Бахшҳо

"Шпаргалка"-и Ҷайҳонӣ ба ёрдамчии Президент: Аз ислоҳи номи Қӯрғонтеппа то Мурғоб

Дирӯз хабаргузории “Озодагон” ба такя ба манобеи худ дар Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар сатҳи ҳукумат дар мавриди номгардон кардани маркази вилояти Хатлон аз Қӯрғонтеппа ба Бохтар тавофуқи лозим ҳосил шудааст. Баъди нашри гузориш вокунишҳои зиёде ворид шуд ва идора тасмим гирифт, ки дар ин замина мусоҳибае бо пажуҳишгари варзидаи ҷойномҳо Умед Ҷайҳонӣ анҷом диҳад.

Озодагон: Тибқи баъзе манбаъҳои «Озодагон» дар рӯзҳои наздик номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар тағйир дода мешавад. Номи ноҳияи Бохтари ҳозир Кӯшонкада ё Кӯшониён ва номи шаҳри Сарбанд Леваканд гузошта мешавад. Шумо, ки солҳост ба пажӯҳиши ҷойномҳо сару кор доред барои тағйири номи ин шаҳр Левакандро пешниҳод намуда будед. Акнун бигӯйед, ки чиро Бохтар нею Леваканд?

Умед Ҷайҳонӣ: Бино бар ковишҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофиёӣ, Левканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае доштааст. Ҷойгоҳу масоҳати он харобаҳо бештар бо Левканд татбиқ мекунанд, то харобаҳои Сарбанд. Ниг.: Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50; Беленицкий А.М., Бентович И.Б., Большаков О.Г. Средневековый город Средней Азии. – Л.: Наука, 1973. – 389 с. – саҳ. 181.

Кумисюн бояд дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи торих ин манобеъву додаҳоро баррасӣ кунад то ин нукта як бор ва барои ҳамеша дақиқ шавад, ки кадом харобаҳо аз кадом шаҳр боз мондаанд. Ин кор худ таконе хоҳад шуд барои ҷустору пажӯҳишҳо дар заминаи ҷуғрофиёи торихӣ ва бостоншиносӣ.
Аммо Бохтар номидани Қӯрғонтеппа аз диди ман чанд ишкол дорад. Аввал ин ки ниёзе ба ин номгардонӣ нест. Ҳамин акнун ноҳияе ин номро дорад. Ин ҷойномро аз он гирифтану бар дигаре гузоштан мушкилотеро дар пай хоҳад дошт, ки тасаввураш ҳам наметавон кард.

Дигар ин ки “Бохтар” барои Қӯрғонтеппа аз бех муносиб нест. Ин нуктаро бояд муфассал тавзеҳ бидиҳам. “Бохтар” дар забони мо чанд маънӣ доштаву дорад. Чунончи, дар форсии имрӯз “бохтар” ба маънии “ғарб; мағриб” аст. Аммо дар форсии дарӣ, яъне забони форсии садаҳои IX – XV, “бохтар” ба маънии “шарқ, машриқ” будааст. Вале дар асл маънии ин вожа дар забони эронии бостон “шимол” буда, ки дар “Авесто” ҳам ба ҳамин маънӣ ба кор рафтааст. Ин маъниҳоро метавон аз фарҳангу вожаномаҳо боз шинохт. Дигаргашти ин вожаро “Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ” чунин овардааст: форсии дарӣ: bāxtar‘шарқ’<порсии миёна: *apāxtar ‘шимол’ порсии дарӣ: Balx (ведоӣ: bálhika- ‘номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд’ дар санскрит – bāhlīka-) аз *1bag- : baj ‘бахш, пора’.

Сарзамине, ки Вахшу Хатлон замоне бахше аз он буданд, дар ҳамеша Балх ном доштаву дорад, на Бохтар. Чунин ҷойноме дар ҷуғрофиёи торихии мо вуҷуд надорад. Агар ниёконамон сарзамину шаҳри Балхро Бохтар меномиданд, Мавлоно Ҷалолиддинро Бохтарӣ меномидем, на Балхӣ. Дар омади сухан бояд гуфт, ки агар масъулин мехоҳад ҷойномҳои торихиро зинда кунанд, бояд пеш аз ҳама “ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” номгардон ва Ҳаловард биноманд, ки номи асливу бостонии он ноҳияву марказаш аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин решаву маъниҳо, номгузории Қӯрғонтеппа ба Бохтар бемаврид ва бепоя аст. Қӯрғонтеппа на ҳамон Балх аст ва на дар шимол ё шарқ ё ғарб ҷой дорад, ки далеле бар Бохтар номиданаш бошад. Агар қарор аст, ки шаҳри Қӯрғонтеппа номгардон шавад, ягона номе, ки бояд бар он ниҳод, Левканд аст, ки маънояшро метавон “Эзидшаҳр” донист.

