд. Ба гунаи мисол, “Ростгӯ”, ки менависад: “Кори Тоҷик аз АЗАЛ чоплусист. Ин дар рагу хунатон буд, ҳаст ва мемонад”.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 64-сола, ки аз соли 1996 курсии раиси шаҳри Душанберо дар ихтиёр дошт, 12 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод шуд. Ӯ ҳоло раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон аст.
Мӯҳр
самак
Ин мардум соф девона щудан, Убайдулоев мир буд хич хизмате барои Душанбеву мардумаш накард.
Бас аст мардум чоплуси шумо хам мард хастед мардона гап занед

Мардуми тоҷик бояд ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки номи шахсони мансабдор ва аҳли ҳунарро ба шаҳру ноҳияҳо ва дигар мавзеҳои таърихии кишварамон гузоранд. Марҳамат, ба кучаву хиёбон ва қишлоқҳои навбунёд чи номе лоиқ мебинед гузоштан гиред. Тоҷикистониён ҳоло қарздоранд, ки номи зебои Регарро ба Турсунзода иваз карданд. Чи қадар бузургу арзанда набошад ҳам, Регар бояд баргардонда шавад.

точик
Мардуми нохияи Фархор аз Убайдуллоев Махмадсаид ифтихор доранд, мефахранд ва сарбаланд хастанд, ки ин Шахсияти бузурги Точикистон зодаи нохияи Фархор хаст. Аз Худованди пок талаб дорем, ки ба Шумо умри дарози пурбаракат дихад, то вакте, ки бошед бо сари баланд дар сари кудрат бимонед, шахсияти Шумо хеч гох фаромуш намешавад.

Набот
Хамаи хамин комментнависхо се чор бепул хонагирифтагихо мебошанд. Убайдуллое дар 20 соли рохбарияш касе мисли чаноби оли боре дар назди мардум дидааст?.
Аз тарс се чор дарро аз дарун кулф карда дар кабинеташ даромадагиро хакорат медоду тамом кора ичро мешуд.
Хамин гуна нолаву афгонро дар чанозаи бобои Сангак ман бори охир дида будам.
Навад фоизи кучаю гулгашти Масковро рузи мурданаш ба номи Брежнев монда буданд. Баъд чи шуд?!..

Малик
Хой мардуи бас кунед лагандбардориро ки айб ва бешарафист
Хамаи кишвархо рушд мекунанд мо бошеи дар чохиливу махалчиги. Ба худ оед ва ин бесарусомониро вакт бахо медихад ва хакикат чои худашро мегирад.

Пешниход менамоям ки аккалан ягон маххалаи Вилояти Бадахшонро ба номи ин шахси обуруманд монем.Чунки таи солхои зиед Душанбе ба махаллабаробар шуд.

Сомон
Музаффар,
Ту чи медони у ки буд. Яке аз шермардоне аст ки дар баркарории чумхуриямон сахми бенихоят бисёр гузоштаастсамак,

Айба надонед, чоплусон (подхалимы!).

Вой бар холи шумо, чоплусон, магар шарм намедоред ? Биеед хубаш кишлокатонро ба номи Убайдуллоев гузоред !.

сугди
Моба нномша детон, буродаро! инка бахс карсосед!

Девонами ту
Дар кучое мемунен мундан гирен илтимлс н. Рашта даст наковен. Мунен ба холмун гардем.

Панчруд Рудаки
Аз ном мондан дар хиёбон ягон фоида нест. Ман фикр мекунам ягон бинои бузурги тичоратию фарханги нав сохта ба номашон гузоранд ба монанди маркази фарханги фарогати маиши савдо "Махмадсаид Убайдулло Плаза" ки тамоми инфраструктураро доро бошад ё ба хамин монанд бозор

Розик
дуруст ст, ки Убйдуллоев инсони хубе аст в дар пешрфту шукуфоии шахри Душанбе сахми босзое дорад. вале ба маркзи ВМКБ чи дхл дорад!!! аз номи мардуми бадахшон касе нодуруст комент навиштаст ин маълум!! Бадахшон бузургону кхрамонони худашро дорд ки бояд ба номи онхо ягон минтикаш гузогта швад! озодагон чоп кун

Карим
Убайдуллоев ба Бадахшон ягон хизмат накардааст, ки ба номи у монанд. Фархора ба номаш монанд ки аз хамончост.

Аз давраи аввали Шахрдори Душанбе таъин шудани Убайдуллоев то давраи аз вазифааш рафтан агар одилона бинем дигаргунии калон ба назар мерасад. соли 1995- 2000 ман донишчуй дар шахри Душанбе будам. барои то Донишгох рафтан дар зинаю дари тролейбусу автобусхо овезон мешудем. Вазъи имруза ба хама маълум. он чи аён аст хочати баён нест.

Шамиль,
Убайдулоев ба Помир ягон дахл надорад гапхои бемани назанед номи Хоругро касе дигар кардан нметавонад. Аз номи помир баромад накунед илтимос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)