Агар Левкандро ба ҳар далеле барои Қӯрғонтеппа қабул надоранд, маркази вилояти Хатлонро метавон Хуталканд номид, ки бисёр муносибтар аз Бохтар аст. Бохтар ба ҳеч ваҷҳу далел ҷойноми муносиб нест ва беҳтар аст аз корбурдаш худдорӣ кунанд. Агар бисёр мехоҳанд ноҳияи Бохтарро номгардон кунанд, метавонанд онро Кушония ва марказашро Кушоншаҳр биноманд, ки пояе дар торих дорад.

Вале аз номгардонии шаҳри Сарбанд бояд худдорӣ кунанд. Ин ҷойном, ки 21 сол пеш аз ин бар он шаҳр гузошта буданд, яке аз камшумор намунаҳои номгузории дурусту мантиқӣ дар 25 соли гузашта аст. Ин ҷойном барои ин шаҳр, ки дар воқеъ сарбанд аст, муносибтарин ном аст. Намунаашро дар торих ҳам дорем, ки сарбанди оби Самарқанд Варағсар ном дошт, ки “варағ” дар он ҳамон “варғ” аст, ки ҳануз ҳам дар гӯишҳо ба кор меравад.

Озодагон: Гуфта мешавад, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як Кумиссиюни вижае бо раҳбарии ёрдамчии Президент дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъсис ёфтааст, ки аз олимону соҳибназарон таркиб ёфтааст. Аъзои ин Кумиссиюн ба тамоми шаҳру навоҳӣ сафар мекунанд ва номҳои қобили тағйирро пайдо намуда, баъд аз пажуҳишу тадқиқ гузинаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд. Ҳукумат тасмими худро барои тағйири ҷойномҳо ва гузоштани номҳои мувофиқ мегирад. Дар ин замина чӣ пешниҳодҳо доред?

Умед Ҷайҳонӣ: Яке аз пешниҳодҳоям, ки чанд сол пеш матраҳ карда будам, дақиқан ташкили чунин як ниҳод ё коргурӯҳи вижаи номгузориву номгардонӣ аз шумори кормандони Кумитаи забону истилоҳот, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд, ки масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад. Бисёр хуб мешавад, ки ҷойномпажӯҳоне чун устод Назрӣ Офаридаев, Бурҳон Тӯраев, Абдусалом Аюбов ва дигарон бо ин кумисюн ҳамкорӣ кунанд. Аз пажӯҳишгарони хориҷӣ ҳам бояд ёрӣ хост.
Аз дидгоҳи ман, ин кумисюн бояд чунин маворидро дар дастури кораш дошта бошад:
1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
3. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ дар назар гирифта шавад.
4. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар вилоёту навоҳиву шаҳру рустову деҳу кӯҳу камару рӯдҳо.
5. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Озодагон: Инчунин тибқи иттилои манбаъи мо дар сатҳи ҳукумат тавофуқ ҳосил шудааст, ки минбаъд ба номи ҳеч шахсе ҷойном гузошта намешавад. Ин тасмимро чи тур мепазиред?

Умед Ҷайҳонӣ: Ин тасмимашон бисёр бамаврид ва сутуданӣ аст. Дар воқеъ, номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунарро беҳтар аст бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ гузошт. Масалан, “қуллаи Исмоили Сомонӣ” бисёр ноҳанҷор аст. Муносибтарин ном барои он қулла “Боми Ҷаҳон” аст, ки ҳар кӯҳнаварде орзӯ дорад як бор бар он бом баланд шавад. Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Пётри Якум ҳам бояд Буттамон ва Вахиё номида шаванд. Маро нанг меояд, ки бадтарин номе, ки аз барояш ниме аз мардуму сарзамину шаҳрҳоямонро аз даст додаем, бар порае аз хокамон гузошта шудааст. Дар ин бора дигар бор бештар бояд гуфт.

Боре, ман аз пеши худ феҳристе аз шаҳру ноҳияҳоеро таҳия кардаам, ки номгузорияшон бояд бознигарӣ ва ислоҳ шавад:
Дар вилояти Суғд:
• шаҳри Бӯстон – Кимиёканд ё Кимиёшаҳр (12 Бӯстон бисёр дорем, ном бояд ягона бошад);
• шаҳри Гулистон – Қайроққум – Афсоншаҳр (38 Гулистон дорем);
• шаҳри Истиқлол – Табошар (Истиқлол ба худии худ ҷойном намешавад);
• шаҳри Панҷакент – Панҷиканд (ин шаҳр бояд расман Панҷиканд ё Панҷекат номида шавад);
• ноҳияи Айнӣ – бояд Фалғар номида шавад, ки номи аслияш аст;
• ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – бояд Исписор номида шавад;
• ноҳияи Деваштич –Деваштич шоҳи Самарқанд ва хидеви Панҷиканд буд, на аз Устарӯшан; Ғазак ва Ғазантарак аз ҷойномҳои суғдии он ноҳия аст, ки метавон ба корашон бурд;
• ноҳияи Спитамен — ғалат аст, зеро Спитамен талаффузи юнонии номи суғдии Спитаман аст.
• ноҳияи Ҷаббор Расулов — метавон онро Катвондиза номид, ки шаҳре қадимӣ дар ҳамон наздикиҳо буда;
• ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – Масчо
• ноҳияи Мастчоҳ – Нав-Масчо

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
• шаҳри Ҳисор – бояд Шумон номида шавад;
• ноҳияи Ваҳдат – бояд Андиён номида шавад, ки дар Шоҳнома чунин номида шудааст; Ваҳдат ба худии худ наметавонад ҷойном бошад, магар ин ки Ваҳдатобод шавад.
• ноҳияи Нуробод – бояд Дарбанд номида шавад;
• ноҳияи Сангвор – бояд Вахиё номида шавад, ки ҳам Тавилдараву Сангворро дар бар мегирад;
• ноҳияи Рӯдакӣ — ин ноҳияро бояд пеш аз ҳама номгардон кард.
• ноҳияи Турсунзода – бояд Регар номида шавад;

Дар вилояти Хатлон:
• шаҳри Қурғонтеппа – Левканд
• ноҳияи Восеъ – Ҳулбук
• ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — бояд номгардон шавад;
• ноҳияи Дӯстӣ – бемаънӣ аст, Дӯстӣ ба худии худ ҷойном нест ва бояд пасванд бигираду Дӯстиобод шавад.
• ноҳияи Ҷайҳун – бояд Рӯдбор номида шавад, зеро дар канори рӯди Панҷ ҷой дорад, на Омударё
• ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – бояд Ҳаловард номида шавад, ки номи бостонияш аст;
• ноҳияи Темурмалик — бемаврид аст.
• ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ —
• ноҳияи Носири Хусрав – ?
• ноҳияи Хуросон – Чашмасорон
• ноҳияи Шамсиддини Шоҳин – Терай
• дар ин сарзамин шаҳрҳои Андичароғ, Мунк ва Тамлиёт доштаем, ки бояд номашон зинда гардонда шавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:
• шаҳраки Шотемур – Миденшор
• ноҳияи Мурғоб – Помир

Умедворам, Кумисюн ин маворидро баррасӣ кунад ва чорае барои ислоҳи ҷойномҳои ғалату бемаънӣ пайдо кунад. Агар аз ин камина ҳамкорӣ хоста шавад, камарбаста дар хидмат хоҳам буд.
Мӯҳр
беном
Ин номхо бемаънии оварда шударо ин Чайхуни бо кадом аклаш пешниход мекунад? Бингаред:
- Бустон-магар номи зебо ва дар вакти талафуз ормокунанда ва форам нест? Мегуяд номи Бустонро Кимеканд е Кимешахр монем. Дар маънои ин номхо фикр кунед. Магар бемаъне нест? масхара аст.
- Кургонтеппа-Левканд. Магар масхара нест. Ман рози ки номи Кургонтеппаро иваз кунанд. Аммо на бо чунин номи масхара. Бигзор номи Кургонтеппа ба номи Абуалли ибн Сино бошад е номи дигар. Е ягон номи зебое ки дар тарчумаву дар гуфтор обруву маъно ва дурустфикронии миллати мову халки моро нишон дихад.
- Чалолидини Балхи - Халовард. Акалан Халвоовард мегфти)))). Е чи гуна маънои Вахдат ва Дусти метавонад нодуруст бошад ва ба чояшон номхои мутлакан бемаънии бе маврид пешниход мешаванд?
- Ва дигар номхои пешниходшуда хам хамингуна бемаънист. Дар вакти тарчума е пурсиш ки ин чи маъно дорад касе ва хато худи Чайхуни наметавонад бигуяд.
Гузоштани номхо агар дар як мудати кутох дар таърих агарчи номашон буд маънои онро надорад ки онро баргардонем. Чунки ном бояд маъне ва дар вакти талафузу дар психология инсон як эхсостои дурусту бомаъне ва зебогиеро пайдо кунад.
Ба гуфти Абдулкодири Бедил ба Чайхуни гуфтаниам:
Дар манзари маъно ки зи ахвом баланд аст,
натвон ба хаелоти хаваскуш баромад.

Мастчохи
Донишҷӯ,
Гуш кун шеф...Дар лахчеи точикон хечгох ''торих ё ки комисиюн'' нест кадум одама диди ки "торих ё комисюн" гуяд..... мо мегим таърих ё ''комиссия'' ин комиссия калимаи русси аст ва дар инглиси хам кариб як хел талаффуз мешад..вале дар форси мешад ба маънои хайъатکمیسیون

Аз касоне ки ин мусоҳибаро хондаанд ва интиқод кардаанд, сипосгузорам.
Вале касонеро ки онро нахондаву забон ба бадгӯиву носазо кушодаанд посухе медиҳам ки шояд водораш кунад мусоҳибаро дубора бихонанд.
Нахуст ин ки ман бо номгардон кардани Қӯрғонтеппа мухолифам. Аз ин рӯ гуфтаам ки ниёзе ба ин номгардонӣ нест. Аммо чун медонам ки шаҳрро ба баҳонаи «зинда кардани номҳои қадимӣ» Бохтар хоҳанд номид, пешниҳод кардаам номи асливу қадимии ин шаҳрро ки Левканд будааст, зинда кунанд, на ин ки Бохтараш биноманд ки ғалат аст. Ин ки номҳои қадимӣ ба гӯши касе ноҳанҷору гӯшхарош мерасанд, мушкили гӯши онҳост, на ҷойномҳои қадимӣ. Бо ин мантиқи ғалат Хуҷанду Суғдро ҳам бояд ҳамон Ленинобод мемонданд ки бархеро гӯшнавоз бошад. Тоҷикон агар шаҳру деҳаро агар ба ёди касе ё чизе номгузорӣ мекарданд, ҳатман пасвандаш мечаспонданд то ҷойном шавад. Масалан, зодгоҳи Насри Сомониро Насробод номидаанд. Ленинобод ҳам бо ҳамин равиш сохта шудааст. Орҷоникидзеобод ҳам гарчи дарозу гӯшхарош буд, вале аз дидгоҳи ҷойномшиносӣ ишколе надошт. Аммо Ваҳдат ва Дӯстиро то пасванд начаспонанд ҷойном намешаванд. Бояд Ваҳдатобод ва Дӯстиобод бошанд то дуруст шаванд. Бояд қоидаҳову равишҳои ҷойномсозиро донисту номгузорӣ кард. Хостаи ман аз давлату ҳукумат ҳамин аст ки номгардониву номгузориро аз дасти раҳбарони шаҳру ноҳияву маҷлиснишинон бигиранд ва ба дасти Пажӯҳишгоҳи забону ториху фарҳанг бисупоранд то ҷойномҳои қадимӣ нобуд нашаванд ва ҷойномҳои дурусту мантиқӣ сохта шаванд. Хушбахтона коргурӯҳе ки солҳо пеш таъсисашро пешниҳод карда будам, ташкил мешавад ва умедворам ки ғалатҳоро ислоҳ кунад.

Хар киро хар фикру хаёле.Ин Чайхонй хам дигар фикр надорад.Иктисодиёт касод,бекори факр,поёнравии курби сомонй,ришвахорй..... фикру хаёли мо факат номивазкунй.

Roshtqala boyad Shohdara shavad

Эй амакй, сафсата нахону ба забони имрузаи шевои точикй харф зада, номгузорй кун! Кохи кухнаро бод надода, номхои асили точикиро пеши ру биёр. Туро ба фикрам ба гайр аз худат фарзандонат намефахманд, ки бо кадом забон харф мезанй.

н
беном,
Дахони пушида як хам тилло. Маълум ки аз илми таърих фарсаххо дури. Бо кори худ машгул шав.

мардон
ин чи касалии нав?? чаро хама номхо бояд иваз шаванд?
монен кургонтепаю мургоба ба холашон - ахволи халки бечораро дар кургонтепаю мургоб бехтар кунен!!!
чои кори нав кушоен
ба халк озоди дихен!
налогу пожару дигар инспекцияхора манъ кунен!
аз бозорхо спекулянтора дур кунен!

Комил
Пешниҳоди аз бех дурусту аъло

Пешниҳоди Умед хеле олист, алалхусус дар мавриди манъи номгузории шаҳру навоҳиву деҳот ба номи инсон. Агар ба номи инсон гузоштани шаҳру деҳоту навоҳиро манъ накунем, пас аз 10 сол ҳамаи шаҳру навоҳиву вилоёт ба номи одамон мешавад ва ин хеле бемаъни хоҳад буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)